Author: Ashurov Ardamehr
САҲИФАИ НАВ ВА ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ АВРУПО
(нигоҳи таҳлилӣ дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан)
Густариши робитаҳои мутақобила миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Италия дар шароити ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ собитгари тадриҷан мукаммалу мустаҳкам гардидани муносибатҳои судманди ин кишварҳо маҳсуб меёбад.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан дар қаринаи равандҳои геосиёсии ва геофарҳангӣ муосир аҳамияти муҳими таърихӣ дорад:
Якум, барои Тоҷикистон, истифодаи самараноку баманфиати таҷрибаи устувору бойи Италия дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ, аз самтҳои афзалиятноку ба манфиат дониста мешавад;
Дуюм, таҳким ва ҳифзи амнияти минтақавӣ дар ин замина муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, дар меҳвари ҳамкориҳои байналмилалии ҷонибҳо аҳамияти вижа касб менамояд;
Сеюм, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Италия дар чорчӯбаи ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА дар шароити шаклгирии равандҳои геосиёсии муосир аҳамияти муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд.
Илова бар ин, натиҷаи сафари Пешвои миллатро метавон дар инъикоси чунин масъалаҳои муҳимми байнидавлатӣ маънидод кард:
Дар самти ававал, таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, маъдан, кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим дониста мешавад. Ҳамзамон ҷалби сармояи итолиёвӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар судовар буда, минбаъд низ дар доираи ҳамкориҳои мутақобила матраҳ мегарад.
Дар масъалаи дуюм, дуруст пешбинӣ гардид, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва афзоиши содироти он ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровон нуҳуфтааст. Аз ин рӯ, таъсиси Шурои муштараки тиҷоратӣ байни кишварҳо барои густариши ҳамкориҳои дар ин замина амри воҷиб хоҳад буд. Илова бар ин, таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва робитаҳои ҳарду ҷониб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Италия боиси қабул ва татбиқи саривақтӣ аст.
Вобаста ба масъалаи сеюм, ҷонибҳо тамоюми тақвияти ҳамкориҳои муштаракро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои СММ, САҲА ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистону Италия аъзо ҳастанд, амри зарурӣ дониста мешавад. Чунки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, зарурати ҳифзи пиряхҳо ва рушди иқтисоди «сабз» ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Пас, тавсеа ва тақвияти чунин ҳамкориҳо хислат ва мундариҷаи калидӣ дар таҳкими масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро дорад.
Агар ба шарҳу тавзеҳи масоили зикршуда фарохтар нигарем, пас метавон натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олиро миёни Тоҷикистон ва Италия зикр намоем, ки зимни он чандин санади нав ба имзо расид, ки моҳият ва мундариҷаи воқеан муҳим доранд:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Барномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026.
Хулоса, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла бо Италия ва Ватикан барои Тоҷикистон чӣ аҳаммият дорад ва дурнамои ин ҳамкориҳоро чигуна метавон арзёбӣ намуд?
Бо ин назардошт, аз дидгоҳи таҳлилӣ метавон иброз дошт, ки сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан бозгӯи тамоюли рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишвари мо бо кишварҳои Аврупо дониста мешавад. Илова бар ин, сафари мазкур ва боздиди сарони давлатҳо самтҳои наву афзалиятноки ҳамкории манфиатовари байнидавлатиро нишон медиҳанд.
Таваҷҷуҳи ҷонибҳо вобаста ба тақвияту густариш ва тамоюли рушд бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд гувоҳӣ медиҳад, ки ташаккул ва таҳкими фарогири ҳамкориҳои тарафан то ба марҳилаи кунунӣ бар пояи дӯстиву рафоқат, шарикии боэътимод, дастгирии мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои миллии якдигар асос ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Италия тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналхалқӣ масъалаи модернизатсия дар иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Италия метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ барои амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар мо ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Италия самти афзалиятнок ва манфиатовар арзёбӣ мегардад.
Ардамеҳр Ашуров,
номзади илмҳои таърих, ходими пешбари
илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон