NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024  аз 30 декабри соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи Соли маърифати экологӣ  эълон намудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ, демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, инчунин тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, таъмин намудани волоияти қонун ва дарки дурусти он равона гардидааст.

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Инсоният, хусусан гузаштагони мо, тоҷикон аз қадимулайём ба покизакорӣ, тозагии атроф, муҳити зист ва манзили хеш эътибори ҷиддӣ дода, ба ин назар будад, ки сирату сурати инсон бояд ҳаматарафа зебо бошаду даруну беруни ҳавлию масканашро бояд ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад.

Мавриди тазаккур  аст, ки тоҷикон қадимтарин бошандагони Осиёи Марказӣ буда, сафедиву покизагиро нисфи имон, рамзи озодӣ, бахту иқболи сафед, ғалабаи нур бар зулмот, дурахши нур, рафтору пиндори некӣ мепиндоштанд ва ҳоло ҳам бар ҳамин ақида устувор ҳастанд.

Дар ин зимн дар  асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид ва бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» пайваста амалӣ мешавад.

Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

Ин ҷо бояд таъкид кард, ки халқи тоҷик давоми таърихи чандҳазорсолааш шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусияти миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбешаҳр, барҳақ, меросдори ҳамаи он буда, сокини пойтахт будан мояи ифтихор мост ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Дар баробари дигар идораву муассисаҳо роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хусусан кормандони Институти Осиё ва Аврупо пайваста дар ҳашарҳои тозагӣ фаъолона иштирок намуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва давом додани анъанаи неки аҷдодӣ саҳм мегузоранд.

Гузаштагони мо аз қадимулайём субҳи содиқ атроф ва кӯчаҳои атрофи маҳалро тозаю озода намуда, бехи дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаро нарм намуда, гулкорӣ менамуданд. Зеро онҳо тозагию покизакориро воситаи ягона ё маърифати ҳуқуқии экологию гигиенӣ дониста, зери шиори «Тозагӣ- гарави саломатӣ» амал мекарданд, ки насли имрӯза ин корро то имрӯз давом медиҳад. Бояд гуфт, ки  вожаи «гигиена» аз юнонӣ hugieinos реша гирифта, илми беҳдошту  беҳдории тандурустии одам ва вожаи экология решаи οικος (хона) юнонӣ буда, илми табиатшиносие аст, ки муносибатҳои байни организмҳои зинда, аз ҷумла одамон ва муҳити ҷисмонии онҳоро дар алоқамандӣ бо муҳити дарунию берунӣ меомӯзад.

Дарвоқеъ, инсон  ҷаҳонро агар ба чашми хирад нигарад, ба осонӣ мефаҳмад, ки хислату фазилатҳои ҳамидаи зиёд, ба мисли меҳру муҳаббат, инсондӯстиву эҳсонкорӣ, ободкориву озодагӣ,  саховатпешагиву ҷавонмардӣ ва ҳамзистиву ҳамсоягӣ болотар аз ҳама меистанд. Зеро шахсони дорои ин гуна хислатҳо ҳамеша дилсӯзу дилҷӯи мардум буда, байни халқи худ сарбаланду сарфароз умр ба сар мебаранд. Бузургони мо чунин хислатҳоро ҳамеша ситоиш карда, аз корҳои хубу савоб медонанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад, ки имсол ин сана ба 20 апрел рост меояд. Зимнан дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки дар  пойтахти мамлакат баргузор шуд, таъкид гардид, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.  Ин муждаи хубе аст, ки бояд бештар мавриди таваҷҷуҳи ҳар сокини ҷумҳурӣ қарор гирад.

Чун шаҳрванди Тоҷикистони зебоманманзар аз гузаштаву имрӯз ва мардуми сарбаланди он ифтихори беандоза мекунем. Дар ҳақиқат замоне, ки ба ҷойҳои гуногуни мамлакат сафар мекунем,  хислатҳои ҳамида, ба мисли меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ ва тозакории мардумамонро дида, хеле хурсанд  мешавем.

Хислати ҳамидаи сокинони пойтахт ва шаҳрвандони Тоҷикистон ин аст, ки пайваста дар ободиву шукуфоӣ саҳм мегузоранд. Онҳо пайваста талош менамоянд, ки чойхонаву корвонсарой, пулҳо, кӯчаву роҳҳо, мактабу масҷиду мақбараҳоямонро, ки аз рангорангии тамаддуну маданиятамон дарак медиҳанд,  тозаву озода нигоҳ доранд.

Ҳамин тариқ, ҳамасола бо вуруди баҳору Наврӯз ва тибқи ин анъанаи нек мардуми тоҷик ба ҳашари дастҷамъӣ баромада, маҳал ва атрофро тозаву поккорӣ карда, зебову хуррам мегардонанд. Ҳама дастҷамъона барои ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи Ватан заҳмат кашида, корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, кӯчаю биноҳоро ба тартиб дароварда, бо шинондани дарахтону гулҳо ба кишту кори мавсимӣ оғоз мекунанд.

Ҳамин тавр, бо ҷалби ходимону илму адаб маҳалу атрофи он аз алафу буттаҳои  пӯсидаву бегона тоза карда, банду баст мешаванд.

Инҷо бояд гуфт, ки  донишмандону фаъолону Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дастурномаи маърифтати экологӣ ва гигиенӣ дониста, баҳри иҷрои он пайваста  талош меварзанд.

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст. Институт ягона муассисаи илмие аст, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар мамлакатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.

Мояи ифтихор аст, ки дар институт олимони бузургу ходимони илму адаб, аз қабили  марҳум Мирзо Муллоаҳмедов (рӯдакишиносу эроншиноси номвар), Комили Бекзода (шарқшинос, файласуф ва шоир), Тоҷиддин Мардонӣ (арабшинос ва дипломат), Ҳабибулло  Раҷабов (ҳиндшинос), Ғиёсуддин Қодиров (афғоншинос), Санавбарбону Воҳидова (олмоншинос), Ёрмуҳаммад Ниёзӣ (шарқшинос, файласуф), Азимҷон Раҳмонзода (коршинсони равобити байналмилалӣ-дипломатия) ва Директори Институти Осиё ва Аврупо Рустам Ҳайдарзода (донишманд ва сиёсатшинос) бо ҳайати ходимони аҳли адаб ва шогирдони мактабҳои ин бузургони забону адабу сиёсату иқтисод фаъолият карда, бо руҳияи донишу хирад дар рушду тарбияи ҷомеаи созандаву солим саҳм мегузоранд.

Бояд гуфт, ки ҳашарҳо, форуму машваратҳо бо ҷалби олимону мутахассисони моҳиру барҷаста дар сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд, ба мисли шаҳру маҳаллаҳои ҳушманди ҷаҳон нақши калидӣ гузошта, зери шиори «Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеаи созгору солиму сарфароз» ва тавсияи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ- «ҳар оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд», дар ободонии шаҳрамон бояд саҳми созанда гузорем.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд намуда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад. Ҳамин аст, ки соли 2023  229 ҳазор меҳмонони  хориҷӣ  ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   37 ҳазор ё 19 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, дар айни замон бо 18 шаҳр  муносибати дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Душанбе  бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» пайванди ногусастанӣ дошта, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро пайваста тавсеа дода, таҳким мебахшад.

Шаҳри Лоҳури Покистони имрӯза яке аз аввалин шаҳр дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе аз солҳои 70-ум бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарӣ ин шаҳр маркази идоракунии умури давлатдорӣ  ва фарҳангу адабу забони форсӣ-тоҷикӣ буд. Дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони форсӣ-тоҷикӣ то ба имрӯз дида мешаванд, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз ҳам наздиктар мекунанд.

Душанбеи имрӯза бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки мардуми мо ҳамеша аз роҳнамоиҳои Пешвои миллат ифтихор намуда, бо ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дошта, дар шукуфоии он зери шиори «Тоҷикистон ба пеш» дар партави  «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад» дар ободонӣ ва муҳофизати пойтахту атрофи он саҳми сазовору созанда мегузорад.

Хулоса, Душанбеи имрӯза дар таҳкими сулҳу суботу созандагӣ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ ва равобити дипломатӣ дар ҳаёти ҳамарӯза нақши муҳим гузошта, 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО бо Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором сазовор гардид.

Ин шаҳри дилрабо маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ гардидааст. Бо шиорҳои «Душанбе- шаҳри сулҳу ваҳдат» ва «Душанбе- маркази тамаддуни фарҳангӣ» ҳамагонро ба дӯстиву бародарӣ ва дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
коршиноси минтақа ва ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Бознашр аз сомонаи АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/2024/04/marifati-u-u-va-ekolog-omili-obodkorivu-sozandag-e-do-ba-r-zi-pojtahti-to-ikiston/ сана 17.04.2024

BACK