Author: Lutfullo Barotov
Наврӯз бузургтарин, қадимтарин ва мардумитарин ҷашни миллии тоҷикон мебошад. Яке аз нишонаҳои бузургии Наврӯзи оламафрӯз ҳамин аст, ки аз Чаҳоршанбесӯрӣ сар карда то Сенздаҳбадар чандин ҷашну маросимро дарбар мегирад. Маҷмӯаи ҷашнҳои Наврӯзӣ вобаста ба замону макони муайян каму беш фарқ мекунад. Яке аз ҷашнҳое, ки дар ҳар замону макон дар арафаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, Чаҳоршанбесӯрӣ мебошад. Ин ҷашн қариб ба ҳама гӯшаҳои Эронвич роҳ ёфтааст. Ҳарчанд имрӯз дар баъзе минтақаҳо ҷашн гирифта намешавад, аммо дар дигар минтақаҳо густариш меёбад. Дар гузашта ҳам чунин буд, агар дар як гӯшаи Эронвич идеологияи мазҳабӣ густариш меёфт, ин ҷашни мардумӣ зери фишор қарор гирифта, камранг мегашт. Ва баръкси ин дар дигар минтақа идеологияи мазҳабӣ камранг гашта, ин ҷашни мардумӣ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ҳама фишору мушкилотро пушти сар карда, то ба имрӯз расидани Чаҳоршанбесӯрӣ далели мардумӣ будани ин ҷашни миллӣ аст.
Чаҳоршанбесӯрӣ нахустин ҷашн аз доираи ҷашнҳои наврӯзӣ буда, дар охирин ҷаҳоршанбеи сол (дар шоми сешанбе) баргузор мегардад. Номи ин ҷашн аз ду вожа, чаҳоршанбе- рӯзи ҳафта ва сӯрӣ-ба маънои ҷашну шодӣ ё сурх сохта шудааст. Дар баъзе минтақаҳои эронвич ин ҷашнро “Аловпарак” “Чоршанбеохирон”, “Чоршанбеи сурх” ва “Ҷашни чаҳоршанбеи охири сол” ҳам меноманд. Сарчашмаҳои торихӣ дақиқан нишон намедиҳанд, ки ин ҷашни миллии тоҷикон ин номро аз куҷо гирифтааст. Аммо бо такя бар он, ки то чирагии аъроб ва густариши фарҳанги сомӣ дар эронвич расми рӯзшумории ҳафтавӣ вуҷуд надошт ва тоҷикони қадим ҳар рӯзи моҳро дар алоҳидагӣ номгузорӣ мекарданд, гуфтан мумкин аст номи “Чаҳоршанбесӯрӣ”-ро ин ҷашн баъди омадани аъроб гирифтааст.
Дар “Таърихи Бухоро” омадааст: “Чун Амир Саид Мансур бини Нуҳ ба мулк нишаст, ҳанӯз сол тамом нашуда буд, ки дар шаби сӯрӣ чунон ки одати қадим аст оташе азим афрухтанд”. Аз ин бармеояд, ки ҳатто баъди қариб се қарни чирагии аъроб бар ватани мо, номи ин ҷашн бо яке аз рӯзҳои ҳафта пайваста набудааст. Гуфта мешавад сабаби номи чоршанберо ба ин ҷашн пайвастан ва онро маҳз дар шоми чоршанбе ҷашн гирифтан, боз ҳам чирагии фарҳанги сомӣ бар Эронвич аст. Дар фарҳанги сомӣ рӯзи чоршанбе рӯзи наҳс шуморида мешавад ва ин рӯзро бояд бо сӯру базм гузаронд, то аз балоҳо эмин бошӣ. Тоҷикони дурандеш ба хотири аз шарри мазҳабиён нигоҳ доштани ин ойини миллӣ онро ба ин рӯзи ҳафта мутобиқ кардаанд ва ин ҷашни сирф миллӣ то ба имрӯз омада расид.
Чаҳоршанбесӯрӣ дар воқеъ аз ҷашнҳои миллӣ буда, вобастаи ягон дину бовар нест. Чун Наврӯзи фархундарай ин ҷашн ҳам ҷашни мардумӣ мебошад ва дар арафаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар ойини Зардушт оташ унсури муқаддас аст ва аз болои он паридан қобили қабул набудааст. Бинобар ин, ин ҷашнро ба дини Зардуштӣ пайваст кардан хатост ва касе онро одати мазҳабӣ меномад ё нодон аст ё аз руйи кина мегӯяд. Дуруст аст, ки зардуштиён пеш аз Наврӯз шомгоҳон дар бому ҳавлиҳояшон гулхан меафрухтанд. Ин гулхан ба доираи чорабиниҳои пешазнаврӯзӣ дохил мешуд, ки даҳ рӯз давом мекарданд ва ба онҳо аз ҷумла гулханафрӯзӣ ва хонатаконӣ дохил мешуд. Ҳамаи ин барои хушнуд кардани арвоҳи гузаштагон сурат мегирифт. Онҳо бовар доштанд, ки пеш аз Наврӯз руҳи ҳама гузаштагони оила ба хона бармегарданд, ҳатто аз ҳайвоноти хонагӣ ҳам. Хонатаконӣ ба хотири он буд, ки меҳмонон ба хонаи тоза дароянд ва гулханафрузӣ барои он буд, ки барои руҳи гузаштагон ҳамчун раҳнамо хизмат кунад. Аммо мақсад аз ин гулханафрӯзӣ, ки ба хотири гузаштагон буд бо мақсад аз гулханафрузии Чаҳоршанбесӯрӣ, ки барои хушнудии зиндабудагон аст, баробар нест. Ҳамин тариқ ин ҷашн ба ислом ҳам пайвандӣ надорад ва номи яке аз рӯзҳои ҳафтаро доштанаш ҳадафи нобуд нашуданро дошт. Албатта мазҳабиёни исломии ифротӣ дар ҳама давру замон зидди ин ҷашн садо баланд мекарданд, аммо аз баски ҷашни мардумӣ буд, пурра аз байн нарафт. Имрӯз ҳам агар дар як гушаи Эронвич ҷашн гирифта нашавад дар гушаи дигараш ҳатман бо шуру шавқ ҷашн гирифта мешавад. Барои мисол то пайдо шудани идеологияи ваҳобӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешуд, аммо баъд хеле маҳдуд шуд. Имрӯзҳо дар Ирон ин ҷашн аз нав ҷойгоҳи махсус пайдо кардаст ва бо як шукуҳу шаҳомат мардум онро ҷашн мегиранд. Доираҳои мазҳабии ин кишвар бошанд, пайваста онро маҳкум мекунанд, аммо ин ҷашни мардумӣ дорад густариш меёбад ва ҳар сол шумораи ҷашнгирандагонаш зиёд мешавад.
Расми асосӣ дар Чаҳоршанбесӯрӣ дар шоми рӯзи сешанбеи вопасини сол пеш аз Наврӯз афрухтани оташ ва аз болои он паридан мебошад. Ҳангоми паридан аз болои оташ “зардии ман аз туву сурхии ту аз ман” мегӯянд. Зиёфати хурокҳои сабук ва рақсу бозӣ кардан ҳам ба ин илова мегардад. Як саҳнаи зебо аз ин вақтхушии Чаҳоршанбесӯрӣ дар филми “Ҳасани аробакаш” ҳаст, ки хеле хуб воқеияти ин ҷашни мардумиро инъикос мекунад. Рақси пойкубии мардуми курд ҳам, ки дар интернет бисёр дида мешавад аз ҷумлаи зебоиҳои ин ҷашн аст. Албатта дар ҳар минтақа расмҳои иловагии хоси худро ба ин ҷашн дохил мекарданд, аммо аз болои оташ ҷаҳидан, зиёфати махсус ва рақсу бозӣ унсурҳои асосии ин ҷашни миллии эронинажодон аст. Яке аз чунин расмҳои иловагиро метавон ба ҷойи мисол овард ва он қошуқзанӣ ном дорад, ки шабеҳи Ҳеловини мардуми муқимии Амрико аст. Дар шоми Чаҳоршанбесӯрӣ кӯдакон косаву қошуқро бо ҳам зада, дар ба дари хонаҳо мегаштанд ва ширинӣ туҳфа мегирифтанд.
