АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ТАЪРИХИИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲОШИЯИ “КОНФРОНСИ ОБИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД - 2023”

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минҷумла дар ҳаллу пешгирии масоили байналмилалӣ вобаста ба обу иқлим ҳамчун кишвари ташаббускор нақш ва мақоми хосса дорад.
  Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масоили муҳим ва мубрам, ки хислати умумибашариву ҷаҳонӣ доранд, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгириву ҳалли он таъкид варзидаанд.
  Аз ҷумла, сафари кории муҳтарам Пешвои миллат дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеан яке аз марҳилаҳои муҳими созанда ва судовари таърихист. Зеро Конфронси мазкур оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард, ки ин бозгӯи ҳамкориҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ миёни давлату миллатҳои ҷаҳон аст. Нуктаи муҳим он аст, ки дар ташаббусу ташкил ва натиҷагириву кори Конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми намоён дорад.
  Мусаллам аст, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз сӣ сол сипарӣ мешавад ва дар ин марҳила ҳамкории Тоҷикистон бо ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он идомаи устувор доранд. Аз ҷиҳати дигар, Созмони Милали Муттаҳид ибтикороти байналмилалии Тоҷикистонро бо хушнудӣ истиқбол менамояд.
  Муҳиммият ва муҳтавои сафари муҳтарам Пешвои миллат бори дигар даъвати ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла масъалаи об аст. Чуноне Пешвои миллат таъкид доштанд, ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад. Зеро дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад. Пас, пешниҳоди Пешвои миллат басо саривақтӣ ва муҳим аст, ки вобаста ба ҳамаи ин масъалаҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавию глобалӣ роҳандозии механизмҳои боэътимоди муосирро барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба он зарур мешуморанд. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд. Бо ин назардошт, мавзуъҳои меҳварии мулоқот пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо буданд. Илова бар ин, масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд ва ба ин мақсад кишвари мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст.

  Об масъалаи ҳаётан муҳим дар афкори Пешвои миллат
  Воқеан, об унсури ҳаётан муҳим аст, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем. Аз дигар ҷиҳат, ба ақидаи Пешвои миллат вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст. Аз ин рӯ, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем. Воқеан, ақидаи Пешвои миллат дурусту мантиқӣ аст. Чунки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир додан, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ мондан муҳиму саривақтӣ ва масъалаи умдаи сатҳи ҷаҳонӣ аст.
  Метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ арзишу зарурият ва муҳимияту муқаддас будани яке аз унсурҳои асосии табиат – обро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ин воқеан ташаббуси бузургу созанда аст. Ин ибтикорест, ки маҳз маҳсули андешаи солим аст. Андешае, ки созанда аст. Ба таври дигар гӯем, ин иқдом инъикоскунандаи бузургиву дурандеш будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон ба мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ мувоҷеҳ аст, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад. Ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.
  Ҳамин тариқ, ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд. Ба ақидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастиву ҳамбастагӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд. Дигар ин ки, боздиду мулоқот ва суҳбатҳои Пешвои миллат бо роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ҳошияи конфронси об сурат гирифтанд, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн мусоидат хоҳад кард.  
 
Ардамеҳр Ашурзода
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

НАЗАД