Author: Rahmonov Mirsaid
Аз гузаштаи қадим тоҷикон мардуми бо маърифату маданият буданд, ки то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин арҷгузорӣ боқӣ мондаанд. Чунин каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати тоҷикон дар даврони истиқлолияти кишвар дубора эҳё гардид, ки аз заминаҳои асосии он дар натиҷаи эҷоди ҳамгирову сулҳу ваҳдат ба вуҷуд омад. Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ роҳашро идома диҳад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва чунин мардони баномусу нанги миллат, сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки диёри Тоҷикистон бо иқлими зебову обҳои мусаффояш дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардид. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ҳамкорӣ намуда, лоиҳаву барномаҳояшро таҳкиму тавсеа мебахшад.
Ин ҳама аз хирадмандиву худогоҳии миллат шаҳодат медиҳад. Чи зебо ва басо ба маврид Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ кайҳо моро аз арзишу мақоми сулҳу ваҳдат огоҳ карда, фармудааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил...
Инҷо қайд кардан ба маврид аст, ки сулҳу сулҳдӯстӣ ва меҳрубониву меҳмондорӣ аз арзишҳои волои инсонӣ буда, халқи тоҷик дар рӯҳияи ҳамин хилсатҳои хуби башарӣ тарбият ёфта, ба воя расидааст.
Бояд зикр кард, ки барои дубора ба даст овардани ин ганҷҳои пурарзишу бебаҳо, мардуми бонангу номуси тоҷик дар солҳои мушкилтарин аз ақли солим кор гирифта, бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллатро дар роҳи дарёфти сулҳу салоҳ ва озодии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳуввияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён исбот карда, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва соҳибихтиёри даврони истиқлолро поягузорӣ кунанд.
Бо чунин ташаббусу тадаббур тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Вожаҳои сулҳу ваҳдат аслан арабиасос буда, аввал маънои оштӣ, мусолимат, осоиштагӣ, амонӣ ва дувумӣ ягонагӣ ва якрангиро ифода мекунад. Ҳамин тавр, ҳар ду мафҳуми дӯстии иҷтимоӣ ва ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ, адолат ва баробарӣ ва набуди душманӣ ва ваҳшоният миёни мардумони ҷомеа буда, роҳҳоро барои эҷоди ободиву оромиву огоҳӣ боз менамоянд.
Ҳамин тариқ, аз нигоҳи камина вожаҳои сулҳу ваҳдатро дар асоси мактаби созандагии Тоҷикистон метавон дар зери формулаҳои зерин бештар шинохту таҳти ҳар ибораи он Ватанро озоду огоҳу ором нигоҳ дошт.
Дар ин ҷо метавон вожаи СУЛҲ-ро чунин тавсиф кард:
Созандагиву саодатмандӣ;
Устувориву умедбахшӣ;
Лоиҳасозиву лолазоркунӣ;
Ҳамзистиву ҳамкорӣ.
вожаи ВАҲДАТ бошад, ба таври зерин тавсиф мешавад:
Ватандориву вафодорӣ;
Адолату амонатдорӣ;
Ҳамдиливу ҳамзабонӣ;
Далериву диёнатдорӣ;
Арҷгузориву арзишмандӣ;
Тавоноиву тараққӣ.
Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки раванди он 27 июни соли 1997 дар Маскав бо имзои "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расида, саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.
Ҳар ду тавъам аз муҳимтарин шоистагиву арзишҳои волои башарӣ мебошанд, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ҳамаи фарҳангҳо, динҳо ва ҷомеаҳо мудом таъкид ва баррасӣ мешаванд. Зеро онҳо боиси беҳтар шудани муносибатхои одамон гардида, муоширати мусбатро эҷод менамоянд, то мардум якчоя кору фаъолият карда, ба комёбиҳои бузургтар ноил гарданд.
Хулоса, сулҳ ва ваҳдат заминаро барои ҷомеаи солиму амн ба вуҷуд оварду мо тоҷикон аз доштани чунин мактаби сулҳофаринӣ ва созандагӣ пайваста ифтихор мекунем.
Ҳамин тариқ, ҳама якҷону яктан ватанро озоду ободу ором нигоҳ дошта, ҳаргиз намегузорем мардумонаш ба коми ваҳшату даҳшат афтанд. Ва ё ба таъкиди Президенти кишвар "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад" дар ободии он саҳм мегузорем.
Сулҳу Ваҳдатро барои ҳама муборакбод гуфта, ба ҳомиёну ташаббускорон ва кабӯтарони сулҳовар иқболу парвози абадӣ орзӯ дорем.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими калони илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