Ҳамкориҳои геополитикиву геоиқтисодии Шарқи Миёна ва Осиёи Марказӣ

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

(Андешаи коршиносони минтақа оиди саммити " GCC+ Осиёи Марказӣ")

Кишварҳои Осиёи Миёна, ки роҳи озоди тиҷорати баҳрӣ надоранд, тавассути амалӣ сохтани лоиҳаҳо, метавонанд ба тамоми ҷаҳон аз ҷумла уқёнуси ҳинд бипайванданд. Шурӯъ аз санаи 18-уми моҳи июли соли 2023 вуруди роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар Саммити ифтитоҳии "Осиёи Марказӣ + GCC" ба Арабистони Саудӣ оғоз гардид. Саммити ифтитоҳии "Осиёи Марказӣ + GCC" марҳалаи муҳим дар густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳадафи ин нишаст, ки Арабистони Саудӣ оғоз кардааст, таҳкими равобит дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва башардӯстона ва ба тартиб даровардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ мебошад.

Инҷо мо назару андешаҳои коршиносони маркази таҳлилии SpecialEurasia[1] хонуми Силвиа Болтук муассиси марказ ва мутахассиси умури байналмилалӣ, таҳлилгари сиёсӣ ва Ҷулиано Бифолчи доктори илмҳои таърих ва исломшинос аз Донишгоҳи Рум Тор Вергата барои шинохти бештари мавзӯъ меоварем.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи маркази мазкур баҳодиҳии хатарҳо ва пешгӯии геополитикӣ ва машварат бо ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ дар бораи чолишҳои кунунӣ ва имкониятҳои ояндаи Авруосиё мебошад.

Кишварҳои Халиҷи Форс ба минтақа фаъолона сармоягузорӣ мекунанд, ҳамчун як платформа барои таҳкими шарикӣ ва эҷоди як механизми ягона барои тақвияти ҳузур ва нуфузи минтақавӣ, сарфи назар аз масофаи ҷуғрофӣ ва мушкилоти мавҷуда хидмат мекунанд.

Дар ин зимн, Саммити «Осиёи Марказӣ + Шӯрои Ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» (CA + GCC) Рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ин иқдомро барои шинохту арзёбии тарҳҳое, ки шоҳигариҳои арабии Халиҷи Форс дар Осиёи Марказӣ амалӣ кардаанд дар партави фарҳанг ва дин пешбарӣ мекунад.

Воқеан, Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин ин кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ва бозигари муҳим дар мамолики шарқ буда, барқарории робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраро миёни кишварҳо муҳиму саривақтӣ меҳисобад.

Ҳамин тариқ, замина барои нишасти ОМ+ GCC соле пеш замоне гузошта шуда буд, ки дар Риёз нахустин нишасти вазирони “Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс – Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.

Дар ин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои Халиҷи Форс (Арабистони Саъудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Уммон ва Қатар) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) ширкат доштанд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла барқарорсозии занҷираҳои таъминот, ки бар асари пандемия халалдор шудаанд, таҳкими амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва об, рушди энергияи сабз, ҳалли мушкилоти экологӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва таъсиси механизмҳои дахлдори тиҷорат ва сармоягузорӣ мувофиқат кунанд.

Ҳадафи ин нишаст, ки дар Ҷидда, пойтахти молии Арабистони Саудӣ ба низом даровардан ва институтсионализатсияи ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷи Форс ва тарҳҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ аст.

Кишварҳои Халиҷи Форс ба минтақа фаъолона сармоягузорӣ карда, ҳамкориҳову шарикӣ ва лоиҳаҳои иқтисодиро густариш медиҳанд.

Дар ин зимн, Қазоқистон аз фонди мустақили сармоягузории Арабистони Саудӣ дастгирии назарраси молиявӣ мегирад, ки аз имкониятҳои эҳтимолӣ барои ҳамкориҳои минбаъда шаҳодат медиҳад.

Ӯзбекистон низ аз Арабистони Саудӣ ба маблағи 14 миллиард доллар созишномаҳои сармоягузорӣ ба даст овард ва шоҳиди афзоиши сармоягузориҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, бахусус дар бахши энержии он аст. Қатар низ дар минтақа сармоягузории қобили мулоҳиза анҷом додааст, аз ҷумла тарҳи бунёди Диёри Душанбе ва бузургтарин масҷиди Тоҷикистон ба маблағи калон аз ҷумлаи онҳост.

