NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Хотираҳои ҷолиб аз ҳодисаҳои ҷозиби рӯзгори мову шумо

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Зиндагии инсонҳо саршор аз лаҳзаву хотираҳоест, ки гоҳу ногоҳ онҳоро ба ёд оварда табъаш шод ё ғамгин мегардад. Чунин лаҳзаҳоро баъзе аз адибон бо санаду далелҳо сабт карда, дар ёддоштҳои худ ба шакли мақола ё китоби хотирот нашр кардаанд. Мисоли онро метавон дар асари “Ёддоштҳо”-и Айнӣ аз Тоҷикистон ва инчунин китоби “Чароғи лойин” (“Мати ка диё”)-и Мирзо Адиб аз Покистон хело хуб мушоҳида кард.

Дар ин зимн, ахиран санаи 31 декабри соли 2023 рӯзномаи Овози тоҷик матлаберо дар сомонаи худ аз хотираи ҷолиби Мирзо Адиб дар тарҷумаи Н. Нодирова овардааст, ки хело ғайричашмдошт ва ибратомӯз мебошад. Зеро дар он роҳу равиш ва гуфтору кирдор ва маданияти шаҳру шаҳрвандӣ дида мешавад, ки барои ҳар фарди ҷомеа муҳиму муфид шуморида мешавад.

Тибқи маълумоти рӯзномаи мазкур нависандаи покистонӣ дар «Мисбоҳ» (“The Lamp”) ном асараш чунин нақлеро овардааст: «Солҳои 60-уми асри гузашта дар Деҳлӣ кор мекардам. Рӯзе аз автобус фаромада, ба ҷайби худ нигарам, касе ҳамён ва мактубе, ки ба модарам навишта будам, дуздидааст. Дар ҳамён 9 рупӣ пул доштам. Мактуб бошад, аз чаҳор сатр иборат буд: «Модарҷон, маро аз кор холӣ карданд. Акнун 50 рупие, ки барои шумо ҳар моҳ ҷудо мекардам, фиристода наметавонам...»

Мактубро ба умеде, ки мабодо пул пайдо карда тавонам, 3 рӯз инҷониб дар ҷайб медоштам. Албатта, ин 9 рупӣ ба қадре арзиши зиёд надошт, аммо барои ман, ки аз кор ронда буданд, баробари 9 ҳазор рупӣ буд. Баъди чанд рӯзи ин воқеа аз модарам номае гирифтаму хавотирам дучанд гардид: агар модарам интизори он маблағ бошанд, пас чӣ бояд кард?

Мактубро бо сад андеша кушодам ва баъди мутолиа гиребони ҳайрат доштам. Модари меҳрубонам пас аз изҳори ташаккуру дуо навиштаанд, ки «он 50 рупии ҳаволакардаатро гирифтам. Писарҷонам, меҳри ту аз ҳама зиёда, аз кор озод карда бошанд ҳам, барои ман 50 рупӣ пайдо карда ва онро дар вақти даркорӣ фиристода тавонистаӣ! Ба ту омад ва ризқи бобаракот металабам!».

То ба ман мактуби бо хати каҷу килеб навишта расид, суоли «ин маблағро кӣ фиристода бошад», безобитаам кард, ки ин буд: «Салом, нишондоди манзилро аз лифофаат гирифтам. Ба 9 рупияат 41 рупӣ, ки чанд вақт боз ҷамъоварӣ мекардам зам намуда, ба модарат фиристодам. Боз ҳам аниқтар гӯям, модарат ва модари худамро фикр кардам. Тарсидам, ки модарат гурусна монаду ба уболи ту ва модарат намонам. Ман оне, ки дар автобус 9 рупӣ пулатро дуздида будам. Маро бубахш».

Мактуб ба ҳаёти ман такони нав бахшид. Он рӯз ман ба хулосае омада будам: гоҳо ба дуздоне вомехӯрем, онҳо аз шахсоне, ки шиорҳои баландпарвозу дур аз ҳақиқатро пешаи худ кардаанд, олиҳимматтаранд, аниқтараш, баъзе одамон ба қадре, ки ман фикр мекардам, бад нестанд.

Дар ин зимн, дар хонаводаи камина чанде пеш як ҳодисаи ҷолибе сурат гирифта буд, ки хело хотирмон ва ибратомӯз мебошад. Чанд вақт пештар аз деҳа ба назди мо модаркалону духтару наберагонаш ба дидорбинӣ омада буданд. Ҳамин тавр, рӯзе аз рӯзҳо онҳо тасмим мегиранд то бо ҳамроҳии хонаводаи мо аз ҷумла модару фарзандон ба сайру гашти пойтахт бароянд. Бо машварату роҳнамоии хонавода сайру гаштро аз боғи ҳайвонот, Парчаму осорхона оғоз намуда, бегоҳӣ аз боғи устод Рӯдакӣ дидан менамоянд.

Баъд аз сайру гашт ва тафриҳу шодӣ бо ҳамроҳии тағояшон дар мошин нишаста мехоҳанд ба ҳавлӣ боз гарданд. Дар ними роҳ ногаҳон модари фарзандҳо ба тағои онҳо хабар медиҳад, ки ҳамёнашон бо 700 сомонӣ пул ва Душанбе сити корт дар боғи устод Рӯдакӣ фаромӯш шудааст. Тағои бачаҳо хабарро шунида иброз менамояд, ки дигар дар фикри он набошанд, зеро бо сабаби гашту гузори одамони гуногун боварӣ надоштанд, ки онро дубора аз онҷо пайдо хоҳанд кард. Аммо баъди ворид шудан ба ҳавлӣ ногаҳон занги телефон садо медиҳад ва як нафар худашро шинос намуда иброз менамояд, ки ҳамёнеро аз болои нишастгоҳи боғи устод Рӯдакӣ пайдо кардааст, ки дар он миқдоре пул ва Душанбе сити корт мавҷуд аст. Бо шунидани хабар онҳо ӯро бовар мекунонанд, ки ҳамёнашон бо пулу Душанбе сити корт фаромӯш кардаанд. Ҳамин тавр, он шахс ба онҳо иброз менамояд, ки метавонанд моли гумшударо ҳар вақто хостанд аз ӯ дастрас намоянд.

Хулоса, бо хоҳиши аҳли хонавода субҳи рӯзи дигар камина ба назди ӯ рафта ҳамёнро аз ӯ дарёфт намудам. Инҷо бояд ишорат кард, ки ӯ як донишҷӯи ДМТ буда аз вилояти Хатлон барои таҳсил омадасту иҷоранишин мебошад. Ҷолибтарин дар он аст, ки ӯ баъд аз дарёфти ҳамён аз дохили он 700 сомонӣ ва Душанбе сити кортро дида, ба фикр фурӯ меравад, ки чи бояд кард то онро ба соҳибаш баргардонд. Ҳамин тавр, бо пайдо кардани шумораи телефони Душанбе сити корт ба онҳо тамос гирифта онҳоро аз ин ҳодиса хабар медиҳад. Масъулони Душанбе сити корт ба ӯ ташаккур карда, шумораи телефони соҳиби Душанбе сити кортро ба ӯ медиҳанд. Бо дарёфти шумора тамос барқарор шуда, ҳамён ба соҳибаш баргардонда мешавад. Соҳиби ҳамён аз чунин фарзандони бо нангу номус ва амин ташаккурӣ намуда, барояш ҷоизаи молӣ медиҳанду ӯро бо чунин хислатҳои хуби инсонӣ чун шаҳрванди ифтихорӣ ва намунавӣ эътироф менамоянд.

Хулоса мо бо чунин фарзонагони миллат ифтихор намуда, пешниҳод менамоем, ки дар шаҳру навоҳии кишвар идораи махсус зери номи “ашёву афроди гумшуда” таъсис дода шавад то чунин шаҳрвандони бо нангу номус бо ёфтани ашёву афроди гумшуда саривақт ба ин марказҳо муроҷиат кунанд. Дар ин зимн, чунин сокинони кишвар қадрдонӣ шуда, дастгирии маънавӣ ва молӣ шаванд. Зеро сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, ҳусни гуфтор, рафтору кирдори некро, ки таҷассуми хислатҳои ҳамидаи инсониянд, меъёри рӯзгори худ бояд қарор дод.

Чунин корҳои хуби инсониро бояд ба шаҳрвандон ёд доду ташвиқу тарғиб намуд то онҳо ба инсон, табиат, кӯчаву хиёбон ва дарахтону ҳайвонот зарар нарасонананд. Ба онҳо нишон бояд дод, ки чӣ қадар осон метавон рафтори беҳтаре дар баробари аҳли ҷомеа ва муҳити зист дошта онро озоду орому обод нигоҳ кард. Зеро чунин корҳои хубу арзанда аз азришҳои олии инсонӣ буда, дараҷаи шаҳрванди оқилу олиму орифу муаддабу муҳаззаб буданро боло бурда ҳусну ҷамол мебахшад.

 

Таҳияи

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии Институт

 

BACK