NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ДАР ФАРОНСА КИТОБИ «ЛОГИСТИКА ВА ДИПЛОМАТИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ» БА НАШР РАСИД

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

Дар Фаронса зери таҳрири Янн Аликс (Фаронса), Куралай Байзақова (Қазоқистон), Жилдиз Ничарапова (Қирғизистон) ва Мирзоҳид Раҳимов (Ӯзбекистон) китоби муштараки «Логистика ва дипломатия дар Осиёи Марказӣ» (Янн Аликс, Куралай Байзакова, Жилдиз Ничарапова, Мирзоҳид Раҳимов, «Логистика ва дипломатия дар Осиёи Марказӣ» Нашрияҳои EMS, Фаронса, 2022, саҳ.275.) ба нашр расид.

Китоб натиҷаи се семинарест, ки дар Тошканд (UWED, октябри соли 2021), Алмаато (КАЗГУ ба номи Ал-Форобӣ, ноябри соли 2021) ва Бишкек (AUCA, январи 2022) баргузор гардидаанд.

Нашрия дар заминаи ҳамкории густурдаи муҳаққиқони варзида ва ҷавони риштаи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ аз саросари ҷаҳон нашр шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Авруосиё бахшида шудааст. Дар асоси равишҳои байнисоҳавӣ вазъи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётию коммуникатсионии миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда, мушкилот ва масоили мавҷуда дар татбиқи ин лоиҳаҳо тавсиф карда мешаванд.

Дар китоб инчунин дурнамои густариши робитаҳои байналмилалӣ, диверсификатсия ва рушди лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ ва барномаҳои шарикии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муайян карда шудааст.

Агар мухтасаран хулосагирӣ намоем, Фаронса барои таҳким ва рушди муносибатҳои муттақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша таваҷҷуҳ дошт. Илова бар ин, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ Фаронса бо назардошти ҷанбаҳои геополитикӣ ва геостратегӣ саъй дорад бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои дипломативу иқтисодиро ба роҳ монад. Аз ин рӯ, Фаронса ҷиҳати ҳамкориҳо бо Осиёи Мраказӣ ҳамеша роҳҳои самаранок ва манфиатноки ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ менамояд, ки мақсади гузаронидани семинарҳо “Логистика ва дипломатия дар Осиёи Марказӣ” ва нашри китоби мазкур бо ин унвон аз ҳамин матлабу мақсад иборат аст.

Ардамеҳр Ашурзода,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

 

BACK