Author: Shamsiddin Karimov
Вазъи кунунии ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷаҳони имрӯз пайваста дар ҳоли тағйир аст. Ин тағйирот на фақат аз нигоҳи муҳтаво, балки аз нигоҳи шакл ва суръат низ ба андозае бошиддат аст, ки онро беҳамто метавон хонд. Чунин ҳолат, аз як тараф, ба сабаби дастовардҳои бузурги технологӣ ва истифодаи васеи илму техника дар ҳама соҳаҳои ҳаёт бошад, аз тарафи дигар, онро метавон натиҷаи буҳрони амиқу беназир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва архитектураи мавҷудаи давлатдории муосир арзёбӣ кард.
Барои тағйири вазъият, раҳоӣ аз ин печидагиҳои сиёсӣ сарони кишварҳо ва роҳбарони сохторҳои мухталифи милливу байналмилалӣ ба таври мунтазам бо ҳам мулоқот мекунанд, аз тариқи табодули назар роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо бо ҳам баррасӣ менамоянд. Яке аз чунин роҳҳалҳо саммит аст, ки дар замони муосир аҳамияти махсус касб кардааст.
Саммитҳо одатан бо иштироки роҳбарияти сатҳи олӣ сурат мегиранд. Дар ин қарина ду саммити охирон, ки бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввал дар Амрико ва баъдтар дар Олмон сурат гирифт, ки шоистаи таваҷҷуҳ аст. Ҳарду саммит ҳам дар доираи шакли аллакай маъмул ва маъруфи “C5+1” (Осиёи Марказӣ/Central Asia 5 + 1) баргузор гардид, ки дар он ба иловаи сарони кишварҳои минтақа намояндаи давлати меҳмондор (Амрико ва Олмон) низ ширкат дошт.
Саммити “Осиёи Марказӣ - Амрико”. Ин саммит дар ҳошияи иҷлосияи 68-уми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню Йорки Амрико дар моҳи сентябри соли равон доир гардид. Сарони кишварҳои Осиёи Марказиро Ҷо Байден, президенти ШМА қабул кард. Қабл аз он ки дар бораи масъалаҳои мавриди баҳс ва паёмадҳои ин саммити таърихӣ сухан ронем, мехоҳем ба ин муносибат ду нуктаро махсусан қайд намоем. Аввал, албатта, доир гаштани чунин саммит дар Амрико то андозае натиҷаи фурсати муносиб ҳам ҳаст, ки ба сабаби иштирок ва суханронии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаи умумии СММ даст додааст. Яъне, истифодаи бамаврид аз фурсати муносиб. Дувум, чунин саммит тақозои замон ва зарурати печидагиҳои геополитикӣ ва стратегияи дурбинонаи ШМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Тибқи тадқиқотҳои алоҳидаи коршиносон, барои баланд бардоштани сатҳи нуфуз ва эътибори ШМА дар ин минтақа, аз як тараф, ва барои тазъиқ овардан ба Россия ва Хитой ( + Эрон, Ҳиндустон, Туркия) ҷиҳати заиф сохтани мақом ва нуфузи онҳо дар Осиёи Марказӣ, аз дигар тараф, кайҳост, ки доир намудани чунин саммит ба як амри воқеӣ мубаддал гашта буд.
Инак, саммит дар Ню Йорк доир гашт. Онро метавон саммити таърихӣ арзёбӣ кард, чун дар он бори нахуст роҳбарияти сиёсии сатҳи олии ин кишварҳо ширкат доштанд. Чунон ки маълум аст, пештар (аз соли 2016 ба ин тараф) ин саммит дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва коршиносони алоҳида сурат мегирифт. Аз тарафи дигар, то ҳанӯз ягон президенти ШМА бо ҳама сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар як вақт мулоқот накарда буд.
Ҷузъиёти муҳтавои ин нишасти таърихӣ, мутаассифона, чандон ошкоро мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Аммо аз изҳороти расмии маъмурияти Кохи Сафед ва расонаҳои итттилоотӣ чунин бармеояд, ки саммити мазкур тибқи барномаи пешбинишуда доир гаштааст. Яъне, табодули назар сурат гирифтааст ва дар поёни саммит Баёнияи ягонаи иштироккунандагон қабул гардидааст. Ҳанӯз дар арафаи ин мулоқот Энтони Блинкен таи як нишасти расмӣ изҳор дошта буд, ки саммити мазкур ҳаргиз ба муқобили тарафи сеюм нигаронида нашудааст.
Пас, дар Ню Йорк кадом масъалаҳо матраҳ шуданд ва ин мулоқот чӣ паёмадҳое метавонад ба бор оварад? Интизор мерафт, ки дар ин саммит ҳатман масъалаи сиёсати санксионии зидди Россия дар мадди назар хоҳад буд. Оё ин масъала воқеан ҳам баррасӣ шуд? Аз навиштаҳои Кохи Сафед ва Баёнияи ягонаи қабулшуда ба таври равшан маълум нест, ки оё ин масъала ва масъалаҳои дигари марбут ба ин мушкилот баррасӣ шудааст ё на. Аз назари мо, гумони комил он аст, ки ин масъалаҳо ҳатман матраҳ шудаанд, аммо бо назардошти ҳассосияти мавзӯъ ва назокати дипломатӣ, яъне, мо гуфтем, шумо шунидед. Он чизе, ки ба таври расмӣ дар шабакаҳои иттилоотӣ пахш гардид, ин аст, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба масъалаҳои умумӣ, аз қабили таъмини амнияти минтақа, мубориза бар зидди муомулоти ғайриқонунии маводи муқаддир, муборизаи зидди фасод, таъмини фазои солими инвеститсионӣ, рушди устувор ва ғайра таваҷҷуҳ кардаанд. Масъалаҳои ихтисосие, ки барои кишварҳои алоҳидаи минтақа аҳамияти махсус дорад, низ матраҳ шудаанд. Масалан, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳро ба масъалаи истифодаи дуруст аз захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об ва таъмини муҳити солими зист низ ҷалб кардааст.
Албатта, дар чунин шакл ва дар чунин сатҳ доир гаштани саммити мазкур худ як падидаи муҳими сиёсист. Аз як тараф, ин гувоҳи обрӯву эътибор, мақоми арзанда ва нақши муҳими кишварҳои минтақа дар шароити буҳронии геополитикаи замони муосир бошад, аз тарафи дигар, ин нишаст аз он шаҳодат, медиҳад, ки кишварҳои абарқудрат, ба шумули ШМА, ба мавқеъ ва мақоми минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус доранд ва алоқаманди онанд, ки бо кишварҳои минтақаи мазкур равобити хубу ҳасана дошта бошанд, то ба таври муассир тавонанд сиёсати хориҷии худро дар ин минтақа амалӣ созанд, нуфуз ва эътибори худро ба маротиб боло баранд.
Саммити “Осиёи Марказӣ + Олмон”. Андаке баъд аз саммити Ню Йорк, ба таърихи 29 сентябри соли 2023 мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор гардид. Албатта, Олмон яке аз кишварҳои пешрафтаи дунёст ва дар Иттиҳоди Аврупо низ мақоми махсусро доро мебошад. Истиқрори равобити хубу ҳасана дар бахшҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ғайра барои тарафҳо муфид хоҳад буд. Бо қаноатмандӣ метавон тазаккур дод, ки чунин робитаҳо аслан миёни ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар ҳоли рушд ва такомул мебошанд. Саммити мазкур, бешубҳа, ин равандҳои созандаро миёни тарафҳо такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Албатта, ҷанбаҳои сиёсии нишасти Берлин бештар мавриди таваҷҷуҳанд. Аз назари мо, Аврупо ба раванди бозсозиҳо ва рушду такомули баъдии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле манфиатдор аст, чун ин минтақа махсусан баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи геополитикӣ аҳамияти махсусро ба худ касб намуда, он дар маркази муносибатҳои сиёсию иқтисодии замони муосир қарор гирифт. Ҳамҷавории ин кишварҳо бо ду давлати абарқудрати замони муосир – Россия ва Хитой –мубрамият ва муҳимияти масъаларо ба маротиб боло мебарад. Саммити мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври бебозгашт дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварҳои Аврупо мавқеъ ва мақоми хоссаро ишғол намудаанд.
Мулоҳиза ва пешниҳодҳо. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё Амрико (саммити Ню Йорк) ва Аврупо (саммити Берлин) аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳанд? Чӣ интизориҳо доранд? Чунин мулоқотҳо чӣ паёмадҳоеро ба бор меоваранд ва ин паёмадҳо то чӣ андоза барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хушоянд хоҳанд буд?
Аз назари мо, Амрико ва Аврупо дар ҷустуҷӯи манфиатҳои иқтисодӣ нестанд. Агар бошанд ҳам, ин масъалаи асосӣ нест. Чунки ҳам Аврупо ва ҳам Амрико он ҳама захираҳои табиие, ки мо дорем, доранд. Агар лозим шавад, барои ба даст овардани чунин захираҳо роҳҳои дигар вуҷуд доранд, ки шарҳу тафсири онҳо ин ҷо зарурат надорад. Таҷрибаи сӣ соли ахир гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Аз тарафи дигар, на Аврупо ва на Амрико дар ташаккул ва инкишофи инфрасохторҳои ҳаётан муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ чандон кӯшиш намекунанд. Албатта, лоиҳаҳои алоҳида дар бобати инкишофи баъдии имконоти коммуникатсионии кишварҳои минтақа, аз қабили рушди энергетика, сохтмони роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан вуҷуд доранд, ки, бешубҳа, аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд. Ба ҳар ҳол, он чист, ки Аврупо ва Амрикоро хеле нигарон кардааст ва таваҷҷуҳашонро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас зиёд кардааст? Аз назари мо, ин мавқеъгирии сиёсии ин кишварҳост, ки махсусан дар қаринаи ҳодисаҳои ахири бийни Россия ва Украина, аз як тараф, ва буҳрони саросарии низоми сиёсии ҷаҳон, аз тарафи дигар, аҳамияти махсусро касб кардааст. Аврупо ва Амрико ба он зарурат доранд, ки алорағми воқеияти таърихию робитаҳои неки анъанавӣ муносиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Россия (ва Хитой) коҳиш ёбад, заиф гардад. Агар имкон дошта бошад, ин кишварҳо аз меҳвари сиёсати хориҷии Россия ва Хитой берун оянд, “мустақил” шаванд.
Аммо чунин ҳолат оё имконпазир аст? Оё чунин тағйироти куллӣ дар шароити имрӯз ба манфиати кишварҳои минтақа хоҳад буд? Аз назари мо, дар ояндаи наздик чунин табодулот ғайриимкон аст ва, гузашта аз он, аз нигоҳи таъмини амнияти саросарӣ ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа хатарзо хоҳад буд. Дар чунин шароит таъмини амнияти минтақа дар ҷои аввал қарор мегирад. Ҳалли ин масъала бе иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақа дар сохторҳо ва созмонҳои мавҷудаи минтақа ба шумули СПАД (ОДКБ) мушкил хоҳад буд. Аз тарафи дигар, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии мардумони ин кишварҳо низ ба таври қобили мулозҳиза марбут ба он равандҳои ҳамгироиянд, ки дар Осиёи Марказӣ бо иштироки бевоситаи кишварҳои минтақа ҷараён доранд. Маълум аст, ки ҳам Россия ва ҳам Хитой қисмати муҳим ва ҷудонашавандаи ин равандҳо ва ислоҳотро ташкил медиҳанд.
Маслиҳат ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварҳои Россия ва Хитой ҳамчунон фаъол боқӣ монанд. Аз тарафи дигар, сиёсати “дарҳои боз” ва гуногунҷабҳа (дар мисоли Тоҷикистон) ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки аз меҳвари сиёсати хориҷии кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Амрико низ берун намонанд. Ҳаргуна кӯшишҳо дар бобати ба кишварҳои “антиРоссия” (ибораи Президент Токаев) ё “антиХитой” табдил додани давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд пешгирӣ карда шавад, баръакс, даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран аз минбари иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ бори дигар садо дод, бояд сармашқ ва маҳаки асосӣ барои фаъолиятҳои минбаъдаи мо қарор бигирад:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор!
Каримов Ш.Т.,
сарходими илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка,
доктори илмҳои сиёсӣ