NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Author: Tursunmurod Tursunov

Расм

Солҳои охир дар равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти муайяне мушоҳида мешавад. Ташаббуси ҳукумати нави Ӯзбекистон барои баргузории мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои минтақа такони асосӣ буд. Ин ба наздикшавии панҷгонаи Осиёи Марказӣ, таҳияи мавқеъи муштараки мутавозин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва пешбурди манфиатҳои муштарак дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард. Ин ҳолат Осиёи Марказиро барои бозигарони беруна, ки дар мусобиқаи геополитикӣ барои ҳуқуқи бартарӣ ба манофеи худ қарор доранд, боз ҳам ҷолибтар мекунад. Ба ҷуз Русия, Чин ва қудратҳои ғарбӣ, ҳузури Ҳиндустон дар минтақа дар солҳои охир бештар мушоҳида мешавад.

Ҳиндустон ҳамеша кишвари дӯсти Осиёи Марказӣ буд ва боқӣ мемонад. Моро ҳам робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳам алоқаҳои деринаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҳам мепайванданд. Роҳи бузурги абрешим, ки дар замонҳои қадим аз ҳудуди Осиёи Миёна мегузашт, на танҳо ба Хитой, балки ба Ҳиндустон ҳам мебурд. Сулолаи Бобуриён, ки дар тӯли асрҳо дар Ҳиндустон ҳукмронӣ кардаанд, дар рушду нумӯи кишвар саҳми бебаҳо гузоштаанд. Дар Ҳиндустони имрӯза инро ба ёд оварда, ба зодгоҳи Бобур, яъне Андиҷон ва дар маҷмуъ ба Ӯзбекистон бо эҳтироми бузург муносибат мекунанд.

Ҳузури Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама ба манофеи тиҷорӣ ва иқтисодӣ вобаста аст. Ҳиндустон ба соҳаҳои анъанавии худ - саноати нассоҷӣ, тибби инноватсионӣ, дорусозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунад ва ҳамзамон аз бунёди роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳирот пуштибонӣ мекунад. Ин тарҳ барои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ надорад, аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошад. Коридори роҳи оҳан, ки аз қаламрави Афғонистон, аслан тавассути Эрон мегузарад, дарҳои Ҳиндустонро ба рӯйи Осиёи Марказӣ боз хоҳад кард ва барои ҷонибҳои манфиатдор имкон фароҳам меорад, ки ба бозорҳои кишварҳо ва минтақаҳои ҳамсоя дастрасӣ пайдо кунанд. Бо вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар самти Шимолу Ҷануб Ҳиндустон инчунин кӯшиш мекунад, ки муколамаи сиёсиро бо шарикони муҳимтарин - на танҳо Афғонистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Русия ва Аврупои Шарқӣ барои худ мустаҳкам намояд.

Ҳиндустон аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюм ва аз рӯйи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷойи шашум қарор дорад. Бо чунин мавқеъ Ҳиндустон метавонад дар ояндаи наздик ба чорумин маркази қудрат табдил ёбад ва имрӯз ҳам он дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мақоми ба худ хос дорад. Ҳиндустонро бузургтарин демократияи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Пас, ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта, метавонад ба рушди минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистон ва Тоҷикистон такони зарурӣ бахшад.

Муносибатҳои наздики дӯстонаи Ӯзбекистон ва Ҳиндустон таърихи тӯлонӣ доранд. Ҳиндустонро дар Ӯзбекистон ҳамчун кишвари дорои таърихи бой ва фарҳанги нотакрор, ки бо халқи ӯзбек бо робитаҳои чандинасраи фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, дӯстии самимӣ алоқаманд аст, мешиносанд.

Консулгарии генералии Ҳиндустон дар Тошканд 7 апрели соли 1987 расман кушода шуд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти Ӯзбекистон, бо имзои Протокол дар бораи корҳои дипломатӣ ва консулӣ дар 18 марти соли 1992 он ба сафоратхона табдил дода шуд. Ҳиндустон яке аз аввалин шарикони хориҷӣ гардид, ки истиқлолияти давлатии Ӯзбекистонро ба расмият шинохт [8].

Тақвияти шарикии дарозмуддати стратегӣ бо Ҳиндустон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад. Моҳи майи соли 2011 кишварҳо Эъломияи муштарак дар бораи шарикии стратегиро имзо карданд. Ҳуҷҷати мазкур имкони рушди ҳамкориҳои густурдаро дар тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ки ҷонибҳо ба ҳамдигар муфид мешуморанд, боз ҳам васеътар намуд.

