Author: Lutfullo Barotov
Дар ҷаҳони муосир кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки аз камбудии сармоя, технология ва қувваи кории зиёд танқисӣ мекашанд, яке аз роҳҳои муассири ҳали ин мушкилотро дар ҳамкории зич бо кишварҳои тараққикарда, ки сармояи иловагӣ ва камбудии қувваи корӣ доранд, мебинанд.
Ҷопон яке аз мамлакатҳои тараққиёфтае мебошад, ки технологияи пешрафта ва сармояи зиёд дорад ва айни замон аз норасоии қувваи корӣ танқисӣ мекашад. Мувофиқи маълумотҳои охир 23 фоизи аҳолии Ҷопон дар синни нафақа мебошанд, ки ин бори сангине барои қишри қобили меҳнати ин кишвар аст. Кишвари Ҷопон барои ҳали ин мушкилии худ дар бозори кишварҳои рӯ ба инкишоф имкониятҳои навро ҷустуҷӯ карда, дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишварҳо сармояву технологияи худро ба ин кишварҳо мебарорад. Ин шароити мусоид барои ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманди кишвари Ҷопон бо кишварҳои осиёӣ боиси рушди муносибатҳои зичи ин кишварҳо гаштааст. Чин, Ҳиндустон ва чанд кишвари рӯ ба инкишофи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Филипин, Ветнам, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Тайланд) аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки беш аз ҳама аз ин имкониятҳои фароҳамомада истифода кардаанд. Додугирифти мутақобила миёни ин кишварҳо дар 20 соли охир ба таври назаррас зиёд шуда, ба миллиардҳо доллар расидааст.
Омӯхтани таҷрибаи муносибатҳои иқтисодии кишварҳои мазкур бо Ҷопон ва роҳу усулҳои ҷалби сармоя ва технологияи ҷопонӣ ба ин кишварҳо барои Тоҷикистон, ки ба кишварҳои рӯ ба инкишоф дохил мешавад, саривақтӣ ва зарур мебошад. Кадом кишвар дар ҷалби сармоя ва технологияи Ҷопон пешгомтар аст ва дар заминаи кадом қонуну қоидаҳо ва дар кадом муҳити сармоягузорӣ аз дигарон пеш гузаштааст, метавонад объекти омӯзиши мо бошад. Бо омӯхтан ва арзёбии дуруст кардани вазъият ва иштибоҳу дастовардҳои давлатҳои номбаршуда, кишвари мо метавонад аз такрори иштибоҳҳои дигарон эмин бошад ва ба бартариҳову мувафақиятҳои онҳо мутамарказ шуда, муҳити сармоягузории худро беҳбуд бахшад ва дар ҷалби сармояву технологияи кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷопон, муваффақтар бошад.
Ҷопон ва Ҳиндустон
Ҳиндустон пеш аз ҳама як бозори калон ва рушдёбанда барои иқтисоди мабнӣ бар содироти Ҷопон мебошад. Дар ин кишвар солҳои охир қишри миёнаи аҳолӣ, ки асоси иқтисоди ҳар кишвареро ташкил медиҳанд, бо суръати баланд зиёд мегардад. Дар баробари ин, аҳолии солманди Ҷопон (23 фоизи аҳолӣ аз 65 сола боло мебошанд) ва аҳолии нисбатан ҷавони Ҳиндустон (50 фоизии аҳолӣ аз 25 сола поён мебошанд), норасоии қувваи корӣ дар Ҷопон ва фаровонии захираҳои меҳнатӣ дар Ҳиндустон, бартариҳои Ҳиндустон дар барномасозӣ ва бартарии Ҷопон дар сохтани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои фаровони ашёи хом дар Ҳиндустон ва сармояву технологияи Ҷопон барои истеҳсоли маҳсулоти доништалаб ва наздикии ҷаҳонбинии мардуми ду кишвар, аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар таъсир мегузоранд. Вазъияти имрӯза ва дурнамои умедбахши иқтисодӣ Ҳиндустонро сармоягузорон ва соҳибкорони ҷопонӣ ба дурусти дарк мекунанд ва аз имкониятҳои фароҳамомада дар даҳ соли охир ба дурустӣ истифода кардаанд. Диққати соҳибкорон ва ширкатҳои ҷопониро бозори истеъмолии бузург ва рӯ ба инкишоф ва дороиҳову захираҳо, махсусан захираҳои меҳнатии Ҳиндустон аз ҳама бештар ҷалб кардааст. Ба ғайр аз ин, сохтори сиёсии ду кишвар (демократияи парлумонӣ) ва арзишҳои бо ҳам назидки онҳо (либерализми сиёсӣ ва иқтисоди бозаргонӣ), таҳия ва қабули қонуну созишномаҳои мусоидаткунандаи рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишварро осон мекунад.
Дар муборизаҳои геополитикӣ Ҳиндустон ва Ҷопон манфиатҳои муштараки зиёд доранд, ки аз ин фурсати муносиб ҳам истифода мекунанд. Дар баробари лоиҳаи “Ҷодаи абрешим”-и Чин, онҳо лоиҳаи “Ҷодаи рушди Осиё-Африко”-ро доранд, ки сохтмони инфрасохтори баҳрӣ ва роҳу комуникатсияи дохилӣ барои кашонидани молу колоҳо миёни Осиё ва Африкоро дар мадди назари худ қарор додаанд. Саҳми Ҷопон дар ин лоиҳа 30 миллиард доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳиндустон 10 миллиардро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти ахир ИМА ва Австралия низ майли пайвастан ба ин пружаро доранд. Онҳо мегӯянд, ки ин пружа бар зидди “Ҷодаи абрешим”-и Чин нест, балки як роҳи алтернативие аст, ки Чин ҳам метавонад аз он истифода кунад. Сохтани роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан аз портҳои баҳрӣ ба дохили кишварҳои бузурге чун Ҳиндустон, Австралия, ИМА ва қораи Африко ба фоидаи ҳамагон хоҳад буд.
Тиҷорат миёни Ҷопон ва Ҳиндустон
Ҳаҷми додугирифт миёни ду кишвар аз солҳои 2006 то 2013 тақтибан ду баробар зиёд шудааст. Баландтарин нишондиҳандаи додугирифт миёни Ҳиндустон ва Ҷопон дар соли молиявии 2012-2013 ба қайд гирифта шудааст, ки он баробар ба 18.5 миллиард доллари амрикоӣ мебошад. Соли молиявӣ дар ин кишвар аз 1 апрел оғоз мегардад. Ҳарчанд дар соли молиявии 2015-2016 ин нишондиҳанда то 14,51 миллиард доллар фаромадааст, имкониятҳои зиёди боло бурдани ин нишондиҳанда вуҷуд дорад. Дар соли молиявии 2016-2017 ҳаҷми содироти Ҳиндустон ба Ҷопон 4,66 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давра ҳаҷми воридот аз Ҷопон ба Ҳиндустон ба 9.85 миллиард доллари амрикоӣ баробар буд. Соли молиявии 2016-2017 ин нишондиҳандаҳо боз ҳам бадтар шуда, содироти Ҳиндустон ба Ҷопон 17,38% кам шуда ба 3,85 миллиард доллари амрикоӣ расид ва воридот бошад 2,2% кам шуда ба 9,63 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Ҳиссаи додугирифти дуҷонибаи Ҷопону Ҳиндустон дар панҷ соли охир тақрибан 1% додугирифтҳои хориҷии Ҷопонро ташкил мекард, ки дар ҳамин давра ин нишондиҳанда барои Ҳиндустон ба 2,05-2,34% баробар буд. Маҳсулоти асосии ба Ҷопон содиркардаи Ҳиндустон аз маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, моҳӣ ва маҳсулоти нимтаёри баҳрӣ, маводи маъдании ғайрифилизӣ, санги маъдани фулузот, либос ва лавозимоти дигари шахсӣ, оҳан ва маҳсулоти фулодӣ, маҳсулоти насоҷӣ, дастгоҳҳо, хӯрокаи ҳайвонот ва ғайра иборат мебошанд. Маҳсулоти воридшаванда аз Ҷопон ба Ҳиндустон дастгоҳу мошинолотҳо, маҳсулоти оҳанӣ ва фулодӣ, дастгоҳҳои электрикӣ, таҷҳизоти ҳамлу нақл, маводи кимиёӣ, материалҳои плостикӣ, таҷҳизоти коркарди фулузот, дастгоҳҳои саҳеҳ, маҳсулоти резинӣ, ангиштсанг/сокс ва брикет ва ғайра мебошанд.
