NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Бозтоби сафари 2-рӯзаи Сарвазири Покистон ба кишвари Россия

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Давлатҳо бо эҷоди равобити хуби дипломатӣ метавонанд рушду нумӯъ кунанд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз манотиқи стратегие маҳсуб мешавад, ки таъриху тамаддуни қадима ва фарҳангу забонҳои гуногун дорад. Минтақа аз кишварҳои хурду бузург Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Непал, Бангладеш, Бутан, Молдиф ва Афғонистон иборат мебошад, ки бештари мардумони Осиё дар он зиндагӣ мекунанд.

  Мамолики инҷо солиёни дароз дар зери мустамликаи абарқудратҳо буда, дертар баъд аз хатми ҷанги ҷаҳонии дувум истиқлолияти худро ба даст оварданд. Ҳамин тавр, бо дарёфти истиқлол тавонистанд равобиташонро бо мамолики дунё аз ҷумла, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ эҳё карда, истеҳком бахшанд.

  Дар ин зимн, бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин санаи 23 ва 24-уми феврали соли ҷорӣ Сарвазири Покистон Имрон Хон ба ин кишвар ташриф овард. Ин аввалин сафари роҳбарияти олии Покистон аст, ки баъд аз ду даҳа сурат мегирад. Собиқ Сарвазири кишвар Муҳаммад Навоз Шариф дар соли 1999 ба Москва сафари расмӣ дошт.

  Тибқи гузоришҳои ВАО-и Покистону Россия зимни вуруди ҷаноби Имрон Хон бо ҳайати расмии Покистон, меҳмононро дар фурудгоҳ муовини Вазири хориҷии Россия Игор Маргулов пазироӣ намуд. Бо гузашти горди расмӣ меҳмонони олиқадр барои мулоқот бо ҳайати олии кишвари мизбон роҳнамоӣ шуданд.

  Дар ҷараёни сафари ду рӯзаи худ Сарвазири Покистон бо Президенти Россия вориди гуфтугӯи ду ҷониба шуда, масоили гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла идомаи бунёди хати лулаи гази Шимол-Ҷанубӣ Покистон, ки дар соли 2015 ба мувофиқа расида буд, мубодилаи афкор карданд. Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди 1,100 км. фосила дар масири шаҳри Карочӣ то Кусур бо сармояи 2.5 миллард доллари амрикоӣ бунёд мегардад. Бунёди лоиҳа бо сабаби таҳримҳо солиёни зиёд ба таъхир афтода буд[1].

  Сарвазир дар ҷараёни сафари худ аз идораи муфтиёти мусалмонони Россия низ дидан ба амал оварда, бо роҳбарияти он мулоқот намуд. Ӯ низ бо Президенти Чечения Рамазон Қодиров низ дидор ва гуфтугӯ кард.

  Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб оиди масоили сулҳу суботи Афғонистон, исломҳаросӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Оиди сафари Сарвазири Покистон узви ҳайати расмӣ ва Вазири иттилоот ва матбуоти кишвар Чҳудари Фавод Ҳусайн мегӯяд, ки ҷаноби Имрон Хон дар мусоҳибааш бо телевизиони Россия ошкоро баён кард, ки Покистон бахш ё ҷузъи ягон блоке нахоҳад шуд. Ӯ ба ин назар аст, ки сафари Сарвазир бо дарназардошти вазъи ҷаҳонии имрӯза хело муҳим арзёбӣ мегардад.

  Коршиноси масоили Осиёи Ҷанубӣ Микаил Кугелмен дар мусоҳибаи худ ба радиои DW-и Олмон назарашро оиди ин сафар чунин баён кардааст: “Сафари Сарвазир дар замоне буҳрони вазъ дар Украина сурат мегирад, ки нуқтаи атфӣ барои равобит аст, ки дар солҳои ахир комилан рушд кардааст”.[2]

  Мутобиқи нашри сомонаи расмии dw.com, ки санаи 25-уми феврали 2022 интишор гаштааст, созишномаи тиҷоратӣ миёни Россия ва Покистон зиёд набуда, Россия дар соли 2019 ба Покистон 178 миллион доллари амрикоӣ мол содир кардааст.

  Хулоса, сафари Имрон Хон ва мулоқоташ бо Владимир Путин гувоҳӣ он аст, ки кишварҳо бо эҷоди равобити ҳасана метавонанд, саноат ва иқтисоду тиҷорати худро тавсиа ва тақвият бахшида, зиндагии осоишта барои мардумони худ фароҳам оваранд.

  Мавриди зикр аст, ки Покистон ва Россия  равобити дипломатии худро аввалин маротиба аз 1-уми майи соли 1948 оғоз карда, ҳар ду кишвар соли 2018 муносибатҳои 70-солагии худро ҷашн гирифтанд. Тибқи санадҳо кишвари Русия аз шомил шудани Покистон дар Созмони ҳамкории Шанхай хушбин буда, онро ба манфиати рушди минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳон меҳисобад. Ҳар ду кишвар аъзои фаъоли СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои минтавӣ ва ҷаҳонӣ буда, метавонанд дар масоили мубрами ҷаҳон ва ҳаллу фасли онҳо нақши калидӣ бозанд.

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

Сарчашмаҳои истифодашуда:

  • Сомонаи расмии Вазорати хориҷии Русия ru (Documents on the Pakistan –Russian relations at Russian Ministry of Foreign Affairs)
  • Сомонаи расмии  Рӯзномаи покистонӣ  The Nation (санаи муроҷиат 24 феврали 2022)
  • Сомонаи расмии dw.com (санаи муроҷиат 26-уми феврали 2022)
  • Сомонаи расмии www.com.pk (санаи муроҷиат 25-уми феврали 2022)

 

 

[1] Рӯзномаи   The Nation 24 феврали 2022

[2] Сомонаи расмии dw.com  (санаи муроҷиат 26-уми феврали 2022)

BACK