Ба анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстона содиқ буда, имрӯз Ӯзбекистон ва Ҳиндустон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани шарикии байнидавлатӣ манфиатдор мебошанд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон дар солҳои охир ба марҳалаҳои нав расидаанд. Муколамаи мунтазами сиёсии раҳбарони ду давлат барои рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар натиҷаи сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон дар моҳи октябри соли 2018 дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ 20 санад ба имзо расид, ки дар муносибатҳои ду давлат саҳифаи нав кушод [2].

Илова бар ин, сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Ҳиндустон дар моҳи январи соли 2019 ба ҳайси меҳмони асосӣ дар Саммити глобалии сармоягузории “Гуҷароти динамикӣ” аз тааҳҳуди қавии густариши ҳамкориҳои зичи Ӯзбекистон бо Ҳиндустон буд.

Марҳилаи муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба дар моҳи декабри соли 2020 мулоқоти виртуалии Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Ҳиндустон буд. Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо Изҳороти муштарак оид ба дӯстии наздик ва шарикии мустаҳкам қабул карданд. Илова бар ин, дар ҷараёни нишаст 9 санади ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки мухталиф ба имзо расид [2].

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ, дар чаҳорчӯби рӯйдодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври анъанавӣ мулоқот мекунанд. Ҳамкории имрӯзаи фаъоли минтақавӣ ва байналмилалӣ байни Тошканд ва Деҳлӣ як ҷузъи муҳими муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои амалӣ мебошад.

Аз ҷумла, ҷониби Ӯзбекистон аз номзадии Ҳиндустон ба мақоми узви доимии Шӯрои амнияти СММ пуштибонӣ мекунад [2]. Дар ин замина бояд гуфт, ки ҷонибҳо дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои фаромарзӣ, ки ба амният, некӯаҳволӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ бевосита таъсир мерасонанд, мавқеи устувор доранд.

Ҷониби Ӯзбекистон узвияти Ҳинд дар Созмони ҳамкории Шанхайро, ки ҷузъи муҳими муколамаи сиёсии дуҷониба гардидааст, фаъолона дастгирӣ намуд.

Рӯзҳои 15-16 июли соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҳайате таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманям Ҷайшанкар дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо” ширкат карданд. Натичаҳои ин форуми муҳим бори дигар нишон дод, ки на танҳо байни ҳар ду мамлакат, балки дар байни минтақаҳо ҳам барои амиқ гардондани муколамаи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва робитаҳои байни халқҳо имкониятҳои калон мавҷуданд [2].

Як қатор мубодилаи сатҳи баланд дар соҳаи мудофиа ва амният сурат гирифт. Моҳи ноябри соли 2021 даври дуюми машваратҳои Кумитаи амнияти миллии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баргузор шуд. Аввали моҳи октябри соли 2019 муовини мушовири амнияти миллии Ҳиндустон барои даври аввали машваратҳо ба Тошканд ташриф овард.

Дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон бори аввал дар моҳи ноябри соли 2019 машқҳои муштараки низомии «Дӯстлик-1» бо иштироки артиши ду кишвар баргузор шуданд. Моҳи марти соли 2021 дар шаҳри Уттаракханди Ҳиндустон тамрини навбатии низомии «Дӯстӣ-2» баргузор шуд [4].

Фаъолияти дар боло зикршуда ва ояндаи дуҷониба майли ҷиддии ҳарду ҷонибро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд равшан нишон медиҳанд. Кормандони низомии ду кишвар дар машқҳои Ӯзбекистону Русия дар вилоятҳои Сурхондарё ва Самарқанди Ӯзбекистон, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай “Мисияи сулҳ” дар вилояти Оренбург ва инчунин дар ҷараёни размоиши артиши байналмилалии бозиҳои “АрМи-2021” фаъолона табодули таҷриба ва малака карданд [9].

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарор дошт, мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши доираи муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд. Динамикаи мушоҳидашудаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Ҳиндустон ва омодагии тарафҳо ба амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи онҳо дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо қаноатмандӣ қайд карда шуд [6].

Ба натиҷаи нишасти нахустини онлайнии “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” баҳои баланд дода, аҳаммияти татбиқи амалии тавофуқоти дар доираи ин платформа ҳосилшуда таъкид гардид. Ба ҷониби Ҳиндустон барои дастгирӣ аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҳкими робита байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори сипос карда шуд.

