НАҚШИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР ДОИРАИ СОЗМОНҲОИ МИНТАҚАВӢ

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

          Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Кишвар таҳти сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушди ҳамкориҳои худро бо  кишварҳои олам густариш додааст. Зеро барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат Истиқлолият ва сулҳу  созандагӣ дар таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор мераванд. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи кишварҳо талош менамоянд, то ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятнокро ба таври ду ҷониба, чандҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд. Дар мақола  нақш ва диду назарҳои   кутоҳе  ба  созишу  ҳамкориҳо  миёни Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон  дода  мешавад.

         Дар ин зимн, Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо  ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба хусус  Русия, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва ғайра ба таври хубу ҳасана оғоз кард.  Ҳамин тариқ, робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992, 6 моҳи июни соли 1992 Ҷумҳурии Исломии Покистон ва 15 июли 1992  бо Афғонистон барқарор шуданд.

         Тоҷикистон соли 2025 раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳда дошта, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои наздик дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки бозгӯи таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳои Иттиҳод мебошад. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳимтарин масъалаҳо марбут ба тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзо дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд.

         Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии  худ робитаҳояшро бо кишварҳои бонуфузи минтақа  ва ҷаҳон ба хусус Русия, Покистон ва Афғонистон дар доираи созмону  форумҳои минтақавӣ  роҳандозӣ  намуда, ҳамкорӣ  менамояд. Дар ин зимн, бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин санаи 23 ва 24-уми феврали соли ҷорӣ Сарвазири Покистон ба ин кишвар ташриф овард. Ҷонибҳо оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла идомаи бунёди хати лулаи гази Шимол-Ҷанубӣ Покистон мубодилаи афкор карданд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди 1,100 км. фосила дар масири шаҳри Карочӣ то Қусур бо сармояи 2.5 миллард доллари амрикоӣ бунёд  гашта, ба манфиати минтақа хоҳад  буд.

          Тибқи маълумоти расмӣ моҳи декабри соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуда, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск ифтитоҳ  ёфта, ба фаъолият оғоз карданд. Аз моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия фаъолият карда, соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Федератсияи Русия кушода шуд.

         Байни Тоҷикистон ва Русия беш  аз 320 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расида, ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-инсонӣ ва дигар самтҳо амалӣ  мегардад.

Ҳар ду  кишвар робитаҳои сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд пайваста нигоҳ  дошта, мулоқотҳо ва гуфтугӯҳо миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия баргузор гардиданд.

Ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида,  мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

         Русия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, корҳо оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ идома доранд. Дар соли 2024 музокирот дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Тоҷикистон ва Русия дар майдони байналмилалӣ пеш аз ҳама дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

         Ҳамин тариқ, кишварҳо дар доираи ин созмонҳо  миёни ҳам  созишномаҳо доранд.  Дар ин зимн, кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Покистон ва  Афғонистон миёни ҳам созишномаи  чоргона  ба  имзо  расониданд, ки ҳадафаи  он  рушди иқтисодӣ  ва тиҷоратӣ дар  минтақа  мебошад. Зимнан, дар  шаҳри Маскав нишасти намояндагони ҳукумат ва соҳибкорони Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, қарор дар бораи таъсиси Гурӯҳи муштараки коршиносон (JEG) оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ қабул гардида, дар Вазорати рушди иқтисоди Русия  дар як ёддошт ба расмият дароварданд[1].

         Тибқи маълумоти торнамои “infoshos.ru”, ки ба  пойгоҳи иттилооти кишварҳои аъзои СҲШ  мебошад,  яке аз  вазифаҳои муҳим ва  афзалиятноки он  барқарорсозии якчанд иншооти зерсохторӣ дар минтақа ба хусус Афғонистон, инчунин як қатор лоиҳаҳои нав дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт ба нақша  гирифта шудааст.

         Ба  қавли  Владимир Норов минтақа  ҷалби ҳадафмандонаи Афғонистон дар тавсеаи инфрасохтори минтақавӣ мусоидат карда, барои барқарорсозии иқтисодиёти кишвар ва афзоиши ҳамгироӣ, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳо пешниҳод гардиданд[2].

Дар чаҳорчӯби Гурӯҳи тамос фаъолтар кор кардан дар тарҳи тадбирҳои амалӣ барои мусоидат ба эҳёи иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон бамаврид мебошад.

         Зимнан, санаи 3 сентябри соли 2025 дар Пекин машваратҳои масъулини мақомоти иҷроияи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои сеҷониба ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Ҳар се созмон ҳадафҳои муштарак доранд, ки таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаҳои фаъолияти худ, рушди ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд мебошанд[3].

         Дар ин раванд арзёбии равобити миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар доираи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қобили таваҷҷуҳ буда, ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)  дар арсаи таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар минтақа  дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои муштараки низомӣ, табодули иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ба хотири мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста сурат мегирад.         

         Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони минтақавии байналмилалиест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия, Чин, Беларус, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон шомил буда, ба масъалаҳои амният, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ, инчунин мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳамкории иқтисодӣ: Дар доираи СҲШ ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергетика аҳамияти калон дода мешавад.

         СҲШ дар таъмини амнияти кишварҳо, бахусус дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, нақши муҳим дошта, ҳамкориҳоро дар доираи салоҳияти худ ҳам дар кишварҳои алоҳида ва ҳам бо кишварҳои нозир фаъолона инкишоф медиҳад.

         Тоҷикистон ҳамчун кишвари иштирокчии фаъоли СҲШ дар рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ бо кишварҳои бонуфуз ва калидии минтақа  ба хусус Русия дар доираи ИДМ ва СҲШ ҳамкорӣ  дошта,  барои баланд бардоштани мақоми ин созмон саҳм мегирад. 

         Ҳамин тавр, Тоҷикистону  Русия чун узви фаъол дар  ИДМ ва СҲШ метавонад  дар эҷоди сулҳу  созандагӣ  кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла  Покистон ва Афғонистон нақши калидӣ  дошта, бо роҳандозии лоиҳаи бузург  ба хусус CASA -1000 ҳамкорӣ бештар дошта,  ба масъалаҳои амният ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа таваҷҷуҳи  бештар дошта  бошанд.

         Ҳамин тариқ,  талошҳои муштараки кишварҳо дар доираи ИДМ ва СҲШ метавонанд ба коҳиш додани фақру бекорӣ ва пешгирии  чолишҳо ва таҳдидҳои умумӣ, ҷумла терроризм ва экстремизм бештар  бояд  сурат гирад.  Ҳамаи  кишварҳои аъзо ва шарик бояд  ҳамкориҳои муштаракро дар самтҳои мубодилаи иттилоот, гузаронидани машқҳо ва амалиёти муштарак ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои бузург  хуб ба роҳ монда, бештар фаъол бошанд.Зеро талошу  кӯмакҳои муштаракона ба татбиқи лоиҳаҳои  иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетика ба рушди устувори минтақа мусоидат мекунанд.

        Ба андешаи Давлиёрова Сафаргул  ИДМ дар арсаи байналмилалӣ ҳамроҳи СҲШ ҳамкориҳои муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд[4].

         Мутобиқи санадҳои дарёфтшуда, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст. 15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш.Остона июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои узви комилҳуқуқ пайвастанд.

         Созмон аз 10 давлати аъзо - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 давлати нозир - Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Арабии Миср, Шоҳигарии Камбоҷа, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка иборат мебошад.

         Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.

         Тоҷикистон чун кишварҳи сулҳофар бо ташаббусҳои созандаи худ  ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин Созмон авлавият дода, талошҳоро барои таҳкими ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии СҲШ бар асоси усулҳои ҳамкорӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳои аъзо, инчунин санадҳои бунёдии Созмон равона месозад.

          Тоҷикистон зери шиори “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ҳудуди сад чорабинии муштарак баргузор гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Созмон, аз ҷумла таҳкими СҲШ ва баланд бардоштани нуфузи он, тадбирҳои муассир ва самарабахш ироа  гардид.

