NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Зарурати ҳамоҳанг кардани мавзӯъҳои таҳқиқии муассисаҳои илмӣ бо ҳадафҳои вазорату кумитаҳо

Author: Lutfullo Barotov

Расм

Истифодаи самараноки захираҳои маҳдуд дар сатҳи як кишвар, барои ҳама масъулони давлатӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Захираҳо ҳамеша маҳдуд ҳастанд. Ҳатто бузургтарин кишварҳои ҷаҳон бо маҳдудияти захираҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Даврони васеъсозии давлатҳо ва аз ҳисоби дороии кишварҳои мағлуб зистан кайҳо гузаштаанд. Дар замони муосир ҳадафи ҳар ҳукумати хирадманд истифодаи самараноки захираҳои маҳдуди худ аст. Аз ҳама нишондиҳандаи дақиқтарини рушди як кишвар ин болоравии самаранокии меҳнат мебошад, ки он дар шакли Муҷмӯи маҳсулоти миллии сарона бо нархи собит ҳисоб карда мешавад.

Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони илму технология мебошад. Ба даст овардани илму технология ва истифодаи он дар раванди идораи давлат бе ҳамоҳанг сохтани мавзӯъҳои пажуҳишии муассисаҳои илмӣ бо барномаи амали вазорату кумитаҳо ғайримумкин аст. Роҳи осони ба вуҷуд овардани ин ҳамоҳангӣ муайян кандани талаботҳои ҳар як вазорату кумита мебошад. Вазорату кумитаҳо кори амалӣ мекунанд ва аз ҳама бартариву камбудиҳо дар соҳаи худ огоҳ ҳастанд. Онҳо метавонанд масъалаҳои ҷориро муайян карда, дар шакли рӯйхат ба муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ ироа кунанд. Ин рӯйхат метавонад дар дастрасии озод бошад. Дар баробари муассисаҳои илмӣ-пажуҳишие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дигар олимони алоҳида ва ё гурӯҳи муайяни олимон метавонанд мавзӯъҳои ҷориро мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода, натиҷаи онро ба вазорату кумитаҳои дахлдор расонанд. Агар роҳу усулҳои пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи пажуҳишгарон беҳтар бошад вазорату кумитаҳо метавонанд онро амалӣ созанд. Дар ҳоле ки ин гурӯҳи баранда аз буҷа маблағгузорӣ намешавад, вале иқтидори илмии баландтар дорад, масъалаи ба массисаҳои илмӣ-пажуҳишии давлатӣ ҷалб кардани аъзои он дида баромада шавад. Ин равиши кор рақобатро дар илм ба вуҷуд меорад, ки боиси рушди босуръат дар ин соҳа гашта метавонад.

Мутасифона, имрӯз дар кишвари мо чунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо муаасисаҳои давлатӣ дида намешавад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ худ мавзӯи пажуҳишии худро интихоб карда, бе супориши муайян аз ҷониби давлат, онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар натиҷа истеҳсоли ҳазорҳо мақолаи илмӣ таъсири назаррасе ба рушду пешрафти давлати миллӣ расонида наметавонад. Семинару конфронсҳои илмӣ мақоли “омаданду, нишастанду, гуфтанду хурданду рафтанд”-ро ба хотир меоранд. Ин ҷо гунаҳгор кардани олимону пажуҳишгарон осон ба назар мерасад. Метавон фарёд зад, ки онҳо ба корҳои беаҳамият барои рушду пешрафти мамлакат машғул ҳастанд. Вале масъалаи ососӣ будан ва ё набудани супориш ва дархостҳо аз ҷониби сиёсатмадорон аст. Вазорату кумитаҳо мушкилоти худро бо олимон дар миён намегузоранд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба олиму муассисаҳои илмӣ-пажуҳиши ниёз надошта бошанд. Аммо ин хато аст. Дар ҳама кишварҳои пешрафта, муваффақият бо роҳҳои илмӣ ба даст омадааст. Давлатмардони онҳо зарурати ҳамкории зич бо олимону пажуҳишгаронро дарк карда, дар баробари маблағгузории буҷетӣ мушкилоти худро бо олимон дар миён гузошта, роҳу усулҳои самараноки ҳали онҳоро дасхост мекунанд. Ҳатто аз пажуҳишгоҳҳои хориҷӣ кумак дархост мекунанд. Мисоли равшани ин ҳамкории ҳукуматҳои Ветнаму Эфиопия бо пажушиҳгоҳи ҷопонӣ мебошад. Ҳар як лоиҳаи илмӣ хеле ҷиддӣ омӯхта шуда, аҳамиятноки он санҷида мешавад. Танҳо баъди рабт доштани мавзӯъи лоиҳа ба мушкилоти ҷомеа он лоиҳа маблағгузорӣ мешавад. Ин равиш ҳамасола такрор мешавад. Тими илмӣ-пажуҳишие, ки дуруст кор карда натавонад ва лоиҳаро ба таври қаноатбахш иҷро накунад соли дигар маблағ гирифта наметавонад. Ҳатто агар ин тим дар муассисаи имлии давлатӣ кор кунад.

