ИЛМ – МУҲИМТАРИН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ дар ҳошияи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

Илм василаи асосии таъмини саодат ва хушбахтии рӯзгори инсоният дар ҳама давру замон пазируфта шудааст. Дар дарозои таърихи башар инсон маҳз дар заминаи донишҳои илмӣ камол ёфта, ба ин васила дар рушду тараққиёти ҷомеа саҳми боризу муассир гузоштааст. Зеро рушди босуботу устувори ҷомеа ва давлат ба тавлиди натиҷаҳои созандаву солими илмӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Воқеан, замони дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик марҳалаи рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар ин масири рангини рушдмеҳвар масъалаи илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи вижа дошта, дар айни замон, дар иртибот ба таҳкиму тақвияти ин соҳаи ҳаётан муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбурдҳои саривақтӣ ва консепсияву барномаҳои давлатӣ таҳррезӣ гардида, мавриди корбурди ҷомеа қарор гирифтаанд.

Боиси тазаккур аст, ки роҷеъ ба баррасӣ ва ташреҳу ояндагирии рушди илми кишвар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф (соли 2024) дар рушди зеҳнии ҷомеа нақши муассир гузошт. Зеро ташаккули тафаккури техникӣ ва дар ин замина тарбияи кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар кишвар арзёбӣ гардид. Маҳз бо мақсади нақши калидӣ доштани илм дар  рушди кишвар ва амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Самту равияҳои афзалиятнок дар ин марҳала бояд, пеш аз ҳама, ба навсозӣ ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд». 

Боиси тазаккур аст, ки самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 ба тасвиб расидааст, заминаи устувор барои пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар кишвар дониста мешавад. Бо ин маҳз, вобаста ба самти таҳқиқоти илмҳои гӯманитарӣ ва иҷтимоӣ соҳаҳои маориф ва фарҳанги миллӣ (ташаккули низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои ба самти неруи инсонӣ, ҷомеа, давлат ва иқтисодиёт мусоидаткунанда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир, рушди низоми муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҷаҳон) ва дар бахши илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ (манфиатҳои муҳими миллӣ, таърихи халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз байн бурдани хурофот, ифротгароии динӣ ва терроризм) аз ҷумла самтҳои мубрами таҳқиқотӣ муайян гардида, дар шароити нави ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти такмилу мукаммал гардонии соҳаи илм ва дар ин замина саҳм доштан дар рушди устувори давлат, моро воҷиб аст, ки дар доираи Стратегияҳо, Консепсияҳо, Барномаҳо ва дигар самтгириҳои давлату Ҳукумати кишвар корҳои илмӣ-таҳқиқотиамонро ҳамоҳанг сохта, ҷиҳати иҷрои он саъй намоем. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030; Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030; Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025; Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 – 2028; Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва ғайра.

Ба таври хулоса метавон зикр намуд, ки дар шароити мураккабшавии равандҳои геосиёсӣ, геофарҳангӣ, геоиқтисодӣ ва геоидеологии муосир ҷавонон пеш аз ҳама ба такомул ва камоли маъниву маърифат ва ҷаҳонбинии илмӣ ниёз доранд. Зеро дониш, илм, маърифат, имкон медиҳад, ки ҷавонон аз ҳама хатар ва осебҳои идеологӣ ва зиддиятҳои мафкуравӣ барканор бошанд. Илова бар ин, ҳисси баланди ватандўстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ифтихори миллӣ василаи асосӣ арзёбӣ мегардад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ имконоти васеи анҷом бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вуҷуд дорад. Зеро шароити мусоид фароҳам аст. Танҳо мафкура ва зеҳнияти устувору донишмеҳвар зарур, ки сарчашмаи чунин тафаккур дар рӯй овардан ба илм асос мегирад. Ба ибораи дигар, кормандони соҳаи илм ҳамчун сармояи бузург дар замони Истиқлоли давлатӣ рисолати мондагори таърихиро дар рушди давлатдории миллӣ дар назди давлату миллат бар душ доранд.

 

Ардамеҳр Ашурзод- номзади илмҳои таърих,

Котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

BACK