Сармоягузориҳои Ҷопон дар Ҳиндустон
Мувофиқи назарсанҷӣ миёни ширкарҳои истеҳсолии Ҷопон, ки аз ҷониби Бонки ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон (Japan Bank for International Cooperation) ахиран гузаронида шудааст, Ҳиндустон аз ҳама бештар сармоягузорон ва соҳибкорони ҷопониро дар солҳои охир ба иқтисоди худ ҷалб кардааст. Дар миёни кишварҳои сармоягузор ба Ҳиндустон Ҷопон дар ҷойи сеюм меистад. Ҳаҷми сармоягузориҳо сол аз сол зиёд шуда истодаанд. Агар дар соли молиявии 2014-2015 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои бевоситаи Ҷопон ба Ҳиндустон 2.08 миллиард бошад, дар соли молиявии 2015-2016 он ба 2.61 миллиард ва дар нуҳ моҳи соли молиявии 2016-2017 4.24 миллиард доллари амрикоиро ташкил кардааст. Маҷмӯи сармоягузориҳои Ҷопон ба Ҳиндустон аз апрели соли 2000 то декарби соли 2016 25.215 миллиард доллари амрикоиро ташкил кардааст, ки ба 8% маҷмӯи сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ ба ин кишвар дар давраи мазкур баробар аст. Ҷопон сармояи худро дар Ҳиндустон асосан ба соҳаҳои автомобилсозӣ, таҷҳизоти электронӣ, телекомуникатсияҳо ва соҳаи кимиё ва дорусозӣ равона кардааст. Шумораи ширкатҳои ҷопонии дар Ҳиндустон сабтшуда дар солҳои охир ба таври назаррас зиёд шудааст. Дар моҳи октябри соли 2016 дар ҳудуди Ҳиндустон 1305 ширкатҳои ҷопонӣ фаъолият мекарданд, ки нисбат ба соли 2015 76 адад (6%) зиёд мебошад. Ин ширкатҳо дар ҳудуди Ҳиндустон 4590 корхона дошт, ки нисбати соли 2015 173 адад (3%) зиёд мебошад. Ширкатҳои Ҷопон бештари сармояи худро тариқи пайвастан ба корхонаҳои Ҳиндустон ва харидани онҳо ба иқтисоди ин кишвар ворид мекунанд.
Қарзҳои имтиёзнок
Ҷопон бузургтарин кишвари кумаккунанда барои Ҳиндустон мебошад. Тавассути Фонди расмии хайриявии худ, Ҷопон дастгирии бевоситаи худро ба Ҳиндустон барои тавсеаи иқтисодӣ, махсусан барои соҳаҳои калидие ба монанди энергетика, ҳамлу нақл, лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва пружаҳои марбут ба ниёзҳои асосии инсон, мерасонад. Қарзҳои дарозмуддат бо фоизи солонаи хеле паст тавассути ин фонд ба Ҳиндустон дода мешавад. Масалан, қарзҳои дарозмуддат ба Ҳиндустон барои 30 сол бо 1.4% солона дода мешавад, ки даҳ соли аввал давраи имтиёзӣ ба шумор меравад. Барои пружаҳои ҳифзи муҳити зист қарзҳо барои 40 сол бо 0.3% солона дода мешавад, ки даҳ соли аввал имтиёзнок мебошад. Ҳамин тариқ, дастгирии молиявии Ҷопон ба Ҳиндустон тариқи қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат дар рушди иқтисоди ин кишвар нақши ҳалкунанда доранд ва ин ба муносибати ду кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ
Яке аз лоиҳаҳое, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои Ҷопону Ҳиндустон суръат бахшидаст Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ (Comprehensive Economic Partnership Agreement) мебошад, ки моҳи феврали соли 2011 ба имзо расида, моҳи августи ҳамон сол мавриди амал қарор гирифта буд. Бо мақсади суръат бахшидан ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар доираи ин созишнома, маҳдудиятҳои тарифӣ кам карда шудаанд. Ҳамин тариқ то соли 2021 дар назар аст 90 дар сади тарифҳо барои маҳсулоти ҷопонии воридшаванда ба Ҳиндустон аз миён бардошта шаванд, ки асосан қисмҳои автомобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ мебошанд. 97 дарсади тарифҳо барои маҳсулоти аз Ҳиндустон ба Ҷопон воридшаванда аз миён бардошта мешаванд, ки ба он асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва моҳидорӣ дохил мешавад.
Хулоса
Тибқи назари коршиносон дар асри 21 маркази молиявию иқтисодии ҷаҳон аз Аврупову Амрико ба Осиё мегузарад. Ҳамкориҳои густардаи иқтисодии кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ аз як тараф ва Чин, Ҳиндустон, Ветнам, Малайзия ва ғайра, ки захираҳои кадрии зиёд ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ доранд, заминаи ин пешравиҳо хоҳад буд. Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷопону Ҳиндустон намунаи ибрат метавонад бошад. Ин ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ тақвиятбахши якдигар буда, молу колоҳоеро ба бозори ҷаҳонӣ бароварда метавонанд, ки рақобатпазир ҳастанд. Бозорҳои дохилии ин ду кишвар аз серистеъмолтарин бозорҳои минтақа буда, имконияти фаровонеро барои рушди истеҳсолот фароҳам меоварад.
