РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ҲАМГИРОИВУ ҲАМҶАВОРИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОСИЁИ ҶАНУБӢ БАҲРИ СУЛҲУ ШУКУФОӢ

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Минтақаҳои   Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аз манотиқи муҳими стратегӣ маҳсуб шуда, бо кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ, ташаббускору созанда ба мисли Тоҷикистон, Узбекистон,  Қазоқистон ва Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногуни минтақа ва ҷаҳон нақш мебозанд. Минтақа бо кишварҳои ҷаҳон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷорату  саноату  сайёҳат бо ҳам ҳамкорӣ доранд.

Нахустин нишасти Муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ  таҳти унвони «Ташаккули фазои муштараки сулҳу осоиш, дӯстӣ ва шукуфоӣ» санаи 19-21 май 2025 доир гардид, ки дар он директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Ҳайдарзода Рустам иштирок намуда, дар мавзуи «Эъмори Осиёи Марказии нав: ҳолат ва дурнамо» маърӯзаи илмӣ  намуд.

Дар ин ҳамоиш  зиёда аз 200 намояндагон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Уқёнуси Ором, Амрико ва Ховари Миёна иштирок намуданд. Ба андешаи  иштирокчиёни Муколамаи Тирмиз, Осиёи Марказӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ симои худро комилан ба самти мусбат табдил додааст.

Тавре коршиносони хориҷӣ эътироф карданд, ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо Осиёи Марказӣ ба фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманд табдил ёфта, минтақа бо сулҳу суботу созандагӣ пеш  рафта, чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷудомадаро мустақилона бартараф намуда, ба масири рушди прогрессивӣ ворид шуда, ба маркази фаъолияти иқтисодию сармоягузорӣ табдил ёфта истодааст. Ба гуфтаи онҳо, сатҳи баланди муттаҳидшавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дидгоҳи умумии онҳо ба равандҳои ҳамбастагӣ барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дурнамои нав мекушояд.

  Зеро минтақа бо ҷойгиргшавии  стратегӣ ва доштани манобеи фаровони табиӣ   таърихан ба мисли  кишварҳои бузурги ҷаҳон аз  ҷумла Амрикову Русия, Чину Ҷопон, Фаронсаву Олмону Ховари Миёна аҳамияти хоса дорад. Ин минтақа дар замонҳои қадим як шохаи Роҳи бузурги абрешим бо доштани роҳҳои қадими корвони тиҷоратӣ аҳамияти стратегии худро дар тӯли таърих нигоҳ доштаст.

  Робита байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар асри XIX , яъне  дар замони авҷгирии озии бузург миёни  Русия ва Британияи Кабир, қатъ карда шуд. Ҳамин тавр, дар тақсимот миёни давлатҳо дигаргунӣ сурат гирифта, Афғонистон чун марказ ва давлати калидӣ минтақаро аз ҳам ҷудо кард. Муборизаву муноқиша дар  ин ҷо  таърихи чандин сола дошта, ба қадре мақоми буферӣ  пайдо карда, он ҳамчун шикастабол миёни  Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ боқӣ монд.

  Баъд аз парокандашудани  кишварҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ боиси эҳёи манфиатҳои тарафайн ва кӯшишҳои барқарор намудани робитаҳои байниминтақавӣ гардид, то тавонанд худро аз уқёнусҳо ҷудо карда, самти ҷанубӣ роҳи географии кутоҳтарин ба бандарҳои баҳрӣ роҳ ёбанд.

  Ин ҷо  бояд  ишора  кард, ки Осиёи Ҷанубӣ  бозори бузург буда, бо   доштани беш аз 1,7 миллиард аҳолӣ  рушду  нумӯъ  пайдо карда, кишварҳои  калидии  он, аз  ҷумла  Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ  ва дигар  форуму  ташкилотҳо,  нақши  калидӣ  мебозанд. Миёни кишварҳои  Осиёи Ҷанубӣ танҳо Покистон  аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Осиёи Марказӣ  дар масофаи хело наздик қарор дошта, беш аз 200 миллион аҳолӣ дошта, аз шарикони тиҷоративу иқтисодии  минтақавӣ  маҳсуб  меёбад. Дар  ин зимн, кишвари  Ҳиндустон бо роҳандозии  равобити  ҳасани худ  бо кишварҳои ОМ  дар  самти саноти дорусозиву  табобату  сайёҳат  низ нақши муҳим  бозида  истодааст.

  Ба андешаи минтақашиносу таҳлилгарон кишварҳо  метавонанд  бо эҷод ва таҳкими ҳамкориву  ҳамгироии  минтақавӣ миёни ҳамдигар захоири фаровони худ  аз  ҷумла обу энергияро пурра  коркард  карда, истифода  намоянд. Бесабаб нест, ки дар давоми даврони истиқлолият тавассути лоиҳаҳои содироти газ ва иқтидори энергетикӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон корҳое ба нақша гирифта шуданд.

  Дар ин зимн, кишварҳои Покистону Ҳиндустон аз ташаккули давлатҳои нави Осиёи Марказӣ истиқбол карда, чун шарикони эҳтимолии геострагии  минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону  Қавқоз дар самти рушди додани бозорҳои нави фурӯш ва манбаъҳои ашёи хом ва инчунин дастрасӣ  ба манотиқи Авруосиё лоиҳаву  нақшаҳо  таҳия  карда роҳандозӣ  намуданд.

Афзалияти анъанавии геополитикӣ барои кишварҳои ОҶ  бо бартариҳои ҷойгиршавии стратегии он дар сиёсати Осиёи Марказӣ комилан ҳувайдо  шуда, баъзе коршиносон иқтидори имкониятҳои бозори  ин мавзеъро ба беш аз 80 миллиард доллари амрикоӣ меҳисобанд, ки дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми назаррас дошта, барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти бузург меорад.

  Бо тағйири вазъ дар минтақа, кишварҳои ОҶ ва ОМ  барои таъмини амният талош  карда,  сулҳу  суботро ҳимоят карда, бо имзои созишномаҳои  лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ  аз  қабили  CASA-1000   ва TAPI интиқоли барқу газ  аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳиндустон руй  кор омад.

  Ин ҷо  бояд  таъкид  кард, ки  дар натиҷаи оғози амалиёти мубориза бар зидди  даҳшатафканон бо ҷалби бештари кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби ШМА ва иттифоқчиёнаш   дар минтақа таҳаввулу таконҳо пайдо шуда,  сиёсати минтақавии робитаҳо  миёни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хуб  роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи он консепсияи «Осиёи Бузурги Марказӣ», ки соли 2005 ба миён гузошта шуда буд, ба идеяи минтақаи ягонаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ва лоиҳа «Роҳи нави абрешим» табдил ёфт.

  Ҳамин тариқ, лоиҳаи “Роҳи нави абрешим” бо  шумули Афғонистон пайванду муттамарказ шуда,рушди коммуникатсияҳои транзитиву тиҷоратиро дар бар гирифта, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бо такя ба ҳузури низомиву иқтисодӣ ва инчунин лоиҳаҳои рушди институтсионалӣ дар самтҳои содироти захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон аз роҳи татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 – рушди саноати барқ дар Афғонистон ва таъсиси шабакаи минтақавии энергетикӣ бо иштироки Покистон ва дар оянда – Ҳиндустон, Туркманистон -Лӯлаи гази Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (TAPI),  инкишофи роҳҳои коммуникатсионӣ ё нақлиёт,  осон кардани расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар гузаргоҳҳои асосии сарҳадӣ, тавсеаи имкониятҳо барои мубодила, афзоиши имкониятҳо барои ҷавонон, занон ва ақаллиятҳо саҳмгузор  мебошанд.

 Бо идомаи ёфтани  вазъи ноорому низоъҳо дар минтақа,  кишвари Амрико  натавонист иҷрои тарҳҳои мазкурро  ба таври бояду  шояд амалӣ созад ва лизо  эҳёву амалишавии лоиҳаи “Роҳи нави абрешим”  дар ҳолати бумбасту оҳистагӣ ва монеаҳо боқӣ мондааст.

  Дар ин зимн, долонҳои нақлиётии Афғонистон инкишоф ёфта, яке аз онҳо "Шимол-Ҷануб" моҳи ноябри соли 2018 бо ширкати Русия, Ҳиндустон ва Эрон рӯи кор омад. Масири Мумбай ба Санкт-Петербург аз баҳри Хазар гузашта, дар танзиму ташаккули роҳҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ барои рушду ривоҷ додани  ҳамкориву ҳамгироӣ  бо кишварҳои  ОҶ, аз  ҷумла Ҳиндустону Покистон  кӯмак  хоҳад  кард.  Зимнан, созишномаи Ашқобод аз ҷониби Эрон, Уммон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки ҳадафи он  иҷрои тарҳи як долони нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ  буда, дар ин тарҳҳо бандари Чобаҳори Эрон бо ҳамкориву сармояи Ҳиндустон бозсозишуда, нақши асосиро мебозанд.

