NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Робитаҳои илмиву адабии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

   Робитаҳои илмиву адабӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса таърихӣ қадима доранд. Вақте сухан аз боби равобити тоҷикону фаронсавиён ба миён меояд, нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар асрҳои XII ва XIII шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ бо фаронсавие вохӯрда будааст. Ё ба гуфтаи Аҳмади Афлокӣ, дигар файласуф ва орифи бузург Хоҷа Мавлоно Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ, ҳангоми дар Димишқ будан бо фаронсавие суҳбат намуда, ӯро ҳамчун дӯст пазируфтааст.
   Дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX яке аз ҷавонбухориён ва шоири машҳур Мирзо Сироҷи Ҳаким ба кишварҳои Ғарб сафар намуда, чанд рӯз дар Фаронса мемонад ва аз шаҳри Порис дидан мекунад. Ҳангоми ба Бухоро омадан Мирзо Сироҷ асареро таълиф мекунад бо унвони «Туҳфаи аҳли Бухоро» ва дар ин асар фарҳанг ва маданияти Фаронсаро тарғиб намуда таъкид менамояд, ки омӯхтани забони фаронсавӣ дар Бухоро ба манфиати аст. Аз ин бармеояд, ки таваҷҷӯҳ ба фарҳанг ва забони франсавӣ дар Аморати Бухоро низ ҷой доштааст.

   Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми сарзамини Осиёи Марказӣ ва фаронсафиён нисбат ба таъриху забон ва фарҳанги ҳамдигар тули қарнҳои таърих таваҷҷуҳ доштаанд,

   Робитаҳои адабӣ ва рафтуомадҳои дипломатӣ миёни халқиятҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса таърихи чандинасраро тай намудааст. Чуноне дар мақолаи дотсент С.А. Султонзода доир ба ин мавзӯъ қайд гардидааст: «қисмати зиёди адабиёти классикиии мо доир ба фаронсавиён ва фарҳанги ин сарзамин калимаи «фаранг» -ро истифода бурдаанд, ки ин инъикоскунандаи калимаи қадимаи «фаронсавӣ» мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Амир Темур дар замони салтанати худ ба шоҳи Фаронса Карли 6 (1380-1422) дар таърихи 15 июни соли 1403 нома навишта будааст. Мазмун ва муҳтавои номаи Темур ба Карли 6 дар он ифода ёфтааст, ки Темур аз шоҳи Фаронса даъват менамояд, ки робитаҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда шаванд ва бозоргонони фаронсавӣ метавонанд бе мушкилӣ ба қаламрави кишвари Темур рафтуомад намоянд. Дигар он ки нома ба забони ноби тоҷикӣ навишта шуда будааст, ки он вақт забони тоҷикӣ дар аҳди Темур мақоми давлатиро доро будааст. Соли 1996 нусхаи аслии ин нома аз ҷониби Президенти Фаронса ба Президенти Узбекистон Ислом Каримов ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ дар яке аз ҷамъомадҳои ЮНЕСКО супорида мешавад.

   Метавон гуфт, ки Шарқ ва хусусан Мовароуннаҳр дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва олимони Фаронса қарор доштааст. Зеро, дар асри XIII шоҳ Людовики IX роҳиби фаронсавӣ Гиёме де Рубрукро бо Осиё сафарбар карда буд. Дар натиҷа, якчанд санад доир ба рафтуомад ва муомилоти озод байни фаронсавиён ва мардумони Осиёи Марказӣ, ки бо забони лотинӣ асос ёфта буданд, амалӣ гардиданд.

   Ҷои дигар, зикри нуктаеро зарур мешуморем, ки тасаввурот доир ба Шарқ дар Фаронса аз таърихи нахустин дастнависи Марко Поло ба забони фаронсавии қадима «Оид ба рангорангии дунё» тақрибан (1298) маншаъ гирифтааст ва ин руйдоди таърихӣ дар китобхонаи миллии Париж нигаҳдошта шудааст.[1]

   Дар Фаронса ҳанӯз дар асри XVI мактаби аврупоие созмон ёфта буд, ки фаъолияташ ба шарқшиносӣ равона шуда буд. Олимони фаронсавӣ ашъор ва маҳсули илмии олимони тоҷику узбекро ба монанди Ибни Сино, Хоразмӣ, Берунӣ, Улуғбек, Навоӣ ва дигаронро ба забони лотинӣ ва фаронсавӣ тарҷума намуданд. Ҳамчунин, беш аз 92 асари яке аз олимони барҷастаи тоҷик Имом Бухорӣ дар солҳои гуногун бо фаронсавӣ баргардон шуда, ҳоло дар китобхонаи миллии Фаронса нигаҳдорӣ мешавад.[2]

   Далели дигари заминаҳои таърихии равобит миёни фаронсавиён ва мардуми Осиё Марказӣ дар он аст, ки дар асри XVIII дар чандин шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ сайёҳон, муҳаққиқон ва зиёиёну санъаткорони фаронсавӣ муддате сукунат дошта, ҳаёт ва фарҳанги ин минтақаро хуб омухтаанд. Масалан, дар шарҳи Тошкент то кунун маҳсули сохтумони ҳунармандони фаронсавӣ, Алексис Бенуа (меъмор) ва Албер Бенуа (рассом) ҳифз гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин шаҳр ховаршинос ва мутарҷим Мишел Сале ва мусиқинавоз Станислав Совари, ки шарҳвандони Фаронса мебошанд, зандагонӣ ва эҷод намудаанд.[3]

   Дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар шаҳри Тошкент яке аз фаронсавии машҳур бо номи Жозеф Антуан Кастане истиқомат доштааст. Ин фаронсавӣ забони модариашро дар ин минтақа тадрис карда, дар мураттаб кардани харитаи археологии Осиёи Марказӣ саҳм доштааст.

   Таваҷҷуҳ ба таърих, фарҳанг ва омӯзиши забони узбекӣ низ аз ҷониби муҳаққиқони фаронсавӣ чи дар замони шӯравӣ ва чи дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъхир гузошта нашудааст. Дар ин сарзамин олимон, ховаршиносон, муҳаққиқон ва рӯзноманигорони фаронсавӣ иқомат карда, эҷод намудаанд. Аз ин тоифа метавон Андре дю Ре, Пер Воте, Антуан Галлан, Бартолеми д'Эрбело, Клод-Этьен Савари, Антуан Сильвестр де Саси, Франсуа Шармуа, Шарл Шефер, Пер Обри, Мишел де Саси, Жан-Поль Ру, Бэйк Грэммон, Люсьен Керен, Екатерина Пужол ва дигаронро намбар кард, ки доир ба таърих, фарҳанг ва санъати халқи узбек таҳқиқоти пурарзиш анҷом додаанд.[4]

   Ҳамин тариқ, муносибатҳои адабӣ миёни Узбекистон ва Фаронса таърихи қадима доранд. Зеро, соли 1932 романи нависандаи фаронсавӣ Франсуа Дюшена таҳти унвони «Моҳтоб» бо забони узбекӣ тарҷума шуд. Дар нимаи аввали асри 20 хонандагони узбек аллакай ба эҷодиёти адабиёти классикии фаронсавӣ, чун Моппасан, Золя ва Молер ошно буданд. Баъдтар ба онҳо муяссар шуд, ки бо забони узбекӣ эҷодиёти Дюма, Волтер, Барбюсса ва Балзакро хонанд.[5] 

   Соли 1796 бо ташаббуси шарқшинос Л. Ланглэ дар Париж «Мактаби забонҳои зиндаи шарқӣ» таъсис меёбад, ки минбаъд маркази омӯзиши Шарқ ба шумор меравад. Ин мактаб яке аз муассисаҳои асосии аврупоӣ буд, ки ховаршиносони касбиро тайёр менамуд. Масалан шарқшиносони машҳури Фаронса ба монанди С.де Саси, Л. Ланглэ, Ш. Дефремери, Н. Семеле, Л. Любо, К. Хуарт, Ж. Мол ва дигарон ин мактабро хатм намуда, дар ин ҷо дарс гуфтаанд.

   Соли 1820 бошад, асари Муҳаммад Юсуф Муншӣ «Тарих-и Муксим-хани» бо забони фаронсавӣ тарҷума гардид, ки ин асар яке аз манобеҳои асосӣ роҷеъ ба таърихи Бухоро ба шумор мерафт. Дар ин солҳо инчунин доир ба Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон аз сарчашмаҳое, ки бо забони русӣ интишор шуда буданд истифода мебурданд. Соли 1823 дар Париж китоби М. Муравев «Саёҳат дар Туркманистон ва Хева» аз чоп баромад. Соли 1831 дар маҷаллаи «Азиатик» ёддоштҳои А. Левшин доир ба қазоқҳо таълиф шудааст.[6]

   Ховаршиносони машҳури фаронсавии асри XIX Габриэл Бонвало ва Гийом Капу доир ба кишварҳои Шарқ ва Казоқистон дар охирҳои асри XIX таҳқиқот бурдаанд. Г. Бонвало асаре бо номи «Осиё» дар соли 1895 ва Г. Капу асаре бо унвони «Помир - боми ҷаҳон» соли 1892 таълиф менамоянд, ки дар ин асарҳо саёҳат ва таассуроти муаллифон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нисбат ба забону фарҳанги ин халқият тасвир ёфтааст.

