Author: Lutfullo Barotov
Сиёсати геополитикии кишварҳои абарқудрати таъсиргузор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ дар ин минтақа саҳми бузург дорад. Барои ба манфиати худ истифода кардани ин раванд кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки аз аҳдоф ва амалкардҳои ин кишварҳои таъсиргузор огоҳ бошанд ва дар тасимгириҳои худ онро дар назар гиранд. Муаалиф муътақид аст, ки бо ин роҳ метавон рақобати онҳоро барои рушди минтақа истифода бурд.