  Коршиносони минтақа самти дигари расидан ба минтақаро  тавассути  роҳи нақлиёти шоҳроҳи Қарақорум  медонанд,  ки қаламравҳои Чин ва Покистонро бо ҳам мепайвандад. Дар ин қарина,   созишнома дар бораи таъсиси долони нақлиётии Карочӣ – Қошғар – Бишкек – Алмаато  низ соли 2008 роҳандозӣ  шудааст, ки ОМ-ро ба ОҶ пайваст менамояд.  Ҳамин тавр, масири Транс-Эрон минтақаи Осиёи Марказиро танҳо бо Ҳиндустон ва масири Транс-Чин бо Покистон  пайваст намуда, эҷоди суботу сулҳи Афғонистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавӣ, махсусан пешрафт дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ хело муҳиму  зарурӣ маҳсуб  меёбад.

  Кишварҳои  минтақа  аз  ҷумла  Осиёи Марказӣ саъй доранд,ки тарҳҳои нақлиётиро бо самти Ҷануби Осиё  анҷом дода, талошҳои ба даст овардани созиш бо кишварҳои ОҶ дар мавриди бунёди роҳҳо ба нақша гирифта шудаанд.  Мисоли  онро метавон дар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғонистонӣ дид, ки ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар аз ҷониби Покистон тасдиқ гардид.

  Дар баробари ин барои дастёбӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва ба бозори Ҳиндустон ва дигар давлатҳои минтақа тавсия дода  мешавад, ки муноқишаҳои Ҳиндустону Покистон  чун узви фаъоли СММ ва СҲШ  ҳар чӣ  зудтар бояд бартараф шаванд. Покистон ва Ҳиндустон аз транзити ҳамдигар тавассути қаламрави худ худдорӣ мекунанд. Бояд  зикр кард, ки хусумату бадбинӣ миёни кишварҳо ба фоида  ҳеҷ  кишвари  минтақа  набуда, дар натиҷаи идома  ёфтани он захоири фаровони минтақа  талаф  ёфта, мардумони он ба  фақру  нодории бештар гирифтор  хоханд шуд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон, муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндустон дар соли буҳронии 2020 дар давраи аз январ то августи соли ҷорӣ ҳамагӣ 198,4 миллион долларро ташкил дода, ба назар мерасад, ки  густариш ва тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ ва таҳаққуқи зарфиятҳои бузурги табиӣ бо ҳамкориҳои муштарак ва эҷоди  фазои сулҳу  суботу созандагӣ вобастагӣ  дошта, он дар рушду ривоҷи таърих ва ормони мутақобили кишварҳои калидии минтақа муҳим арзёбӣ мешавад. Бесабаб нест, ки кишварҳои ОМ пайваста аз солҳои аввали ташкил ёфтан чун  давлатҳои мустақил дар эҷоди ҳамкориву  ҳамгироӣ  ва сулҳу  дӯстӣ бо вуҷуди фарқияту рангорангӣ ва монеаҳои геополитикӣ дар минтақа талош  карда, сазовори пешрафтҳо  гардиданд.  Саҳми Осиёи Ҷанубӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ низ афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 4,9 триллион доллар расид, ки тақрибан 4,5% ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар сурати нигоҳ доштани динамикаи пешрафтаи рушди иқтисодӣ, Осиёи Ҷанубӣ метавонад дар Осиё мавқеи пешсафро ишғол кунад.

  Дар ниҳоят  бояд  таъкид кард, ки муҳаққиқону коршиносон арзишҳои ҳамгироии минтақаии ОМ ва ОҶ-ро дар рушд ва суботи минтақавӣ дониста, пешниҳод менамоянд, ки давлатмардони кишварҳои минтақа аз стратегияи “афзоиш додани тиҷорат”, “раҳоӣ бахшидан ба ҷангу ҷаҳолат”, “аз ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамгироӣ” кору пайкор  гирифта, тавассути он поя ва сутуни рушди устувор ва амниятро дар минтақа фароҳам оварда, муштаракона минтақаро ба марказу манбаи  нави тиҷорату саёҳату саноати Осиё ва ҷаҳон табдил дод.

Ҳамин тариқ, иштирокчиёни мулоқоти Тирмиз боварӣ доранд, ки рушди долони фаромарзӣ ба кишварҳои минтақа дастрасии кӯтоҳтарин ба бандарҳои уқёнуси Ҳиндро фароҳам оварда, Осиёи Ҷанубиро бо бозорҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Аврупо беҳтару бештар мепайвандад.  Ташкилу  татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ як муҳаррики тавонои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, тавофуқро дар дохили Афғонистон ва дар минтақа дар масъалаи таҳкими сулҳу субот дар кишвар тақвият хоҳад дод. Зеро минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкорию пайванди онҳо муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, субот ва амнияти бештар дар минтақа  ва ҷаҳон хоҳад  шуд.

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони  шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

BACK