Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар рушди дипломатияи фарҳангӣ

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

(Дар ҳошияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон,19 - 20 декабри 2025)

       Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва фазои печидаи мамлакатҳои ҷаҳон ягонаи неруе ки метавонад  ҳамаро   дар меҳвари худ  ҷамъ  намояд, эҷоди фазои сулҳу  дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳо  мебошад. Заминаи асосӣ ва ҳадафу мароми  мақсади он ба пайвандҳое  рабт дорад, ки фароҳамсози сулҳу созандагӣ, суботи минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мебошад.

        Мардумони Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар гузашта тавассути Роҳи қадимии Абрешим муттаҳид буда, ғайр аз наздикии ҷуғрофӣ, ин ду минтақа таърихи муштарак, фарҳанги ғанӣ ва робитаҳои тамаддунӣ доранд. Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ якҷоя қисми муҳими Авруосиёро ташкил медиҳанд. Аз диди  ҷуғрофишиноси бритониёии асри XIX  Ҳ. Макиндер минтақаи Авруосиё “қалби таърих”  маҳсуб ёфта, ҳар касе, ки онро идора мекунад, ҷаҳонро идора мекунад. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ, ин қитъа  меҳвари Авруосиёро ташкил медиҳад, ки дар он  марзҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Чин, Афғонистон ва Ҳинду Покистон  бо ҳам мепайванданд. Мувофиқи тақсиму таснифоти ҷуғрофии Созмони Милали Муттаҳид минтақаи Осиёи Ҷанубӣ иборат аз Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шри-Ланка мебошад. Қобили зикр аст, ки дар байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон аз ҷиҳати наздикии ҷуғрофӣ ва муносибатҳои дипломатии  бо Осиёи Марказӣ муносибатҳои наздик доранд.

        Таърихан, аҳли башар пайваста  дар ҷустуҷӯи  озодиву истиқлол ва эҳтироми инсон мебошад, ки он борҳо дар мероси гаронбаҳои башарият ба таври кулли таҷуссум ёфтааст.  

         Ба андешаи бостоншиноси тоҷик Пӯлотов Абдураҳмон маҳз дар шароити бархурди тамаддунҳо, мухолифати андешаҳо доир ба тақдири башарият ва ҳифзи арзиҳои умуминсонӣ, ки ояндаи дурахшони башариятро зери суол мемонад, қабули  “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ”  ҳамчун як рамзи ҷаҳонии озодӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Қатъномаи мазкур на танҳо як санади рамзӣ, балки як паймони маънавӣ миёни гузашта ва имрӯз аст: он нишон медиҳад, ки мероси бостонӣ метавонад барои ҷомеаи муосир паёми умед ва ҳамдигарфаҳмӣ оварад.

          Ҳамин тариқ, бо доштани  муштаракоти забону адаб, ҳунару    робитаҳо миёни ин кишварҳо ба таври хубу ҳасана рушд ёфта, лоиҳаву барномаҳои гуногун дар мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи  худ  дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ  мебозанд. Дар ин зимн, Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат аз 6 июни 1992 барқарор гардиданд.

          Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе  боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду мамлакат то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.

          Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи CASA-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии лоиҳаи CASA-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро боз ҳам бештару хубтар тақвият мебахшад.

          Мавриди зикр аст, ки  Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї њамчун ташвиќкунандаи сиёсати хориљиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он амалкунанда, ќавитар гардонидани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллї, густариши њамкорї бо сафоратњо, ташкилотњои байналмилалии муќими кишвар, шарикон, инчунин сафоратњои Тољикистон таъсис  ёфта ба роҳ  мондааст. Маќсаду мароми он тарѓиб ва тањкими дўстї, фарњанг, маданият ва расму оини миллатњои дигари маскуни Тољикистон ва тарѓиби таърихи фарњанги кишвар дар хориљ буда,  дар доираи арзишњои миллию фарњангї ва дипломатияи мардумї  фаъолиятҳояшро тавсеа  мебахшад.

          Дар ин зимн, санаи 23-уми декабри соли 2025  нигорандаи сатрҳо бо даъвати Ҷамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар мулоқоти ҳайати меҳмонони покистонӣ иштирок дошта, ибрози  андеша  намуд. Меҳмонон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ба хусус сулҳу  созандагӣ, барномаҳои саноативу саёҳативу соҳибкорӣ ва меҳмондории  самимии тоҷикон изҳори андеша  намуда,  муштаракоти  забону адабу фарҳангро аз муҳимтарин пули иртиботӣ миёни ҳам шумориданд.

          Ҳамин тавр,  барои рушди муносибатҳои дипломатӣ аз санаи 17 то 24 декабр соли 2025  дар Ҷумҳурии Исломии Покистон “Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”   ба нақша гирифта, ба роҳ монда шуд. Дар  барномаи рангини консертӣ  таронаю оҳангҳои  миллӣ пешниҳод мегарданд, ки  дар доираи он мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд байни муассисаҳои таълимӣ барои рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳангу санъат, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд.

          Дар доираи баргузории  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  Сарвазири  кишвар  Муҳаммад Шаҳбоз Шариф  бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  мулоқот карда, изҳори хушнудӣ намуданд, ки  “ин иқдом аз сатҳи баланди муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад”.

          Ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ чун пули иртиботӣ барои тақвияти ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Покистон заминаи устувор гузошта, заминаҳои хубро   дар эҷоди фазои сулҳу созандагӣ  фароҳам  хоҳад овард.

         Дар доираи  Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон дар толори “Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод Форуми байналмилалии «Покистону Тоҷикистон- ду қолабу як ҷон» баргузор гардида, дар он аҳли илму адаб, олимон ва шоирону нависандагони Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла корманди Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Муборакшоҳ Шамсов  дар мавзуи "Баҳовуддини Нақшбанд- пайвандгари мероси фарҳангии орифони Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ", Наҷмиддин Салоҳиддинзода дар мавзуи "Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода" ва Замира Ғаффорӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Абдуллоҷон Ғаффоров  ва ташаккули мактаби иқболшиносии тоҷикӣ" маъруза карда, роҷеъ ба равобити аҳли тасаввуфи ду миллат, решаҳои куҳани дарахти дӯстии Тоҷикистону Покистон ва саҳми олимони тоҷик дар муаррифӣ ва шинохти  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  андешаронӣ карданд. Ҳамин тариқ,  олимони покистонӣ, Робия Каёнӣ, Амбар Ясмин, Васим Раҷа ва дигарон роҷеъ ба тасаввуф ва эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва робитаҳои ҳасанаи ду миллат низ  ибрози андеша намуда, изҳори боварӣ кардаанд, ки минбаъд равобити илмӣ- адабӣ байни Тоҷикистону Покистон густариш хоҳад ёфт.

          Роҳбарияти  ҳар ду кишвар зимни вохӯрӣ  таъсиси гурӯҳи корӣ дар байни вазоратҳо барои танзими ҳамкории фарҳангӣ дар оянда, ҳамчунин омодасозии кадрҳои соҳа дар донишкадаҳои ду мамлакат дар самти филмофарӣ, театр, китобхона, идомаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар ду давлат ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

          Чунин форуму мулоқотҳои фарҳангӣ фароҳамсозу муайянкунандаи  дурнамои  рушди  дипломатияи фарҳангӣ байни ду кишвар буда, арзиши анъанаҳои ғанӣ, бартарии бадеӣ ва мероси ҳунари ошпазиву кулинарии онҳоро нишон медиҳад.

          Ҳамин тавр, ҳафтаи фарҳангӣ бо барномаҳои рангоранг ва ҷолиби фарҳангӣ  аз ҷониби Институти миллии мероси мардумӣ ва анъанавӣ (Лок Вирса) бо ҳамкории Шӯрои миллии санъати Покистон (PNCA) ва Вазорати мероси миллӣ ва фарҳанг ташкил гардидааст. Барномаи мазкур  мероси ғании бадеӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро хубтар муаррифӣ намуда, робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддуниро байни Покистон ва Тоҷикистон тақвият мебахшад.

          Макони баргузории ҳафтаи фарҳангӣ дар Осорхонаи меросӣ  мебошад, ки бо номи Осорхонаи Лок Вирса низ маъруф  буда, ҷойгоҳи  таърих ва фарҳанг аст, ки дар теппаҳои зебонманзари боғи машҳури Шакарпариани Исломобод, Покистон ҷойгир аст. Осорхона соли 1974 кушода шуд ва соли 2002 пас аз Фармони мақоми ҳуқуқии Лок Вирса, соли 2002, ба як муассисаи мустақил табдил ёфт.Он  аз якчанд бино ва як осорхонаи беруна иборат аст, ки метавонад то 3000 меҳмонро дар бар гирад, ки фарҳангҳои зиндаи Покистонро муаррифӣ мекунанд.

        Фарҳандӯстону таърихнигорон   таъкид мекунанд, ки ташаббусҳои фарҳангӣ ба монанди Ҳафтаи фарҳангӣ  ҳамчун як платформаи муассир ва пойдор барои пешбурди робитаҳои байни одамон, эҳтироми мутақобила ва фаҳми  амиқтари фарҳангӣ миёни кишварҳо хизмат мекунанд.

        Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Покистону  Ҳиндустон аз гӯзаштаи қадим робитаи адабӣ ва фарҳангӣ дошта, дар замони истиқлол тавассути муаррифгарони забону адаб ва илму фарҳанг рушд пайдо кард. Мисоли онро метавон дар корномаҳои эҷодиёти адабиву фарҳангии адибони ҳамин кишварҳо мушоҳида кард.  Дар замони ҳозир ин кишварҳо узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ ва дигар  форуму ташкилоти минтақавии худ мебошанд, ки муштаракона  дар гузаронидани фестивалу ҷашнвораҳо, ба хусус ҷашни Наврӯз саҳм мегузоранд.

        Ҳамин  тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи форуму  созмонҳо ба хусус Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории  иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

         Ҳамин  тариқ, ба назари нигорандаи сатрҳо аҳли адабу сиёсат, донишмандони кишварҳо дар партави мактаби  сулҳу  созандагии Тоҷикистон чун мубаллиғони сулҳу мураббиёни башар   ҳамкориҳоро баҳри рушду рифоҳи башар идома дода, корҳои зеринро ба роҳ монанд:

  • ҳамкории бештар дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои муштараки  иқтисоду тиҷорат ва обу барқ

  • эҳтиром ва рушди додани забону адабу фарҳанги якдигар

  • тавсеаи ҳамкориҳо бо гузаронидани барномаву маҳфилҳои фарҳангӣ барои эҷод  ва рушди ҳамгироии минтақавӣ

         Хулосаи калом, кишварҳо бо истифода  аз  мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон  дурнамои худро дар расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос,  аз ҷумла  тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ,  кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.

 

Раҳмонов Мирсаид

ходими калони илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

BACK