Аз рӯйи масъалаҳои ёрии башардӯстона ва мусоидат ба барқарор намудани иқтисодиёти Афғонистон мубодилаи афкор барпо гардид. Нарендра Моди ба саъю талошҳои Ӯзбекистонро дар ин самт баҳои баланд дод. Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ду давлат бо як қатор созишномаҳо ва санадҳои иқтисодӣ, аз ҷумла “Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ”, “Созишнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузорӣ”, “Созишнома дар бораи пешгирии андозбандии дукарата» танзим шудааст. Соли 1993 Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни ду кишвар таъсис ёфт. Солҳои 1993-2005 панҷ ҷаласаи ин комиссия баргузор гардид.

Дар соли 2004 ҳаҷми гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон 160 миллион долларро ташкил дод. Аз Ҳиндустон ба Ӯзбекистон коғаз ва картон, доруҳо, пайвастагиҳои органикӣ ва химиявӣ меоянд. Аз Ӯзбекситон ба Ҳиндустон металлҳои ранга ва маснуоти аз онҳо тайёр кардашуда, баъзе намудҳои хизматрасонӣ, маҳсулоти полезӣ, абрешим ва нахҳои химиявӣ бурда мешавад.

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон аз 25 сентябр то 1 октябри соли 2018 ҳайати Ассотсиатсияи «Узтекстилпром» таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсия Илҳом Ҳайдаров ба шаҳрҳои Аҳмадобод, Сурат, Мумбай ва Деҳлӣ ташриф оварданд. Ба ҳайати намояндагӣ ширкатҳои бузурги нассоҷӣ ва намояндагони кластерҳои пахтаву нассоҷии Ӯзбекситон – Uztex Group, Surkhon Tex, Parvoz Xumo, Textile Technology Group ва ғайра шомил буданд.

Ҳадаф аз ин сафар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои нассоҷии Ҳиндустон, аз ҷумла, бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти тайёр, маснуоти денимӣ, нассоҷии хонагӣ, рангубор ва истеҳсолкунандагони таҷҳизот буд.

Ширкатҳои нассоҷии Ӯзбекистон бори аввал аз марказҳои бофандагии Ҳинд – Аҳмадобод ва Сурат дидан карданд ва бо истеҳсолкунандагони асосии саноати нассоҷии Ҳиндустон, аз қабили Arvind Industries, Nandan Denim (маҳсулоти ҷинс), Grasim Industries, Sintex Industries Limited (нахҳои синтетикӣ), Rimtex, Lakshmi (технология) форуми тиҷорӣ, семинарҳо ва гуфтушунидҳо гузарониданд.

26 сентябри соли 2018 дар Палатаи савдо ва саноати Гуҷарат бо иштироки 50 ширкати нассоҷӣ дар мавзӯи «Иқтидори сармоягузорӣ дар саноати нассоҷии Ӯзбекистон» семинар баргузор гардид. Дастовардҳои саноати нассоҷии Ӯзбекистон, инчунин дурнамои рушд ва сармоягузорӣ муаррифӣ карда шуд. 

Дар натиҷаи гуфтушунид бо ноиби раиси палата ҷаноби М. Шоҳ созиш ба даст омад, ки дар даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2018 намояндагони корхонахои бофандагии шаҳри Гуҷарат барои шиносоӣ бо иқтидори сармоягузорӣ ба Ӯзбекистон фиристода шаванд.

Ба таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамоиши Ӯзбекистону Ҳиндустон, ки 27 сентябр дар Мумбай, дар меҳмонхонаи Сахара, дар чаҳорчӯби Ҷаласаи солонаи аъзои Конфедератсияи истеҳсолкунандагони нассоҷии Ҳиндустон (CITI), шарики асосии иттиҳодияи «Узтекстилпром», баргузор гардид, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд. 

CITI ҳамчун интерфейси байни ҳукумати Ҳиндустон ва саноат кор мекунад. Он ба ҳукумат дар таъмини захираҳои сиёсӣ кӯмак мерасонад ва ҳамзамон бахши нассоҷӣ ва дӯзандагиро тавассути ҳимояи манфиатҳои онҳо тавассути ворид намудани тағйирот ба сиёсати ҳукумат дастгирӣ мекунад.

Дар форуми тиҷорӣ зиёда аз 100 ширкати Ҳиндустон ширкат варзиданд. Ба иштирокчиён аз ҷониби Ассотсиатсияи «Ӯзтекстилпром» тақдим карда шуд, ки дар он рунамои Стратегияи рушди саноати нассоҷии Ӯзбекистон барои солҳои 2018-2023 ва дастовардҳои саноат инъикос ёфта буд [10].  