         Зимнан санаи 22 январи соли 2025 дар ш.Минск ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раисии намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар ИДМ, сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода баргузор гардид, ки дабири кулли ИДМ, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроия, сафирони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

         Сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон А.Саидмуродзода авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025-ро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар самти муқовимат ба чолишу таҳдидҳо муаррифӣ намуд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои мундариҷавии чорабиниҳои дарпешистодаи Иттиҳод дар Тоҷикистон бо тамаркуз ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ 10 октябри соли 2025 дар Душанбе табодули афкор сурат гирифт[5].

         Тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон дар созишномаи чоргона муҳим арзёбӣ шуда,  ҷонибҳо зарурати дастгирии талошҳои миллӣ ва байналмилалиро, ки барои мусоидат ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди минтақа муҳим  шумориданд. Нақши Тоҷикистон ва Русия  дар  созишномаи чаҳоргона дар ҳалли мушкилоти энеггетикӣ ва нақлиётии минтақа ва  эҳёи иқтисоди Афғонистон муҳим  арзёбӣ  мебошад.

         Кишвари Тоҷикистон бо дарназардоштӣ геостратегӣ, ки таъмини амнияту субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва мусоидат ба эътидоли вазъи Афғонистони ҳамсоя тавассути ҷалб дар лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа, бештар таваҷҷӯҳ медиҳад, ки ҳар чаҳор кишвар дар ин соҳа манфиатҳои муштарак доштанд.

          Ёдовар бояд шуд, ки санаи 31 Июл, 2009 дар Душанбе мулоқоти чаҳорҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор шуда, дар ин дидор сарони давлатҳо самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкориҳои чаҳорҷонибаро баррасӣ гардиданд. Робитаҳо миёни Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон рамзи эътимоди  кишварҳо  буда, рушди босуръат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои чорҷониба, ки дар оянда мулоқотҳои сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» шакли бештари ташкилӣ пайдо намуда, пули боэътимоди муносибатҳо ба нафъи тамоми кишварҳо ва халқҳои минтақа мебошад. Ҳар чаҳор кишвар ба тавсеъа ва таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва дастгирии фаъолиятҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба мусоидат ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди минтақа нигаронида шудаанд,  зарурати ҳамкориҳои чаҳорҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди роҳу воситаҳои мусоидат ба тиҷорати минтақавӣ, афзоиши сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, кашидани хатҳои барқ ​​ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварҳои худ ва ташвиқи робитаҳои мустақими доираҳои тиҷоратии тарафҳо муҳим  мешуморанд.

         Ҳамин тариқ, Тоҷикистону  Русия дар доираи ИДМ ва СҲШ  созишномаи  чоргонаро  таҳким  бахшида, бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ  чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ дар бартарафсозии хатарҳо дар минтақаву ҷаҳон ва таҳкими  сулҳу субот  ҳамкориҳоро миёни ҳам тавсеа ва тақвият хоҳанд  бахшид.

 

РАҲМОНОВ Мирсаид

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

Сарчашмаҳои иттилоотӣ

1.Русия, Афганистан, Пакистан и Таджикистан укрепляют региональное сотрудничество. 26.08.2011 http://infoshos.ru/ru/?idn=8720

2. SCO Secretary-General addresses meeting of SCO and Afghan foreign ministers in the SCO-Afghanistan Contact Group format. 14 july 2021. https://eng.sectsco.org/20210714/768423.html

3. Meeting of Highest Administrative Officials of SCO, CSTO and CIS. https://eng.sectsco.org/20250903/1968731.html

4. Давлиёрова С. Т. Ҳамкориҳои ИДМ ва СҲШ дар таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллии минтақаи Осиёи Марказӣ.  2025-07-16 https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/amkori-oi-idm-va-s-sh-dar-ta-kimi-sul-va-tamini-amniyati-millii-minta-ai-osiei-markaz

5. https://www.mid.tj/index.php/tg/main/view/16456/ogozi-rajosati-tojikiston-dar-idm 22.01.2025

BACK