NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Author: Tursunmurod Tursunov

Расм

Пас аз дарёфти истиқолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кулли кишварҳое, ки барои шароити озодонаи ҳаёт сиёсати нек ва созанда доранд, дар асоси баробарҳуқуқии комили халқу миллатҳои дунё муносибати сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ барқарор намуд. Бахусус, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба маҷрои сифатан нави инкишофи худ ворид гардид.

Дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар муносибат бо Ҷумҳурии Ҳиндустон чунин тавсиф шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо мардуми Ҳиндустон, инчунин имкониятҳои васеи иқтисодиву фановарии он, ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар густаришу таҳким хоҳад дод».[1]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд кардааст, ки «равобити дӯстона ва ҳамкории васеъро бо Ҳиндустон - кишваре, ки бо он пайвандҳо ва арзишҳои зиёди муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ дорем, аз афзалиятҳои муҳимми равобити хориҷии худ мешуморем».[2]

Таъсиру нуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон ба сифати давлати абарқудрати минтақаву ҷаҳон, муносиботи бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва халқҳои Ҳиндустон, инчунин имконоти густурдаи иқтисодиву технологии Ҳиндустон боиси барқарор шудани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҳиндустон гардид.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар асоси принсипи баробарӣ, тамомияти арзӣ, амну субот дар минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои сиёсиро ба роҳ монданд.

Пас аз дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ дар соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ татбиқи амалӣ пайдо намояд. Барои комилан амалӣ сохтани ислоҳот захираҳои молию пулӣ зарур буд ва роҳбарияти олии кишвар таҳкими робитаҳои иқтисодиро бо кишварҳои хориҷӣ вусъат бахшид ва дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ривоҷ ёфт.

Дипломатияи Ҳиндустон дар муносибат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд вазифаҳои асосӣ дошт. Озод шудан аз «муҳити стратегӣ» аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, таъмини амният дар минтақаҳои ҳамсояи Ҳиндустон, алалхусус дар Осиёи Марказӣ (минбаъд ОМ), рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва пойдории субот аз зумраи онҳо буданд.

Аз дигар тараф, Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ОМ, бахусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ овард:

-якум, барқарор кардани муносибатҳои сиёсӣ бо мақсади нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаҳои ОМ ва Осиёи Ҷанубӣ (минбаъд ОҶ) барои Ҳиндустон муҳим мебошад;

-дуюм, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, дар мубориза ба муқобили бунёдгароии динӣ, терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳонии замони муосир муборизаи дастаҷамъона баранд;

-сеюм, истифодаи мақсадноки имконоту захираҳои бойи обӣ ва гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Ҳиндустон зарур мебошад;

-чорум, Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки дар қитъаи Осиё аз рақибони пуриқтидори худ –Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қафо намонад.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон на танҳо дар шакли дуҷониба, балки дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СҲШ ва СММ ҳамкориҳои густурда доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаи муҳимми ҳамкориҳои судманд вуҷуд дорад.

- Муносибаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва мардуми Ҳиндустон, инчунин имкониятҳои васеи иқтисодиву тиҷоратии он, дар асоси эҳтироми баробарӣ ва принсипҳои осоиштаи ҳамзистӣ ба роҳ монда шудааст. Рушди муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба сифати шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи ОҶ, кишвари абарқударате, ки дорои яроқи ҳастаӣ буда, ба блоки кишварҳои ҳастаӣ шомил мешавад, аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дорои заминаҳои таърихӣ мебошанд. Дар замони мавҷудияи ИҶШС муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар доираи маҳдуд ба роҳ монда шуда буд ва ин муносибатҳо пас аз истиқлолияти Ҳиндустон ва барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ИҶШС нисбатан муътадил гардида, дар асоси баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат мегирифт. Пас аз дарёфти истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 28 августи соли 1992 барқарор гардида, то ба имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овард.

