NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Мубодилаи мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

Author: Tursunmurod Tursunov

Расм

  Сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди 2.6.-и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён ёфтааст: «Бо назардошти мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографӣ ва сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна ба роҳ монда мешавад. Он бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи узвӣ пайдо намуда, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии онро ҳадафи худ қарор медиҳад».[1]

  Тоҷикистон ҳавасманди омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи бойи Ҳиндустон дар соҳаҳои саноат, сохтмон, бахши бонкӣ, кишоварзӣ, технологияи навин ва инфраструктура мебошад. Ҳамкорӣ дар бахши иқтисод имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои назарраси Ҳиндустон таҷриба гирад ва дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафи рушди иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

  Тиҷорати байналмилалӣ дар рушди хоҷагии кишварҳо, минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад ва омили асосии рушди иқтисод аст. Пойбандии кишварҳо аз тиҷорати байналмилалӣ бештар гардидааст. Омилҳои асосии таъсиррасон ба тиҷорати байналмилалӣ ин рушди тақсимоти байналмилалии меҳнат ва интернатсионализатсияи истеҳсолот, инчунин инқилоби илмию техникӣ ва фаъолияти корпоратсияҳои трансмиллӣ мебошад.

                                               Ҷадвали 1. Мубодилаи мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон (млн. доллар)[2]

Нишондиҳанда

Солҳо

1991

1992

1993

1994

1995

1996

1997

1998

1999

2000

Мубодилаи мол

-

-

0,0

0,1

0,2

0,3

1,0

0,8

1,0

0,1

 

                                               Ҷадвали 2. Мубодилаи мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон (млн. доллар) [3]

Нишондиҳанда

Солҳо

2001

2002

2003

2004

2005

2006

2007

2008

2009

2010

Мубодилаи мол

34,4

31,5

3,2

3,5

1,5

9,6

8,6

57,5

29,6

35,4

 

                                               Ҷадвали 3. Савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар давоми солҳои 2010-2014 [4]

Нишондиҳанда

Солҳо

2010

2011

2012

2013

2014

Савдои хориҷӣ

млн.доллари ИМА

35,4

27,2

27,6

35,4

21,1

Бо %

0,9

0,6

0,5

0,7

0,4

 

                                              Ҷадвали 4. Содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон дар давоми солҳои 2010-2014 [5]

Нишондиҳанда

Солҳо

2010

2011

2012

2013

2014

Содирот

млн.доллари ИМА

0,3

2,9

0,1

0,1

0,1

Бо %

0,0

0,1

0,0

0,0

0,0

                                              Ҷадвали 5. Воридот аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар солҳои 2010 – 2014[6]

Нишондиҳанда

Солҳо

2010

2011

2012

2013

2014

Воридот

млн.доллари ИМА

35,1

24,3

27,5

35,3

21,0

Бо %

1,3

0,8

0,7

0,9

0,5

 

                                          Ҷадвали 6. Воридоти намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ -техникӣ, ашёи хом ва молҳои истеъмолии халқ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳаз.доллар)[7]

Нишондиҳанда

Солҳо

2010

2011

2012

2013

2014

Оксиди алюминий (Al2O3)

21980

-

-

9310

-

Маҳсули нафт

18

14

0

-

-

Ранг ва лак

-

-

7

1

-

Тасмаҳои бороваранда

-

1

-

-

-

Коғаз ва картон

1

-

539

-

0

Либосворӣ

57

229

117

121

263

Қубурҳо

-

-

-

-

12

Муҳаррикҳои дарунсӯз

-

1

-

-

-

Насосҳо

2

8

1286

1

8

Муҳаррик ва генератор

-

1732

46

-

7

Трансформатор

-

895

47

37

139

Аккумулятор

-

118

-

-

-

Трактор

-

-

-

349

-

Қисмҳои эҳтиётии автомобил

-

0

-

-

-

Чой

116

170

69

237

186

Қанд

0

4 484

2260

 

 

Спирти этилӣ

-

-

-

3

-

                                        Ҷадвали 7. Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон (млн доллар)[8]

Нишондиҳанда

Солҳо

1995

2000

2005

2010

2011

2012

2013

2014

2015

Ҳаҷми умумии гардиш

0,2

 0,1

 1,5

 5,4

 7,2

 27,6

 5,4

 21,1

 7,0

Содирот

0,2

 0,0

 0,1

 0,3

 2,9

 0,1

 0,1

 0,1

 0,2

Воридот

-

 0,1

1,4

35,1

 24,3

 27,5

35,3

21,0

16,8

 

  Сармоягузории мустақими Ҳиндустон ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2018 24466,7 ҳазор доллари амрикоӣ ва дигар намуди сармоягузориҳо 22950 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.[9]

  Агар ба динамикаи гардиши молу маҳсулот нигоҳ кунем, аз Ҷумҳурии Ҳиндустон воридот бештар ба чашм мерасад. Яъне, тоҷирони Тоҷикистон дар самти интиқоли молу маҳсулот ҳавасманд нестанд. Онҳо роҳҳои осони фоидаро пеш мегиранд ва ба кишварҳое мол содирот мекунанд, ки роҳи кӯтоҳ ва маблағи камтар харҷ карда мешавад. Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустонро бо мафҳуми «Тоҷирони ҷомадон» ифода кардан мумкин аст, зеро тоҷирони тоҷик аз Ҳиндустон ҳамчун сайёҳон дидан мекунанд. Онҳо молҳои чармӣ, шоҳӣ, маводи фарматсевтӣ харида ба Тоҷикистон оварда, чакана мефӯрашанд. Дар сурати пайдо гардидани роҳҳои мусоиди интиқоли молу маҳсулот дар ин самт болоравии ҳаҷму сифати воридоту содиротро мушоҳида кардан мумкин аст.

  Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот сол ба сол афзоиш ёфта, аз 0,0 % (на чандон калон)-и соли 1992 дар соли 2020 ба 39 697, 2 ҳазор доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Аммо ин нишондиҳандаи хеле паст аст.

  Тибқи маълумоти махзани COMTRADE Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорати байналмилалӣ содироти Тоҷикистон ба Ҳиндустон дар соли 2021 193,44 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Маълумот, ҷадвал ва омори содироти Тоҷикистон ба Ҳиндустон - бори охир моҳи октябри соли 2022 нав карда шудааст.[10] Ба андешаи мо ин ба ҳақиқат наздик нест. Мо маълумотҳоро аз Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интизорем. Дар ҳолати дастрас шудан, метавонем баҳои ҳаққонӣ диҳем.

 

Турсунов Турсунмурод,

д.и.т., сарходими илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

                                                                        Адабиёти истифодашуда 

 

[1]Консепсияи сиёсати хориҷии Љумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. URL: http://mfa.tj (санаи истифодабарӣ: 12.04.2019).

[2] Турсунов Т.Х. Муносибатњои сиёсї, иќтисодиву тиљоратии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Њиндустон //Дис. барои дарёфти дарљаи илмии д.и.таърих - 07.0015. –Душанбе, 2021. –С. 220.

[3] Турсунов Т.Х. Муносибатњои сиёсї, иќтисодиву тиљоратии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Њиндустон //Дис. барои дарёфти дарљаи илмии д.и.таърих- 07.0015. –Душанбе, 2021. –С. 224.

[4] Внешнеэкономическая деятельность Республики Таджикистан [Текст]. Душанбе, 2015.-С.17-18.

[5]Ҳамон љо.-С.21.

[6]Ҳамон љо.-С.24-25.

[7]Ҳамон љо.-С.81-140.

[8]Ҳамон љо.-С.360.

[9] Внешнеэкономическая деятельность Республики Таджикистан [Текст]//Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан. Душанбе, 2017 ва 2018 -С.516.

[10] Tajikistan Exports to India [электронный ресрурс] https://tradingeconomics.com/tajikistan/exports/india (дата обращения: 25.10.2022).

 

BACK