Рушди иқтисоди миллӣ

Author: Lutfullo Barotov

Расм

Рушди иқтисод ин тағйироти мусбӣ дар ҳаҷму шумора, сифат ва сохтори иқтисод, қувваҳои истеҳсолӣ, омилҳои рушд, омўзишу парвариш, илм, фарҳанг, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва сармояи инсонӣ аст. Нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодии ҳар кишвар, ин сатҳ ва сифати зиндагии мардум, рақобатпазирии иқтисод, Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД), Маҷмўи маҳсулоти миллӣ (МММ), сармояи саронаи инсонӣ ва шохиси озодии иқтисодӣ мебошад.

      Бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо дар тули 15 соли охир иқтисоди Тоҷикистон пайваста рушд кардааст. Тибқи омори расмӣ Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои охир солона тақрибан 7 дарсадӣ ҳар сол рушд кардааст ва аз 12804.4 млн сомонӣ дар соли 2007 ба 40524.5 млн сомонӣ дар соли 2013 расидааст, ки тақрибан 3.16 баробар зиёд шудааст. ММД бар ҳар нафар аҳолӣ аз 1821.1 сосонӣ дар соли 2007 ба 5019.3 сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфтааст, ки тақрибан 2.7 баробар зиёд аст. Даромад ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолӣ аз 998 сомонӣ дар соли 2007 то 2767 сомонӣ дар соли 2013 расидааст, ки тақрибан 2.77 баробар зиёд аст. Ин боиси ба маротиб беҳтар гардидани сатҳ ва сифати зиндагонии мардум гашта, мизони фақрро то 38.3% дар соли 2013 поён овардааст.

      Ҳамин тариқ дар бештари нишондиҳандаҳои иқтисодӣ рушди онҳо дида мешавад. Ин пешравиҳо нисбӣ буда, кишвари мо нисбат ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамоно ақибмонда ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин пешравиҳои нисбӣ, мушкилоте вуҷуд дорад, ки намегузоранд аз иқтидори пурраи иқтисодии кишвар истифода карда шавад. Ин омилҳо ришвахорӣ, норасоии кадрҳои баландихтисос ва бовиҷдон, низоми номусоиди андозбандӣ ва гаронии андозҳо мебошанд. Ин омилҳо монеи воридшавии сармояи хориҷӣ ба кишвар мегардад, ки бе он рушди босуръати иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир номукин аст. Ҳатто кишварҳои бузурге чун Руссия, Чин ва Ҳинд аз сармояи хориҷӣ истифодаи васеъ мекунанд. Сармояи хориҷӣ дар навбати худ технологияи навинро вориди кишвар менамояд.

      Ришвахорӣ тули 30 соли охир бо сабабҳои гуногун дар ҷомеаи мо реша давонда, ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд сатҳи фасод солҳои охир бо муборизаҳои мақомот камтар шуда бошад ҳам, қонеъкунанда буда наметавонад ва то дараҷаи лозимӣ нарасидааст. Чунки решаҳои асосии он ҳамоно пойбарҷо ҳастанд, ки он камии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва бюрократия мебошад. Ин ду омил ҳам корафтодаро моил ба додани ришва мекунад ва ҳам иҷрокунандаро бар гирифтани он.

      Норасоии кадрҳои баландихтисос ва бовиҷдон натиҷаи нооромиҳои солҳои навадум мебошад, ки низоми маориф қариб сукут карда буд. Ба ғайр аз ин дар фарҳанги мо харҷи бисёр кардан дар таълиму тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани малакаву маҳорати худ ҷорӣ нагаштааст. Танҳо аз буҷа маблағгузории низоми маориф ҳама мушкили ин соҳаро ҳал карда наметавонад. Сарчашмаҳои дигар маблағгузории илму маорифро пайдо кардан лозим аст.

      Низоми андозбандӣ ва фоизи андозҳо дар тасмимгирии соҳибкорон ва сармоягузорон барои таъсиси корхонаҳо нақши бузург дорад. Кам будани монеаҳо ҳангоми кушодан ва бастани корхонаҳо, гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва тартиби супоридани ҳисоботҳо ба нозирони андоз, бешак, ба манфиати кор хоҳад буд ва боиси кушодашавии корхонаҳои нав мегардад. Солҳои охир дар кишвари мо бо чанд ислоҳот, кушодани корхонаҳо ва гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ осон шудааст ва дар муддати чанд рўз кор ҳал мешавад. Аммо дар барҳам додани он монеаҳои зиёде аст, ки моҳҳо вақти соҳибкоронро мегиранд. Тартиби супоридани ҳисоботҳо ҳам мушкил ва дилсардкунанда аст. Фоизҳои андозҳо ҳам гаронӣ мекунанд. Ҳарчанд шумораи андозҳо кам шуданд, аммо гаронии андозҳо зиёд шудааст, на кам.

      Ба ғайр аз ин, вуҷуд доштани рақобати носолим дар баъзе мавридҳо сади роҳи воридоти сармоя ва рушди иқтисод дар кишвар мегардад. Сабаби асосии сар задани рақобати носолим даст задани баъзе масъулини ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки албатта ба воситаи хешу наздиконашон ин корро анҷом медиҳанд. Фаъолияти чунин субъектҳои соҳибкорӣ ношаффоф аст ва бо истифода аз мақоми худ онҳо имтиёзҳо ба даст оварда, рақибонро ба танг меоранд. Рақобат омили таҳрикдиҳандаи рушди иқтисод аст. Барои таъмини рақобати солим бояд кори ҳамаи субъектҳои амалкунандаи соҳибкорӣ дар бозор шаффоф бошад ва шаффофият омили нигаҳдорандаи рақобати солим аст, ки дар кишвари мо ба таври лозимӣ бо сабабҳои гуногун таъмин нест. Сабаби дигар, ҳамон фасод аст, ки баъзе соҳибкорон бо роҳи додани пора ба баъзе масъулини давлатӣ имтиёз ба даст меоранд ва бо ин роҳ дар бозор бартарӣ пайдо мекунанд.

      Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, беҳтар аст аз таҷрибаи кишварҳои осиёии Сингапур, Малайзия, Тайван ва дигар истифода кунем. Таҷрибаи кишварҳое чун Руссия ва Қазоқистон барои мо натиҷаовар нахоҳад буд. Чунки захираҳои бузурги онҳо ва бозори бузурги дохилии онҳоро надорем. Низоми андозбандӣ ва фоизҳои анзозҳоро ҳам мумкин аст дар пайравӣ аз кишвари Сингапур ислоҳ кунем. Дар ин кишвар ҳамагӣ 5 намуди анзоз вуҷуд дорад, ки тартиби андозбандии онҳо ҳам осон аст ва фоизҳои он яке аз пасттарин дар ҷаҳон аст. Бисёр изтиёзҳо ҳангоми сохтани корхонаҳо вуҷуд дорад, ки ҳам харҷи сохтан ва ҳам муҳлати онро хеле кам мекунанд. Таҷрибаи ин кишварро омўхтан ва то ҳадди имкон дар кишвари мо истифода кардан ба манфиати иқтисоди миллӣ хоҳад буд.

      Дар пайравӣ аз ин кишварҳо содда ва осон кардани ҳуҷатгузорӣ, пешниҳоди саривақтии қитъаҳои замин барои сохтани корхонаҳо ва пайвастани онҳо ба шабакаҳо барқӣ ва комуналӣ мушкилоти ҷиддӣ ба бор намеорад. Танҳо кам кардани андозҳо ва фоизи онҳо метавонад мушкили ба бор орад. Аммо имрўз, ки иқтисоди ниҳонӣ дар кишвари мо нисбатан баланд аст, бо ошкор кардан ва ба баззаи андозсупорандагон дохил кардани онҳо ва баҳисобгирии пурраи гардиши моли соҳибкорони мавҷуда метавонад ин мушкилро сари вақт бартараф кунад. Яъне васеъ шудани шумораи андозсупорандагон зарари аз ҳисоби паст кардани фоизҳои андозро ҷуброн мекунад. Дар натиҷа шароити сармоягузории мусоид ба даст омада, ҷаҳиши бесобиқаи иқтисодӣ моро интизор хоҳад буд.

      Барои натиҷаи дилхоҳ додани ислоҳот лозим аст, музди меҳнати кормандони давлатиро зиёд кард ва нагузошт, ки масъулин дар сохмон ва идораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ шарик бошанд. Чунки дар ҳолати манфият бурдани онҳо аз сохтмон ва идораи (бавоситаи) чунин корхонаҳо рақобати солим аз байн меравад ва ин ҳамаи кушишҳоро барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб барбод медихад.

      Агар бо ҳали саривақтии ин мушкилот фазои мусоиди сармоягузорӣ ба монанди Сингапур дар Тоҷикистон то сохтану ба истифода додани НБО «Роғун» ба миён ояд, боварӣ ҳаст, ки Тоҷикистони мо бо ҳамон суръат рушд карда, дар муддати кутоҳе ба сафи кишварҳои пешрафта дохил шавад. Мо роҳи баҳри надорем, аммо қувваи арзони барқ ва қувваи кории арзон аз бартариҳои мо хоҳанд буд, ки диққати соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷиро ҷалб мекунад.

      Меҳр Собириён

      7.07.2015

BACK