NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

САМТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР

Author: Tursunmurod Tursunov

Расм

САМТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР

(дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 17.02.2024)

Пас аз мустақилияти Тоқикистон кишварҳои ҷаҳон бо ҳадафҳои муайян муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Аз ҷумла, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор гардиданд ва нахустин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи ноябри соли 2000 барои иштирок дар ҷаласаи Сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ иттифоқ афтод.   

Сафари навбатии расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар 6 майи соли 2007 сурат гирифт. Ва дар рафти он чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, созишнома байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, созишнома байни ҳукуматҳои ду мамлакат оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ёддошти тафоҳум байни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар.

Дар рафти сафар Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати давлатии сармоягузории «Диёр»-и Қатар дидан намуда, бо таҷрибаи пешқадами он шинос шуд. Ҳамзамон шиносоӣ бо масъулин ва кормандони телевизиони овозадори «Алҷазира» сурат гирифта, Э. Раҳмон тариқи ин шабакаи овозадори телевизионӣ дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистонро бо давлатҳои араб ва мусулмонӣ дурахшон арзёбӣ карда, ба мардумони ин кишварҳо пешрафту шукуфоӣ таманно намуд.

Шаҳодати возеҳи инкишофи ҳамкориҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар таърихи 27 августи соли 2007 буд. Дар мулоқоти роҳбарони ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургияи сиёҳ ва ранга, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфраструктураи туризм, сохтмони манзил, илму фарҳанг ва маориф аз самтҳои афзалиятноки равобити судбахши ду кишвар маънидод гардид. Мувофиқа шуд, ки дар Душанбе аз ҷониби Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллию суннатӣ бунёд карда мешавад. Ҳамзамон байни ду кишвар хатти мустақими ҳавоӣ кушода мешавад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба таъмини рушди давлатҳои мусулмонии ақибмонда, расондани кӯмак ба давлатҳои ҳамдини гирифтори буҳрон, аз қабили Афғонистон, ҳалли одилонаи масъалаи Шарқи Наздик ва Миёна ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар шуд.

Дар ин вохӯрӣ низ чор санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид: ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, созишнома байни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Қатар, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи асалпарварӣ ва ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ. 

13 марти соли 2008 дар Сенегал мулоқоти Э. Раҳмон ва Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ сурат гирифт ва оид ба зарурати дар соли 2008, дар Тоҷикистон доир намудани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратию техникии ду кишвар, имкони шомил гаштани Давлати Қатар ба консортсиуми байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, сохтмони коргоҳи нави алюминий, ташкили истихроҷи оҳан ва дигар фулузот ва доир ба кушодани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа гуфтугӯйи судманд доир гардид.

29 ноябри соли 2008 сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Саммити ғайрирасмии СММ оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд аз Эрон ба Давлати Қатар сафар кард. Дар ҳошияи конфронси мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошударо баррасӣ намуд.

Бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ 5 октябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон ба сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон оғоз бахшида шуд. Дар ин маросим ҳамчунин Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия суханронӣ намуда, ба ҳамаи онҳое, ки ба иҷрои чунин кори хайру савоб иқдом кардаанд, арзи сипос кард.

Сохтмони масҷид бо маблағҳои хайрияи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Амири Давлати Қатар аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднон Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб дар муддати 5 сол ба нақша гирифта шуда буд. Тибқи лоиҳа масоҳати он майдони 7,5 гектар замин буда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо буд.

27 марти соли 2012 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал -Ҳоҷирӣ масъалаҳои ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ гардид. Дар баробари маблағгузории қатарӣ барои бунёди масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал табодули назар шуд.

Ҳамин тариқ, 18 сентябри соли 2014 дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати бонуфузи Давлати Қатар бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд. Шайх Холид иброз намуд, ки Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахш иштироки фаъол дошта бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки ҳолдинги Издон ва дигар ширкатҳо ва ҳам ниҳодҳои алоҳидаи ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш доранд ва барои амалишавии онҳо заминаи мусоид муҳайё аст.

Дар пояи густариши ҳамкориҳо, 5 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Масъалаи вобаста ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳаммияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар, лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барои рушди босамари ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фонди рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ ҳашт санади нави ҳамкорӣ: созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният, созишномаи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду давлат дар соҳаи фарҳанг, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар, ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ, созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, созишнома байни ҳукуматҳои ду мамлакат оид ба алоқаи ҳавоӣ, созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.

Ҳамкориҳои судбахши ду кишвар идома ёфта, 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон таъқид намуданд, ки “Давлати Қатар ҳамчун яке аз марказҳои иқтисодиву молиявӣ ва сиёсии олам дар низоми равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳи муҳим мебошад”. Ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо диққати махсус дода шуд. Аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории тоҷикиву қатарӣ қаноатмандӣ зоҳир шуд. Ҳамзамон масъалаи рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, техникӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд.   

