САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АМРИКО: НИГАРОНИҲО ВА УМЕДҲО

Author: Shamsiddin Karimov

Расм

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд[1].

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи сафари сарвари Тоҷикистон ширкат дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ ва мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА мебошад.[2] Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши созмонёфтаи Маҷмаи Умумии СММ аз номи Президенти ШМА Ҷо Байден даъватнома гирифтааст[3]. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор сарони давлатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.

Худи ҳамон рӯз, яъне 18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд[4].

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд. Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд.

Сафари навбатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ШМА аз сафарҳои пештараи Пешвои миллат бо чанд сабаб фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, ба сабаби мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки тибқи нақша бояд дар Ню-Йорк бо иштироки Президент Ҷо Байден сурат гирад. Албатта, мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ШМА дар шакли “Осиёи Марказӣ 5 + ШМА” (C5+1) пештар ҳам вуҷуд дошт. Аз замони таъсиси худ дар соли 2015[5], платформаи C5+1 ба густариши муколама ва ҳамкорӣ байни Штатҳои Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкориҳои сатҳи вазирон, мулоқотҳои коршиносон ва гурӯҳҳои кории мавзуӣ мусоидат кардааст. Яъне, ин мудоқотҳо то имрӯз дар сатҳи вазирон ва дигар клоршиносони соҳа сурат мегирифтанд. Инак, ин платформаи дипломатӣ бори нахуст барои мулоқоти сарони кишварҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Саммити мазкур дар доираҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ҳам нигаронӣ ва ҳам умедҳои тоза гардидааст. Бо назардошти вазъи кунунии ноороми ҷаҳони муосир, буҳрони ҷадиди низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва архитектураи он, аз як тараф, ва аҳамият ва мубрамияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақшу мақоми он дар замони муосир, аз тарафи дигар, мулоқоти мазкур аҳамияти махсусро ба худ касб кардааст. Аз назари Ҷейк Саливан, мушовири амнияти миллии ШМА мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президент Ҷо Байден ҳатман ба таъмини амнияти саросарӣ ва рушду такомули баъдии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд. Аз назари ӯ, ҳадафҳои саммити мазкур муқобили кишвари сеюм пешбинӣ нашудаанд. Пешбинӣ шудааст, ки баъди итмоми саммит изҳороти ягонаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА қабул мегардад[6].

Воқеан, дар назар аст, ки дар саммити “С5+1” масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақа, тавсеа ва рушди бештари тиҷорат, беҳтар амалӣ сохтани ислоҳоти мавриди назар, мушкилоти тағйири иқлим ва муҳити солими зист мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Масъалаҳои мазкур, бешубҳа, дар муҳтаво ва моҳияти аслии худ мусбат буда, ҷавобгӯ на фақат ба хостаҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, балки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо гармӣ истиқбол мешаванд. Аммо равшан аст, ки муносибат ба ин саммит якранг ва қобили қабули ҳамагон нахоҳад буд, зеро он муҳимтар ва жарфтар аз як мулоқоти оддӣ буда, паёмад ва оқибатҳои мухталифи геополитикиро метавонад ба бор оварад. Масалан, чунин тарзи муносибат ва ба ин андоза фаъол гаштани ШМА дар Осиёи Марказӣ ҳадди ақал акторони асосии минтақа  - Россия ва Хитойро ба ташвиш хоҳад овард. Ин ду кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақом ва мавқеи махсус доранд, ки онҳоро нодида гирифтан ғайриимкон аст. Мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа ҳанӯз ҳам назаррас ва муайянкунанда аст. Албатта, Ҷо Байден мехоҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ раванди ислоҳот ва дигаргунсозиҳои демократӣ, махсусан таҳкими фазои солими ҳуқуқиро дар минтақа густариш бахшанд. Ин ва дигар масъалаҳои мавриди назар бо вуҷуди ҷиддӣ ва мубрам буданашон хеле нозук ва ҳассос ҳам мебошанд. Аз ин рӯ, аз назари мо, Президент Ҷо Байден бояд на фақат манфиатҳои миллии кишвари худро дар назар дошта бошад, балки воқеияти мавҷударо низ ба эътибор гирад ва манфиатҳои кишварҳои дигарро низ нодида нагирад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бояд бо назардошти таъмини амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва нигоҳ доштани муносибатҳои хубу ҳасана бо ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони анъанавии худ – Россия, Хитой ва дигар кишварҳои ҳамҷувор сиёсати худро ба роҳ монанд ва аз ин мавқеъгириҳои усулии худ даст накашанд.

Нуктаи дигари мавриди зикр ин аст, ки Пешвои миллат дар ин чанд соли ахир аз як роҳбари хирадманди миллӣ ба ходими намоён ва сиёсатмадори дараҷаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Ақлу хирад ва таҷрибаи ғании Президент Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки дар баррасии масъалаҳои мавриди назар роҳи дурусти ҳалли онҳоро пайдо кунад ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратманд гардонад. Дар ин кори нек ба Пешвои миллат барори кор мехоҳем.

 

КАРИМОВ Ш.Т.,

сарходими илмии

шуъбаи Аврупо ва Америка,

доктори илмҳои сиёсӣ

 

 


[1] http://www.president.tj/node/31499

[2] https://tj.sputniknews.ru/20230918/rahmon-new-york-vizit-1059441778.html

[3] https://tj.sputniknews.ru/20230914/rakhmon-vystuplenie-sessija-general-assembly-un-1059396320.html

[4] http://www.president.tj/node/31505

[5] Дипломатическая платформа “С5+1” // https://www.state.gov

[6] https://www.youtube.com/watch?v=k_KQCshuvFE

 

BACK