NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Тамҷиду таъсирпазирии донишмандони Ғарб аз дарки ишқу маърифат, худшиносӣ ва адабу забони тоҷикӣ-форсии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  (ба муносибати бузургдошти Рӯзи Мавлоно ва  Рӯзи Иқбол-30-уми сентябр, 9-уми ноябр)

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Ҷаҳонро бояд ба чашми хирад  нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо кард. Ин буд, ки донишманд ва муфаккири аср Муҳаммад Иқбол авваллин маротиба дар замони таълимоташ дар  Англия ва Олмон аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ  нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ паёдо  кард, ки  акнун метавонад андешаҳояшро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонад. Ҳамин забони фасиҳу форам буд, ки ӯ тавонист  ба дилдода ва дӯсти адабу ишқу маърифат ва устоду роҳнамои фозилу фарзонаи худ  соҳиби Маснавии Маънавиро пайдо карду шефтаи ӯ гашт. Бо камоли ифтихор ӯ ёди Мавлоно карда, чунин изҳор менамояд:

Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,

Хушро дар роҳи ӯ восӯхтам. (Муҳаммад Иқбол)

Ҳамин тариқ,  тавассути ҳамин забони ширину  шеърӣ аз ҳақиқати олами ғарб огаҳӣ пайдо карду воқеияти зиндагӣ мардумони онҷоро шинохт.

Ҳамин буд, ки ҳидоятҳову  роҳнамояҳои Мавлонои Румӣ  ба дилу андешаи Муҳаммад Иқбол  таъсир расонида, ӯро ба сӯи ҷустуҷуӣ ҳақиқат равона кард. Ӯ Мавлони Румро чун пири хирад пазируфта, худашро муриди вай эълон кард. Ҳамин тавр, достони пиру муриди Иқбол суруда шуд ва асарҳои машҳураш зери номи  “Асрори худӣ”  ва “Румузи бехудӣ” руӣ коғаз омад. Иқбол ҳамеша даъват бар он дорад, ки инсон сараввал ба шинохти нафси худ ва ислоҳи нуқсу заъфи он майл намояд. Худшиносӣ дар таълимоти мутафаккир мавқеи намоён дорад ва ӯ ин маъниро бо истилоҳи «худӣ» баён месозад.

Бо чунин эҷодиёт ӯ ба башарият  хитоб мекунад, ки худшиносӣ унсур асосии ҷомеа буда, дарки дурусти он  заминасози ободии ҳар як миллату  халқиятҳо мебошад ва ба қавли устоди маънавии Муҳаммад Иқбол Мавлонои Рум:
 

Ҷаҳд кун дар бехудӣ худро биёб,

Зудтар, валлоҳу аълам биссавоб. (Мавлонои Рум)
 

Дертар Муҳаммад Иқбол андешаҳояшро оиди  ҳақиқати ҳаёти мардумони ғарб дар асари “Паёми машриқ” дар ҷавоб ба шоир ва файласуфи олмонӣ Гёте ин тавр баён мекунад:
 

То маро  рамзи ҳаёт омӯхтанд,

Оташе дар пайкарам афрӯхтанд.

Як навои синаттоб овардаам,

Ишқро аҳди шабоб овардаам.

Пири мағриб шоири олмонавӣ,

Он қатили шеваҳои паҳлавӣ. [1,203] [1]
 

Муҳаммад Иқбол  таъкид менамояд, ки  файласуфи олмонӣ низ шефтаи адабу забони тоҷикӣ-форсӣ буду андешаҳояшро бештар дар партави он баён карда, қатили шеваҳои он гардида буд.  Ҳамин буд, ки Муҳаммад Иқбол дар ҷавобаш ғарбро аз ҳақиқати тамаддуну адаби шарқ огоҳӣ медиҳад ва ба  қавли худи ӯ:
 

Дар ҷавобаш гуфтам пайғоми шарқ,

Моҳтобе рехтам бар шоми шарқ.[2]  [1,203] 
 

Бояд зикр кард, ки дар ҳақиқат  Муҳаммад Иқбол дар партави пири худ Мавлонои Рум андешаҳояшро комилу пухта гардониду ғарбро  ҳам аз ҳақиқати он огоҳ сохт. Дар  воқеъ  Маснавии Мавлонои Рум оиннамои равшаннамо барои башарият мебошад, ки моҳияти он то ҳол дар замири инсонҳо боқӣ мондааст.

Нависанда Хоҷа Ирфонӣ дар китобаш зери унвони “Гуфтаҳои Румиву Иқбол”[3] овардааст, ки профессори ғарбӣ ва яке аз аввалин муфассирони забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ  Броун   Мавлони Румро аз шоирони сӯфии барҷаста ва китоби Маснавии онро аз беҳтарин дастоварҳои шеърии ҳама вақту замон медонад.

Ҳамин тавр, донишманди маъруфи Аврупо  Николсон  китоби Маснавиро ягона  дурнамои  абадии  ҳар давру замон мепиндорад[4]. Донишманди дигар Арберӣ Мавлоноро аз бузургоне медонад, ки тавассути шеъру адаб каромати шарофати инсониятро дар тамоми шарқу ғарб ғанӣ гардонид.[5] Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи хоси  профессор Аннемаре  Шиммел (1922-2003) қарор гирифтаанд.[6] Профессор Шимел яке аз устодони моҳир дар бахши мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” шинохта шуда,  чанд асари муҳиме аз осори манзум ва мансури ин ду шахсияти фозилу фарзонаро ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Яке  аз китоби муҳими  Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun ) аст, ки сайре дар осор ва афкори Мавлоност, дертар ба ҳиммати Ҳасани Лоҳутӣ бо муқаддимаи Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ тарҷума гардидааст.

Аз нахустин тарҷумаҳои манзуми ӯ ба забони олмонӣ китоби “Ҷовиднома” -и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо муқаддимае аз Хирмон Хиссе аст, ки шомили зиндагинома ва пажуҳиш дар осор ва андешаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва динии Муҳаммад Иқбол нақл мекунад.

Бешак, Муҳаммад Иқбол ҳаёту эҷодиёти донишмандони ғарб аз ҷумла Кент, Бергсон, Гёте, Шопенҳевер ва дигаронро хело хуб омӯхт, вале Маснавии Маънавии Мавлонои Румӣ ӯро аз ҳақиқат  бештар огоҳӣ бахшид, ки дар натиҷаи он тавонист ҳақиқати ҳаёт ва  воқеияти мақсаду мароими башариятро бо забони фораму зебо баён кунад.

Бояд қайд кард, ки ӯ аз аввалин олимони шарқ аст, ки  ба мисли Николсон чун беҳтарин муфассир ва шореҳи китоби Маснавии Мавлонои Румӣ буда, онро  бо дилу дида омӯхта, ҳақиқату асолаташро ба дигарон омӯзонд.

Бо муотилиа осори ӯ хонанда метавонад аз ҳақиқати он  дар  шеърҳову  мусоҳибаи ихтисосии пиру муриди  Муҳаммад Иқбол  дарк намояд, ки бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ онро тафсиру ташриҳ намудааст ва ба қавли худи ӯ:
 

Гӯфт, Румӣ хезу гоме пеш ниҳ,

Давлати бедорро аз каф мадеҳ.

Ботинаш аз зоҳир ӯ хуштар аст,

Дар қафори ӯ ҷаҳони дигар аст.

Ҳар чӣ пеш ояд, туро ай марди ҳӯш,

Гир андар ҳалқаҳои чашму гӯш.

Чашм агар биност, ҳар шай диданист,

Дар тарозуи нигаҳ санҷиданист. (Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ, Эрон. Интишороти Илҳом. 1386.-с.318)
 

Ҳамин ҳақиқат ва сирре буд, ки Муҳаммад Иқбол тавассути ҳамин мусоҳиба бо пири худ Мавлонои Рум роҳи ишқу маърифатро дарк карду онро ба башарият низ ошкору фаҳмо  чунин  баён намуд:
 

Зиндагиро шаръу ойин аст ишқ,

Асли таҳзиб аст дин, в-ин аст ишқ.
 

Ва ё дар идома мегӯяд:
 

Дин нагардад пухта бе одоби ишқ,

Дин бигир аз сӯҳбати арбоби ишқ. (Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ, Эрон. Интишороти Илҳом. 1386.-с.362)
 

Хулоса, замон, макон ва ҳаёту мамот миёни Мавлонои Рум ва Муҳаммад Иқбол хело фарқ мекард, ҳар ду аз ҳам тақрибан 6 аср ҷудо буданд. Он яке дар соли 1207 дар Балх таваллуд шуда, 17-уми декабри соли 1273 дар шаҳри Кунияи Туркия вафот мекунад[7] ва дигарӣ 9-уми ноябри соли 1877 дар шаҳри Сиёлкути Покистон таваллуд шуда, соли 1938 дар шаҳри Лоҳури инҷо олами ҳастиро падрӯд мегӯяд[8].

Аммо ӯ воқеияти ҳаётро аз пири Румӣ омӯхту мадрак ва дараҷаи инсони комил буданро дарёфт кард ва асосу асолати онро ба тамоми башарият эълом кард ва ба қавли худи ӯ:

Дар ҷаҳон равшантар аз хуршед шав,

Соҳиби тобонии ҷовид шав. (Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ) 

Ва ё ба андешаи Мавлонои Рум бояд дӯст аз дӯст дар дила кина нагирад ва ғаразҳои шуму нопокро аз дили биронаду қадри якдигарро бидонад:
 

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем. (Ҷалолиддини Румӣ)
 

Дар ниҳоят бояд таъкид кард, ки ҳар дуи ин мардони бузург дар таърихи фарҳангу адаби тоҷику форс мақому манзалати воло дошта, дар рушди забону адабиёт ва тамаддуни башарӣ саҳм гӯзоштанд. Ҳанӯз, осорашон миёни ҳамаи миллату халқиятҳои ҷаҳон ва хусусан, Шарқу Ғарб шуҳрату манзалати хос пайдо карда, онҳоро ба чашми хирад нигариста, эҳтирому қадршиносӣ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки Муҳаммад Иқбол (1877-1938) яке аз  бузургтарин шоирони Ҳинду Покистони садаи бист, ва  аз маҳбубтарин гӯяндагони шеър миёни форсии тоҷикӣ мебошад. Ягона китоби гулчини ӯ соли 1966 виростаи шодравон Мирсаид Миршакар бо номи «Паёми Машриқ» дар Тоҷикистон чоп шуда буд. Сипас баъд аз дувоздаҳ сол бо кӯшиши А. Ғаффоров нашри мукаммалтари осори шоир бо номи «Садои Машриқ» чоп шуд. Дар ниҳоят соли 2008 пас аз 30 сол,  бо саъю эҳтимоми яке аз донишмандони тоҷик Қиёмиддин Сатторзода  «Куллиёти Форсӣ»[9] ба хати кириллик баргардон ва пешкаши хонандагони тоҷик гардид.
 

Пайнавиштҳо:

  1. Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ,Эрон. Интишороти Илҳом. 1386.-с.512
  2. Ҳамонҷо сафҳаи 203
  3. Khawaja Abdulhamid Irfani. The sayings of Rumi and Iqbal ( Adam publishers and distributers, New Delhi).
  4. Reynold A. Nicholson, Rumi: Poet and Mystic (Oxford: One world,1998) pp.17-26.
  5. Hu, The Sufi Way a journal of the Rumi foundation, volume 3, India
  6. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9, Душанбе, Маориф, 2014.-саҳ.59-60.
  7. Ҳабибуло Раҷабов,Муҳаммад Иқбол-шоири абадзинда.Душанбе,Эр-граф, 2019,-180 саҳ.
  8. Andrew Harwey, The way of passion: A celebration of Rumi (Souvenir press)
  9. Seminar papers (8-12 may 2007/. Istanbul, Turkey).
  10. https://allinweb.ru/adabiyot/25891/

 

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

[1] Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ, Эрон. Интишороти Илҳом. 1386.-с.512

[2] Ҳамонҷо  сафҳаи 203

[3] Dr. Khawaja Abdulhamid Irfani. The sayings of Rumi and Iqbal ( Adam publishers and distributers, New Delhi).

[4] Reynold A. Nicholson, Rumi: Poet and Mystic (Oxford: One world,1998) pp.17-26.

[5] Hu, The Sufi Way a journal of the Rumi foundation, volume 3, India

[6] http://www.naghed.net/Maghale_ha/Schimmel_farzane.htm

[7] Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9, Душанбе, Маориф, 2014.-саҳ.59-60.

[8] Ҳабибуло Раҷабов,Муҳаммад Иқбол-шоири абадзинда.Душанбе,Эр-граф, 2019,-180 саҳ.

[9] https://allinweb.ru/adabiyot/25891/

BACK