Бо идомаи ҳамкориҳои муштарак 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд ва маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд. Инчунин, мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамкории босамари кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳангро матраҳ карданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими мубориза бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вобаста ба масъалаи таъмини амният дар минтақаву ҷаҳон ва вазъи Афғонистон изҳор карданд.

Тавсеаи ҳамкориҳо боиси сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар таърихи 8 июни соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор додаанд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд муҳим дониста шуд.

Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи маҷмааи “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати “Диёр”-и Қатар намунаи ҳамкориҳои самараноки ду кишвар дар ин ҷода арзёбӣ гардид. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор гирифт. Барои баргузор намудани форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба ҷониби Қатар барои кӯмаки беғаразона дар бунёди “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.

Дар рафти музокирот мавзуъҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи шарикии ҷонибҳо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба - дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба Давлати Қатар барои дастгирии доимии иқдомоти глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар поёни мулоқот Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё ширкат меварзад, комёбӣ орзу кард. Мавриди зикр аст, ки Ҷоми футболи Осиё моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар баргузор гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 15 санади нав: ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Давҳаи Давлати Қатар оид ба истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ, созишнома байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, ёддошти тафоҳум дар соҳаи савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар, созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти стандартизатсия ва метрологияи Давлати Қатар, ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти табиии он, ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор байни ҳукуматҳои ду давлат, ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ, созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон, созишнома байни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар оид ба ҳамкории ҳарбӣ, ёддошти тафоҳум байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авқоф ва корҳои исломӣ, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар, барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои адлияи ду кишвар барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид.

21 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Давлати Қатар сафар карданд ва дар ҷараёни сафар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот карда, ҷонибҳо масъалаҳои густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар, робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд. Дар тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузории Форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” омили муҳим арзёбӣ гардид. Доир ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша шуд.   

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот карда, масъалаи ҳамкории ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид. Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар  Тоҷикистон барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.

Дар доираи сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ доир гардида, ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст ва имкон дорад, ки 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад. Пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад. Инчунин, таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар зарур шумурда шуд.

Дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот карданд. Қайд шуд, ки дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли нерӯи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда тадбирҳо андешида мешавад. Ҷониби Давлати Қатар даъват шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омӯхта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду кишвар ва ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо саҳми босазо гузоранд.

Инчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд ва Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Тарафҳо масъалаи густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки барои ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои васеъ мавҷуд ҳаст. Пешниҳод шуд, ки Қатар дар татбиқи чанде аз лоиҳаҳои муфид ба манфиати ҳар ду ҷониб ширкат намояд.

Дар рафти мулоқот масъалаи баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, муҳокима шуд.

Бо назардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон, сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боарзиш дониста шуд.

22 январи соли 2024 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳузури сарони давлатҳо нӯҳ санади нави ҳамкорӣ имзо шуд, ки он фарогири соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ, осорхона, ҳамкориҳои фарҳангӣ, соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона ва барномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум мебошад.

17 феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Давлати Қатар сафар ва нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масъалаи равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Прездинети мамлакат ба ҷалби сармояи қатарӣ ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ бахусус ишора намуданд. Ҳамзамон, доир ба мувофиқаҳои чанде пеш ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Суҳбати самимии сарони ду давлат ҳангоми тамошои пойгаҳи аспдавонӣ идома ёфт. Ин намуди варзиш дар байни халқҳои араб, аз ҷумла қатариён, шуҳрати калон дорад ва дар он варзишгарон аз тамоми ҷаҳон иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоизаҳои калон мешаванд.

Дар маҷмуъ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Давлати Қатар бомаром идома доранд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ Қатар барои таъмини амнияти минтақавӣ дар робита бо мавқеъе бо Толибон дорад, метавонад саҳмгузор бошад. Тоҷикистон ва Қатар ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ манфиатдор мебошанд. Дар заминаи сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон сармоягузории Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонад боиси пас шудани шиддати мавқеи кишварҳои бонуфуз дар минтақа гардад. Ва ин имконотро кишварҳои тавоно, аз қабили ИМА бо мақсади заиф кардани мавқеи Россия метавонанд истифода кунанд. Тоҷикистон бо кулли кишварҳои ҷаҳон муносибати ҳасана дорад ва ба ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон манфиатдор буда, дар муносибатҳои байнидавлатӣ мавқеъи сулҳомезро риоя мекунад.

 

 

Турсунов Т.Х.,

сарходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

 

BACK