Инҷо бояд зикр кард, ки таъсиси формати ОМ+ GCC як гирдиҳамоии нави геополитикии лоиҳаҳои бузург дар минтақа буда, таваҷҷуҳи бозигаронро, аз қабили Русия, ИМА, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Эрон ва Туркияро ҷалб мекунад.

GCC талошу кӯшиш мекунад, ки муносибати ягонаро нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул кунад.

Дар таърих, кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақа тарҳҳои инфиродии тиҷоратӣ ва ибодатгоҳҳоро дунбол карда, новобаста аз ҳамдигар амал мекарданд. Ҳамоиш имкон медиҳад, ки ҳузури кишварҳои Халиҷи Форс дар Осиёи Марказӣ тавассути як механизми воҳид тақвият ёбад.

Инҷо метавон ишора кард, ки Ислом дар наздик шудани кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Бо вуҷуди ин, масофаи ҷуғрофӣ байни минтақа душвор буда, ба рақобатпазирии умумии сармоягузориҳои кишварҳои Халиҷи Форс дар Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад.

Бо вуҷуди заминаи қавии динӣ, фаъолони дигар, аз қабили Чин ва Русия, дар минтақа нуфузи бештаре низ доранд. Мониторинги рушди вазъият барои фаҳмидани оқибатҳои дарозмуддати формати CA+GCC муҳим хоҳад буд.

Бозингари дигари муҳим дар Осиёи Марказӣ Туркия аст, ки аз Созмони кишварҳои туркӣ ва равобити фарҳангӣ бо Остона, Тошканд, Бишкек ва Ашқобод барои тарғибу таблиғ ва таъсиси як блоки алтернативӣ дар Авруосиё ҳамчун ҳадафи аслии сиёсати хориҷии худ истифода мекунад.

Дар ин самт, ҳакмориву дастгирии Эрон дар Осиёи Марказиро нодида гирифтан мумкин нест. Теҳрон дар рӯбарӯ бо таҳримҳои Ғарб тамаркузи худро ба самти шарқ равона карда, ба динамикаи Осиёи Марказӣ барои густариши ҳамкорӣ машғул аст. Сохтори муштараки таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ бо Душанбе имкон медиҳад, ки Теҳрон равобитро дар инҷо таҳким бахшад. Гузашта аз ин, узвияти Теҳрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад барои тарҳҳои густурдатар ва густариши равобит дар минтақа таконе диҳад.

Хулоса, саммити Ҷидда, ба кишварҳо имкон медиҳад, ки худро ҳамчун як блоки муттаҳид бо манфиати фаъол ба густариши соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунанд. Ин ҳамоиш аз нияти кишварҳои Халиҷи Форс барои густариши ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкориҳои бештари байниминтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ҳоле ки Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад, ояндаи минтақаро амалҳо ва стратегияҳои ин бозигарони калидӣ муайян хоҳад кард. Аммо намову манзараи геополитикӣ динамикӣ боқӣ мемонаду ҳар як бозигари минтақа кӯшиш мекунад, ки манфиатҳо ва нуфузи худро дар ин қисми муҳими ҷаҳон расонида, ҳамкориҳояшро тақвият бахшад.

Инҷо бояд таъкид кард, ки Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолият тавонист дар партави хирад мактаби созандагиву сулҳофаринии худро бунёд намуда, ташаббусҳои минтақавиву ҷаҳониаш, аз ҷумла, масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 — уми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ якдилона қабул гардида, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пазируфта шуд. Дар назар аст, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб суханронӣ намуда, пешниҳодҳои хубу саривақтиро барои беҳбудии насли башар ва аҳли сайёра ироа хоҳанд. Саммити Ҷидда, ки бо сарпарастӣ ва мизбонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо натиҷаҳову қарорҳои чашмдошти он ҳамкорӣ ва ҳамгироии дастаҷамъии бештари давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар амалӣ кардани рушду шукуфоии аҳли башар, таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳад бахшиду дар партави мактаби сулҳу созандагии Тоҷикиситон ва дар ин зимн, бояд таъкид кард, ки донишмандону муҳаққиқон мушатаракона метавонанд дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва формулаи эҷодшудаи камина аз “PEACE” ё ба ибораи дигар

Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу субот

Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ

Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо

Cooperation-ҳамкорӣ

Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ доранд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

таҳлилгар, ходими калони илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 


[1] https://www.specialeurasia.com/2023/07/18/central-asia-gcc-geopolitics/

 

BACK