100 – УМИН СОЛГАРИДИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ТУРКИЯ

Author: Salimov Akbar

Расм

  Ғолиб омадан бар зидди душманҳои берунӣ ва бо ин роҳ ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳадафи асосии миллату давлатҳое ба шумор меравад, ки сарзамини онҳо дар зери муосираи душман қарор дорад. Чи гунае ки ба мо маълум аст, шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 1800-ум то даҳаи дуюми солҳои 1900 миёни кишварҳои Ғарб тақсимоти мероси Империяи Усмонӣ амалӣ мегардид. Зеро дар ин давра системаи идоракунии Империяи Усмонӣ фалаҷ ва занҷири иҷроиши фармонҳо дар қувваҳои мусаллаҳи он аз ҷониби қумандонҳо канда шуда буд. Ин бошад, барои сарзамини имрӯзаи Туркияро пурра зери ҳокимияти худ қарор додан, барои ғарбиён фурсати муносиберо фароҳам овард. Аммо онҳо то охир ба ин кор муваффақ нашуданд.

  Агар ба таърихи Туркия назар андозем, аз замони иштироки Империяи Усмонӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳон дар тарафи Олмон, Австро-Венгрия ва Италия, ки оқибати он мамлакатро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ оварда расонид, боиси имзои созишномаи сулҳи Мадрас гардид. Бо ҳамин Империяи Усмонӣ аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хориҷ шуд. Дар натиҷаи шикаст Империяи бузург қисми зиёди ҳудудҳои минтақавиро аз даст дод. Дар аввали соли 1919 шумораи қушунҳои ишғолкунандаи иттифоқчиён дар Анадолу ва Фракия, ба ғайр аз юнониҳо ба 107 ҳазор нафар расида буд. 15 майи соли 1919 юнониҳо дар Осиёи Хурд дар шаҳри Измир маскан гирифтанд. Шаҳри мазкур ва ҳудудҳои ба он тааллуқдошта, аз тарафи Юнон забт карда шуданд. Яке аз ҳадафҳои асосии Юнон он буд, ки мехост империяи Византияро барқарор намояд. Туркҳоро зарур омад, ки дар мубориза бо юнониҳо муқобилияти шадид нишон диҳанд. Муқобилияти онҳо дар таърихи Туркия “Ҷанг барои истиқлолияти Туркия” ном гирифтааст. Дар илми таърихшиносии Шуравӣ “Инқилоби туркӣ (Камолӣ)” ва ё “Ҷанги миллии озодихоҳи халқи турк” бо роҳбарии Мустафо Камол Ататурк (аз 19 майи соли 1919 то 29 октябри соли 1923) инъикос гардидааст.

  Дар давоми ҷанг қушунҳои юнонӣ қисми ғарбии Туркияи ҳозираро ишғол намуданд, қушунҳои итолиёвӣ худро дар Анадолу ҷойгир карданд, аз қисми ҷанубу шарқӣ қушунҳои Фаронса, дар Шарқ бо дастгирии мудохилакорони британиявӣ қушунҳои арманӣ хостанд сарҳади худро васеъ намоянд. Ба зӯрӣ даромадани истилогарон ба ҳудуди Туркия бо ба даст овардан ва содирот намудани ҳафриёти археологӣ ба давлатҳои Аврупо амалӣ карда шуданд. Ин боиси он гардид, ки бештари мероси таърихӣ-фарҳангӣ дар осорхонаҳои шаҳрҳои Берлин ва Лондон мушоҳида мешаванд.

  Дар минтақаҳои ишғолгардида дастаҳои хурди партизанӣ амал мекарданд, ки оҳиста-оҳиста шумораашон бештар мегардид. Ташкил намудани Ҷамъияти умумимиллиро Мустафо Камол, ки собиқ генерали Империяи Усмонӣ буд, ба уҳда гирифт.

