ХАБАР

Author: Shahlokhon Murodali

Расм

ХАБАР

 

Рӯзномаи бонуфузи байналмилалии арабии “аш-Шарқ ал-Авсат” (Ховари Миёна) дар шумораи навбатии худ рӯзи 29 июни соли 2024 таҳти унвони “ар-Риёз-Душанбе: тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва истихроҷи маъдан” мусоҳибаи рӯзноманигор Фатҳураҳмон Юсуфро бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Султон Раҳимзода нашр кард.

Дар он аз ҷумла омадааст, ки байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар давоми ду даҳсола 14 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, илму маориф, нақлиёти ҳавоӣ, ҷавонон, варзиш, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расидааст ва дар ҳоли ҳозир 12 лоиҳаи созишнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ мавриди омӯзиш қарор доранд. Созишномаи байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бораи ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки соли 2022 ба имзо расида буд, акнун эътибор пайдо кард ва он барои ҷалби сармоягузории саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки кишвараш омода аст бо ширкатҳои бахши хусусӣ созишномаҳои ҷудогонаи ҳифзи сармоягузориро имзо кунад, то дар бахшҳои афзалиятнок сармоягузорӣ кунанд/

Муҳтарам Султон Раҳимзода иброз дошт, ки Арабистони Саудӣ дар иҷрои тарҳҳои рушди зербиноӣ дар Тоҷикистон тавассути Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд ва дигар ниҳодҳои молиявӣ саҳм гузошта истодааст, ки ҳаҷми маблағгузории он аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок то имрӯз ҳудуди 270 млн. долл. США-ро ташкил медиҳад.

Комиссияи байниҳукуматии муштарак ва Анҷумани сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муҳимтарин механизми рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба шумор мераванд. 19 июли соли 2023 дар Ҷидда дар нишасти сарони давлатҳои арабии Халиҷи Форс ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 29 майи соли ҷорӣ дар ар-Риёз Форуми сармоягузории Шӯрои ҳамкорӣ байни ду минтақа баргузор гардиданд, ки он дурнамои ҳамкориҳоро тарҳрезӣ кард.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъкид кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст то соли 2037 Тоҷикистон ба кишвари “иқтисоди сабз” табдил дода шавад ва ҳамкории Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон дар ин раванд аз аҳамияти бузург бархурдор хоҳад буд.

 

таҳияи :

Шаҳлохон Муродалӣ,

ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

BACK