NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

(Чанд андеша атрофи ин андарзшиори давр)

 

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Чанд сухан дар оғоз

Борҳо боифтихори бутун фузудаанд ва боз ҳам бо як олам тафохур ёдрас мешавем, ки вуруди Истиқлол барои кишвари тоҷикон марҳилаи мубораку муаззам аст ва то абад побарҷост. Зеро ин вуруди таърихии барои ҳар кадом хонадони кишвар воқеан азиз, падидаи хайру неку умедворкунандае аст, ки пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, яъне тӯли ҳазор сол қудуми мубораки Истиқлоли миллию давлатиро интизорӣ доштанд.  

Баъди ҳазор сол таърих бозгашт карду такрор ёфт ва боз Истиқлол фаро расид. Вале оғози ин раванд ҳамту саҳлу осон тай нагардида, талошу заҳмат ва қурбониҳои зиёд дошт, хеле душвору пурнизоъ буду барои ҳалли монеаҳо аз ҳар як хонадони кишвар, хосатан аз шахсиятҳои баору баномусу худогоҳи давр ва аз роҳбарияти кишвари навтаъсиси аз чор сӯй мушкилбор ҷасорату матонату донишу таҳаммул тақозо мекард...

Вақт ҳамаро даррабуд, рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо ба солҳо табдил ёфта, ҳамагӣ моли таърих шуданд. Низоъҳо паси сар шуданд, Сулҳу Ваҳдати миллӣ падид омад, мароми зиндагӣ ранги дигар гирифт, инкишофу рушд дар ҳама соҳа намоён гардид, ҳамарӯза ҳаёт ба маҷрои бонизоом ворид гашт...

Имрӯз Тоҷикистон шукуфон асту лоиқи ситоиши ҳама. Имрӯз парчами ин кишвари азиз дар байни давлатҳои хурду бузурги олам парафшон аст. Имрӯз Тоҷикистон сухангӯи минбарҳои баланди ҷаҳонист ва дар қатори садҳо кишварҳои бонуфӯзи олам дар сатҳи ҷаҳонӣ овоз дорад...

 

Нерӯи бузурги муттаҳидсозандаи миллату давлат

Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ва бар замми ин дар қаринаи раванди мураккаби авҷгирии  падидаҳои геополитикӣ давлатҳо ниёз ба қуввае доранд, ки тавоноии муттаҳид кардани халқу миллатро дар роҳи ҳалли масоили давлатӣ дошта бошанд. Мо, бо сарфарозӣ гуфта метавонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳимтарини муттаҳидсози миллат – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз мутолеаву таҳқиқотҳо маълум мегардад, ки коршиносону ҷомеашиносони байналмилалӣ ба навгониҳое, ки дар олами сиёсат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод кардаанд, баҳои арзишманд дода, онро «таҳаввулоти тозае дар ҷаҳони сиёсат» номида, ба мамлакатҳое, ки мардумонаш бо ҷангу низоъ рӯ ба рӯ ҳастанд, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуданро тавсия додаанд. Пас, воқеияти асилу дақиқ аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои наҷибу шинохтаи ҷаҳони муосир буда, бо хираду заковат ва андешаву амали нек тавонистанд таърихи нави халқу меҳани худро созанду нависанд.

Инак, дар як чакидаи қалам нигориши воқеии сухани муттаҳидсозандаву пурмуҳтаво ва созандаи муҳтарам Пешвои миллатро ки ҳанӯз 9 сентябри соли 2019 дар ростои яке аз идҳои асосии давлатӣ Рӯзи Истиқлол садо дода буд, мехостам иншо намоям. Ҳамзамон дар ин санаи саъд, ифтитоҳи агрегати дуюми Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун рост омад, ки бозгӯи воқеии рушди устувори кишвар аст.

Ба ин муносибат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишварро бо суханони самимӣ табрик намуда, бо баландтарин руҳияи ҳувияти миллӣ иброз доштанд: «Тоҷикистон, ба пеш!».

Чунин сухани Пешвои миллатро метавон иборае, ном бурд, ки неруи бузурги муттаҳидсозанда дорад. Зеро ин садо аз қалби бузург бархеста, воқеан ҳувиятбахшанда аст. Зеро шахсияте гуфта, ки баландтарин ҳувияти миллӣ дорад. Ҷои дигар, сухани Пешвои миллат дар тақвияти идеологияи миллӣ таъсири вижаи созанда ва баҳаморанда дорад.

Воқеан, ин андарзшиори Пешвои муаззами миллат, бори дигар дарку эҳсоси худшиносиву ҳувияти миллии кулли мардуми кишварро боло бурд. Хусусан ҷавонон аз ин баён боз нерӯи дигар гирифтанд. Ин пешсафшиори пурмаънӣ дар қалбу шуури ҳазорҳо нафар ҷавонони худогоҳу ватандӯст ба зудӣ, ба ҳайси ҷараёни талқинкунандаи накӯиҳо роҳ ёфта, дарку эҳсоси муттаҳид буданро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, марзу буми кишвар, пешрафти ҷомеа, рушди илму эҷод, ҳуввияти миллӣ, муаррифии бештару аёнтари арзишҳои таърихиву фарҳангӣ талқин намуд.

Имрӯз фурсате фаро расида, ки тамоми қишрҳои ҷомеа, кулли мардуми кишвар аз хурд то бузург дар зеҳнияту шуури худ мафҳуми ватандӯстиро инкишоф диҳанд, дар амалашон софдилонаву содиқона татбиқ намояд.

Агар атрофи афкори хеле арзишманду зарурии Пешвои муаззами миллат андеша намоем, метавон аз ин уқёнуси бузург марвориди беинтиҳо ба даст овард. Зеро андешаву афкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама паҳлӯҳои рӯзгори имрӯзин бо оянданигарии возеҳ арзёби гардида, ҳамзамон дорои арзиши баланди илманд.

Борҳо дар доираи ҷаҳонӣ собит шудааст, ки Пешвои муаззами миллат бар замми саҳми босазо ва муассир доштан дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон, ҳамчунин шахсияти нотакрору наҷиби таърихи башар ба ҳисоб мераванд. Зеро ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на фақат барои Тоҷикистон ё минтақа, балки барои кулли мардуми сайёра арзиши баланди таърихӣ доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза дар ин раванд саҳмгузор будан аст.

Рисолати мо

Бо ин назардошт, имрӯз барои ҳар фарди ҷомеаи тоҷик худогоҳиву зиракии сиёсӣ муҳим аст, аммо худогоҳи ватандӯст будан муҳимтар аз он. Умуман, ҳар тоифа ва ё ҳар фарде, дар ин давлат, дар ин кишвар умр ба сар мебарад, бояд пеш аз ҳама дар касбияти худ мафҳуми ватандӯстиро илова намояд. Яъне, омӯзгори ватандӯст, шоири ватандӯст, олими ватандӯст, деҳқони ватандӯст ва ғайра. Ҳама қишри ҷомеа дар кишвар барои он кору фаъолият менамояд, ки давлати мо аз имрӯза бештару беҳтар рушд ёбад, пеш равад, обод гардад. Пас, ин ҳама аз ана ҳамон маҳсули кории мо вобаста аст. Агар деҳқон давлату миллати худро сидқан дуст дорад, кӯшиш менамояд, ки маҳсулоти кишткардааш фаровону покизаву безарар бошад, то ки ӯ ба солимии ҷомеа рисолат дорад. Агар омӯзгор воқеан кишварашро дӯст дорад, саъй менамояд, то ки ба хонанда маъниву дониш диҳад, зеро дар зеҳнияти ӯ сайқали ояндаи миллат ҳувайдост. Агар олим меҳанпараст бошад, пас дар адешаву афкори ӯ ҳамеша ҷустуҷӯй, навоварии воқеӣ, зиндагии шоистаи мардум ва осудагии марзу буми кишвар, ҳимояи арзишҳои миллӣ қарор мегирад, зеро ин омилҳо рисолати бузурги ӯ дар назди наслҳои оянда дониста мешавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо рисолаи мо ҷавонон пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзу буми кишвар ва Истиқлолу Ваҳдат аст. Илова бар ин, муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои умдаи мост.

Дар шароити кунунӣ муносибатҳои байналмилалӣ ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир олими асил будан тақозои давру замон аст. Яъне, олим бояд дар доираи рисолати илм содиқонаву софдилона барои миллат хидмат кунад, дар меҳвари андешаҳояш ҳувияти баланди миллӣ нуҳуфта бошад, ин марзу буми аҷдодӣ, ин хоки муқаддасро воқеан дӯст дорад ва дар ин росто фарогири донишҳои муосири замон бошад, манфиатҳои миллию давлатиро дар мадди аввал гузорад, бо донистани забонҳои хориҷӣ, тавонад Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, дорои маҳсули солими фикрӣ ба нафъи ҷомеа ва давлат бошад. Бояд маҳсули таҳқиқу кори олим ба рушди кишвар мусоидат намояд ва ҳар таҳқиқу нигориши олимона бояд аслияти амиқи илмӣ дошта бошад. Ана, дӯстдории аслии Ватану Миллату Давлат ҳамин аст.

Хулоса, мо мардуми кишвар, ҳама хурду бузург ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш созем, ки ҳар як амали мо, ҳар як андешаи мо, ҳар як қадами мо бояд комилан ба манофеи миллӣ нигаронида шавад. Зеро дар раванди пурпечутоби ҷаҳони имрӯза танҳо василаи ҳимояи арзишҳои таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ дар андешаи миллимеҳвар таҷассум меёбад. Аз ин лиҳоз, бо итминони комил, бо сари баланд, бо рӯҳияву рағбати наку, бо сарфарозиву ифтихор, бо арҷгузориву фараҳмандӣ батакрор иброз медорем: Тоҷикистон, ба пеш!

Воқеан, имрӯз ин шиор пандомӯзи пиру барнои кишвари азиз аст.

 

 

Ардамеҳр Ашурзода

номзади илмҳои таърих,

ходими пешбари илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

BACK