- Заминаи аҳдномавию ҳуқуқии муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро як қатор ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи чунин муносибатҳо ташкил медиҳад, ки дар марҳилаи баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба имзо расонида шудааст. Эъломия дар бораи усулҳо ва самтҳои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ва протокол дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон (15.02.1993, ш. Ню-Деҳлӣ), эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи асосҳои муносибатҳои дуҷониба (10.05.2001, ш. Ню-Деҳлӣ), эъломияи муштарак дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон (14.11. 2003, ш.Душанбе), эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (7.08.2006, ш.Деҳлӣ) ва ғайра аз зумраи чунин ҳуҷҷатҳо мебошад;

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ сиёсати ягона доранд ва муборизаи дастаҷамъона дар чандин вохӯриву мулоқотҳои сарони ду кишвар садо додааст. Дар нахустин вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 14 феврали соли 1993 дар Ҳайдаробод мубориза ба муқобили терроризм мавриди гуфтугӯи тарафҳо қарор гирифта, дар заминаи он ҳамкориҳо дар ин самт бетаъхир ҷараён доранд. Ин ҳамкориҳо ба манфиати ду кишвар ва халқҳои тоҷику ҳинд мебошад.

Омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи тарафҳои сиёсӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Ҳоло терроризм бо тамоми оқибатҳои пайдоиши иртиҷое, ки як қатор кишварҳо ва минтақаро фаро мегирад, омили хатарзо барои амнияти на танҳо кишварҳои хурд ва миёна, яъне барои тамоми ҷаҳон мебошад. Ифротгароӣ дар шакл ва усулҳои мухталиф ифода ёфта, терроризм яке аз шаклҳои хатарноки он мебошад. Дар айни ҳол қариб минтақа ва кишваре нест, ки аз ҷониби терроризми байналмилалӣ таҳдид нашавад. Кишварҳо дар танҳоӣ ба терроризми байналмилалӣ муқобилат карда наметавонанд, имконияти ягон кишвар дар танҳоӣ барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ин падида муборизаи муштарак мебаранд.

- Ҳамкориҳои низомии ду кишвар дар заминаи аҳдномаҳо ва созишномаҳои байнидавлатии баимзорасида ба роҳ монда шуда, ба принсипҳои ҳамзистии осоишта асос ёфтааст, бар зарари давлатҳо ва халқҳои дигари минтақа набуда, дар асоси баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои халқу давлатҳо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардидааст, роҳандозӣ мешавад. Ҳамкории низомӣ қисми ҷудонашавандаи сиёсати хориҷии ҳар як давлат аст. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI бо назардошти шароити ҷаҳонӣ ва иқтисодӣ барои ҳар як кишвари ҷаҳон мушкилоти низомӣ барои ҳар як кишвар ҷузъи хеле муҳими сиёсати хориҷӣ гардид, зеро дар ҷаҳон равандҳои мураккаб ҷараён гирифта, марказҳои нави муассир ва низомҳои амниятӣ пайдо шудаанд. Дар ин қарина ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ шаклу мазмуни нав касб карда, барои нигоҳдории сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон равона карда шудааст.

- Вобаста ба консепсияи сиёсати хориҷӣ ва дигар меъёрҳои аҳдномавию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тамоми субъэктҳои хоҷагии ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст ва Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз ин субъэктҳо мебошад. Дар баробари ин ҳуҷҷати муҳим, пас аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар асоси созишномаҳо, ёддоштҳои тафоҳум ва протоколҳои ҷаласаҳои комиссия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар танзим карда мешавад.

Аввалин ҳуҷҷате, ки барои густариши ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон замина гардид, созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ буд, ки ҳангоми сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон дар таърихи 15 феврали соли 1993 дар шаҳри Ню-Деҳлӣ ба имзо расид. Минбаъд заминаи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро даҳҳо созишномаву протоколҳои дуҷониба пурра намуданд, ки дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд;

- Соҳаи афзалиятноки равобити шарикии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ин ҳамкории иқтисодӣ мебошад, ки дар ҳама самтҳо ояндаи дурахшон доранд. Дар рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҳиндустон Комиссияи муштараки давлатӣ дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ нақши муассир дорад. Ин комиссия ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон дар соли 1995 таъсис гардида, ҳамасола дар ду кишвар ҷаласаҳои он доир мегардад ва протоколҳо дар хусуси рушди ҳамкориҳо ба имзо мерасонанд, ки дар густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми намоён дорад;