   Олими дигари фаронсавӣ, ки доир ба омӯзиши таърих ва тамаддуни мардуми Осиёи Марказӣ дар нимаи аввали асри XX таҳқиқот бурдааст, Рене Грюссет (1895-1952) мебошад.[7]

   Ин далелҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки равобити илмиву адабӣ ва ба вижа муносибатҳои дустонаи мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Фаронса аз давраҳои пеш, марҳилаи куҳанро фаро мегиранд.

   Дар замони салтанати шӯравӣ бошад, робитаҳои мутақобила миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса вуҷуд доштаанд. Ин муносибатҳо дар самти илм ва адабиёт бештар густариш ёфтаанд. Ба тариқи мисол метавонем ҳамкориҳои олимони фаронсавӣ ва шӯравиро дар соҳаи омӯзиши кайҳон ишора намоем.   Масалан, дар пойгоҳи Фаронса, ки дар ҷазираи Каргелен дар уқёнуси Ором ва дар Гивианаи фаронсавӣ сохта шуда буданд, нуқтаҳои советӣ баро назорати ғайрирасмии моҳвораи замин мавҷуд буданд. Дар ду «Лунохода» -и советӣ инъикоскунандаҳои лазерии фаронсавӣ истифода шуда буданд, ки масофа дурустро миёни Замин ва Моҳ муайян мекарданд.

   Мавриди қайд аст, ки вақте нависандаи машҳур, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд меояд, дар ин ҷо ба мударрисӣ машғул мешавад. Дар ин шаҳри қадима дар шафати мадрасаи Шайбонихон мактаби мусиқие мавҷуд будааст, ки он ҷо баъзан сурудҳои инқилобӣ суруда мешуданд, «Марселеза» низ дар ин миён суруда мешудааст. Аз ин рӯ, дар асоси оҳанги Марселеза нависандаи тоҷик С. Айнӣ «Марши ҳувияташ» -ро иншо намудааст. Аз ин бармеояд, ки сабки суруди фаронсавии Марселеза ба матни суруди Айнӣ таъсир намудааст. Ҳамчунин тарҷумаи «Ёддоштҳо» -и Садриддин Айнӣ ба забони фаронсавӣ яке аз аввалин тарҷумаи асари бадеӣ аз адабиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо забони аврупоӣ буд. Нависандаи машҳури фаронсавӣ, муҳаққиқ ва публицист Андре Вюрмсер дар мақоли худ «Шарқ», ки дар маҷаллаи «Летғ Фғонсез» (1956, 27, 12), интишор гардидааст, қайд менамояд, ки реализми Айнӣ шакли эҷодии Раблеро дар асарҳояш «Гаргантюра и Пантагрюэле» инъикос менамояд. Яъне аз ин бармеояд, ки Айнӣ ба мазмун ва муҳтавои асарҳои нависандаи фаронсавӣ Рабле хуб ошно будааст. Асари дигари нависандаи барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ «Марги судхуд» ном дошта, бо тарҷумаи В. Вуано ва С. Бродина дар шаҳри Париж соли 1975 ба нашр расидааст. Нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ дар нимаи дуввуми солҳои 50-уми асри XX яке аз асоситарин адибони шинохта ва хондашаванда аз адабиёти замони шӯравӣ дар Фаронса ба ҳисоб мерафт.[8]

   Ҳамин тариқ, ховаршиносони фаронсавӣ роҷеъ ба омӯзиши адабиёт ва фарҳанги мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми намоён доранд. Зеро, ба ақидаи академик Бартолд омӯзиши забонҳои шарқ дар донишгоҳҳои Фаронса ҳанӯз дар асри XVI вуҷуд доштааст.[9]

   Илму адабиёти форс тоҷик на фақат дар роҳи тараққиёти минбаъдаи халқҳои Шарқ, балки мамлакатҳои Аврупо ва Ғарб ҳам таъсири судманде гузоштааст. Онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин сарчашмаҳои файзбахше буданд, ки ҳам боиси мазмунрангу бӯ ва ҳусн таровати тоза касб кардани осори адабию илмии суханварон ва донишмандони мамлакатҳои мазкур шудаанд ва ҳам омили ба зинаҳои нави камолот расидани маърифати он халқҳо гардидаанд. Бесабаб, нест, ки осори тиббии Ибни Сино аз асри XII то садаи XVII тули беш аз панҷсад сол дар мамлакатҳои Аврупо ва Ғарб ҳамчун энциклопедияи илмҳои тиббӣ хизмат кардааст. Бесабаб нест, ки асарҳои шоирони шаҳири форс-тоҷик, аз асри XVII сар карда то замони мо боиси таваҷҷуҳи махсуси шарқшиносон ва тарҷумонҳо, адибон ва мутафаккиронои кишварҳои Аврупо ва олами Ғарб қарор гирифтаанду борҳо тарҷумаю нашр ва таҳқиқу тадқиқ гардидаанд. Бесабаб нест, ки дар фонди бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон китобҳои нодири асарҳои адабӣ ва илмии шоирон ва донишмандони Шарқ мавқеи босазое ишғол кардааст.[10]

   Нуктаи дигаре ҷолиби қайд аст, ки олими барҷастаи тоҷик, профессор Шокир Мухтор дар омӯзиши адабиёти форс-тоҷик бо забони фаронсавӣ ва ҳамчунин таҳқиқи фаъолияти илмии олимони фаронсавӣ дар замони шӯравӣ ва дар даҳсолаи истиқлолияти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Аз асри XX сар карда то инҷониб асарҳои бузурги адабиёти классикии тоҷик ба забонҳои гуногуни аврупоӣ аз ҷумла забони фаронсавӣ тарҷума шудаанд. Имрӯз «Шоҳнома» -и безаволи Фирдавсӣ, назми баландпарвози Хайём, маҳсули илмӣ ва адабии Ибни Сино, «Гулистон» ва «Бустон» -и Саъдии Шерозӣ ва ҳамчунин каломи баландмазмуни Ҳофиз дар тамоми Аврупо ва хусусан дар Фаронса шуҳрату мақоми хосаро касб намудаанд. Доир ба таҳқиқ ва омӯзиши осори оламшумули шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, қи ҳанӯз дар қарни XIX оғоз шуда буд, олими намоён ва ховаршиноси фаронсавӣ Дермстердам хизматҳои арзандаро сомон додааст.

Фаронсавиён бори аввал соли 1867 бо эҷодиёти шоир ва олими барҷастаи тоҷик Умари Хайём шиносоӣ пайдо намудаанд.    Дар ин солҳо шарқшиноси фаронсавӣ Ж.Б. Никола 464 рубоиёти Хайёмро бо забони фаронсвӣ тарҷума намуд, ки ин яке аз аввалин тарҷумаи назми тоҷикӣ бо забони фаронсавӣ буд. Дар асрҳои гузашта дигар ховаршиносони фаронсавиро ба монанди Перл Сегерс, Гарсиа де Тасси, Теофил Готей, Э. Ренан Чарльз Гролл, Фернанн Анри, Жорж Фрайли, Мартол Ш метавон номбар намуд, ки ашъори Хайёмро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

   Бояд қайд кард, ки аз тарҷумаи аввали «Гулистон» -и Муслиҳиддин Саъдӣ Шерозӣ дар Фаронса се аср гузаштааст. Ин асар бори аввал аз ҷониби Андре де Риё тарҷума шуда, соли 1634 дар шаҳри Париж ба нашр расидааст.[11]

  Ба ақидаи яке аз тарҷумонҳои франсавии ғазалиёти Ҳофиз Артюр Ги, тарҷумаи нахустини франсавии шеърҳои шоир танҳо дар охири асри XVIII соли 1799 сурат гирифтааст. Соли 1858 шарқшиноси фаронсавӣ Шарл Дефремери дар маҷаллаи «Журнал Азиатик» мақолае бо унвони «Назаре ба ҳаёт ва навиштаҷоти Ҳофиз» чоп карда, дар он зимнан чанд тарҷумаи ғазалу байтҳои ҷудогонаи Ҳофизро ҷой додааст. Соли 1932 бошад, яке аз тадқиқотчиёни беҳтарини адабиёти форс-тоҷик Анри Массэ бист ғазали Ҳофизро ба забони фаронсавӣ тарҷума мекунад.