Рӯзҳои 28-29 сентябри соли 2018 дар Деҳлӣ намоишгоҳ таҳти шиори «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» баргузор гардид. Дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунандаи ӯзбек ба намоиш гузошта шуд. Маҳсулоти тамғаҳои «Бука», «Само» ва «Узтекс Групп» таваҷҷӯҳи иштирокчиёни хориҷиро ҷалб намуданд. Инчунин, бо зикри сатҳи баланди технологии истеҳсолот, ширкатҳои нассоҷии Ҳиндустон нияти ҳамкорӣ дар самти фурӯши нассоҷии ӯзбекӣ ба бозорҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла, фармоиш барои содирот ба кишварҳои Аврупо (Скандинавия)-ро иброз доштанд. Бори аввал намоишгоҳи саноати нассоҷии Ӯзбекситон таҳти шиори «Made in Uzbekistan» ташкил карда шуд. Дар он зиёда аз 20 ширкат маҳсулоти худро - аз ришта то либосҳои тайёр ба намоиш гузоштанд. Дар натиҷаи мулоқоту созишномаҳои дахлдор, аз ҷумла 8 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 30,5 млн. доллар ба имзо расонида шуд [10].

16 марти соли 2022 тариқи роҳи Мумбай-Қарочӣ-Кобул корвони мошинҳои боркаш бо 140 тонна бор, асосан шакар ва дигар молҳо гузашта ба сӯи Тошканд расид. Пеш аз ин молу коло аз Мумбаи Ҳинд тавассути баҳр ба Қарочӣ рафта, сипас тавассути Покистон ба Торҳам гузашта, сарҳади Афғонистонро убур мекард [5].

Созишномаи тиҷорати транзитӣ миёни Ӯзбекистону Покистон имкон дод, ки гардиши молу маҳсулот миёни Ҳиндустон ва Ӯзбекистон тавассути Покистон амалӣ шавад. Ӯзбекистон метавонад тавассути бандарҳои Покистон аз ҳар кишвар коло ворид кунад.

Вазири саноат ва савдои ҳукумати муваққатии Афғонистон Мавлоно Зоҳир дар Кобул вохӯрии ботантанаи боркашониро ташкил кард. Ҷониби Афғонистон инро як қадами муҳим дар роҳи барқарор кардани равобити тиҷории Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ номид.

Ӯзбекистон чанд сол боз барои баланд бардоштани нақши маршрутҳои ҷанубии интиқоли мол дар тиҷорати хориҷӣ тадбирҳо меандешад. Қайд карда мешавад, ки ин роҳи зудтар ва арзонтар ба бандарҳои баҳрӣ мебошад. Моҳи ноябри соли 2021 бори аввал аз Ӯзбекистон молу маҳсулот ба Покистон ворид шуд.

Покистон ҳам дар навбати худ транзитро барои боркашонҳои ӯзбек содда кардааст. Мошинҳои боркаш метавонанд бидуни пардохти гарав барои вуруд ба Покистон ворид шаванд. Шавкат Мирзиёев моҳи феврали соли 2022 созишномаи тиҷорати транзитӣ бо Покистонро тасдиқ кард.

Аммо то вақтҳои охир вазъияти Афғонистон масъалаҳоро мураккаб мекард. Гузариш аз гумруки афғон бо фасод ва пас аз омадани Толибон, надоштани маҳорати касбии нозирон, ки метавонист интиқоли борро барои як ҳафта ба таъхир андозад, мушкил гашт.

Моҳи январи соли 2022 ҳукумати муваққати Афғонистон масири роҳи оҳанеро тасдиқ кард, ки ба Ӯзбекистон ба бандарҳои Покистон дастрасӣ пайдо мекунад. Мирзиёев таъқид кард, ки ин лоиҳа ба диверсификатсияи масирҳои нақлиётӣ ва бозорҳои содиротӣ, инчунин арзон кардани транзит мусоидат мекунад [5].

Нақлиёт ва логистика дар вусъати ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон нақши калон мебозанд. Дар робита ба ин, зарур аст, ки робитаҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохторӣ байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон, инчунин минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба таври куллӣ беҳтар карда шаванд, то афзоиши назарраси ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва сармоягузориро таъмин намояд.

Дар нишасти 28 июли соли 2022 Ҳиндустон барои содироти банан, манго, соя ва биринҷ ба Ӯзбекистон иҷоза гирифтааст ва тавлидкунандагони ӯзбек метавонанд ба бозори Ҳинд ангур, олу ва гелос ворид кунанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми муомилоти молро афзоиш дода, барои дастрасии мутақобилаи маҳсулоти истеҳсолкунандагони миллии кишоварзӣ ба бозорҳои ду кишвар шароити мусоид фароҳам оваранд. Ӯзбекистон барои воридоти шаш маҳсулоти Ҳиндустон, аз ҷумла банан, манго, соя ва биринҷ иҷозаи фитосанитарӣ додааст. Дар навбати худ, ҷониби Ҳиндустон имкони додани иҷоза барои ангуру анор, себ, хурмо, қаламфури чили, помидор, бодом ва тарбузи Узбакистонро баррасӣ кард. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омор, дар соли 2021 гардиши мол миёни Ӯзбекистону Ҳиндустон 10,3% афзоиш ёфта, 490 миллион долларро ташкил додааст, ки 461 миллион доллари он ба содироти Ҳиндустон рост меояд [11].

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон, дар навбати худ, ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ саҳми муҳим хоҳад гузошт.

Дар ин робита ҳукумати Ӯзбекистон аз пайвастани Ҳиндустон ба созишномаи Ашқобод (корридори нақлиётии Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Уммон) пуштибонӣ кард. Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз талошҳои Ҳинд барои тавсеъаи бандари Чобаҳори Эрон пуштибонӣ мекунанд, ки интизор меравад ба як маркази бузурги транзитӣ барои тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шавад. Қобили зикр аст, ки то кунун Узбакистон, Ҳиндустон ва Эрон ду даври гурӯҳи кории сеҷониба дар мавриди истифодаи муштараки бандари Чобаҳорро баргузор кардаанд [2].

Инчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бор тавассути авиатсияи гражданӣ ва долонҳои ҳавоӣ имкониятҳои калон мавҷуданд. Ҷониби Ҳинд ба ифтитоҳи долонҳои ҳавоӣ барои интиқоли меваю сабзавот, ғизо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

Дар Ӯзбекистон телекоммуникатсия, хоҷагии деҳот ва автомобилсозӣ босуръат рушд мекунад. Ҳиндустон дар соҳаи дорусозӣ, ҷузъҳои автомобил ва дигар маҳсулоти технологӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардидааст. Имрӯз дар Ӯзбекистон 280 корхона (танҳо дар Тошкент 154 корхона) бо ширкати сармояи Ҳинд, аз ҷумла 21 корхона бо сармояи пурраи Ҳинд фаъолият мекунанд. Ҳаҷми гардиши тиҷорати дуҷониба соли 2017 323,6 миллион доллар, аз ҷумла содирот аз Ӯзбекистон ба Ҳиндустон 32,5 миллион доллар ва воридот 291,1 миллион долларро ташкил медод. Имрӯз Ӯзбекистон ба Ҳиндустон молҳо аз қабили лӯбиё, балзам, абрешими хом, металҳо, нуриҳо ва ғайра содир мекунад. Лоиҳаҳои муштарак ба маблағи беш аз 650 миллион доллар амалӣ мешаванд. Фирмаҳои Ҳиндустон барои сохтмони биноҳои беморхона, донишгоҳҳо, аквапарк ва як қатор дигар объектҳо ҷой ҷудо карда шудааст. Арзиши умумии лоиҳаҳо аз 1 миллиард доллар зиёд аст.

28 июли соли 2022 намояндагони Ӯзбекистон дар форуми соҳибкорони ду кишвар, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, ширкат варзиданд. Дар он қайд гардид, ки дар давоми панҷ соли охир мубодилаи мол бештар аз 50 фоиз афзудааст. Ҳамзамон, ин рақам дар ҳоли афзоиш аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2022 гардиши мутақобила қариб 30% афзоиш ёфта, ба беш аз 324,5 миллион доллар расидааст [3]. Ҷониби Узбакистон хостори фаъол кардани самтҳои қаблан истифоданашудаи ҳамкориҳо: муттаҳидсозии бахшҳои агросаноатӣ барои бунёди корхонаҳо барои парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахши IT ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, истеҳсоли муштараки доруворӣ ва содироти онҳо, шарикӣ дар саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра. Дар натиҷаи анҷуман ҷонибҳо як қатор санадҳоро дар соҳаҳои тибби хусусӣ ва дорусозӣ, истеҳсоли пойафзол ва маҳсулоти чармӣ, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисос ба имзо расониданд.

Бо иштироки олимони ҳар ду мамлакат гузарондани симпозиумҳои илмӣ, семинару конференсияҳо анъана шудааст. Соли 1991 дар Ҳиндустон “Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон” бахшида ба 550-солагии шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ баргузор шуданд. Моҳи октябри соли 1992 бахшида ба солгарди истиқлоли Ӯзбекистон дар Деҳлӣ ҷашнвораи фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон баргузор шуд. Моҳи ноябри ҳамон сол намоишгоҳи рассоми маъруфи ӯзбек Акмал Нуриддинов баргузор шуд. Соли 1993 дар Ҳинд ва Ӯзбекистон 510-умин солгарди таваллуди Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба таври васеъ таҷлил карда шуд. Маркази фарҳангии Ҳинд, ки соли 1994 дар назди Сафорати Ҳинд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кардааст, дар рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст [12].

25 сентябри соли 2018 дар Осорхонаи миллии Ҳиндустон намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Ҳиндустон: муколамаи фарҳангҳо» ифтитоҳ ёфт ва миёни аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳи зиёд ба бор овард. Дар ифтитоҳи намоишгоҳ филми мустанад дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон, шароит барои ҳамкориҳои судманд дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ба намоиш гузошта шуд. Ходими илмии Осорхонаи миллии Ҳиндустон Катибур Раҳмон иброз дошт, ки: “Мо якҷоя бо шарикони ӯзбеки худ болои лоиҳаҳои нав кор карда истодаем. Дар  экспонатҳои дар осорхонаи мо маҳфуз буда, таърихи давлатдории ӯзбек, мероси бойи фарҳангӣ, дастхатҳои нодири аслии китобхонащои Худо Бахш ва Рампур Разо, инчунин силсилаи китобҳое, ки дар доираи лоиҳаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – роҳ ба муколамаи байни халқҳо ва кишварҳо», ки Ассотсиатсияи миллии расонаҳои электронии Ӯзбекистон нашр кардаанд, гирд оварда шудаанд” [7].

Намояндагони доираҳои расмӣ ва илмии ду кишвар ба омӯзиши муштараки ҳуҷҷатҳои нодире, ки дар осорхонаҳо маҳфузанд ва ба ҳамкориҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон марбутанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи директори китобхонаи ба номи Худо Бахш Роберт Чонгту иброз дошт, ки: “дар китобхонаи мо зиёда аз 200 нусха дастхатҳои марбут ба мероси мадании халқи ӯзбек мавҷуд аст” [7].

«Ифтихори китобхонаи мо нусхаҳои дастнависҳои нодири девони Бобур аст», - гуфт директори китобхонаи Рампур Разо, профессор Сайид Ҳасан Аббос. - Арзиши онҳо ба фарҳанги ҳиндӣ дар он аст, ки онҳо калимаҳои забони ҳиндиро истифода мебаранд. Дар дастнависҳо таҳрирҳои шахсан Бобурро дидан мумкин аст. Ҳақиқати онҳоро яке аз авлоди ӯ Ҷаҳонгир тасдиқ кардааст. Коркунони китобхонаи мо тайёранд, ки кори якҷояро дар бобати омӯхтани дастхатҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатҳои марбут ба маданияти халки ӯзбек пурзӯр намоянд [7].

Дар семинари илмӣ таҳти унвони “Мероси фарҳангӣ – пули муколамаи Ӯзбекистону Ҳиндустон” олимони маъруфи ду кишвар муҳтавои ҳамкориҳо, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои нав ва фаъолгардонии табодули илмию таълимиро баррасӣ карданд. Дар доираи лоиҳаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» китобҳои «Эпиграфияи меъмории Ӯзбекистон», «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯаҳои ҷаҳон» ва як қатор дигар китобҳо ба табъ расидаанд. Раиси Ассотсиатсияи миллии расонаҳои электронии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов қайд кард, ки “Мо бо шарикони ҳиндиамон розӣ шудем, ки нашрияҳои нав тайёр кунем ва ба ин самт олимону мутахассисони ҳар ду мамлакатро ҷалб кунем” [7]. Чорабиниҳо дар чаҳорчӯби чорабинии расонаӣ дар донишгоҳҳои Ҷомиа Миллия ва Ҷавоҳарлол Неҳру дар Деҳлӣ ва Маркази фарҳанги исломии Ҳиндустон низ баргузор шуданд.

Соли 2019 дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аввалин бор дар Тошканд ва Андиҷон донишгоҳҳои пешрафтаи Ҳиндустон Амити ва Шарда кушода шуда, бомуваффақият фаъолият доранд. Мувофиқи карори дахлдори Девони Вазирон дар шаҳри Ҷиззах университети Самбҳрам ташкил карда шуд. Он барномаҳои таълимиро дар чунин соҳаҳо, аз қабили технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳияи нармафзор, идоракунии системаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои компютерӣ амалӣ менамояд [4].

Моҳи октябри соли 2020 Маркази фарҳанги Ҳинд ба номи Лал Баҳодур Шастрӣ (LBSCIC), ки аз ҷониби Шӯрои Ҳинд оид ба равобити фарҳангӣ (ICCR) идора мешавад, 25 соли таъсиси худро дар Ӯзбекистон таҷлил кард. Ба ин муносибат паёми табрикии мустақим тавассути видеоконфронс аз ҷониби доктор Винай Саҳасрабуддҳе, Президенти ICCR ироа гардид, ки дар он саҳми бузурги Маркази фарҳанги Ҳинд ба номи Лал Баҳодур Шастрӣ дар таҳкими муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ва омӯзиши босифат дар соҳаҳои классикии Ҳиндустон: рақс, йога, табла ва таълими забони ҳиндӣ дар Ӯзбекистон ёдоварӣ шуд.

Дар Ӯзбекистон, дар вилоятҳои Тошканд, Қаршӣ, Андиҷон, Фарғона, Урганҷ ва Бухоро ҳудуди 1800 шаҳрванди Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд. Онҳо асосан дар тиҷорати дорусозӣ ва меҳмоннавозӣ машғуланд. Баъзе аз онҳо муаллимони университет ва мактабҳо буда, бисёриҳо дар беморхонаҳои маҳаллӣ ба ҳайси духтур ва баъзеҳо дар соҳаи нефту газ кор мекунанд [1].

Ислоҳоти системавӣ ва васеъмиқёс ба либерализатсия ва модернизатсияи иқтисодиёти Ӯзбекистон, рушди устувори он, пайвастан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин сиёсати ошкоро ва прагматикии хориҷӣ муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустонро дар тамоми соҳаҳо ба дараҷаи нав, ба сатҳи баланд бардоштанд. Ҳоло ҳамоҳангии манфиатҳои ҳарду кишвар дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, густариши доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад.

Ҳамин тариқ: 

- муносибати самимӣ нисбат ба халқҳои Осиёи Марказӣ, алахусус бо ӯзбекон, албатта, ба муносибатҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад. Қобили зикр аст, ки президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов аввалин сафари хориҷии худро ба Ҳиндустон моҳи августи соли 1991 анҷом дода буд. Робитаи Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар сатҳи сиёсӣ ҳеҷ вақт қатъ нашудааст ва бо ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев вай як такони нав гирифт. Дар солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон хислати стратегӣ касб карданд, ки ин аз бисёр ҷиҳат мубрам мебошад.   

- Ӯзбекистон аз рӯйи шумораи аҳолӣ яке аз кишварҳои сернуфуси Осиёи Марказӣ мебошад ва аз нуқтаи назари географӣ дар марказ ҷойгир аст. Ҳиндустон ин иқтидори транзитиро ба назар гирифта, Ӯзбекистонро ҳалқаи пайвасткунандаи нақлиётиву коммуникатсионӣ барои наздик шудан бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ медонад. 

- роҳи оҳани Мазори Шариф - Ҳирот яке аз кӯтоҳтарин масирҳои рӯизаминӣ мебошад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ба уқёнуси Ҳинд пайванданд. Аз ин рӯ, аз сохтмони он ба нафъи кулли кишварҳои минтақа аст ва он ба рушди минбаъдаи иқтидори транзитӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон, барои ҳалли муноқишаҳои Афғонистон тариқи ҳамкориҳои муштарак ангезае хоҳад буд. Ин роҳ аз қаламрави Афғонистон мегузарад ва бемайлон барои ба тиҷорати байниминтақавӣ ҷалб шудани он мусоидат мекунад. Ин роҳ метавонад Ӯзбекистонро ба бандари Чобаҳори Эрон пайвандад ва бузургтарин роҳи боркашонӣ тавассути Ҳиндустон ба дигар кишварҳои ҷаҳон аст. Осиёи Марказӣ тавассути транзити молҳои воридотӣ ва содиротӣ даромад мегирад ва нафъ мебинанд. Инчунин, Ӯзбекистон ба бозорҳои Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳо бо роҳи кӯтоҳтар ворид мешавад.

-Ҳиндустон аз рӯйи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз давлатҳои пешсаф мебошад. Аз ин лиҳоз, дар муносибатҳои байни ду кишвар ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Имрӯз дар Ӯзбекистон зиёда аз 280 корхонаи саноатӣ бо сармояи Ҳиндустон фаъолият мекунад. Ифтитоҳи хонаи савдои Ҳиндустону Ӯзбекистон дар Деҳлӣ ва таъсиси Маркази рушди соҳибкорӣ дар Ӯзбекистону Ҳиндустон дар афзоиши фаъолияти соҳибкорони ду кишвар мусоидат мекунад.

-ҳоло Ҳиндустон қариб аз чор се ҳиссаи нефтро аз хориҷа, асосан аз минтақаи ноустувори Шарқи Наздик мегирад. Дар низоми амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Ҳиндустон амнияти энергетикӣ ҷузъи марказӣ мебошад. Азбаски пешгӯӣ мешавад, ки Ҳиндустон ба воридоти нерӯи барқ вобастагии бештар дорад, коҳиши вобастагӣ аз Ховари Миёна ва ба даст овардани манобеъи алтернативии энергия муҳим шудааст. Осиёи Марказӣ аз конҳои карбогидрид ҳам дар конҳои хушкӣ ва чӣ дар баҳри Хазар бой аст. Онҳо тақрибан 4 фоизи захираҳои гази табиии ҷаҳон ва тақрибан 3 фоизи захираҳои нафтро ташкил медиҳанд ва Ҳиндустон барои ҳамкорӣ ҳавасманд аст.

Дар маҷмуъ, ҳамкории Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус бо Ӯзбекистон дар самти рушд қарор дошта, густариши он ба нафъи халқҳои минтаву ҷаҳон мебошад.   

 

Адабиёт:

  1. India-Uzbekistan Relations https://eoi.gov.in/tashkent/?2615?000 (санаи истифодабарӣ:25.12.2022).
  2. Ахатов Д. Узбекистан и Индия: тесная дружба и прочное партнерство https://dunyo.info/ru/site/inner/uzbekistan_i_indiya_tesnaya_druzhba_i_prochnoe_partnerstvo-Pdj (санаи истифодабарӣ: 12.01.2023).
  3. Бизнес-форум в Дели: Узбекистан и Индия наращивают сотрудничество https://uz.sputniknews.ru/20220728/biznes-forum-v-deli-uzbekistan-i-indiya-naraschivayut-sotrudnichestvo--26615525.html (санаи истифодабарӣ: 12.01.2023).
  4. Важный этап взаимодействия между Узбекистаном и Индией https://xs.uz/ru/post/vazhnyj-etap-vzaimodejstviya-mezhdu-uzbekistanom-i-indiej (санаи истифодабарӣ: 3.10.2023).
  5. Индия отправила в Узбекистан первый транзитный груз через Афганистан https://www.spot.uz/ru/2022/03/18/india-cargo/ (санаи истифодабарӣ: 10.01.2023).
  6. Лидеры Узбекистана и Индии обсудили перспективы дальнейшего укрепления стратегического партнерства https://xs.uz/ru/post/lidery-uzbekistana-i-indii-obsudili-perspektivy-dalnejshego-ukrepleniya-strategicheskogo-partnerstva (санаи истифодабарӣ: 5.01.2023).
  7. Медиафорум «Узбекистан – Индия: диалог культур» Нью-Дели, Индия https://legacy.uz/mediaforum-v-g-deli-indiya/ (санаи истифодабарӣ: 6.01.2023).
  8. Посол Узбекистана в Индии: Узбекско-Индийское сотрудничество имеет огромный потенциал и широкие возможности благодаря созданной лидерами наших стран прочной и устойчивой основе http://uzbekistan-geneva.ch/posol-uzbekistana-v-indii-uzbeksko-indijskoe-sotrudnichestvo-imeet.html (санаи истифодабарӣ: 9.01.2023).
  9. Узбекистан и Индия "уничтожили" условных террористов в Хорезмской области https://uz.sputniknews.ru/20220331/uzbekistan-i-indiya-unichtojili-uslovnyx-terroristov-v-xorezmskoy-oblasti-23684250.html (санаи истифодабарӣ: 12.01.2023).
  10. Узбекистан и Индия подписали инвестиционные соглашения в текстильной отрасли на $30,5 млн. https://www.caitme.uz/ru/mediacentre/novosti.php?ELEMENT_ID=37124 (санаи истифодабарӣ: 3.10.2023).
  11. Узбекистан разрешил импорт из Индии бананов, манго, сои и риса https://www.gazeta.uz/ru/2022/07/28/uzb-ind/ (санаи истифодабарӣ: 12.01.2023).
  12. Ӯзбекистон Республикаси ҳукумати билан Ҳиндистон Республикаси ҳукумати ўртасида ўзаро тушуниш меморандуми https://lex.uz/docs/2663718 (санаи истифодабарӣ: 12.01.2023).

 

Турсунов Турсунмурод,

сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

BACK