NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

САМТИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

Мусаллам аст, ки 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.

Воқеан, Паёми Пешвои миллат фарогири таҳлилҳои амиқ ва шарҳу тавзеҳи мукаммал буда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии кишварро дар бар гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шоҳроҳи тараққиёт ва тақвияту рушди босуботи кишвар ворид гардидааст, ки натиҷаи ин гуфтаҳо ба таври пурра ва возеҳу равшан дар Паёми имсолаи муҳтарам Пешвои миллат зикр гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор маънидод намуданд, ки ин боиси истиқболу ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Албатта, дар раванди сол дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Масалан, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда, бозгӯи возеҳи рушди устувори кишвар мебошад.

Яке аз масоили муҳим дар Паёми муҳтарам Пешвои миллат, самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, дар чорчӯбаи сиёсати “Дарҳои кушода” самтҳои минбаъдаи ҳадафмандона ва воқеъбинонаро дар ин замина таъкид доштанд.

Пешвои миллат вобаста ба самтҳои сиёсати хориҷӣ, дар шароити шаклгирии равандҳои мураккабу печидаи геополитикӣ, афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозад”.

Вобаста ба суханронии Пешвои миллат дар ин масъала, метавон ишора кард, ки сиёсати хориҷии Точикистон дар шароити муосир хусусияти прагматикиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ карда шаванд. Бинобар ин, ҷиҳати таҳким ва вусъати муносибатҳои мутақобила бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистон, ҳамон роҳи устуворе, ки дорад, идома медиҳад. Дигар ин ки, пешбурди сиёсати сулҳхоҳона, дустӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоишта дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар масъалаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, бо Аврупо ва Амрико Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад”.

Яъне, меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар робита ба кишварҳои минтақа тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил менамояд. Зеро, тақвияту густариш бахшидани равобити неку дӯстона, ҳусни тафоҳуми ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба дигар маъно, суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин самт бозгӯи он аст, ки таҳкими робитатҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон муҳим аст. Дигар ин ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо бо кишварҳои Авурпо ва Амрико метавонанд, ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 мусоидат намояд.

Хулосагирии дигаре аз баёни Пешвои миллат вобаста ба сиёсати хориҷӣ чунин буда метавонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Самти муҳими дигар дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин таъкид гардид, ки “Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона мегарданд”.

Албатта, ҳамкорихои густурда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Ҳамин тариқ, кишвари мо дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ нақш ва мақоми хоса дошта, дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ дар ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки бо донишҳои мукаммали соҳавӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи олӣ тавонем Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд “Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.

 

АРДАМЕҲР АШУРОВ  

номзади илмҳои таърих,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупо ва Америкаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

BACK