NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Ғизои солим-саломатии насли фардои ҷомеа

Author: Salimov Akbar

Расм

  Инсоният аз ибтидои мавҷудияти худ пеш аз ҳама ба ғизо ниёз дорад ва ҳама вақт талош барои истеъмоли ғизои солим менамояд. Бояд зикр кард, ки тамоми мамолики дунё барои беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон як қатор шароитҳо муҳайё месозад ва вобаста ба он қонуну қарорҳои дахлдорро тасдиқ мекунанд.

  Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои таъмин намудани аҳолӣ бо ғизои солим чораҳои заруриро меандешад. Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ (аз 27.11.2014 с, №1158, боби 1. моддаи 1) “амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад. Озуқаи асосӣ - вояи ғизоиро ташкил дода, барои нигоҳдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти ҳаётии ӯ заруранд”.

  Ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад.

  Чи тавре, ки дар Пайёми навбатии худ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, яке аз самтҳои рушди нерӯи инсонӣ тандурустиву дарозумрӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода саломатии мардумро яке аз омилҳои пешрафти мамлакат ва солимии насли оянда мешуморад.

  Имрӯз Тоҷикистон аз манфиатҳои моддиву табиӣ, ба мисли обҳои шаффофу тоза, кӯлҳову чашмаҳои шифобахш, алафу гиёҳҳои доругӣ бой мебошад ва инчунин барои солимии мардуми тоҷик  дар мамлакат корхонаҳои оббарорӣ бо истифода аз оби чашмаву кӯлҳои шифобахш, корхонаҳои дорусозӣ аз ҳисоби алафу гиёҳҳои доругӣ ва меваву сабзавотҳои тару тозаи дохилӣ, инчунин, осоишгоҳҳову табобатхонаҳои бо обҳои гарму шифобахш ҷиҳозонида шуда, фаъолият намуда истодаанд.  Аз қарори дар боло зикршуда маълум мешавад, ки сифат ва бехатарии озуқа, ки дар қаламрави давлат аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол, ворид ва фурӯхта мешаванд, бояд ба талаботи регламентҳои дахлдори техникӣ, меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, бойторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ бошанд. (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ аз 27.11.2014 с, №1158, боби 3, моддаи 14). Пас, сифат ва амнияти маводи хӯрока дар мадди аввал бояд истад.

  Гуфтан ба маврид аст, ки баъзе аз маводҳои хӯрока, аз ҷумла гӯшт, мағзу донагӣ, шир, сабзавоту мева, орду нон, нӯшобаҳои гуногун ва ғайра ба Тоҷикистон аз кишварҳои дуру наздик ворид мегарданд. Барои мо ҷойи нигоҳдории маводи хӯрока, санаи истеҳсол ва дигар талаботҳои стандартии онҳо маълум нест. Ҳолатҳое вайрон намудани талаботҳои истеъмолкунандагон, яъне аз нав қайд намудани муҳлати нигоҳдории маводи озуқа, санаи баророриши он, ворид гаштани маҳсулотҳои гӯштиву ширӣ ва дорувории пастсифате, ки аз хориҷ ворид мегарданд, ҷой доранд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то пеши роҳи чунин ҳолатҳои зиддиқонуниро бигирем, ба талаботҳои техникӣ ва стандартӣ ҷавобгӯ будани маводҳои озуқаро ба назар гирифта, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳифз намоем.

  Дар даврони истиқлолият дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти рушд ва таъмин намудани корхонаҳои дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсолии маводи хӯрока, осоишгоҳҳову табобатхонаҳо ва хоҷагии қишлоқи кишвар бо техникаҳои замонавӣ, технологияҳои муосири табобативу ташхисӣ ва бо мутахассисони соҳа хело назаррас мебошад. Аз ин лиҳоз, таъмин намудани мағозаву марказҳои савдо ва бозорҳои кишвар бо ҳамагуна маводҳои ғизоии тоза, ҳамчунин таъмин намудани беморхонаву дорухонаҳои кишвар бо маводу дорувориҳои дастраси ватанӣ хеле ба маврид аст.

  Бояд тазаккур дод, ки кормандони вазорату корхонаҳои кишвар ва дигар ташкилоту идораҳо низ дар ин раванд, барои солимии насли оянда ва амалӣ намудани ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ,  бо дастгирии сиёсати кунунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канор нахоҳанд монд.

Салимов Акбар

ходими илмии Инсититути

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

BACK