Author: Lutfullo Barotov
(бардоштҳо аз мураттаботи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов зери унвони “Андарзнома”)
Агар хоҳӣ, ки ҳосили 1-сола бигирӣ, гандум кор, агар хоҳӣ, ки ҳосили даҳсола бигирӣ, дарахт биншон, агар хоҳӣ тамоми умр ҳосил бигирӣ, тухми донишро дар дили мардум бикор.
Масали чинӣ
Аз рӯзе, ки инсон шуур пайдо кард, дониши худро сайқал дода, миёни дигар мавҷудоти зинда бартарӣ пайдо намудан гирифт. Ҳар шахсе, ки дониши бештар дошт, дар миёни қавми худ низ тавонотар ва обрӯмандтар буд. Ҳамин тавр, ҳар қавме, ки донишманди бештар дошт, дар миёни қавмҳои дигар тавонотар мегашт. Билохира, дар ҷаҳони имрӯз, ҳар миллате, ки рӯ ба илму маърифат оварда, технологияҳои навинро сари вақт аз худ мекунад, пешрафтатару соҳиби мақоми баландтар ҳаст. Дар ин раванд маҳз донишмандони меҳандӯст ҳастанд, ки тибқи масали чинии дар боло оавардашуда тухми донишро дар миёни мардуми кишвари хеш мекоранд. Ҳадафи чунин пажуҳишгарон хизмат ба меҳан ва ҳифзи бардавоми манфиатҳои миллӣ мебошад, аз ин рӯ, аз ҳар имконе истифода намуда, огоҳию дониши лозимаро пахшу нашр месозанд. Муҳимтар аз ҳама, тарбияи ҷавонон дар руҳияи донишҷӯӣ, меҳанпарастӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ ва рафтору гуфтори нек яке аз ҳадафҳои мураттиби китоби тозанашри “Андарзнома”, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи тарбиятию маърифатию ҳувиятӣ, мураттиби нуктасанҷ чунин як китоби муфидеро таҳия намуда, пешкаши оммаи васеи хонандагон гардонидааст.
Китоби мазкур маҷмуи зарбулмасал, мақол, шеър ва суханҳои пандомӯзро аз эҷодиёти бузургони миллию хориҷӣ фаро гирифта, арзиши баланди тарбиявӣ ва ангезабахширо дорост. Дар воқеъ, “суханҳои пандомӯз ҳамқадами ҳаёти инсонанд... Суханҳоеанд, ки аз имтиҳони муҳокима, муошират ва аз ҳама муҳим, амалияи ҳаёти башар гузаштаанд” (ниг.: Андарзнома, саҳ. 4). Муаллиф гулчине аз чунин суханҳои созандаро дар тули фаъолияти омӯзишиву эҷодии хеш гирдоварӣ намуда, бо ҳадафи ба хидмати дигарон вогузоштан таҳия кардааст. Онҳоро гурӯҳбандии соҳавиву забонӣ карда, кори хонандаро дар омӯзиши мавзуъҳои алоҳида осон кардааст.
Суханҳои бузургони милливу ҷаҳонӣ дар ростои ақлгароӣ ва хурофазудоӣ дар китоби мавриди назари мо хеле зиёд оварда шудаанд, ки хонандаро ба андеша кардан ва дуруст шинохтани равандҳо дар ҷаҳони имрӯз ва гузашта водор мекунанд. Аз забони Саъдии Шерозӣ меорад:
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест. (ниг.: Андарзнома, саҳ. 14)
Яъне, ибодати воқеӣ дар худнамоӣ кардану дар назди мардум худро порсо нишон додан ва баъдан даст ба фиребу найранг задан нест. Хизмат ба халқу ватан ва чизе офаридану дар ихтиёри мардум қарор додан ибодати воқеист. Такрор ба такрор овардани чунин суханони бузургон, дар замоне ки миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ риёкории ибодатию мазҳабзадагӣ, аз як тараф ва фиребу найранг, аз тарафи дигар, рӯ ба афзоиш ниҳодааст, хеле саривақтию зарурист. Мураттиб дар ҷойи муносиб аз забони Саъдии Бузургвор ҳикмати дигареро бозгӯ мекунад, ки бо вазъу ҳоли фикрию маънавии имрӯзӣ хеле ҳамоҳангӣ дорад:
Илм чандон нест, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ. (ниг.: Андарзнома, саҳ. 15)
Ин ҷо низ масъалаи хизмат ба халқу ватан аз тариқи дар амал татбиқ кардани донишҳои андухташуда мадди назар қарор мегирад. Мунтаҳо, дар замоне ки ҷаҳон ба сӯйи илму технологияҳои баланд рафта истодааст, масъулияти донишмандону пажуҳишгарони миллӣ ва умуман, онҳое, ки ин соҳаро сарпарастию назорат мекунанд, дучанд зиёд шудааст. Чандин ниҳод бояд дар ҳамоҳангӣ ва бо як масъулиятшиносии баланд фаъолияти худро ба роҳ монанд, то ки натиҷаҳои фаъолияти илмии ниҳодҳои пажуҳишӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гарданд ва ба давлату миллат манфиат биёранд. Мураттиб бо дарки амиқи ин воқеият шоҳбайти мазкури Саъдии Шерозиро дар маҷмуаи худ ҷой дода, ҳадафмандона ба хонандагон манзур кардааст.
Чун мураттиби китоб аз фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳ аст ва дар ин замина бардоштҳои зиёде дорад, дар маҷмуа ҳикмату андарзҳои файласуфону мутафаккирони халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳониро ҷо додааст. Дар ин шумул ба ҳикмати файласуфи қадимаи чинӣ Лао Тсзӣ таваҷҷуҳ мекунем:
“Ақл ягона воситаи хушбахтӣ аст”.
Лао Тсзи (ниг.: Андарзнома, саҳ. 16)
Бале, ақлу хирадгароӣ аст, ки инсониятро ба сӯйи созандагӣ ва инсондӯстиву накукорӣ ҳидоят мекунад. Накукорӣ бо такя ба дирояту фазилат беҳтарин вижагии инсоният аст. Танҳо инсони офаранда ва хирадгаро метавонад арзиши аслии инсон ва ҳаёту ҳуқуқҳои ӯро дуруст арёбӣ кунад ва барои манфиати ҳамагонӣ даст ба амалҳои неки холисона занад. Офарандагӣ дар ҷаҳони имрӯз бе илму фан намешавад ва мураттиб аз забони Муҳаммад Иқбол намунаи ҷолибе меоварад:
Қуввати Мағриб дар илму фан аст
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст. (ниг.: Андарзнома, саҳ. 19)
Эҳтироми меҳан аз эҳтиром ба арзишҳои он оғоз мешавад. Забон низ яке аз арзишҳои миллӣ мебошад, ки ҳифзу ҳимояи он вазифаи ҳар як ватандори баномус аст. Барои таъкиди арзиши забони модарӣ мураттиби китоб аз забони Лоиқ Шералӣ овардааст:
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст. (ниг.: Андарзнома, саҳ. 25)
Таваҷҷуҳ кардан ба сифат ва бо баланд бардоштани сифатнокӣ дар тамоми саҳаҳо боло бурдани сатҳи некуаҳволии халқу миллат беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи мураттиби китоб қарор гирифтааст. Махсусан, дар замоне ки хатарҳои зиёде аз ҳар тараф меҳани моро таҳдид мекунанд, боло бурдани сатҳу сифати ниҳодҳои амниятӣ хеле муҳим мебошад. Ин аст, ки аз забони бузургтарин шоири классики мо Абулқосим Фирдавсӣ намунаи ҳадафрасе оварда мешавад:
Агар сад саворанду гар сад ҳазор,
Фузунии лашкар наояд ба кор.
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор. (ниг.: Андарзнома, саҳ. 36)
Ин маъно дар ҷаҳони имрӯз аҳамияти чандинкарата ба худ мегирад. Чунки сатҳу сифати артиши миллӣ ва таъмин кардани он бо яроқу аслиҳаҳои мураккаби имрӯза ва технологияҳои навтарини пешбурдӣ давлатро дар баробари хатару таҳдидҳои имрӯзӣ муқовим месозад. Аз сӯйи дигар, ҳаллу фасли ҳар мушкилоти минтақавию глобалие ба кайфияту чигунагии сохтори низомию амниятӣ бастагӣ дорад. Ин панди Фирдавсии Бузургро набояд фаромӯш кард ва муҳимтар аз ин, бояд тибқи он амал кард.
Хулоса, маҷмуаи тартибдодаи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов зери унвони “Андарзнома” як дастури хуб барои тарбияи ватандӯстӣ ва ҷасорат, тарғиби сифатҳои неки инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамчунин як воситаи ангезабахшӣ барои ҷавонон мебошад. Он ҳама зарбулмасал, мақол, шеър ва суханҳои пандомӯз аз эҷодиёти бузургони тоҷик ва хориҷӣ гирдовардаи мураттиб, бешак ба ҷомеаи муосири мо манфиат оварда, таъсири мусбати худро дар рушди босуръати давлатдории навини тоҷик хоҳад гузошт.
Меҳр Собириён
18.12.2023