Майк Ҷонсон сухангӯи Конгресс интихоб гардид

Author: Shamsiddin Karimov

Расм

Ҳафтае чанд пеш Конгресси ШМА нахустин бор дар таърихи кишвар сухангӯи собиқ Кевин Маккартиро аз тариқи импичмент сабукдӯш намуд. 22 рӯз палатаи намояндагон сарвар надошт. Дар давоми ин муддат номзадии чандин нафар пешниҳод гардид, аммо ба тасвиб нарасид. Ниҳоят, дар ҷаласаи рӯзи 25 октябр номзадии сиёсатмадори ҷавони умедбахш аз ҷумлаи ҷумҳурихоҳон Майк Ҷонсони 51 сола ба вазифаи сухангӯи Конгресс бо 220 овоз дар муқобили 209 овози Ҳаким Ҷеффриси демократ тасдиқ гардид.

Ин падида худ як падидаи нодир ва бемисл дар таърихи Конгресси Амрикост, ки, бешак, аз мушкилот ва буҳрони амиқи низоми сиёсии ин кишвар ба таври равшан ва мушаххас дарак медиҳад. Мушкили асосӣ дар он аст, ки ду ҳизби пештози ШМА – Ҳизби демократҳо ва Ҳизби ҷумҳирихоҳон - ба андозае дар доираи манфиатҳои ҳизбии худ маҳдуд монданд, ки натавонистанд авзои ноороми сиёсии дохили кишвар ва ҳалли муҳимтарин масъалаҳои доғи ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Амрикоро дар ҷои аввал гузоранд. Дар асл онҳо натавонистанд аз доираи маҳдуди манфиатҳои ҳизбии худ берун бароянд. Дар натиҷа имрӯз на фақат низоми ҳизбии ин кишвари бузургро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифтааст, балки доманаи ин вабо паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иҷтимоии онро ҳам дар дохил ва дар хориҷ ба таври қобили мулоҳиза густариш бахшидааст.

Дар чунин як шароити ногувор Майк Ҷонсон ба сари қудрати сиёсӣ омад. Интихоби ӯ чӣ оқибат ва паёмадҳоро метавонад ба бор оварад? Албатта, пешгӯии сиёсии вазъи кунунӣ ғайриимкон аст, аммо чанд нуктаҳое ҳастанд, ки ба ҳамин муносибат шоистаи зикранд. Пеш аз ҳама, қобили зикр аст, ки Майк Ҷонсон марди ҷавон ва таҳсилдидаву дар сиёсат таҷрибадор аст. Тибқи навиштаҳои расонаҳои мухталиф, одобу ахлоқи ҳамида дорад ва бисёр таҳаммулпазир аст ва метавонад дили ҳамсуҳбаташро ба осонӣ ба даст оварад. Сониян, Майк Ҷонсон аз пайравони сарсупурда ва содиқи Президенти собиқ Доналд Трамп аст. Дар ҳамин қарина ӯ низ пирӯзии Президент Ҷо Байденро зери шубҳа мегузорад ва ба он мувофиқ нест. Масъалаи муҳимтарин дар рӯзномаи ҳаёти сиёсии имрӯз, албатта, муносибат ва назари Майк Ҷонсон ба ҳодисаҳои Украина мебошад. Ҳақиқат ин аст, ки Майк Ҷонсон ҳоло дигар тарафдори кӯмакҳои низомии бесобиқа ба Украина нест. Дар нутқи аввалинаш низ ба ҳайси сухангӯи Конгресс дар мавриди кӯмакҳои низомӣ Исроилро ном бурд, аммо Украинаро ба забон наовард, ки худ як ишора ва пешгӯии номатлуб барои Президент Зеленский ва ҳукумати ӯ мебошад. Аз назари оғои Ҷонсон, агар кӯмак ба Украина давом дода шавад ҳам, фақат дар сурати иҷрои бечуну чарои ду шарт: таъмини ҳисобот ва назорати равшану мушаххас аз болои хароҷот (1) ва аниқу равшан ифода намудани ҳадаф ва мароми кӯмакҳо (2).

Нуктаи ҷолиб дар ҳамин қарина ин аст, ки Майк Ҷонсон мехоҳад таваҷҷуҳи бештар ба мушкилоти ҳаёти дохилии Амрико ва зиндагии рӯзмарраи мардумони он дошта бошад. Чунин бархӯрд ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ва роҳи дурусти ҳалли мушкилоти имрӯзи ШМА ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошад. Умедворем, ки Майк Ҷонсон дар ин ибтикорот ва азму ҷазмаш муваффақ хоҳад буд. Ба ӯ барори кор таманно дорем.

Шамсиддин Каримов,

сарходими илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка

BACK