   Маврид ба зикр аст, ки осори сардафтари муосири адабиёти тоҷик Сардиддин Айнӣ низ дар Фаронса шинохта шудааст. Тарҷумаи осори Айнӣ дар Фаронса ҳануз ҳангоми зиндагии ӯ оғоз гардидааст. Порае аз «Ҷаллодони Бухоро» соли 1941дар шумораи чоруми маҷаллаи «Ревью де Моску» дар тарҷумаи Е.М. Дессин ва К. Урбетис ба табъ расида буд.[12]

   Соли 1934 нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Пол Низан ҳамроҳи ҳамсараш Сусанн Мор дар Cъезди якуми иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуда, аз минбар чунин гуфта буд: «Ман Cъезди нахустини нависандагони Тоҷикистонро аз номи Иттиҳодияи байналхалқии нависандагони умимиҷаҳон ва Партияи коммунистии Франция табрик мегӯям… Ман хурсандам, ки дар ин ҷо рафиқон Айнӣ ва Лоҳутиро, ки аз услубҳои куҳнаи адабӣ ба адабиёти револютсионӣ ва аз сохтмони сотсиализм музаффарона гузаштаанд, табрик гӯям».

  Пол Низан пас аз ташрифаш ба Тоҷикистон таҳти унвони «Сафари Тоҷикистон» мақолае менависад. Дар он мақола нависандаи фаронсавӣ дар бораи Айнӣ навиштааст, ки: «ӯ шахсест, ки дар забони тоҷикӣ нахустин бор романи револютсионӣ офаридааст».[13]

   Нависанда Эльза Триолэ (завҷаи Арагон) дар навбати худ изҳор карда буд, ки дар Париж ҳатто дар дӯконҳои китобфӯрушӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Хисравро дарёфт кардан мушкил аст, чунки онҳо хонандаи зиёд дошта дар як лаҳза харидорӣ мешаванд.

   Устод шодравон Шокир Мухтор қайд менамоя, ки пас аз Саъдию Ҷомӣ, ки шуҳраташон дар Фаронса барвақт оғоз шуд, Фирдавсӣ сеюмин адибе аст, ки франсавиёнро бо сарвати маънавии адабиёти форс-тоҷик ошно кард. Нахустин мутарҷим ва муҳаққиқи Фирдавсӣ дар Фаронса шарқшиноси номӣ Л. Ланглэ аст. Ҳамчунин дар ин самт дигар шарқшиносон ба монанди С.Л. Валенбург, А. Журден ва хусусан Жюль Моль саҳми калон доранд.

   Қайд кардан ба маврид аст, ки асарҳои Садриддин Айнӣ сазовори баҳои баланди шоир, нависанда ва муҳаққиқи номии Фаронса Луи Арагон (1897-1982) низ гаштаанд. Луи Арагон бо адиб шахсан шинос ва ҳамсуҳбат шуда буд, ки ин соли 1949 дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав воқеъ гардидааст. Дар ин даҳа дар қатори нависандагони намоёнӣ советӣ Л. Деонов, И. Эренбург, А. Фадаев, П. Антокольский нависандагони фаронсавӣ Луи Арагон ва Эльза Триолэ низ ҳамчун меҳмон ширкат доштанд. Айнӣ дар байни Фадаев ва Арагон нишаста буд. Ҳангоми ба музокира баромадани А. Фадаев, Арагон ҳар гоҳ ба сӯи Айнӣ менигарист. Ва пас аз шиносоӣ бо ин олими фаронсавӣ устод Айнӣ мегӯяд, ки нависандагони тоҷик аз иштироки Луи Арагон ва Эльза Триолэ дар ин маҷлиси адабӣ хело сипосгузоранд.

   Ҳамин тариқ, омӯзиши Шарқ дар Аврупо, хусусан дар Фаронса таърихи қадима дорад. Фарҳанги қадимаи Шарқ кайҳо боз диққати пажӯҳишгарон ва олимонеро, ки дар ин самт фаъолият доранд ба худ ҷалб намудааст. 

   Агар сухан аз боби омӯзиши адабиёти замони Сомониён дар Фаронса ба миён ояд, метавон гуфт, ки дар нимаи дуввуми асри гузашта ин паҳлуи таҳқиқот барои фаронсавиён равшантар гардидааст. Далели дигаре он аст, ки доир ба эҷодиёти Рӯдакӣ фаронсавиён тавассути «Китобхонаи Шарқӣ» -и Д. Эрбело дар асри 18 маълумот пайдо карда буданд.

