Author: Shahlokhon Murodali
Душанбе ва ар-Риёз: шарикӣ дар масъалаҳои об
(тарҷума аз забони арабӣ)
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо пазироии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфт. Дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Соҳиби панҷ ташаббуси байналмилалӣ оид ба об ва иқлим, ки онро Маҷмааи умумии СММ қабул кардааст, суханронӣ намуданд. Конфронси Душанбе дар доираи ташаббуси чаҳоруми Ҷаноби Олӣ – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.
Пешниҳоди муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи қатъномаи СММ ҳамроҳ бо шарикони рушд дар бораи Даҳсолаи байналмилалии қутбшиносӣ ва яхшиносӣ (ташаббуси шашуми Ҷаноби Олӣ) аз муҳимтарин натиҷаҳои Раванди оби Душанбе ба шумор меравад. Ҳадаф аз ин ташаббус роҳандозии ҳамкории байнидавлатӣ барои эҷоди роҳҳои кафолатноки ҳифзи захираҳои обии яхҳои Қутби Шимолӣ ва дар саросари ҷаҳон ҳамчун манбаи об баҳри татбиқи амнияти обӣ мебошад, зеро наздик ба нисфи сокинони сайёраи замин (4.2 млрд шахс) аз камбуди оби тозаи ошомиданӣ маҳрум буда, ин шумора, мутааассифона, рӯ ба афзоиш аст.
Дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе нуҳ форум, аз ҷумла форуми байналмилалии парлумонӣ, форуми байналмилалии пиряхҳо, форуми зан ва об, форуми бахши хусусӣ, форуми оби Африқо, форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, форуми илм ва технология ва форуми Осиёи Марказӣ, ҳамчунин 5 муколамаи интерактивӣ ва 15 чорабинии канорӣ, аз ҷумла фестивали обу пиряхҳо баргузор гардид.
Дар кори Конфронс ҳайатҳо аз беш аз 100 давлати узви СММ ва намояндагони 62 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ иштирок карданд. Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар Раванди оби Душанбе ҳайати баландпоя бо роҳбарии Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ Абдураҳмон ал-Фазлӣ намояндагӣ кард, ки он бар таваҷҷуҳи калони роҳбарияти олии Шоҳигарӣ ба масъалаҳои об далолат мекунад.
Иштироки ҳайати саудӣ дар Конфронс пӯшиши иттилоотии васеъ гирифта, дар сархати расонаҳо ва вебгоҳҳо қарор гирифт ва мазмуну муҳтавои суханронии роҳбари ҳайат ва мулоқотҳои ӯ бо роҳбарони баланмақоми Тоҷикистон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда шуд. Аз ҷумла Пешвои миллат роҳбари ҳайати саудӣ Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ Абдураҳмон ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфта, дар оғози суҳбат изҳор доштанд: “Ҳузури Шуморо дар кори Конфронси сеюми оби Душанбе боз як далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон арзёбӣ мекунем”.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар чун кишоварзӣ ва саноат, ба хусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.
Ба роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти сайёҳӣ ва афзоиши тиҷорат арзёбӣ гардид.
«Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории густурдаро роҳандозӣ менамоянд», — таъкид намуд пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ.
Ба иттилои ӯ, дар вохӯри масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ки дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, баррасӣ шудаанд.
«Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем», — таъкид намуд Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон ал-Фазлӣ.
Номбурда афзуд, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Раиси Шурои Вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсис дода шудааст ва ҷониби Арабистони Саудӣ дар ин самт умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», — гуфт ӯ.
Мавриди ёдоварист, ки таъсиси Созмони ҷаҳонии об дар ар-Риёз таҳти сарпарастии Валмаҳд, Раиси Шӯрои вазирони Арабистони Саудӣ рӯйдоди ниҳоят муҳим буда, иштироки Тоҷикистон, ки дорои таҷрибаи калон ва пешқадам дар соҳаи об мебошад, уфуқҳои тозаро байни ду кишвари бародар кушода, оғози шарикии воқеӣ дар масъалаҳои об ба манфиати тамоми кишварҳои ҷаҳон хоҳад буд.
Ҳамчунин иштироки Президенти гуруҳи Бонки Исломии Рушд д-р Муҳаммад ибни Сулаймон ал-Ҷосир дар кори Конфронс аз аҳамият бархурдор буд. Номбурда баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи 150 млн долл. США барои сохтмони НОБ “Роғун”-ро имзо кард. Бояд гуфт, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз аввалинҳо шуда 100 млн долл. США тавассути Фонди Саудии Рушд барои ин иншооти стратегӣ, ки бузургтарин манбаи неруи таҷдидшаванда дар минтақа ба ҳисоб рафта, баъди анҷом барқи дар он истеҳсолшаванда ба фоидаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, ҷудо кард.
Манбаъ: https://www.alakhbarianews.com/2024/06/blog-post_662.html
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон