NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Интихобот шакли олии изҳори ирода

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ аст.  Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Интихоботи ошкорову озодонае, ки шаффоф ва дар чаҳорчӯби муайянкардаи қонун барпо мегардад,  воситаи асосии амалӣ гардондани соҳибихтиёрии халқу миллат  мебошад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад, ин масъаларо дурусту дақиқ ва бо тамоми масъулият ба роҳ мондааст. Омодагиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳизбҳои сиёсӣ низ машғули таблиғи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва намояндагони худ ҳастанд. Аз таҷрибаҳои гузашта маълум аст, ки ҳар фарде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, халқ ӯро новобаста ба намояндаи кадом ҳизби сиёсӣ буданаш ҳамчун вакили худ интихоб хоҳад кард. 
Яке аз воситаҳои ба таври демократӣ гузарондани  интихобот ба тарзи бисёрҳизбӣ ташкил кардан ва анҷом додани он аст. Имрӯз дар ҷомеаи мо, ба ҳар ҳизби сиёсӣ имконияти баробар дода шудааст, то ки дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот намояндагони онҳо фаъолона иштирок карда тавонанд. Интихоботи бисёрҳизбӣ бояд дар шароити ҳақиқии муборизаи солимонаи байни номзадҳо сурат гирифта, шаҳрвандон имконияти воқеии шинос шудан ба барномаи номзадҳоро дошта бошанд. Васоити ахбори омма ҳам ба ҳамаи номзадҳо ва аҳзоби сиёсии расман сабтиномшуда имкон додааст, то барномаҳои пешазинтихоботии худро дар шароити баробарӣ ташвиқу тарғиб намоянд. 
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ вобаста ба интихобот ҳуқуқи баробари интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат дода шудааст. Ин аст, ки дар ин маъракаи интихобот низ чун интихоботҳои қаблии баргузоршуда, дар баробари мардҳо теъдоди зиёди занон  низ номзадии худро ба вакилӣ пешниҳод намудаанд. 
Бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд дарк намояд, ки иштироки ӯ дар маъракаи  интихоботӣ нақши муҳим  мебозад.  Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳиро дорад, бояд барои интихоби номзадҳои шоиста мусоидат кунад ва ба ин васила дар таҳияи заминаи рушду шукуфои минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
 

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз торнамои "Ҷумҳурият"
http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=39903 

BACK