   Ҳамкориҳои бостоншиносӣ миёни Ӯзбекистон ва Фаронса соли 1989 бо кушода шудани кофтуковҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Афросиёб (Самарқанди қадима) оғоз гардидаанд. Имрӯз дар ҳудуди Ӯзбекистон панҷто пойгоҳи бостоншиносӣ дар якҷоягӣ амал мекунанд. Инҳо пойгоҳи бостоншиносии ӯзбеку фаронсавии Суғдиён, пойгоҳи бостоншиносии ӯзбеку фаронсавии шимоли Бохтар, пойгоҳи бостоншиносии ӯзбеку фаронсавии Аҷинатеппа оид ба неолизасия дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи бостоншиносии ӯзбеку фаронсавии пеш аз таърихӣ ва пойгоҳи бостоншиносии ӯзбеку фаронсавии дар Бухоро мебошанд.[14]

   Ин пойгоҳҳои бостоншиносӣ, ки бостоншиносони ӯзбек ва фаронсавӣ роҳбарӣ мекунанд, дар заминаи институти бостоншиносии ба номи Яҳё Гулямов мавҷуд ҳастанд.

   Ҷои дигар бояд тазаккур дод, ки таҳқиқоти ховаршиносони аврупоӣ ба монанди Х. Эте, Х. Пургшталь, Дж. Дурместерер, С. Шеффер, А. Журден, П. Хорн, Ян Рипки, С. Деффремери де Саси, А. Масс, В. Джексон Ф. Лазара А.М. Schimmel, V.Sundermann, B. Brentes, B. Fragner, C. Pandera, P.G. Гейсса роҷеъ ба омӯзиши тамаддуни шарқ ва ғарб нақши арзанда доранд.[15] 

    Ҳанӯз солҳои 1978-1980 дар заминаи лоиҳаи ЮНЕСКО доир ба асари шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» олимони бостоншиноси тоҷик ва фаронсавӣ барои анҷом додани ин кори муҳим якҷоя шуруъ намуданд. Моҳи феврали соли 1980 коммисияи якҷояамалкунандаи шӯравӣ-фаронсавӣ доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши Бохтари қадим аз аз замони неолит то замони омадани Искандари Мақдунӣ таъсис дода шуд. Аз байни олимони шӯравӣ яке аз ташаббускорони ин лоиҳа аз Тоҷикистон Н.Н. Неъматов ҳамчун аъзои комитети Советӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО буд.  Мувофиқи ин лоиҳа корҳои якҷоя баҳори соли 1981 бо ҷамъомади илмии олимони шӯравӣ ва фаронсавӣ дар шаҳри Париж оғоз мешавад. Ва соли 1981 корҳои асосӣ дар ҳудуди Тоҷикистон сар мешаванд. Ин тадқиқоти илӣ дар Бохтар, ки ба ҳудуди Осиёи Марказӣ пайваст мебошад дар асоси лоиҳаи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» ба амал бароварда мешавад. Бо ин назардошт дар охири соли 1983 ба Тоҷикистон бостоншиноси фаронсавӣ Б. Лионне ташриф овард, ки ин ин бостоншинос бо коллексияҳои зиёди богонӣ ва этнографии Институти таърихи ба номи А. Дониш, ки аз асри биринҷӣ то рушди асрҳои миёнаро дар бар мегирифтанд шинос гардид.[16]

   Мавриди зикр аст, ки вақте сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Оливе Мейтланд Пелен омӯзгорони забони фаронсавиро даъват карда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ишора намуд, ҳамзамон қайд карда буд, ки «Шаҷараи нажодии мо аз ориёҳое, сарчашма мегирад, ки аз ин ҷо баромада дар Ғарб фаъолият кардаанд».[17]

Агар рушди робитаҳои илмӣ ва адабиро миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар замони соҳибистиқлолӣ таҳлил намоем, метавон гуфт, ки ин ҳамкориҳо ҳамчун омили муҳимтарини ба ҳам пайвастани тоҷикон ва фаронсавиён ба шумор рафта дар марҳилаи нави муносибатҳо ҷараёни инкишофёбанда доранд.

   Дар ин раванд аз метавон чандин олимон ва мутарҷимони тоҷикро қайд кард, ки дар рушд ва тақвияти равобити илмӣ ва адабӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда доранд. Масалан, устоди забони фаронсавӣ, профессор ва олими намоёни тоҷик шодравон Шокир Мухтор, ки қисмати асосии эҷодиёташ дар даврони шӯравӣ рост меояд, дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ низ хизмати ин олим кам нест. 

   Дар ин миён метавон мутарҷими варзида шодравон Шамсиддин Ҳақназар, олим ва мутарҷими машҳур Туйчибой Ҷумъазода, дотсент ва файласуф Султонзода Соқибой, устоди забони фаронсавӣ Тоҷиддин Муҳиддинро зарк намуд, ки дар самти рушди ҳамкориҳои илмӣ ва адабӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса саҳми босазо доранд. Масалан, монографияи дотсент С.Султонзода «Фалсафаи ибни Сино» моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Саарбрюкени Олмон дар ҳаҷми 200 саҳифа ба нашр расида, ба китобхонаҳои асосии олам фиристода шудааст.

