Author: Ashurov Ardamehr
ТАНҲО ШАХСИ СОҲИБМАЪРИФАТ МЕТАВОНАД ДАР ПЕШРАФТИ РӮЗГОРИ ХУД ВА ҶОМЕА САҲМ ГУЗОРАД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Илм фурӯғи маърифат асту маърифат чароғи ақл. Пас, ақлу маърифат ҷавҳари асосии илм ва бунёди ҳастии инсоният мебошанд. Мақому мартабаи илму маърифат давоми ҳазорсолаҳо бо далелҳои мубраму хеле қадимаи таърихи инсоният ба ҳайси неруи тавонои наҷотбахши башар, такондиҳанда ва пешбарандаи рушду инкишофи ҷамеаву давлат дониста шудааст.
Дар дарозои таърих бузургон илму маърифатро таъминкунандаи асосии нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгори инсонҳо таъкид доштаанд. Яъне, донишу маърифат боиси саодату шуҷоату хушбахтии инсонҳоянд. Ба ин маънӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш садри шоирон устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ фармуда буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Яъне, дониш ба ҳайси рӯшангари ақлҳо чароғест, ки замири инсонро мунаввар месозад. Аз ин лиҳоз, агар қалби инсон пуранвор бошад, ӯ қодир аст то кулли оламро нурбор созад…
Маърифат дониш аст. Донишест, ки ороста ба ахлоқ, ба фарҳанг, ба фаросат, ба ақл. Ба ибораи дигар, маърифатро метавон раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар тафаккури инсон маънидод кард. Пас, маърифати ҳуқуқӣ ифодагари донишҳои ҳуқуқӣ, дарки қонун, донистан ва риоя кардани он буда, пеш аз ҳама, маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, яке аз мақсадҳои асосӣ аз эълон доштани Соли маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, таъмин намудани волоияти қонун ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ мебошад.
Пас, анҷом додани ин тадбирҳо арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Ба таври дигар метавон иброз дошт, ки мақсад ва ҳадафи эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба татбиқи амалҳои зерин вобастагии зич дорад:
Якум, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он;
Дуюм, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, дарки масъулияти ҳуқуқӣ;
Сеюм, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ ва ба ин васила тақвияти зеҳнияти ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар.
Дар ин замина, Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иҷрои тадбирҳои зеринро саривақтӣ ва муҳим донистанд:
Якум, дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
Дуюм, ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳо ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо ва дар ин закмина тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
Сеюм, таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ.
Муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бе эҳтиром ва риояи ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст.
Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар ҳастанд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва ҷомеа саҳм гузорад.
Таҷрибаи кишварҳои мутамаддин нишони он аст, ки рушди низоми демократӣ ва амалӣ гардидани иродаи халқ дар сатҳи ҳокимият аз сатҳи маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад.
Воқеан, вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сатҳи тафаккури ҷомеа тақозо менамояд, ки дар раванди фаъолияти қонунэҷодкунӣ талаботи ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шаванд.
Албатта, рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аз сатҳу сифати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобастагии зиёд дорад. Имрӯз, ки мо дар раванди амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ қарор дорем, зарур аст, ки санадҳои меъёрии соҳавие қабул шаванд, ки дар ҳама самтҳо масъулият ва ҷавобгарии тарафайнро мушаххас намоянд. Фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ дар раванди ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ таъсири амиқ мегузорад. Аз ин рӯ, мо бояд насли наврасро дар руҳияе тарбия намоем, ки рафтори мукаммали ҳуқуқӣ дошта бошад. Яъне рафтори мо бояд ҳуқуқӣ бошад. Зеро рафтори ҳуқуқӣ натиҷаи маърифати ҳуқуқии ташаккулёфта мебошад. Ба маънои дигар, рафтори ҳуқуқӣ рафтори шаҳрванди қонунриоякунанда аст.
Масалан, дар муассисаҳои таълимӣ рафтори ҳуқуқии донишҷӯёнро танҳо дар ҳолате ташаккул додан мумкин аст, ки агар барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои таълимӣ маърифати умумии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад.
Табиист, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва мураккаби муосир хатари тафаккури ифротгароӣ ба раванди давлатдории давлатҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ба мушоҳида мерасад, ки дар бархе кишварҳои олам ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба зиндагии озодона ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳдид намуда, боиси шиканҷаи мардум, ихтилофи ҷомеа ва ниҳоят хунрезӣ, ҷабру зулм ва куштори одамони бегуноҳ мегарданд.
Аз ин рӯ, илму маърифат дар пешгирии хатарҳои номатлуб, аз ҷумла тафаккури хурофотӣ ва ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Пас, фарогир будан бо донишҳои устувор ва тафаккуру ҷаҳонбинии илмӣ барои дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат карда, зиндагии шоиставу босуботро таъмин месозад.
Албатта, дар ҳар давру замон ноустувории илму маърифат ва истифодаи нодурусти фарҳанги ғайр боиси падид омадани таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавии табиату инсоният шуда метавонад. Аз ин рӯ, яке аз василаҳои асосии муқовимат бо ин падидаҳои хатарнок ва нобудсоз фарогирии ҷомеа бо илму маърифати баланд маънидод мегардад.
Ба ин маъно, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд”.
Мувофиқи маълумот, аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд. Охир, маҳз мактаб дар рушди маънавиёт ва ҷаҳонбинии илмии насли наврас нақши асосӣ мебозад. Зеро ташаккули ҷаҳонбинӣ аз мактаби миёна сарчашма ёфта, зина ба зина сайқал меёбад.
Имрӯз, дар ҳоле ки ҷаҳон мувоҷеҳи хатарҳои зудпаҳншавандаву зудфарогир ва низою равандҳои мураккабу печида аст, мо тавонистем таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу оромӣ ва сулҳу ваҳдати мамлакатро муназзам нигоҳ дорем ва ин омили муҳим сарчашмаи саодату хушбахтӣ ва рафоқату осудагӣ маҳсуб мешавад. Пас, дар оянда низ ҳифзи ин неъматҳои бузург рисолати мо, шаҳрвандон дониста мешавад. Маҳз дар ин васила Пешвои муаззами миллат дуруст иброз намудаанд, ки “ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад”.
Бо назардошти ин таъкидҳо набояд фаромӯш созем, ки дар пешрафту тараққиёти ҳама кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ олимон ва ходимони илм нақши муассир доранд. Воқеан, ҳар кадом намояндаи ҷодаи илму маърифат, ки ба рушди илм дар мамлакат муваззаф аст, бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳмгузор бошад.
Дар марҳилаи кунунии Истиқлоли давлатӣ ҳама шароит ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар барои мо муҳайё аст. Танҳо дарки худогоҳиву хештаншиносӣ ва иҷрои рисолату масъулиятшиносӣ зарур аст, ки моро ба зиндагии шоиста, дарки баланди маърифати ҳуқуқӣ ва орому субот расонида тавонад.
Хулоса, дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии давлатамон саҳм гузорем. Пеш аз ҳама, дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу бум, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.
АРДАМЕҲР АШУРЗОД,
номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бознашр: https://khovar.tj/2024/04/tan-o-shahsi-so-ibmarifat-metavonad-dar-peshrafti-r-zgori-hud-va-omea-sa-m-guzorad-dar-oshiyai-soli-marifati-u-u/ сана 21.04.2024