- Таърих гувоҳ аст, ки тавассути тоҷирон минтақаву кишварҳо робитаҳои мустаҳкам доштанд ва дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарурати густариши тиҷорат боз ҳам равшантар мегардад. Тиҷорати байналмилалӣ дар рушди хоҷагии кишварҳо, минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад ва омили асосии рушди иқтисод аст. Ҳамкориҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар заминаҳои созшномаҳои тиҷоратӣ амалӣ мешавад. Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар тақвияти бозори истеъмолии ду кишвар заруру саривақтӣ мебошад. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот сол ба сол афзоиш ёфта, аз 0,0 % (на чандон калон)-и соли 1992 дар соли 2020 ба 39 697, 2 ҳазор доллари америкоӣ баробар гардидааст;

- Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти гидроэнергетика дар суҳбату вохӯриҳои роҳбарияти кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Дар ҷараёни гуфтушуниди Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҳиндустон аз 9 то 12 майи соли 2001, бахусус дар вохӯрӣ бо Сарвазири Ҳиндустон А. Б. Ваҷпейӣ дар қатори масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, масъалаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. 10 майи соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи саноат созишнома ба имзо расид, ки як бахши онро ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ташкил медиҳад. Талабот ба нерӯи барқ дар Ҳиндустон тезутунд боқӣ мондааст ва норасоии қувваи барқ ба ҳолати иқтисодии кишвар ва ҳаёти ҳаррӯзаи халқ таъсири манфӣ мерасонад. Бехатарии энергетикӣ яке аз проблемаҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳиндустон ба ҳисоб меравад ва он ба рушди иқтисоди кишвар ва сиёсати иҷтимоии кишвар алоқаманд аст. Аз рӯйи маълумотҳо зиёда аз 400 млн. ҳиндуҳо аз нерӯи барқ маҳруманд ва 400 млн. нафари дигар дастрасии маҳдуд доранд. Ҳамкорӣ дар ин самт ба манфиати ду кишвар хоҳад буд;

- Пас аз дарёфти истиқлолияти миллӣ дар самти рушди туризм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш иқдом кард. Яке аз ин тадбирҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаровар бо кишварҳои хориҷи дуру наздик буд. Дар ин замина ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар асоси созишномаву мувофиқатномаҳои бадастомада амалӣ карда мешавад. Байни идораҳои туристии миллӣ, корхонаҳои хусусӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо, туроператорҳо, оҷонсиҳои туристӣ, шабакаи меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои соҳаи туризми ду кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Тарафҳо ба ҳамдигар маълумот, ноу-хау ва таҷрибаи худро дар соҳаи туризм, идоракунии меҳмонхонаҳо ё дигар намуди бошишгоҳҳо, қоидаҳо ва қонунгузорӣ дар бобати фаъолияти туристӣ, ҳамчунин ҳифз ва нигаҳдории арзишҳои табиӣ, ки чун ҷойҳои мароқангези туристӣ ба ҳисоб мераванд, мубодила менамоянд. Ҳиндустон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва мутахассисони тоҷик аз он таҷрибаи зарурӣ меандӯзанд, ки ба манфиати рушди иқтисоди кишвар аст. Бо танзими вазъи кишварҳои минтақа ва кушода шудани роҳҳои амну хатсайри мустақим итминон аст, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи туризм ба маҷрои сифатан нав ворид мегардад ва дар ғанӣ гардидани таҷрибаҳо дар ин самт мусоидат менамояд;

- Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимму афзалиятнок ва зарурӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти тандурустӣ дорои хусусиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, чунин тарзи ҳамкориҳо дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шудааст ва ба манфиати ду кишвар хизмат мекунад. Дар самти рушди соҳаи тандурустӣ низ Ҳиндустон соҳибтаҷриба мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои гиёҳҳои шифобахши табиӣ, табиати зебо ва обҳои шифобахш мебошад, метавонад дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ, тақвияти туризми тиббӣ ва дигар самтҳои тандурустӣ аз таҷрибаи санҷидашудаи Ҳиндустон истифода барад.

Хуллас, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари аграриву саноатии Ҳиндустон дорои аҳаммияти калон мебошад. Зеро Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафта буда, ба блоки кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ шомил мебошад ва дар танзими вазъи минтақавӣ нақши муассир дорад. Омӯзиши таҷрибаи ин кишвар барои Тоҷикистони мустақил боарзиш мебошад.

 

Турсунов Т.Х.

д.и.т., сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 


[1] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://mfa.tj/?l=tj&art=1072(санаи истифодабарӣ: 12.04.2019).

[2]Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 3. [Матн] / Э.Раҳмонов.– Душанбе: Ирфон. -2006.-С.43.

BACK