  Мустафо Камол Ататурк нобиғае буд, ки маҳз дар ҳамин давраҳои ҳассоси таърихӣ ва тақдирсоз рӯи саҳнаи сиёсати миллати турк омад ва барои ҳифзи сарзамину ба озодӣ расонидани миллату давлати худ то охир талош намуд. Муҳориба бар зидди нерӯҳои ҳарбии кишварҳои Ғарб алалхусус Юнон дар соли 1922 имконияти ниҳоии туркҳо барои пойдор нигоҳ доштани сарзамини худ ба ҳисоб мерафт, ки сарварии онро Мустафо Камол Ататурк ба уҳда дошт. ‘’Ҳамлаи бузург”, ки бо мақсади ғолиб омадан дар санаи 26 – уми июл ва 30 – юми августи соли 1922 аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии туркҳо бо роҳбарии Ататурк бо муваффақият ба анҷом расонида шуд, ифодагари аввалин қадами соҳибистиқлолии Туркияи имрӯза ба шумор меравад. Ин муҳориба миёни турҳо ва юнониҳо яке аз ҳодисаҳои муҳими таърихи сиёсии асри ХХ ба ҳисоб меравад.

  Муҳорибаи мазкур ҳамчун амалиёти ҳарбии пинҳоние, ба ҳисоб мерафт, ки дар бораи он ба ҷуз аз Ататурк ва ду се тан ҳамяроқони ба ӯ наздик дигар касе маълумоти дақиқ надошт. Мақсади асосии махфиияти ин амалиёт дар он буд, ки он замон дар дохили Туркияи комилан таъсиснаёфта мухолифон ва пайравони ақидаҳои гуногун, ки ба ҳокимияти Ататурк зид ва хеле зиёд буданд ва онҳо метавонистанд ин нақшаро барҳам диҳанд. Ҳамин тавр ҳамлаи бузург бо сардории Ататурк, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Туркия Фейзи Чакмак ва фармондеҳи қароргоҳи ҳарбии ғарбӣ Исмет Инӯнӣ субҳи 26 – уми июл дар Каҷатеппа бар зидди нерӯҳи Юнон оғоз шуд.  

  Дар ин муҳориба аз ҷониби Юнон 6564 нафар афсар, 218.000 нафар сарбоз, 83 адад туфанг, 1300 адад шамшер, 3113 адад туфангҳои автоматӣ, 1280 адад силоҳҳои оташфишон, 418 адад тӯп ва 50 ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар карда шуд. Аз ҷониби туркҳо бошад 8569 нафар афсар, 199. 283 нафар сарбоз, 100.352 адад туфанг, 2.025 адад туфанги оташфишон, 839 адад туфанги автоматӣ, 5.000 шамшер, 480 тӯп ва 8 ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар гардида буд. Муҳориба рӯзи 30 – юми августи соли 1922 бо ғалабаи Туркия ба охир расид ва бо ҳамин сарзамини имрӯзаи Туркия аз душман ҳимоя карда шуд.

  Дар натиҷаи шикаст дар назди Думлупинор боқимондаи қушунҳои юнониҳо бо ҳамроҳии гурезагон дар шаҳри Измир ҷамъ омаданд. 9 сентябри соли 1922 қушунҳои Туркия ба шаҳри Измир даромаданд. Дар охир ҳаракати миллӣ-озодихоҳии туркҳо шаҳри Истамбулро ба дасти худ гирифт. Ҳокимияти мутлақо барканор карда шуд, султон мамлакатро тарк кард. Дар Туркия сохти ҷумҳуриявӣ барқарор карда шуд. Дар соли 1923 созишномаи сулҳи Лозан ба имзо расид, ки тибқи он мамлакатҳои узви аҳдномаи Антанта аз даъвои талаби минтақаҳои Туркия даст кашиданд. Ҳамон вақт Туркия ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карда шуд.

  Аввалин ҷашни расмии иди ғалаба дар Туркия 30 – юми августи соли 1924 дар Думлупинар бо иштироки Мустафо Камол Ататурк таҷлил карда шуд. Маҳз натиҷаи ин ҳамлаи бузург аст, ки  рӯзи 30 – юми август то имрӯз дар Ҷумҳурии Туркия ҳамчун рӯзи “Иди ғалаба” аз ҷониби туркҳо бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

  Имсол аз ин ҳодисаи барои туркҳо таърихан муҳим расо сад сол сипарӣ гардид ва дар Туркия садсолагии Иди ғалаба бо пос доштани хотироти ҳамаи онҳое, ки дар он саҳм гузоштаанд таҷлил мегардад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳи доимӣ миёни ҳамаи халқҳои олам ва хоҳони бардавомии соҳибистиқлолии ҳамаи миллатҳо ин рӯзи зафарро ба мардуми кишвари дӯсту бародар - Туркия шодбош мегӯяд.


Салимов Акбар,

Турсунов Ҳусен 

кормандони илмии Институт

BACK