NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Қатар-Осиёи Марказӣ: бархурди манофеъ

Author: Shahlokhon Murodali

Расм

Коршиносон дар давоми солҳои охир боздидҳои мутақобили сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Давлати Қатарро нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушду густариши муносибатҳои ҳамкории судманд баҳри амалисозии манофеи миллӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин раванд сафари ахири Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ чанде пеш (5-8 июни соли 2023) ба чор давлати Осиёи Марказӣ – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон (ба Туркманистон соли гузашта сафар карда буд) ва имзои як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ қарор гирифтааст.

Маркази тадқиқоти Ҷазира мақолаи муҳаққиқи араб ал-Ҳавос Тақияро бо ин унвон нашр кардааст, ки дар он роҷеъ ба ин мавзуъ ибрози андеша мекунад:

Ҳадаф аз густариши робитаҳои Қатар ва Осиёи Марказӣ ҳамоно таъмини манофеи миллӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои Қатар бо давлатҳои ин минтақа бар Нақшаи стратегияи миллӣ-2030 асос мегирад, ки дар он минбаъд ба диверсификатсияи иқтисод ва раҳоӣ аз вобастагии рушд аз содироти газу нафт авлавият дода шудааст. Дар ин росто кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд барои Қатар фурсати муносиби диверсификатсияи сармоягузориро дар бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, зерсохторӣ ва нақлиёт фароҳам оранд.

Ҳамчунин бархе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Қатар имкон медиҳанд, ки ба тарҳи “Як камарбанд – як роҳ”-и Чин, ки тавассути ин минтақа роҳро ба Аврупо мекушояд, бипайвандад. Тарҳи мазкур аз қаламрави Авруосиё се самтро фаро мегирад, ки яке аз Остона то Маскав, дигарӣ долони Чин-Осиёи Марказӣ-Осиёи ғарбӣ, ки аз Алмаато, Тошканд, Теҳрон ва Анқара мегузарад ва сеюм долони Чин-Покистон, ки аз Алмаато то Исломободу Гувайдари Покистон меравад.

Албатта, мавқеи геосиёсии муҳими Осиёи Марказӣ, ки аз шарқ бо Чин, аз шимол бо Россия, аз ғарб бо қисмати аврупоии соҳили баҳри Қазвин ва аз ҷануб бо бозингарони асосии сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ Туркия ва Эрон пайваста аст, барои Қатар ҷолиб ба назар мерасад. Ҳамзамон захираҳои фаровони табиӣ дар сарзамини давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони Қатар метавонад бошад.

Аз ҷониби дигар, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар роҳи рушд қарор гирифтаанд, ба манбаъҳои нави сармоягузории хориҷӣ ниёз доранд, ки дар ин раванд сармояи Давлати Қатар бар хилофи сармояи дигар давлатҳо орӣ аз ҳар гуна шартҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Масруфияти Россия ба ҷанги эҳтимолан тӯлонии хастагиовар фазоро дар Осиёи Марказӣ, ки асосан минтақати нуфузи он дониста шудааст, дар баробари Чини бузург барои вуруди шарикони нави рушд муҳайё сохтааст, ки яке аз он шарикон метавонад Қатар бошад.

Бешубҳа, вуруди Давлати Қатар ба минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо ба манфиати Барномаи стратегии рушди он равона гардидааст, ҳамчунин ба таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи минтақа хидмат хоҳад кард.

 

Манбаъ:

https://studies.aljazeera.net/ar/article/5669

 

Таҳия ва тарҷумаи:

Шаҳлохон Муродалӣ

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

BACK