Author: Salimov Akbar
ТОҶИКИСТОН УЗВИ КАЛИДИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ АСТ
Санаи 2-юми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд.
Субҳи 3-юми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими гузоштани гулчанбарг дар назди “Оташи ҷовидон”-и боғи ба номи 28 қаҳрамон-панфиловчиёни шаҳри Алмаато иштирок карданд. Дар маросими мазкур раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Игор Сергеенко, Раиси Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов, Раиси Шӯрои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев низ ширкат доштанд.
Санаи 3-юми июн дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва иҷрои қарорҳои дар сатҳи қонунгузорӣ қабулгардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федереатсияи Россия Владимир Путин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар ҳама самтҳо дар асоси принсипҳои эҳтиром ва ҳамкории мутақобилан судманд босуръат рушд мекунанд.
Инчунин, баъд аз маросими гулчанбарггузорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо раисони Парламентҳои кишварҳои узви СААД, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД ба Алмаато ташриф оварда буданд, доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, мубрамият ва нақши муҳимми ҷанбаи парламентии СААД аз ҷониби Тоқаев қайд карда шуд. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмон баҳои баланд дода, таъкид сохт, ки санадҳои намунавии аз ҷониби Ассамблея қабулгардида муҳимтарин ҷузъи таҳкими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбанд.
Боиси зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори навбатии ҷаласа оид ба тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои СААД, ҳамчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба барномаи фаъолияти Ассамблеяи парламенти СААД ҷиҳати наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 баррасӣ карда шуданд.
Зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Баёнияи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба “Рушди фанновариҳои зеҳни сунъӣ дар доираи СААД” қабул гарид.
Ёдрас менамоем, ки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) сохтори оинномавии ҳамкориҳои байнипарламентии СААД ба шумор рафта, 16 ноябри соли 2006 бо мақсади ҳалли вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди заминаи ҳуқуқии СААД дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шудааст. Ассамблеяи парламентии СААД аз намояндагони парламентии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия ва Арманистон иборат мебошад.
Ҷаласаҳои Ассамблеяи парламентии СААД ва Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД на камтар аз 2 маротиба дар як сол баргузор мешаванд.
Салимов А.Ҳ. ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бознашр:
https://amit.tj/tj/tochikiston-uzvi-kalidii-sozmoni-akhdnomai-amniyati-dastachami-ast