Муаллифони китоби “Футурлогия (Асри 21. Бемаргӣ ё фоҷеаи чаҳонӣ)”, Алексей Турчин ва Михаил Батин дар ин китоби худ вақтхуширо яке аз панҷ арзиши асосии ояндаро муайян кардаанд, ки дар оянда бартарӣ ёфта, дар тасмимгириҳо таъсиргузор мешаванд. Дар замони нав бештари мардум дар шаҳрҳо зиндагонӣ мекунанд ва ин тарзи зиндагӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки бо давидан ва машқҳо дар марказҳои варзишӣ хастагии ҷисмониро бартараф карда мешавад. Аммо хастагии равонӣ ё худ стресс бо вақтхушиҳо бартараф карда мешавад. Алаккай то имрӯз дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон садҳо намуди вақтхушиҳо вуҷуд доранд, ки мардум баъди кор ба онҳо машғул шуда, руҳу равони худро ором месозанд. Дар кишвари мо камтар аст ва Чаҳоршанбесурӣ метавонад шумораи онҳоро зёд кунад. Яъне ин ҷашн ҷашни гузашта ва куҳнаи корношоям набуда, ҷавобгӯи имрӯзу фардо мебошад.
Чаҳоршанбесӯрӣ ҷашнест, ки иҷрои расмҳои он ҳам манфиати ҷисмонӣ мерасонад ва ҳам манфиати равонӣ. Давидану паридан ва рақсу бозӣ ҳам ба ҷисми одам таъсири хуб мерасонад ва ҳам табъи ӯро болида мегардонад. Бо дарназардошти ин ва арзиши таъсиргузор шудани вақтхушӣ дар оянда, Чаҳоршанбесурӣ, ин ҷашни миллии тоҷикон, ба эҳтимоли зиёд густариш хоҳад ёфт. Ин оғози карнавали наврӯзӣ гардида, метавонад шумораи сайёҳонро ба кишвари мо зиёд карда, манфиатҳои иқтисодӣ ба бор оварад.
Эй аз туам сад илтимос
Эй аз туам сад илтиҷо
Сурхии рӯятро бидеҳ
Зардии рӯямро бигир
Гармии рӯятро бидеҳ
Сардии рӯямро бигир (Аз шеъри “Сурхии рӯятро бидеҳ”-и Бозор Собир)
Албатта дар асри 21, асри иттилоотӣ, дониши мардум дар сатҳе нест, ки аз оташ интизории шафоат дошта бошанд. Аммо ин ойини инсонсози наврӯзӣ фикри мушкилоти ҷориро то муддате аз сар дур карда, руҳу равони инсонро нисбатан ором карда, стрессро бартараф месозад. Ҳадафи асосии ҷашни Чаҳоршанбесӯрӣ ҳам пок кардани руҳу равон ва омода шудан ба соли нав мебошад. Дар соли нав бояд кинаву адоват аз дилҳо дур гардад ва ноумедиҳо аз миён раванд ва бо як руҳияи баланд ва иродаи матин соли навро истиқбол кунанд. Наврӯз ҷашни пирӯзии равшанӣ бар зулмат, некӣ бар бадӣ ва дӯстиву рафоқат бар кинаву адоват аст. Дар ин ҷашн ноумедиҳо ба боварӣ бар фардои нек, душманиҳо ба дустиву рафоқат ва дуриву ҳиҷрон ба наздикиву ҳамкорӣ кардан мубаддал мегардад. Наврӯз оғози ҳаёту зиндагии нав, муносибатҳои неки нав, донишу огоҳиҳои нав ва корнамоиҳои нав мебошад. Ин ҷашни миллии тоҷикон омеду орзуҳои инсонро қувват бахшида, барои мубориза бо бадиҳо, хушунатҳо ва ноумедиҳо омода месозад. Чаҳоршанбесурӣ оғози ин ҳама рафтору пиндору гуфтори нек буда, ноумедиҳо, кинаву адоватҳо ва хастагиҳои равони инсонро дар оташи пок сузонда, рӯзи нав ва соли навро бо бовариву умед, ишқу дӯстӣ ва руҳияти баланд пешвоз мегиранд.
Бошад ки ҳар рӯзи мо Наврӯз бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон пирӯз бод!
Баротов Лутфулло
ходими калони илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