   Ё ин ки, дар солҳои гуногуни соҳибистиқлолӣ Туйчибой Ҷумъазода тавонистааст, ки чандин асарони адибон ва нависандагони фаронсавиро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда барои хонандаи тоҷик пешниҳод намояд. Соли 2005 мутарҷим «Қиёми сабзи дарахт», соли 2006 «Парвози шабона» -и Антуан Экзиюпери, соли 2007 «Бегона» -и Алберт Камю, соли 2009 романи «Наваду саввум» -и Виктор Гюго. соли 2016 Дурдонаҳои дарёи Сена (адибони адабиёти потенсиалии Фаронса) ва соли 2018 Номаҳо аз Осиёби ман. Алфонс Додеро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

   Агар сухан аз боби равобити Ӯзбекистон ва Фаронса дар соҳаи адабиёт ва санъат ба миён ояд, мавриди зикр аст, ки ҳанӯз аз соли 1988 инҷониб дар Фаронса Ҷамъият доир ба омӯзиши санъат ва таърихи замони Темуриён вуҷуд дорад. Моҳи апрели соли 1998 дар шаҳри Тошкент ҷамъияти дустии Узбекистону Фаронса таъсис ёфт, ки минбаъд барои густариши муносибатҳо дар самти илму адабиёт заминаи қавӣ гузошт.[18]

   Дар Қазоқистон бошад, чунин ҷамъият миёни Қазоқистон ва Фаронса соли 2010 бунёд ёфтааст, ки яке аз механизмҳои асосии тақвияти ҳамкориҳо миёни мардуми қаззоқ ва фаронсавӣ дар самти илм ва адабиёту санъат ба ҳисоб меравад. Агар таъсиси фаъолияти ҷамъияти дустии Тоҷикистон ва Фаронсаро бубинем, аён аст, ки ин ҷамъият соли 2013 ташкил ёфтааст.  Дар назди ҷамъият фаъолияти тарҷумонӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин бозгуи густариши равобити устувори адабӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса мебошад.

    Ҳамин тавр, муносибатҳои илмиву адабӣ дар ҷараёни асрҳои гузашта ва марҳилаи нави давлатдорӣ миёни мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Фаронса вуҷуд доштанду боз дар марҳилаи нав рушд меёбанд. Ин ҳамкориҳо хосатан дар замони муосир хислати инкишофёбандаро доро буда, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо афзалият ва имконияти бештар доранд. Метавон гуфт, ки Фаронса барои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Фаронса миёни онҳо фазои дӯстӣ ва эътимод ба вуҷуд омада, ин омил ба робитаҳои таърихии ин кишварҳо дар марҳилаҳои гуногуни таърих ва ҳамчунин таваҷҷуҳи онҳо ба Фаронса, таъриху фарҳанги он эҳтироми манфиатҳои миллӣ, азми ҷонноксозии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ вобастагӣ дорад.

 

   Адабиёти истифодашуда:

  1. Blanc E. Notes de voyage en Asie Centrale // Revue de Deux Monde. 1895.-260 p.
  2. Debize (Lt.col.) Étude sur lAsie Centrale // Bulletin de la Société de Géographie de Lyon. 1877. Vol. 2, pp. 521—572; 1879. Vol. 3, pp. 1—32.
  3. Histoire de lAsie Centrale. 1740—1818. Par Mir Abdoul Kerim Boukhari, texte Persian et traduction par Ch. Schefer. 2 vols. — Paris: Leroux, 1876.- 87 p.
  4. Roux Jean-Paul, L'Asie centrale, histoire et civilisation, Fayard, 1997.- 248 p.
  5. Tajik-French Relations [Электронный ресурс] // Официальный сайт Посольства Республики Таджикистан во Французской Республике. URL: http://www.tajembfrance.fr/about/tajik-french-relations.
  6. Бартольд В.В. История изучения Востока и Европе, и России: -2-е изд.-Л.,1925. -317 с.
  7. Вохидова Санавбарбону. Развитие иранистики и таджиковедения в историографии Европы (XV-начало XXI вв.). Душанбе: «ЭР-граф», 2014. -504с.
  8. Иброхимов М. Научные связи Таджикистана с зарубежными странами: 60-80-е годы XX в.: автореферат дисс. докт. ист. наук: 07.00.02 /Тадж. гос. нац. ун-т. – Душанбе, 2006. – 40л.
  9. Лаумулин М.Т. История Казахстана и Центральной Азии в мировой ориенталистике (к 50-летию Казахского ханства). Астана: КИСИ, 2015. — 416 с.
  10. Лаумулин М.Т. Центральная Азия в зарубежной политологии и мировой геополитике-Т.1. Алматы: КИСИ при Президенте РК, 2005. 356 с.
  11. Маданова М.Х. Казахстан — Франция. Малоизученные страницы общения народов в XIX веке. Алматы: Казахстан, 1993.-с. 44-46.
  12. Мирбобоев А. Муқадимаи таърихи дипломатияи тоҷик /А. Мирбобоев, М. Юсупов, М. Каримов. Хуҷанд, 2009. 212 с.
  13. Мухтор Шокир. Адабиёти тоҷик дар Франция: Маҷмуи мақолаҳо. - Душанбе: Ирфон, 1985. 160 с.
  14. Рахимов М.А. Международное сотрудничество Узбекистана в контексте обеспечения стабильности и устойчивого развития в Центральной Азии. – Ташкент: Yangi Nashr, 2011. – 234 с.
  15. Раҷабова И. С. Таджикистан-Франция: Интеркультурный диалог. Душанбе, 2008. - 32.с.
  16. Шокир Мухтор. Мақолот. -Душанбе: Матбуот, 2001, 240 саҳ.

Ардамеҳр АШӮРОВ,

корманди Институт

 

[1] Лаумулин М.Т. Центральная Азия в зарубежной политологии и мировой геополитике-Т.1. Алматы: КИСИ при Президенте РК, 2005. – 356 с.- с 31.

[2] Blanc E. Notes de voyage en Asie Centrale // Revue de Deux Monde. 1895. – 260 p. c. 89-90.

[3] Histoire de lAsie Centrale. 1740—1818. Par Mir Abdoul Kerim Boukhari, texte Persian et traduction par Ch. Schefer. 2 vols. — Paris: Leroux, 1876.- 87 p. с.22.

[4] Histoire de lAsie Centrale. 1740—1818. Par Mir Abdoul Kerim Boukhari, texte Persian et traduction par Ch. Schefer. 2 vols. — Paris: Leroux, 1876.- 87 p. с.25.

[5] Рахимов М.А. Международное сотрудничество Узбекистана в контексте обеспечения стабильности и устойчивого развития в Центральной Азии. – Ташкент: Yangi Nashr, 2011. – 234 с. с -109.

[6] Маданова М.Х. Казахстан — Франция. Малоизученные страницы общения народов в XIX веке. —   Алматы: Казахстан, 1993. С. 44-46.

[7] Лаумулин М.Т. История Казахстана и Центральной Азии в мировой ориенталистике (к 50-летию Казахского ханства). — Астана: КИСИ, 2015. — 416 с. с. - 63.

[8] Раҷабова И. С. Таджикистан-Франция: Интеркультурный диалог. Душанбе, 2008. - 32.с. с. -  22-23.

[9] Бартольд В.В. История изучения Востока и Европе, и России: -2-е изд.-Л.,1925. -317 с. с.- 15.

[10] Бартольд В.В. История изучения Востока и Европе, и России: -2-е изд.-Л.,1925. -317 с.

[11] Мухтор Шокир. Адабиёти тоҷик дар Франция: Маҷмуи мақолаҳо. - Душанбе: Ирфон, 1985. 160 с. с. – 55.

[12] Ҳамон ҷо. Саҳ 56.

[13] Мухтор Шокир. Адабиёти тоҷик дар Франция: Маҷмуи мақолаҳо. - Душанбе: Ирфон, 1985. 160 с. с. – 55. С. - 45.

[14] Debize (Lt.col.) Étude sur lAsie Centrale // Bulletin de la Société de Géographie de Lyon. 1877. Vol. 2, pp. 521—572; 1879. Vol. 3, pp. 1-32.

[15] Вохидова Санавбарбону. Развитие иранистики и таджиковедения в историографии Европы (XV-начало XXI вв.). Душанбе: «ЭР-граф», 2014. -504 с. с. 358.

[16] Roux Jean-Paul, L'Asie centrale, histoire et civilisation, Fayard, 1997.- 248 p. р. 162.

[17] Раҷабова И. С. Таджикистан-Франция: Интеркультурный диалог. Душанбе, 2008. - 32.с.

[18] Рахимов М.А. Международное сотрудничество Узбекистана в контексте обеспечения стабильности и устойчивого развития в Центральной Азии. – Ташкент: Yangi Nashr, 2011. – 234 с. С. 71.

 

BACK