Дар ҷаҳони муосир шохаҳои илм хеле зиёд ҳастанд. Ҳеҷ кишваре наметавонад барои пажуҳиши ҳамаи он маблағу захираи инсонӣ дошта бошад. Ҳар кишвар бартариҳои нисбии худро дар шохаҳои муайяни илм дида, аҳамияти омӯзиши онҳоро барои худ месанҷад ва баъдан барои пажуҳиш дар он самт шароит муҳайё карда, бо ҳадафҳои муайян маблағгузорӣ мекунад. Оё дар Тоҷикистони мо чунин омӯзишҳои пешакӣ боре гузаронида шудаанд? Агар гузаронида  шуда бошанд натиҷаҳои онҳо дар дастрасии озод ҳастанд ё не? Ба ҳар ҳол мо ҳамчун пажуҳишгар ба чунин маълумот дастрасӣ надорем ва метавон ҳадс зад, ки чунин омӯзишҳои пешакӣ ба хотири самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ гузуронида нашудааст. Ин аст, ки мо муассисаҳои илмии зиёд дорем ва ҳатто дар вазорату кумитаҳои алоҳида шуъбаҳои тадқиқотӣ вуҷуд доранд, вале  таъсири онҳо дар идораи давлатӣ дида намешавад. Дар ин пажуҳишгоҳҳо мавзӯъҳои камаҳамият мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва баъди нашр шудан зуд аз хотир мераванд. Ҳанӯз имкониятҳои оддитарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди истифодаи васеъ қарор нагирифтаанд, вале бо пули буҷети давлатӣ ҳуши маснуӣ меомӯзанд. Ин ба мисоли навиштани китоб бе пура аз худ кардани алифбо аст. Ин ба маънои самаранок истифода нашудани захираҳои маҳдуди буҷа мебошад.

Аз ҷониби вазорату кумитаҳо муайян ва мушаххас кардани мушкилот ва дархости роҳи ҳалли онҳо аз олимон зарур ба назар мерасад. Дар баробари ин, эътирофи мавҷудияти камбудиҳо ва омодагӣ барои қабул ва амалӣ сохтани пешниҳодҳои илмӣ аз ҷониби олимон ногузир аст. Бе эътироф кардани мавҷудияти камбудиву мушкилот ва бе омодагии амалӣ сохтани пешниҳодҳои илмии олимон аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор ҳамоҳангии илм бо вазорату кумитаҳоро ба роҳ мондан душвор аст. Аммо агар мушкилот мушаххас шуда, дархосту талаботи вазорату кумитаҳо ба муассисаҳои илмӣ-пажуҳишии буҷавиву ғайрибуҷавӣ сари вақт ироа гардад, ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Вазорату кумитаҳо шарики боэътимод дар симои пажуҳишгарон дошта метавонанд, ки ин ҳалли мушкилоти мавҷударо ба маротиб осонтар мекунад. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар навбати худ мавзӯъҳои аз ҳама аҳамиятноктарин дар ҷомеаро метавонанд барои омӯзишу баррасии илмӣ дошта бошанд. Донистани ин, ки натиҷаи тадқиқоти онҳо мушкилоти ҷомеаро ҳал карда метавонад, таъсири мусбати худро дар кору фаъолияти олимон мерасонад. Илова бар ин, рақобати озод дар ин соҳа, ки талаботи муассисаҳои давлатӣ ба вуҷуд меорад, боиси сифатан дигар шудани пажуҳишҳои илмӣ дар Тоҷикистон мегардад.

Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти олимон бо мушкилоти вазорату кумитаҳо вазни мавзӯъҳои омӯхташаванда дар муассисаҳои илмӣ-пажушиширо муайян карда метавонад. Ба ин маъно, ки бо маблағи маҳдуде ки ҳамасола барои соҳаи илм ҷудо мешавад бояд аз ҳама бештар мавзӯъҳои аввалиндараҷа омӯхта шаванд. Маълум аст, ки дар ин давраи таърихӣ, ки ҳадафи асосии давлати миллии мо дастрасӣ ба ҷаҳиши иқтисодӣ мебошад, ба омӯзиши мавзӯъҳои иқтисодиёти рушд ва истифода аз технологияҳои нав дар ҳама гуна хизматрасониҳои давлатӣ бояд вазни бештар дода шавад. Албатта, наметавон илмҳои дигарро пурра сарфи назар кард, аммо ҳатман ҳар як соҳаи илм дар ин давраи таърихӣ бояд вазни худро дошта бошад. Кам кардани омӯзиши адабиёту таърихи фалсафа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ба хотири сафарбар кардани маблағҳо ба соҳаҳои заруртар, ногузир мебошад. Ин тарзи ислоҳот метавонад барои баъзе гурӯҳҳо дарднок бошад. Вале ҳеҷ ислоҳоти муваффақе бе чунин камбудиҳо нест. Агар мо хоҳем, ки маблағҳои маҳдуди ба соҳаи илму идораи давлатӣ сафарбаршударо самаранок истифода кунем, бояд ба баъзе мушкилоти бархоста аз ин ислоҳоти бунёдӣ тоб оварда тавонем.

Масъалаи ҳамоҳанг сохтани мавзӯъҳои таҳқиқии муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо мушкилоти ҷомеа омӯзиши хеле бештарро мехоҳад. Умедворем, ин матлаби навиштаи мо бетаваҷҷуҳ намемонад. Аз соҳибназарон интизор дорем, ки ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва андешаи худро дар ВАО мунташир месозанд. Дар сӣ соли истиқлол ин масъала ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва агар мо имрӯз саҳлангорӣ кунем ҳаргиз худ ба худ ҳал нахоҳад шуд. Гузаштан аз шумора ба сифат ногузир мебошад ва ҳар чӣ зудтар амалӣ шавад беҳтар аст.

Меҳр Собириён

19,08,2021

BACK