NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - КАФИЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Author: Shahlokhon Murodali

Расм

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - КАФИЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Рушди давлати ҳуқуқбунёд аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи сокинон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандон, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ иттиҳод ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳимми ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад».

Яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ - ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад, тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавқеи бунёдии ҳуқуқ, ки дар заминаи он давлати ҳуқуқбунёд асос ёфта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтааст, ба сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бевосита алоқаманд мебошад. Бинобар ин, маҳз дар шароити замони муосир маърифати баланди ҳуқуқӣ яке аз шартҳои муҳимми пешравии ҳамкории судманди давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ дошта, бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳо амалӣ карда мешавад ва дар коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои терроризм, экстремизм, коррупсия, ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста мешавад. Чунки қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин менамояд.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини кишварҳо ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи 1-уми Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ баҳри тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳимми фаъолияти давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, инчунин ба рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Воқеан дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ин як намуди маърифати умумӣ аст, ки аз маҷмуи фаҳмишҳо, донишҳо, таҳлил ва хулосабарориҳо оид ба мазмун ва моҳияти қонунгузорӣ, эҳтиром, риоя ва иҷрои онҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои дар муқаррароти қонунгузорӣ мустаҳкамгардида иборат аст.

ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ,

ходими хурди илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

BACK