NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ШИНОС ШАВЕД: ИСПАНИЯ

Author: Shamsiddin Karimov

Расм

Испания (España, [esˈpaɲa]), расман Шоҳигарии Испания (Reino de España [ˈreino ðe esˈpaɲa]) як кишвари соҳибихтиёри фаромарзӣ (трансконтиненталӣ) буда, дар қисмати ҷануби Аврупо ва қисмате аз қаламравҳояш дар Африқо ҷойгир шудааст. Дар маҷмӯъ қаламрави Испания ба 17 вилоят ва 2 шаҳри худмухтор тақсим гардидааст. Пойтахташ шаҳри Мадрид, масоҳати умумии кишвар - 505,990 км², аҳолӣ - 47,42 миллион нафар (2021), забони расмӣ - испанӣ. Вилоятҳои асосии Испания: Барселона, Аликанте, Малага, Валенсия, Бискай.

Аз рӯи шумораи аҳолӣ Испания дар ҷаҳон ҷои 30-юмро ишғол менамояд. Чорумин кишвари калонтарин дар Аврупост (пас аз Русия, Украина ва Фаронса). Таркиби аҳолии Испания аз рӯи мазҳаб дар соли 2021 ба қарори зайл аст: католикҳои амалнакунанда - 39%, католикҳои амалкунанда - 18,4%, атеистҳо - 14,6%, агностикҳо - 12,9%, шахсони бепарво ба дин - 11,4%, эътиқодмандони динҳои дигар - 2,5%, ҷавоб надоданд - 1,3%.

Узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО. Испания қисми зиёди (80%) нимҷазираи Пиренейро ишғол мекунад. Баландии миёнаи Испания аз сатҳи баҳр 650 м аст. Яке аз мамлакатҳои кӯҳистонии Аврупо мебошад. Он дар Аврупо бо Фаронса, Андорра ва Португалия ва дар Африқои Шимолӣ бо Марокаш ҳамсарҳад аст.

Доир ба этимологияи номи "Испания" фарзияҳои зиёде вуҷуд доранд. Ба гумони комил он аз топоними римии Hispania бармеояд, ҳарчанд пайдоиши он то ҳанӯз пурра равшан нашудааст. Дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ омадааст, ки финикиён ва карфагиниён ин минтақаро Испания меномиданд, ба ҳамин асос, шакли маъмултарини асли ин калима ҳамоно этимологияи семитӣ-финикӣ эътироф шудааст.

Испанияи римӣ. Дар давраи Ҷанги дуюми Пуни (солҳои 210 ва 205 пеш аз милод) империяи Рум аз ҳисоби мустамликаҳои нав қаламрави худро ба маротиб меафзояд. Кишварҳои зиёди баҳри Миёназамин дар ин давра аз тарафи империяи Рим забт гардиданд. Барои истилои Испания бошад, империяи Рим тақрибан ду аср мубориза бурд ва ниҳоят онро забт намуд. Баъдан тақрибан дар давоми шаш аср Испания қисмате аз империяи Рим боқӣ монд. Императорҳо Адриан, Траян, Феодосий I, инчунин файласуф Сенека дар Испанияи римӣ таваллуд шудаанд. Дини насронӣ ба Испания дар оғози асри яки мелодӣ ворид ва дар давоми асри дуюм дар ҳама шаҳрҳои он маъмул гашт.

Испанияи готӣ. Тақрибан баъд аз соли 409 дар асари якҷо бо қабилаҳои сарматии аланҳо ба нимҷазира даромадани қабилаҳои германии суэби ва вандалҳо ҳукмронии империяи Рим дар Испания рӯ ба инқироз ниҳод, заиф гашт. Суэбиҳо дар Галисияи имрӯза ва шимоли Португалия давлати худро таъсис доданд, дар ҳоле ки вандалҳо то соли 420 дар ҷануби Испания маскун монданд. Онҳо дар соли 429 ба шимоли Африқо убур карданд ва дар соли 439 Карфагенро забт намуданд.

Вестготҳо (готҳои ғарбӣ) солхои 414—415 таҳти роҳбарии Атаулф ба нимҷазираи Пиреней омада, баъдан қариб дар саросари Испания маскан гирифтанд. Баъди суқути империяи Рими Ғарбӣ салтанати вестготҳо истиқлолияти комил ба даст овард. Вестготҳо мисли дигар қабилаҳои готӣ арианизмро эътироф мекарданд. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди аҳолии Испанияро ҳанӯз наслҳои иберо-румӣ ташкил медоданд, ки ба масеҳияти ортодоксӣ эътиқод мекарданд.

