Author: Salimov Akbar
23-юми декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии тамоми Тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Зеро дар Паём сараввал натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар мавриди ироа қарор дода шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда муайян карда мешаванд.
Дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеъ ва нақши муосири ҷавонон дар пешбурди сиёсати босуботи Ҳукумати кишвар ва рушди устувори он ишора намуда, масъулини сохтору мақомоти соҳаҳои марбутаи кишварро ҷиҳати аз нав таҳрир намудани барномаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи минбаъдаи манфиати ҷавонон равона карда шудаанд, вазифодор намуданд. Барои дар оянда боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ҳамчун қувваи кории ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнати ҷаҳони муосир андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи давлат махсус қайд гардид. Хусусан, Президенти кишвар зикр намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ноил гардидан ба дараҷаи баланди касбият яке аз роҳҳои муосири такмили дониши ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳони муосирро нигарон кардааст ва дар Паёми имсолаи худ Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он ишора намуданд, масъалаи терроризму ифротгароӣ ба шумор рафта, ташкилотҳои террористӣ-ифротгарои муосир барои расидан ба аҳдофи нопоки худ, аз қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ба маврид истифода менамоянд. Боиси зикр аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта ба рушди фаъолшавии созмону ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро такон дода, раванди ҷалби ҷавононро ба сафи чунин ташкилот ва иштироки онҳоро дар амалиётҳои мусаллаҳона вусъат медиҳад.
Бо дарназардошти ишораҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ намудани роҳҳои ташвиқу тарғиби идеологияи бегона ва тундагароии динӣ, ҷавононро дар шароити тезутунд гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир зарур аст ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бо шиори “Тоҷикистон ба пеш” ҳомии сулҳу субот ва марзу буми кишвар бошанд.
Салимов А.
ходими калони илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
Турсунов Ҳ.
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик