ҶАҲОЛАТ

Author: Shamsiddin Karimov

Расм

 (Андешаҳо перомуни ҷанги Исроилу Фаластин)

Ҳодисаҳое, ки ахиран дар Шарқи Миёна сурат мегиранд, дар ниҳояти кор баёнгари буҳрони амиқ ва беназир дар таърихи муносибатҳои байналмилалии замони муосир ба шумор мераванд. Аз як тараф, беқурб ва беқадр шудани арзишҳо ва усулҳои аслии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва архитектураи тартиботи замони муосир ба назар расад, аз тарафи дигар, дағалона поймол шудани арзишҳои аслии инсонӣ ва ҳуқуқи башар равшан мушоҳида мегардад. Чаро чунин як ҳолати ғайри қобили қабул ва ношоям ба амал омад? Оё роҳҳалҳои пешгирӣ аз чунин вазъи номатлуб вуҷуд доштанд? Оқибат ва паёмадҳои чунин вазъи буҳрони саросарӣ, то кадом андоза хоҳад буд?

Албатта, терроризм дар ҳама шаклаш манфур аст ва мо онро қабул надорем. Андеша ва афкори иртиҷоиву ифротгарона, махсусан амалҳои тахрибкорона, ки дар ниҳояти кор ба марги инсонҳо ва хароботи инфрасохторҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иҷтисодӣ оварда мерасонанд, бешубҳа, маҳкум карда мешаванд. Масалан, новобаста ба он, ки Афғонистон на фақат кишвари бо мо ҳамсоя, балки ҳамзабону ҳаммазҳаб ҳам аст, таърих ва фарҳанги ғании муштарак моро ҳамдил сохтааст, низоми сиёсии имрӯзаи ин кишгварро мо қабул надорем ва қабул ҳам карда наметавонем. Ин маънӣ дар изҳороти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳол ва яқинан баъд аз чанд рӯзи ба сари қудрат омадани Толибон садо дода буд. Чунин мавқеъгирии усулӣ, албатта, шоистаи таҳсин аст.

Аммо чаро сарони як идда кишварҳое, ки дар майдони сиёсат ва арсаи ҷаҳонӣ худро яккатоз медонанд, чунин мавқеъгирӣ надоранд? Чаро аз усули “як бому ду ҳаво” кор мебаранд? Яқинан, онҳо манфиатҳои аслии тӯдаҳои васеи мардумони кишварашон, гузашта аз он, манфиатҳои умуммибашариро сарфи назар мекунанд. Ҷангҳои хонумонсӯзи садаи XXI, аз қабили Афғонистон, Ироқ, Ливия, Сирия, Судан, Украина, Яман бар дӯши ҳамин “сиёсатмадорон” аст, ки манфиатҳои шахсиву оилавӣ ва корпоративиашонро дар ҷои аввал гузоштаанд. Барои ин гурӯҳ на қонун вуҷуд дорад, на амри Парвардигор.

Дар ин қарина ҷанги Исроилу Фаластин даҳшатноктарин арзёбӣ мешавад, чун доираи он ва шаклҳои пешбурдаш қобили қабул ва фаҳмиши ақлу андешаи инсон нест. Магар як миллатро “ҳайвон” ном бурдан ҷоиз аст? Магар ин фашизм нест, пас онро чӣ ном бурдан мумкин? ХАМАС шояд гунаҳгор бошад ва, агар ҳаст, бояд дар доираи муқаррарот ва низоми қонунгузории мавҷуда муҷозот гардад, аммо мардуми оддӣ чӣ гуноҳ дорад? Аслан ҳаракати ХАМАС чаро арзи вуҷуд кард? Чаро ба ҷурми як ташкилот аҳолии муқими ин минтақа, ки шояд ҳеҷ иртиботе ба ХАМАС надошта бошанд, нобуд карда шаванд? Минтақаи Ғаза пурнуфустарин минтақаи ҷаҳон ба шумор меравад ва дар он ҷо андак кам чор миллион аҳолӣ, ки қисмати бештарашро занону кӯдакон ва куҳансолон ташкил медиҳанд, зиндагӣ мекунанд. Магар бомборон кардани онҳо ҷаҳолат ва амали ғайриинсонӣ нест?! 

Мардуми Исроил, бешубҳа, арҷманд ва муҳтараманд. Аммо чаро як зумра сарони кишварҳои абарқудрат ва роҳбарони олимартабаи иттиҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ якдафъа рӯ ба Исроил оварданд, худро ғамшарики ин кишвар эълон карданд, дар ҳоле ки дар мавриди кишварҳои дигар, миллатҳои дигар чунин амалро раво надонистанд? Магар дарду кулфат ва фоҷиаи Афғонистону Сирия, Ироқ ё ҳамин Фаластин рангу бӯи дигар дорад?

Аз назари мо, чунин амалҳои нописанд на фақат обрӯву эътибори сиёсати байналмилалии замони муосирро мерезонад, онро шармандаву шармсор мекунад, балки ба низоъҳои нав, нифоқу бадбиниҳои нав оварда мерасонад. Бо чунин як “сиёсат” доира ва ҷуғрофиёи ҷанги Исроилу Фаластиро метавон ба таври қобили мулоҳиза густариш дод, онро метавон ба ҷанги мазҳабӣ кашид. Саволи матраҳ ин аст, ки масъулияти оқибат ва паёмадҳои чунин рафтору кирдор бар дӯши кист, киро ба ҷавобгарӣ бояд кашид?

Ин ҷаҳолат аст ва он маргбор аст. Ҷаҳолат дар сиёсат ин ба ҳукми нестӣ супоридани ҳама амалҳои нек, бовари мардум ба ояндаи шукуфон, муҳаббат, эҳтиром ва умеду орзу ба зиндагии беҳтар аст. Ҷаҳолат дар сиёсат шикасти низоми мураттаб ва муқаррароти қобили қабули ҳамагон аст. Ҷаҳолат дар низоми давлатдории солим ва сиёсати башардӯстона саратон аст. Онро решакан бояд кард.   

Ш. КАРИМОВ,

сарходими илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

BACK