NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Мактуби иттилоотӣ

Author: ISPAEC

Расм

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони Таҳдидҳо ва хатарҳои осебпазир ба субот ва  амнияти кишварҳои  Осиёи Марказӣбаргузор мегардонад.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • Таъмини амнияти  минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои дохилӣ  ва берунӣ;
  • Ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмиву-фарҳангӣ ва иттилоотии амнияти минтақа;
  • Экология ва муҳити зист: ҳифзи пиряхҳо,  истифодаи босамари  об ва захираҳои энергетикӣ дар минтақа;
  • Саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ;
  • Муҳоҷират ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ;
  • Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти он барои таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ.

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талабот ҷавобгӯй бошанд. Замимаҳои мақола набояд аз 8-саҳифа (формати-А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф - 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 пешниҳод гардад.

Муҳлати қабули мақолаҳо-то 10 июни соли 2024.

Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шӯъбаи ИДМ-и  ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,33.

Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 227-05-76, 93-730 87 87

Почтаи электронӣ: rustam86@hotmail.com

Шахси масъул: Ҳайдаров Р.Ҷ.

BACK