Императори Византия Юстиниани Кабир дар асоси принсипи «Як давлат, як эътиқод, як қонун» барқарор сохтани империяи Римро дар ҳудуди марзҳои пешинааш вазифаи худ медонист. Дар натиҷаи ҷанги Вандал салтанати ин кишвар мағлуб ва ба империяи Рим то марзҳои Сеута дохил карда шуд. Баҳори соли 552 Юстиниан ба Испания экспедитсия фиристод ва ҷануби Испанияро аз вестготҳо озод кард, ки он ба «вилояти Испания» табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, Византия натавонист ба Испания қувваҳои ҳарбии мавриди заруратро фиристад ва бо истифода аз ин фурсат подшоҳи вестготҳо Леовигилд аксари марзҳои забтгаштаро дубора баргардонд. Баъдтар подшоҳи вестготии Сисебут ва писараш Свинтила византиягиҳоро аз нимҷазира пеш карданд.

Дар соли 589 вестготҳо масеҳияти ортодоксиро пазируфтанд, ҳарчанд дар асари он забони готиро, ки литургияҳои арианӣ ба он забон баргузор мешуд, аз даст доданд. Дар ҳамин давра озод намудани ғуломони масеҳимазҳаб аз тарафи яҳудиён низ сурат гирифт. Дар ниҳояти кор Шӯрои маъруфи Толедо имкон дод, ки ҷомеа муттаҳид гардад, чун готҳо ва иберу римҳо ба як дин эътиқод карданд. Ва ин давраро ибтидои ташаккули миллати испанӣ маҳсуб донистаанд.

Испанияи мусулмонӣ. Дар соли 711 лашкари Тариқ ибни Зиёд аз хилофати Умавиён ба Гибралтар фуруд омад. Хилофати Умавиён дар як муддати кӯтоҳ масоҳати калони Испанияро ишгол намуда, давлати вестготҳоро мағлуб кард. Дар натиҷа маврҳо то соли 714 дар қисми зиёди нимҷазира назорат ва ҳокимияти худро муқаррар карданд. Онҳо дар соли 717 ба ҷануби Фаронса ҳамла карданд ва дар соли 719 то ба Тулуза расиданд. Дар қаламрави Испания Ал-Андалус ва баъдан дар соли 756 аморати Кордова таъсис дода шуд. Шаҳри Кордова дар асл ба яке аз калонтарин шаҳрҳои чаҳон, ба маркази муҳими маданӣ, илмӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад. Дар асри 9 дар Кордова шаҳри шоҳонаи Мадинаи Заҳро сохта мешавад. Бо омадани мусулмонон ба Испания давраи шукуфоӣ ва пешрафти фарҳанги яҳудӣ оғоз мегардад.

Аввалин ғалабаи ночизи насрониён дар соли 718 дар Ковадонга ба даст омад, ки онро оғози Реконкиста ва аз ҷониби испаниҳо ва португалиҳо озод намудани нимҷазираи Иберия аз дасти мусалмонон медонанд. Ҷанги Пуатр дар соли 732 дар Фаронса аз паҳншавии минбаъдаи Ислом дар Аврупо пешгирӣ кард. Аммо хуруҷи комили мусулмонон аз Испания чанд аср тӯл кашид ва ниҳоят танҳо бо суқути аморати Гранада дар соли 1492 ба поён расид.

Империяи Испания. Оғози империяи Испания аз анҷоми Реконкиста ва муттаҳид шудани салтанатҳои Арагон ва Кастилия дар соли 1492 ибтидо мегирад. Дар худи ҳамон сол Кристофер Колумб аввалин экспедитсияро ба Амрико анҷом дод, ки он оғози мустамликаи Амрико аз тарафи Испания буд. Дар ин давра асосан мардон ба заминҳои нав кӯчиданд ва бо занони маҳаллии ҳиндуафриқоӣ издивоҷ карданд. Испания дар асл пешвои низоми мустамликадорӣ гардид, чун пештар аз дигар давлатҳои Аврупо ба мустамликадории Америка шуруъ кард.

Испания аввалин империяи мустамликавист, ки дар қитъаҳои гуногуни рӯи олам соҳиби қаламрави васеъ гардид. Испаниҳо ҳудудҳои азимеро забт карданд, ба шумули Мексика, Филиппин, Андалуси Нав, Чили, Перу ва бисёр дигар заминҳои нав. Ба ҳамин сабаб Испанияро империяе номиданд, ки офтоб ҳеҷ гоҳ дар он ғуруб намекунад.

Давраи габсбургҳои испаниро «давраи тиллоии Испания» меноманд. Дар асри 19 таназзули империяи Испания оғоз меёбад – дар ин давра кишварҳои мустамликаи Испания барои озодӣ ва истиқлолияти худ муборизаро оғоз намуданд.

Системаи давлатии Испания. Испания монархияи конститутсионӣ мебошад. Қонуни асосии давлат конституцияи соли 1978 кабулшуда мебошад. Сарвари давлат дар айни замон шоҳ Филипп VI мебошад.

Ҳокимияти иҷроияро нахуствазир, раҳбари ҳизбе, ки дар интихоботи парлумонӣ аксарияти овозҳоро ба даст овардааст, сарварӣ мекунад.

Органи конунгузор парламенти дупалата — Кортеси генералӣ (Конгресси депутатхо ва сенат) мебошад. Он аз Сенат (259 курсӣ – баъзе вакилон бо роҳи овоздиҳии мустақими умумӣ интихоб мешаванд, дигаронро маҷлисҳои қонунгузории музофотӣ таъин мекунанд; ҳамаи сенаторҳо ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешаванд) ва Конгресси вакилон (350 ҷой – бо рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд) иборат аст, ки ба муҳлати 4 сол интихоб карда мешавад.

Мақомоти назорати конститутсионӣ Суди конститутсионӣ, зинаи олии судӣ — Суди Олӣ мебошанд.

Дар Испания дар маҷмӯъ зиёда аз 500 партия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ расман ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳизбҳо

  • Ҳизби халқӣ
  • Партияи социалистии коргарии Испания (ПСКИ);
  • Шаҳрвандон - Ҳизби шаҳрвандӣ
  • Ҳизби коммунист
  • Подемос
  • Ба ҳизбҳои бузурги минтақавӣ блоки Конвергенсия ва Иттиҳоди Каталония, Ҳизби Ҷумҳурихоҳони чапи Каталония, Ҳизби миллатгарои Баскҳо, Эътилофи Канар дохил мешаванд.

Сиёсати хориҷӣ. Дар муқаддимаи Қонуни асосии кишвар омадааст, ки Испания майлу хоҳиш дорад, то «дар мустаҳкам намудани муносибатҳои осоишта ва ҳамкорӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон» ҳамкориҳои мутақобилан муфид дошта бошад. Дар сиёсати хориҷии имрӯзи Испания асосан се самти зерин мақоми махсус ва афзалиятнокро доро мебошанд: 1) Аврупо (махсусан Иттиҳоди Аврупо), 2) самти ибро-америкоӣ ва 3) мамлакатҳои соҳили баҳри Миёназамин.

То имрӯз Испания бо ҳама кишварҳои аъзои СММ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Солҳои ахир Испания бо Бутан (аз октябри соли 2010), Судони Ҷанубӣ (аз моҳи июли соли 2011) ва иёлати Кирибати (аз сентябри 2011) низ робитаҳои дипломатӣ ба роҳ мондааст. Испания истиқлолияти Косоворо то имрӯз ба далели мушкилоти шабеҳи худ бо баскҳо ва каталониҳо эътироф накардааст.

Дар сиёстаи хориҷии Испания кишварҳои Америкаи Лотинӣ мақоми махсус доранд. Бо вуҷуди баъзе аз камбудҳо ва норавшаниҳо дар ин соҳа, раванди такомул ва ҳамгироии Испания бо Америкаи Лотинӣ пайваста густариш меёбад. Кӯмакҳои Испания аз ибтидои асри 21 ба кишварҳои ин минтақа дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими асосҳои демократӣ, савдои озод, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ривоҷу равнақи тоза касб кардааст.

Самти дигари ниҳоят муҳими сиёсати хориҷии Испания кишварҳои Баҳри Миёназамин аст. Ҳаллу фасли пурсамари мушкилиҳо ва таъмини раванди солими инкишофи устувори ин кишварҳо барои худи Испания низ ҳаётан муҳиманд, чун амнияти саросарии минтақа ва рушди устувори кишварҳои ҳамсоя ба сатҳи зиндагӣ ва вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Испания низ ҳамеша таъсиргузор боқӣ мемонад.

Испания ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо охирин кишваре буд, ки Протоколи шомилшавии Черногорияро ба НАТО ба тасвиб расондааст (10 майи соли 2017).

Дар сиёсати хориҷии Испания кишвари Марокаш низ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад. Дар ҳақиқат, шоҳигарии Марокаш аз ҷумлаи муҳимтарин шарикони африқоист, ҳадди ақал ба сабаби наздик ҷойгир шудани ин ду кишвар аз нигоҳи ҷуғрофӣ. Самтҳои асосии сиёсати Испания дар Марокаш инҳоянд: масъалаҳои марбут ба анклавҳои Сеута ва Мелиля, проблемаи ҳалнашудаи Сахараи Ғарбӣ, мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонунӣ, масъалаҳои боздоштани қочоқи маводи мухаддир ва ғайра.

Муносибатҳои байни Испания ва мамлакатҳои Мағриб махсусан баъд аз ба сари ҳокимият омадани партияи сотсиалистии Испания дар соли 1982 боз ҳам бештар инкишоф ёфтанд.

Иқтисодиёт ва молия. Дар соли 2007 Испания аз рӯи рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол кард, соли 2014 - ҷои 14-ум. Чун анъана Испания кишвари кишоварзист, илова бар ин, он яке аз калонтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи Аврупои Ғарбӣ мебошад. Аз миёнаҳои солҳои 50-уми қарни XX ба ин тараф дар иқтисодиёти мамлакат афзоиши саноат бо суръати тез пеш рафта, нисбат ба кишоварзӣ вазни калонтарро соҳиб гашт. Планҳои пешбинишудаи тараққиёти кишвар, ки дар соли 1964 оғоз гардида буданд, ба вусъат ва рушди бештари иқтисодиёт ёрӣ расонданд. Бо вуҷуди ин, дар охири солҳои 1970 давраи таназзули иқтисодӣ аз сабаби болоравии нархи нафт ва афзоиши воридоти марбут ба истиқрори демократия ва кушодани марзҳо оғоз ёфт. Аммо тараққиёти соҳаҳои саноати пӯлодгудозӣ, киштисозӣ, саноати бофандагӣ афзуд, даромад аз анвои мухталифи соҳаи туризм ба таври назаррас зиёд гардид.

Пас аз он ки Испания дар соли 1986 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо (ИА) шуд, сиёсати миллии иқтисоди кишвар вобаста ба ин созмони фаромиллӣ таҳаввул ёфт. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта кишвар дар Иттиҳоди Аврупо мавқеи пешсафро ишғол кард (гарчанде ки он то ҳол барои дастгирии кишоварзӣ ва баъзе соҳаҳои хоҷагии халқ аз фондҳои умумиавропоӣ субсидия мегирад).

Буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба Испания низ таъсири ҷиддӣ расонд. Дар солҳои баъд аз 2010 таназзул дар иқтисоди Испания, ки дар баҳори соли 2012 оғоз шуда буд, якуним сол идома кард. Баъд аз соли 2014 иқтисоди кишвар рӯ ба инкишоф овард ва ҳатто аз нигоҳи суръати инкишоф дар Иттиҳоди Аврупо мақоми пешсафро ба даст овард.

Дар Испания яке аз проблемаҳои шадид ва ҳалталаб ин нобаробарии суръати инкишоф ва сатҳи зиндагии мардум байни минтақаҳои пешрафтаи шимолӣ (дорои саноати пешрафта) ва ақибмондаи ҷанубӣ (миқдори зиёди бекорон) боқӣ мондааст.

Бандарҳои калонтарини Испания: Билбао, Барселона.

Испания яке аз марказҳои бузурги сайёҳии байналмилалӣ (81,8 миллион нафар дар соли 2017) ба шумор меравад, дар сохторҳои мухталифи соҳаи туризм 1,3 миллион нафар бо кор таъминанд. Марказҳои асосии сайёҳӣ шаҳрҳои Мадрид ва Барселона, инчунин осоишгоҳҳои Коста Брава, Коста Дорада, Коста Бланка, Коста дел Сол мебошанд; 95% сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

Дар иқтисодиёти мамлакат ширкатҳои ШМА, Франсия, Германия, Британияи Кабир, Швейтсария мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Зиёда аз 50 фоизи корхонаҳои мавҷудаи мошинасозӣ ва металлургияи кишвар ба ширкатҳои ҳамин давлатҳо тааллуқ доранд. Тақрибан 40% сармояи оинномавӣ ба саҳми 8 гурӯҳи калонтарини молиявӣ, саноатӣ ва бонкии Испания (Марчей, Фиерро, Уркихо, Гарригес, Руис-Матеос ва ғайра) рост меояд.

Аз 1 январи соли 2020 ҳадди ақали музди меҳнат дар Испания € 1108 муқаррар шудааст. То соли 2016 маоши миёна дар Испания 2189 евроро ташкил медиҳад. Системаи андози Испания андозҳои федералӣ, минтақавӣ ва мунисипалиро дар бар мегирад; андоз аз даромади корхонаҳо 25% аст.

Кишоварзӣ. Соҳаи пешбарандаи хоҷагии қишлоқи кишвар растанипарварӣ мебошад (зиёда аз 50 фоизи арзиши аслии маҳсулотро растанипарварӣ медиҳад). Ба ин гурӯҳ гандум (қариб 20 фоизи майдони кишт), ҷав, ҷуворимакка (асосан дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии мамлакат), шолӣ (дар заминҳои обии соҳили баҳри Миёназамин, ки ҳосили он дар ҷаҳон яке аз баландтарин шохисот аст), картошка ва лаблабуи қанд, зироатҳои лубиёгӣ, инчунин сабзавот (60% майдони киштро ишғол мекунад): помидор, пиёз, қаламфур, бодинҷон ва ғайра дохил мешаванд.

Испания ҳамчунон бо дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили зайтун (зайтунпарвари пешқадами ҷаҳон), меваҳои ситрусӣ ва тамоку низ машҳур аст. Дар ҷануби мамлакат бодом (макони асосии содирот дар Аврупои Ғарбӣ), хурмо ва найшакар (дар Аврупо танхо дар Испания мерӯянд), анҷир, анор, пахта кишт карда мешаванд. Токпарварӣ - дар соҳили баҳри Миёназамин ва дар минтақаҳои Кастилия-Ла-Манча, Экстремадура. Чорводорӣ низ бомуваффақият тараққӣ мекунад: бузу гӯсфанд дар минтақаҳои хушк ва дар шимоли кишвар чорвои калон парвариш карда мешавад.

Моҳидорӣ. Испания аз чихати сайди моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ ва коркарди онҳо дар қатори даҳ мамлакати аввалини ҷаҳон ҷой гирифтааст ва содиркунандаи асосии моҳии тару тоза ва моҳии консервшуда мебошад. Қисми асосии моҳидорӣ ба соҳилҳои Кантабрия, кишвари Баск ва Галисия рост меояд. Навъҳои сардин, хек, скумбрия, анчоус ва трес аз ҳама бештар сайд карда мешаванд.

Саноат. Қадимтарин соҳаи саноати кишвар саноати истихроҷи маъдан аст. Соҳаи киштисозӣ низ дар ин раванд мақоми ба худ хос дорад. Саноати автомобилсозӣ (SEAT) хеле фаъол аст. Соҳаҳои коркарди металл ва истеҳсоли таҷҳизоти саноатӣ тараққикарда мебошанд.

Аз соҳаҳои саноати сабук муҳимтаринаш саноати бофандагӣ ва чарму пойафзолдӯзӣ ба шумор меравад (4 фоизи экспорти пойафзоли ҷаҳон ба Испания рост меояд).

Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли май, равғани растанӣ (Испания аз ҷиҳати истеҳсоли равғани зайтун, масалан, дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад), меваю сабзавот ва консерви моҳӣ ба назар мерасад.

Энергетика. Дар бобати масъалаҳои марбут ба сӯзишворию захираҳои мухталифи энергетикӣ мушкил он аст, ки Испания ба ҳайси кишвари дорои баландтарин суръати афзоиш дар Итиҳоди Аврупо наметавонад худашро бо энергия таъмин намояд. Дар ин бобат аз нигоҳи истеъмоли сӯзишворӣ Испания қариб пурра аз содиркунандагони хориҷӣ вобаста аст - тақрибан 80 % энергияи истеъмолшаванда (асосан газу нафт) аз хориҷ ворид карда мешавад. Испания аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 40-умро ишғол мекунад.

Дар бозори дохилии Испания 29 ширкат ба фурӯши газ машғуланд. Дар баробари ин, мавқеи пешсафиро дар бахши таъминоти газ ва фурӯши газ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ ширкати Gas Natural Fenosa ва филиалҳои минтақавии он нигоҳ медорад. Дарозии шабакаҳои тақсимотии ба ширкат тааллуқдошта беш аз 45 000 километрро ташкил медиҳад. Ширкатҳои асосии тақсимоти гази Испания инчунин Endesa, Iberdrola, CEPSA, Naturgas мебошанд.

Истеҳсоли солонаи нафт қариб 30 миллион тонна буда, камтар аз 10 фоизи эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонад.

Тақрибан 10% энергетика ба нерӯи атомӣ, 6% ба гидроэнергетика рост меояд. Инчунин, ҳукумати Испания ба манбаъҳои алтернативии энергия (12%) таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар қатори панҷ кишвари беҳтарини сармоягузор ба энергияи алтернативӣ қарор дорад. Дар соли 2018 ҳукумати Испания тасмим гирифт, ки то соли 2050 комилан ба “иқтисоди сабз” рӯ меоварад.

Туризм. Испания яке аз калонтарин марказҳои туризми байналмилалӣ мебошад. Марказҳои асосии сайёҳӣ Мадрид ва Барселона, инчунин осоишгоҳҳои Коста Брава, Коста Дорада, Коста Бланка, Коста дел Сол, Ҷазираҳои Канария мебошанд. Дар ин соҳа тақрибан 1,3 миллион нафар кор мекунанд.

Тибқи омори Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гардиши байналмилалии сайёҳон дар соли 2017 Испания бо 81,8 миллион сайёҳ пас аз Фаронса ҷои 2-юмро ишғол намуд.

Соҳаи бонк. Системаи бонкии Испания яке аз устувортарин дар Аврупо мебошад. Дар байни хусусиятҳои фарқкунандаи он ҳолатҳои зеринро метавон ном бурд: дараҷаи баланди консентратсияи сармояи бонкӣ дар баробари шумораи ками ташкилотҳои қарзӣ (395), сатҳи назарраси захираҳои асъорӣ (13,9 миллиард евро), шабакаи васеи филиалҳои бонкҳои хусусӣ ва кассаҳои амонатии давлатӣ. Нақши бартариро бонкҳои миллӣ мебозанд. Аз рӯи арзиши дороиҳои бозорӣ гурӯҳи молиявии Grupo Santander пешсаф мебошад, ки дар соли 1999 дар натиҷаи муттаҳидшавии ду бонки бузург таъсис ёфтааст.

Интернатсионализатсияи муассисаҳои молиявии миллӣ ба мавқеи Испания дар иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири ҳалкунанда мерасонад. Тақрибан чоряки дороиҳои низоми бонкии Испания дар хориҷа ҷойгир шудаанд, як нисфи он дар Амрикои Лотинӣ ва нисфи дигараш дар кишварҳои Аврупо. Ду гурӯҳи асосии бонкии Испания - Сантандер ва BBVA яке аз бузургтарин бонкҳои ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Буҳрони молиявии солҳои ахир дар Испания тадриҷан ба буҳрони сиёсӣ табдил ёфт. Аз як тараф, минтақаҳое, ки бонкҳои ниҳоят заиф доранд, ба кӯмаки ҳукумат ниёз доранд. Аз тарафи дигар, баъзе қаламравҳо, бахусус Каталония, боварӣ доранд, ки бе дасти роҳнамои Мадрид, яъне бе дахолати марказ худро хеле беҳтар ҳис мекунанд.

Транспорт. Шабакаи роҳҳои Испания асосан бо 6 шоҳроҳ мутамарказ шудааст, ки Мадридро бо кишвари Баскҳо, Каталония, Валенсия, Андалусия, Экстремадура ва Галисия мепайвандад. Ғайр аз ин, роҳҳои зиёди хушсифати автомобилгард аз соҳилҳои Атлантика ва баҳри Миёназамин мегузаранд. Дарозии роҳҳои автомобилгард дар кишвар ҳудуди 328 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Тақрибан 90 фоизи хизматрасониҳои марбут ба мусофиркашонӣ ва 79 фоизи боркашониро нақлиёти автомобилӣ иҷро мекунад. Испания ба нақша гирифта буд, ки дар доираи нақшаи ҳукумат барои сарфаи энергия ва беҳбуди муҳити зист то соли 2014 як миллион мошини барқӣ дошта бошад.

Дар давоми се даҳсолаи охир дар Испания инфрасохтори муосири нақлиётӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва ширкатҳое, ки онро сохта ва нигоҳ медоранд, бузургтарин операторони ин соҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ гардидаанд. Шаш аз даҳ корхонае, ки шумораи бештари консепсияҳои инфрасохтори нақлиётӣ дар ҷаҳон доранд, испанӣ мебошанд: ACS, Ferrovial, FCC, Abertis, Sacyr, OHL. Технологияҳои испанӣ дар лоиҳаҳои роҳи оҳан дар Британияи Кабир, метроҳои Вашингтон ва Мексика, идоракунии фурудгоҳҳои Сидней ва Стокҳолм истифода мешаванд. Испания пешсафи Аврупо дар системаи идоракунии ҳаракати ҳаво мебошад.

Қариб 6,5 фоизи тамоми борҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва 6 фоизи мусофирон бо роҳи оҳан кашонда мешаванд.

Дар соли 2013 хати роҳи оҳане сохта шуд, ки Испанияро бо HSR Фаронса мепайвандад. Поездҳои шабона аз Испания ба Париж, Лиссабон, Женева, Сюрих, Милан мунтазам ҳаракат мекунанд.

Аксарияти шабакаҳои роҳи оҳан ба ширкати давлатии "Administrador de Infraestructuras Ferroviarias de España" тааллуқ доранд ва ҳаракат дар роҳи оҳанро агентии давлатии RENFE танзим мекунад. Дар ин бозор ширкатҳои минтақавӣ (FEVE, FGC, Euskotren, FGV, SFM) низ иштирок мекунанд.

Дар Мадрид, Барселона, Билбао, Малага, Палма де Майорка, Севиля, Валенсия метро мавҷуд аст.

Дар нақлиёти баҳрӣ қариб 300 киштӣ бо обёрии умумии 1 миллиону 511 ҳазор тонна кор мекунанд. 24 бандарҳои баҳрӣ тақрибан 93% тамоми трафикро назорат мекунанд. Испания дар соли 2010 аз рӯи ҳаҷми боркашонӣ дар ИА дар ҷои 4-ум буд. Интиқоли бор дар контейнерҳо 112 миллион тоннаро ташкил дод, ки Испанияро дар ин нишондод ба ҷои аввал овард. Дар баробари Нидерландия, Белгия, Руминия, Словения ва Булғористон Испания кишварест, ки ҳиссаи зиёди трафики берун аз ИА-ро ба уҳда дорад. Дар соли 2010 бандарҳои испании Алжесирас ва Валенсия аз рӯи ҳаҷми боркашонӣ ба рейтинги 20 бандарҳои бузурги Аврупо шомил шуданд. Аз нуқтаи назари трафики сайёҳон, бандарҳои Алжесирас ва Палма-де-Малорка дар ҷои намоён қарор доранд.

Нақлиёти ҳавоӣ нақш ва мақоми махсус дорад. Аз 41 фурудгоҳе, ки дар соли 2017 фаъолият мекарданд, 34-тоаш парвозҳои муқаррариро анҷом медиҳанд. Фурудгоҳҳои ҳавоии Испания ба ташкилоти чамъиятии «Аэропортҳои Испания ва аэронавигатсия», ки дар навбати худ тобеи Вазорати тараққиёт мебошад, шомил ҳастанд. Тибқи Санади мухторияти Каталония дар соли 2006, се фурудгоҳи Каталония таҳти назорати генералитати Каталония қарор гирифтанд, ки онҳоро дар якҷоягӣ бо созмони ҷамъиятии Aerocat Estatuto de autonomía идора мекунад. Фурудгоҳи Мадрид бо 50,8 миллион мусофир дар соли 2008 яке аз серодамтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон дониста шудааст. Дар соли 2008 фурудгоҳи Барселона 30 миллион мусофирро қабул кардааст. Фурудгоҳҳои Гран Канария, Малага, Валенсия, Севиля, Майорка, Аликанте ва Билбао низ маъруфанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Испания инҳоянд: Air Europa, Air Nostrum, Air Pullmantur, Binter Canarias, Iberia LAE, Islas Airways, Vueling Airlines.

Қувваҳои мусаллаҳ. 2 ноябри соли 2004 Сарвазири Испания Хосе Луис Родригес Сапатеро доктринаи нави мудофиаи миллии Испанияро эълон кард. Доктринаи собиқи ҳарбӣ дар моҳи декабри соли 2000 аз ҷониби ҳукумати Хосе Мария Азнар қабул карда шуда буд. Аз ҷумла, тибқи доктринаи мазкур, ба тайёр будани қувваҳои мусаллаҳи Испания ба ҳалли ихтилофҳои эҳтимолии дохилии иҷтимоӣ ва территориявӣ аҳамияти калон дода шуда буд (армия мувофиқи конститутсияи Испания мамлакатро на танҳо аз душманони берунӣ, балки аз душманони дохилӣ ҳам муҳофизат мекунад). Амалиёти артиш берун аз Испанияро узвияти он дар НАТО ва ягонагии трансатлантикӣ бо Иёлоти Муттаҳида муайян мекард.

Дар доктринаи нави 1/2004 терроризм душмани асосии Испания (ҳам берунӣ ва ҳам дохилӣ) эълон шудааст. Қайд карда мешавад, ки сарбозони Испания аз ин ба баъд метавонанд дар амалиёти байналмилалии посдори сулҳ мустақиман тасвибшуда аз ҷониби СММ ширкат кунанд. Илова бар ин, иштирок дар амалиёти ҷангӣ иҷозати парлумони Испанияро талаб мекунад.

Дар соли 2001 Испания низоми даъвати расмии ҷавононро барои адои хизмати ҳарбӣ дар артиш лағв кард ва комилан ба низоми артиши касбӣ гузашт.

Дар раддабандии қудрати низомии кишварҳои ҷаҳон бо назардошти маълумоти соли 2019 артиши Испания дар ҷои 20-ум қарор дорад.

Маориф. Испания барои шаҳрвандони синни аз 6 то 16-сола низоми ягонаи таҳсили миёнаи ҳатмии ройгон дорад. Тақрибан 70% дар мактабҳои давлатӣ, 96,5% дар донишгоҳҳои давлатӣ таҳсил мекунанд.

Донишгоҳҳои калонтарини кишвар: Донишгоҳи автономии Мадрид, Комплутенсе (дар Мадрид), Барселонаи марказӣ ва автономӣ, Сантяго де Компостела, Донишгоҳи политехникии Валенсия.

Фарҳанг. Испания бо дараҷаи баланди гуногунии этнофарҳангӣ фарқ мекунад. Муҳимтарин омилҳои ташаккул ва инкишофи фарҳанги моддию маънавии маҳаллӣ таъсири пай дар пайи якчанд динҳо – ислом, насронӣ, яҳудӣ будааст.

Машҳуртарин осорхонаи Испания Прадо дар Мадрид ҷойгир аст. Дар Испания боз бисёр осорхонаҳо ва галереяҳои беназир мавҷуданд, аз қабили Осорхонаи Пикассо ва Осорхонаи миллии санъати Каталония дар Барселона, Осорхонаи миллии ҳайкалтарошӣ дар Валядолид, Осорхонаи Эл Греко дар Толедо, Осорхонаи Гуггенхайм дар Билбао, Осорхонаи Санъати абстрактии испанӣ дар Куэнка ва ғайра.

Иди миллӣ дар Испания - Рӯзи миллати испанӣ ҳамасола 12 октябр (рӯзи кашфи Амрико аз ҷониби Кристофер Колумб) таҷлил мешавад.

Дар хориҷа мусиқии испанӣ аксар вақт танҳо бо фламенко, як жанри мусиқии Андалуси Ғарбӣ алоқаманд аст, аммо он берун аз ин минтақа паҳн нашудааст.

Дар байни оҳангсозони классикӣ нобиғаҳое чун Исаак Албениз, Мануэл де Фалла, Энрике Гранадос аз Испания арзи вуҷуд кардаанд.

Машҳуртарин асбоби мусиқии Испания гитара мебошад.

Матбуот. Испания дорои шабакаи хуб рушдёфтаи ВАО мебошад. Дар кишвар тақрибан 137 рӯзнома ва қариб 1000 маҷалла нашр мешавад. Аксари рӯзномаҳо ҳаррӯза ба нашр мерасанд: El País, El Mundo, La Vanguardia, ABC, El Periódico, Marca. Маҷаллаҳо барои занон: Patrones, Labores del HOGAR, Moda.

Радио ва Телевизион. Пахши радиову телевизион дар Испания ба оммавӣ ва тиҷоратӣ тақсим мешавад. Пахшкунандагони ҷамъиятӣ RTVE, дорои шабакаҳои телевизионии 1 ва 2 (La 1 ва La 2) ва 4 радио (Radio Nacional, Radio Clásica, Radio 3, Radio 4) мебошанд. Пахшкунандагони тиҷоратӣ Antena 3, Cuatro, Telecinco ва LaSexta ба ҳисоб мераванд.

Вобаста аз шакли паҳнкунии сигнал телевизион дар Испания ба заминӣ, кабелӣ, моҳвораӣ ва IPTV тақсим мешавад. Пахши радио дар Испания танҳо тавассути пахши радиои заминӣ ва интернетӣ муаррифӣ мешавад, радиостансияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар мултиплексҳои умумӣ бо каналҳои телевизионии ҷамъиятӣ тавассути телевизиони заминӣ, кабелӣ, моҳвораӣ ва IPTV пахш гарданд. Пахши эфирӣ дар стандарти аналогӣ дар банди VHF сурат мегирад, дар ҳоле ки Radio Nacional, CERA ва COPE инчунин дар банди мавҷи миёна пахш мешаванд.  

Спорт. Футбол аз ибтидои асри 20 дар Испания намуди асосии варзиш қарор гирифтааст. Баскетбол, теннис, велосипедронӣ, гандболбозӣ, мотосиклронӣ, скейтборд ва Формула 1 низ ба шарофати ҳузури чемпионҳои Испания дар ҳамаи ин риштаҳо дар номгӯи варзишҳои миллии кишвар мақом ва маъруфияти махсус доранд. Имрӯз Испания яке аз давлатҳои пурқудрати варзишии ҷаҳон эътироф шудааст.

Испания ва Тоҷикистон. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хорхе Урбиола Лопес (бо иқоматгоҳаш дар ш. Остонаи Қазоқистон) мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Ҷамшед Ҳомидов (бо иқоматгоҳаш дар ш. Женева, Швейтсария) мебошад.

Соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания – Мигел Ангел Моратинос дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард.

Зимни сафари навбатии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар соли 2020 – 3328,7 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод (танҳо воридот).

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва танҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Испания (18.07.2010) имзо шудааст.

BACK