Бо дарназардошти ин ҳама имкониятҳо, ҳукуматҳои ин ду кишвар шароити ҳуқуқии мусоидеро барои осон кардани муносибатҳои иқтисодӣ фароҳам оварда, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то гардиши озоди молу сармоя таъмин карда шавад. Бастани Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ (Comprehensive Economic Partnership Agreement) дар соли 2011 аз ҷумлаи ин кӯшишҳои ҳукуматҳои Ҷопону Ҳиндустон барои ҳали ин масъала мебошад. Таъсири мусбати ин ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷопону Ҳиндустон ба дигар кишварҳои минтақа ҳам хоҳад расид. Аз иҷрои лоиҳаҳои роҳу комуникатсионӣ дар доираи ҳамкориҳои ин ду кишвар, дигар кишварҳои минтақа ҳам истифода карда, иқтисоди худро вусъат медиҳанд. Арзишҳои демократия, сулҳҷӯӣ, таъмини ҳокимияти қонун, гуманизм ва эҳтироми якдигар, ки арзишҳои муштараки ин ду миллати бузурги минтақа ҳастанд, ба воситаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба дигар кишварҳои минтақа паҳн шуда, заминасози рушду шукуфоии босуръати кишварҳои Осиё дар асри 21 мегардад.
P. S. Равшан аст, ки фарқиятҳои зиёди демографӣ, географӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва зеҳнӣ дар миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон вуҷуд доранд ва мо наметавонем аз таҷрибаи муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустон бо Ҷопон ба куллӣ истифода кунем. Аммо монандиҳое ҳам ҳаст, ки метавон аз он истифода кард. Ба монанди Ҳиндустон дар кишвари мо ҳам захираҳои меҳнатии фаровон мавҷуд аст, зеро афзоиши аҳолӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 2,2 фоизро ташкил медиҳад. Тоҷикистон метавонанд аз сармояву технологияи Ҷопон истифода карда, ҷойгоҳи худро дар иқтисоди минтақа пайдо кунанд. Барои амалӣ шудани ин тарҳ сатҳу сифати тайёр кардани мутахассион бояд боло бурда шавад ва ба талаботҳои ширкатҳои ҷопонӣ мувофиқ бошад. Дар кишвари мо захираҳои табиӣ зиёд ҳаст ва истеҳсолкунандаи ҷопонӣ метавонад дар заминаи онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон корхона бунёд кунад ва дар истихроҷ ва коркарди онҳо саҳим бошад. Барои расидан ба ин мақсад ҷойгоҳи кишвари мо дар индекси Ибтикори шаффофияти соҳаи истихроҷ бояд боло бурда шавад.
Баъзе коршиносон иддао мекунанд, ки Ҷопон ба пружаҳои истеҳсолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад ва танҳо дар доираи кумакҳои башардӯстона фаъолият мебарад. Бинобар ин, мо вақти худро барои омӯхтани роҳу воситаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон набояд сарф кунем. Вале инро бояд дар назар дошт, ки соҳибкорони ҷопонӣ ҳам ба монанди дигар соҳибкорон мақсади васеъ кардани бизнеси худ ва ба даст овардани даромади бештарро доранд. Ин вазифаи мо аст, ки шароити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварем ва аз онҳо даъват ба амал оварем, ки сармоя ва технологияи худро ба Тоҷикистон ворид намоянд. Ин амал вақте осон мегардад, ки мо аз муносибати иқтисодии Ҷопон бо дигар кишварҳои минтақаро омӯзем ва муҳити сармоягузории худро ба талаботҳои муосир мувофиқ намоем, ки аз ҳама бештар сармоя ва технологияи ҷопониро ба даст овардаанд.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
1. Kondo Masanori, “Japan-India Economic Relationship: Trends and Prospects”. (https://www.rieti.go.jp/jp/publications/pdp/12p016.pdf)
2. Nikhil Kapoor, “How far can India and Japan take their trade ties?”. (https://swarajyamag.com/world/the-economic-relationship-between-india-and-japan)
3. “India-Japan economic relation”. (https://www.indembassy-tokyo.gov.in/india_japan_economic_relations.html)
4. Ramesh Thakur, “The enduring basis of strong India-Japan relations”. (https://www.japantimes.co.jp/opinion/2017/10/18/commentary/japan-commentary/enduring-basis-strong-india-japan-relations/#.WoWLBbxl_IU)
5. Australia, U. S., India and Japan in talks to establish alternative to China’s Belt and Road Initiative: report. (https://www.japantimes.co.jp/news/2018/02/19/business/australia-u-s-india-japan-talks-establish-alternative-chinas-belt-road-initiative-report/#.Woppgbxl_IU)
Меҳр Собириён
ходими илмии Институти
омўзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо