Author: Salimov Akbar
Дар даврони соҳибистиқлолии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кишварҳои дуру наздик равобити судмандро бо риояи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ барқарор созад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо сабаби ноором будани вазъи дохилии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, барқарорсозии равобити дипломатӣ ё муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари тозаистиқлол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ басо мушкил буд. Новобаста ба мушкиливу вазъи ноороми кишвар Президенти кишвар тавонистанд дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани ҷойгоҳу нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.
Пас аз ба эътидол овардани вазъи носуботи кишвар ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” баҳри шинохти кишвар дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои эҳёву рушди кишвар равобити байналмилалиашро оғоз намуд, ки ин раванд то ба имрӯз дар ҳоли густариш қарор дорад. Таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои калидии дуру наздик дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Далели равшани сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътирофи Ҷумҳурии Туркия ҳамчун яке аз кишварҳои шарикони муҳимми байналмилалӣ мебошад, ки кишвари Туркия пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қатори аввалин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва эътироф намуд.
Имрӯзҳо аз барқарории муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия 30 сол сипарӣ мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 29 январи соли 1992 барқарор гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Туркия бошад 22 марти соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар пойтахти Туркия дар шаҳри Анкара ифтитоҳ гардид.
Дар тӯли 30 соли сипаришуда ташрифҳои расмии байнидавлатии Роҳбарони олимақоми ду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия дар солҳои 1996, 1998, 1999, 2006, 2009, 2010 ва 2012 ва Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Тоҷикистон дар солҳои 1995, 2001, 2009 ва 2019 сурат гирифтанд.
Дар заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар то ба имрӯз зиёда аз 70 санадҳои муштараки ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ин аз густариши муносибатҳои байни ду кишвар дар муддати сипаришуда шаҳодат медиҳад.
Равобити Тоҷикистону Туркия бар асоси сиёсати дӯстона, муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ ва тиҷоратӣ, ки омилҳои созанда ва муассири таҳким ва густариши пайвандҳои ду кишвар мебошанд, асос ёфтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз омили муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар самти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки ҳамоиши нахустини он соли 2000 барпо гарида, то имрӯз зиёда аз даҳ нишасти муштараки он сурат гирифтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар заминаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар соҳаи иқтисод, фарҳанг, илму маориф ва техникӣ як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки дар ин самт ҳамоишу форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои муштараки молҳои истеҳсолӣ сурат гирифтанд. Туркия имрӯз яке аз шарикони муҳими тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, яъне таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои ҳамкории муштараки судманд дар ин раванд дар фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии ду кишвар мусбӣ арзёбӣ гардидааст. Дар ин замина пешниҳоди имкониятҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории муштарак байни ширкатҳои саноатии ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 90 корхонаҳои иқтисодӣ барои рушди саноати кишвар ба фаъолият пардохтанд.
Моҳи апрели соли 1996 дар шаҳри Душанбе дафтари Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ифтитоҳ гардид. 19-20 октябри соли 2018 бошад дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Институти таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи Ҷумҳурии Туркия ва дастгирии Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор гардид.
Дар Симпозиум беш аз 20 нафар муҳаққиқони 5 кишвар (Тоҷикистон, Туркия, Афғонистон, Эрон ва Узбекистон) дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба аҳволу осори Мавлоно суханронӣ намуданд. Боиси тазаккур аст, ки осори ғании Мавлоно ҳамчун василаи муҳимми гуфтугўи тамаддунҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар нақши калон мебозад.
Бояд зикр намуд, ки миёни ду кишвар вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва минтақа ҳамкориҳои судманд дар самти мудофиа, таъмини амнияти минтақа, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қоҷоқи одам, ифротгароиву терроризм низ ба роҳ монда шудааст.
Бо қаноатмандӣ метавон таъкид намуд, ки имрӯз сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла, таҳдиду хатарҳои омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва паёмадҳои фарогири COVID-19 муносибатҳои байнидавлатии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар меҳвари фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Сарчашмаҳои истифода шуда:
Салимов А.Ҳ.
ходими калони илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик