14-уми апрели соли 2021 –ум Ҷозеф Байден - президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон намуд, ки то санаи 11-уми сентябр, бахшида ба 20-умин солгарди воқеаҳои фоҷиабори 11-уми сентябри соли 2001-ум, тамоми қувваҳои мунтазами ИМА хоки Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт. 2-юми июл Германия ва Италия қувваҳои низомии худро аз Афғонистон берун кашиданд. Худи ҳамин рӯз қувваҳои низомии Амрико аэродроми Баграмро шармандавор, бидуни хабардор намудани низомиёни афғон тарк намуданд. Дар натиҷа ин пойгоҳ пеш аз он, ки қувваҳои давлатӣ онро таҳти назорат гиранд, аз тарафи дуздону авбошон талаву тороҷ гашт. Гумон меравад, ки амрикоиҳо ин корро амдан карданд, то ҳамаи яроқу аслиҳа ва техникаву абзорҳои ҷангии ин фурӯдгоҳ ба дасти Толибон афтад. 8-уми июли соли 2021 президент Байден эълон намуд, ки хотимаи расмии ҷанг дар Афғонистон 31-уми августи соли 2021 муқаррар мегардад. 12-уми июл Остин Миллер – фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон аз мансаби худ даст кашид.
Ниҳоят 30-юми августи соли 2021Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хуруҷи пурраи низомиёни худро ба охир расонид ва бо ҳамин рисолати худро дар тахлияи низомиёнаш аз Афғонистон ба анҷом расида эълон намуд. Хуруҷи пурраи нерӯҳои низомии Амрикоро Пентагон низ тасдиқ намуд. Сардори Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА (USCENTCOM) генерал Кеннет Френк Маккензи ба расонаҳои хабарӣ изҳорот дода гуфт, ки рисолати ниҳоят душвори 20 – солаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон анҷом пазируфт. Ба гуфтаи генерал “тайёраи охирин С – 17 рӯзи 30 август соати 15:29-и вақти маҳаллӣ аз фурудгоҳи Кобул парвоз намуд”. Дар тайёраи охирин фармондеҳи Корпуси 18-уми ҳавоӣ – десантии ИМА дар Кобул, генерал-лейтенант Крис Донахю ва сафири ИМА дар Афғонистон Росс Уилсон парвоз намуданд.
Соате пас аз парвози охирин ҳавопаймои ҳомили сарбозони амрикоӣ ва бархе аз ҳамкорони афғонии онҳо аз фурудгоҳи Кобул, “Толибон“ фурудгоҳи байналмилалии Кобулро ба зери назорати комили худ дароварданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи “Толибон” изҳор намуд, ки “Бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Афғонистон соҳиби истиқлолияти комил гашт”. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва музокиракунандаи аршад бо “Толибон” оид ба ин масъала чунин гуфт: “ Бо хуруҷи Амрико, афғонҳо бо фурсате барои тасмимгирӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ояндаи кишвари онҳо дар дасти худашон аст.Онҳо роҳи худро бо ҳифзи ҳокимияти комил интихоб хоҳанд кард. Ин фурсате аст то ҷанги онҳо низ ба поён бирасад”.
Мутаассифона, Таҳрики исломии “Толибон” на бо он роҳе, ки Залмай Халилзод ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ пешбинӣ ва пешниҳод карда буданд, пеш меравад, балки онњо роҳи хушунату зӯроварӣ, таассубу ҷаҳолат, қавмгароиву қабилабозӣ ва қатлу ғоратро пеш гирифтаанд. Овозаҳое, ки “Толибон”- и имрӯза дигар шудаанду чеҳраи башарӣ пайдо кардаанд, билкул иштибоҳ аст. Онҳо боз ҳам қотилтару золимтар ва тундравтару ифротгаротар шудаанд.
Ба гуфти Аҳмади Масъуд, раҳбари “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон “ “Таҳрики “Толибон” як гурӯҳи тундрав аз номи дину мазҳаб ҷаҳонро ба чашми ифротият ва тундгароӣ мебинад ва ин гурӯҳи тундрав дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳадафманд ба унвони як бозингар дар Афғонистон парчами сафедашро баланд кард. Амри тақвияти ифротгароии Толибон равшан ва маълум буда, доманаи тундравӣ ва ҳамлаҳои зиддибашарии ин гурӯҳ васеъ шуда, оқибатҳои даҳшатноки он имрӯз ё фардо кулли кишварҳои Осиёи Миёна, Ҷанубу Шарқи Осиё, Ховари Миёна ва ҷаҳонро низ фаро хоҳад гирифт.” Акнун “Толибон” дар ҳамкорӣ бо ДОИШ, Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар Панҷшер ва минтақаи Шимоли Афғонистон ба наслкушии ақалиятҳои миллӣ шуруъ намуданд.
Масъули ин бесарусомонӣ онҳое ҳастанд, ки Толибонро ба расмият эътироф карда, ба онҳо нерӯи маънавӣ ва моддӣ бахшиданд. Неруҳои Амрико ва НАТО тӯли 20 соли охир теъдоди калони силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаҳои ҳарбиро вориди Афғонистон кардаанд, ҳамаи онњо имрӯз бо нақшаи пешакӣ таҳрезишуда байни “Толибон”, ДОИШ ва Ал-қоида тақсим карда шуда ва дар оянда бар зидди инсоният истифода хоҳанд шуд.
Ҳоло бошад “Толибон” бар хилофи ваъдаҳои кардаашон оид ба риояи ҳуқуқи инсон аз ин аслиҳа кӯдакон ва занҳои Панҷшер ва сокинони дигар манотиқи Афғонистонро кушта, аз нигоҳи мазҳабӣ ва қавмгароӣ ҷиноятҳои зидди аҳли башарро анҷом дода истодаанд. Имрӯз бошад, онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки як ҳукумати қотилу ғосибро ба номи Аморати Исломӣ таъсис дода, эътирофи дунёро ба даст оранд. Бадбахтона, бархе аз давлатҳо аз даҳшати Толибон ба тарсу ҳарос онҳоро эътироф намуда, хушомад њам мезананд.
Мутаассифона ,љомеаи башар, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ нисбати ин фоҷиаи башарӣ дар Афғонистон вокуниши сареъ нишон намедиҳанд ва ба ҷуз аз чанд изҳороти хушку бетаъсир мо чизи дигареро намебинем. Тавре ки шоҳид шудем ҷомеаи башар, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии он натавонист амнияти давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҳатто то хуруҷи пурраи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО таъмин намояд. Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар коми буҳрони инсонӣ (фоҷеаи башарӣ) афтодааст ва бидуни кумаку дастгирии ҷомеаи башар наметавонад аз ин варта халосӣ ёбад. Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ дер бошад ҳам акнун мехоҳанд дасти кумак ба мардуми ҷабрдидаи афғон дароз намоянд. Сухан албатта сари кӯмакҳои башарӣ меравад.
Тассаллути сареъу ногаҳонии “Толибон” дар Афғонистон як бесарусомонву беназмӣ ва бесуботиро дар кишвар ба амал овард. Тамоми мақомоти идораи давлатӣ, сохторҳои амниятиву қудратӣ бонкҳои давлативу хусусӣ ва амсоли онҳо фаолияти худро қатъ намуданд. Мардуми бесоҳибу бадбахту даҳшатзадаи афғон рӯ ба фирор ниҳодааст, миллионҳо нафар ба гурезаҳои дохилӣ ва садҳо ҳазор нафар рӯ ба хориҷи кишвар ниҳоданд.
Касе шумораи аниқи гурезаҳоро дар ин кишвар намедонад ва донистан ҳам намехоҳад. Агар аз як тараф сабаби талоши тарки Афғонистон кардани ҳазорҳо нафар тарси қассосгирии “Толибон” ва хотироти талхи давраи салтанати қаблии онҳо бошад , аз тарафи дигар мушкилоти иқтисодиву нобоварӣ ба ояндаи нек , сабаби рӯ овардпни онҳо ба кишварҳои дигар мебошад. “Толибон” бо тамоми роҳу усул, ҳатто бо зӯрӣ, мехоҳанд, ки пеши роҳи гурезаҳоро гиранд ва нагузоранд, ки мардум тарки кишвар намоянд ва имиҷи (обрӯи) онҳо дар хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.
Бо дар назардошти вазъияти кунунии Афғонистон Дафтари Комиссариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (ДКОГ) аз кишварҳои ҳамҷувори Афғонистон даъват ба амал овард, ки марзҳояшонро барои гурезагони ҷанги Афғонистон набанданд ва гурезаҳоро дар кишварашон қабул намоянд. Комиссариати мазкур изҳор дошт, ки Афғонистон дар арафаи буҳрони инсонӣ қарор дорад.
Ба ин даъват нигоҳ накарда Туркия барои роҳ надодани гурезаҳо ба кишвараш мехоҳад дар сарҳад бо Эрон сад бисозад. Ҳамсояҳои дигари Афғонистон аз қабили давлатҳои Осиёи Марказӣ аз омадани гурезагони афғон чандон шод нестанд ва худи гурезагони афғон низ майли зиёди омадан ба ин кишварҳоро надоранд ва муҳоҷирати худро ба давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва Америкаи Шимолӣ тарҷеҳ медиҳанд. Владимир Путин, президенти Русия қабули гурезагони афғонро аз тарафи давлатҳои Осиёи Марказӣ ғайри қобили қабул пазируфта иброз дошт, ки ин амал ба амнияти Русия хатар дорад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае аз “Толибон” хостааст, ки бигузорад мардум Афғонистонро тарк кунад. Дар қатънома ба аҳамияти дастрасии мардум ба хадамоти башардустона, риояи ҳуқуқи башар, мушорикати фарогири сиёсӣ ва мубориза бо терроризм таъкид шудааст.
Намояндаи расмии Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масоили башардӯстона Йенс Ларке дар нишасти матбуот хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон СММ ва шариконаш ба 8 миллион шаҳрвандони Афғонистон кӯмак намудаанд. Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати тезу тунд гаштани вазъият дар Афғонистон Дафтар тасмим гирифтааст, ки кумаки худро ҳар куҷое ки имкон бошад, давом хоҳад дод. Бо дар назардошти он, ки Дафтари мазкур созмони башардӯстона ва бетараф мебошад дар масъалаи дастрас намудани кӯмакҳо бо тамоми сохторҳо ба шумули Таҳрики ифротии “Толибон” ҳамкорӣ хоҳад кард.
Дар пасманзари зиёд шудани ниёзҳо ба кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон, имкони расонидани он, пеш аз ҳама, ба сабаби манъи парвозҳои тиҷоратӣ ба Кобул коҳиш меёбад. Кормандони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (CҶТ) дастрасии фаврӣ ба миллионҳо нафар афғонҳои ниёзманди кумакҳои ҳаётан муҳимро талаб мекунанд. Ҳанӯз пеш он ки толибон кишварро ишғол кунанд, 18 миллион аҳолии он ба кумак ниёз доштанд. Ин сеюмин бузургтарин амалиёти башардӯстона дар ҷаҳон буд. Илова бар ин танҳо дар ду моҳи охир 300 000 афғон хонаҳои худро тарк кардаанд.
Азбаски дар фурудгоҳи Кобул фуруд омадани хатсайрҳои тиҷоратӣ манъ аст, мо наметавонем захираи кумакҳои башардӯстонаро ба кишвар ворид карда, ба ниёзмандон расонем. Дигар созмонҳои башардӯстона низ ҳамин мушкилотро аз сар мегузаронанд». Муаллифони изҳорот даъват мекунанд, ки фавран як долони ҳавоӣ таъсис дода шавад, ки имкон диҳад ба Афғонистон пайваста ва бемамониат кумак расонида шавад.
Раиси Комиссиюни Аврупо, Урсула фон дер Ляйен дар бораи аз 50 то ба 200 миллион евро афзоиш додани кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон хабар дод. Ӯ изҳор дошт, ки ин маблағ ҳам ба шаҳрвандони Афғонистон, ки дар дохили кишваранд ва ҳам ба паноҳҷӯёни афғоне, ки берун аз марзанд, пешбинӣ шудаанд.
Дар масъалаи муҷозоти Таҳрики исломии “Толибон” сохторҳои молиявии байналмиллалӣ як қатор таҳримҳои муассир андешиданд, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) эълом дошт, ки бо сабаби аниқ набудани мақоми роҳбарияти ин кишвар, кӯмакро ба Афғонистон қатъ менамояд. Ҳамин ҳафта ХБА бояд ба Афғонистон тақрибан 400 миллион доллар кӯмак мекард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз Таҳрики террористӣ - исломии “Толибон”- ро ба ҳайси роҳбари қонунии Афғонистон эътироф накардааст ва бо ҳамин сабаб ХБА кӯмакро ба ин кишвар қатъ намудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузории лоиҳаҳоро дар Афғонистон, ки таҳти тассаруфи Таҳрики Исломии “Толибон” қарор доранд, муваққатан қатъ намуд. Вазъияти кунунии Афғонистон ва номуайянии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсӣ боиси нигаронии Бонки Ҷаҳонӣ гаштааст. Қаблан ҳукуматдорони ИМА тамоми дороиҳои асъориву амволии Афғонистонро баста буданд.
Раҳбари Бонки марказии Афғонистон, ки кишварро тарк кардааст, мегуяд, ки дар аҳди “Толибон” кишвар бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад. Аҷмал Аҳмадӣ, ки раҳбарии “Де Афғонистон бонк”-ро ба ӯҳда дошт, дар сӯҳбат бо Bloomberg рӯзи 22-юми август гуфт, ки қурби поини пули миллӣ, таварруми афзоянда ва нархи баланди маводи воридотӣ аз мушкилоте хоҳад буд, ки дар фурсати наздик дар пешорӯи Афғонистон қарор дорад. Аҳмадӣ гуфт, баъди масдуд шудани 9,4 миллиард доллар маблағҳои Афғонистон иқтисоди бе ин ҳам заъифи кишвар дучори мушкилоти сангин мешавад.
Ба иловаи пулҳои масдудшуда дар ИМА, Сандуқи байналмилалии асъор гуфт, ки ҳукумати нави Толибон аз қарзгирӣ маҳрум мешавад. Аз ҷумла, қарор буд, ки 23-юми август ин кишвар 500 миллион доллар маблағҳои нав бигирад, вале ин пулҳо ҳам масдуд шуданд. Душвориҳо, тавре ки мебинем дар пешанд ва саволе матраҳ мегардад - оё “Толибон” қодиранд, ки ин мушкилотҳоро мисли ишғолгариҳои сареъашон ба зуддӣ ҳаллу фасл намоянд ва мардуми афғонро аз ин вартаи ҳалокат наҷот диҳанд?
Рӯзи 25-уми августи соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Шоҳ Маҳмуд Қурайширо ба ҳузур пазируфтанд. Ба иттилооти дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар мулоқот таъкид гаштааст, ки вазъи Афғонистон яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад ва ин кишвар имрӯз дар остонаи фоҷеаи инсонӣ (гуманитарӣ) қарор дорад. “Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки “Толибон” аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил намудани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеъи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд”, - таъкид шудааст дар мулоқоти Раҳмон бо Қурайшӣ.
Президенти кишвар афзудааст, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Ӯ таъкид намудаст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи аққалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Ҷониби Тоҷикистон зарур мешуморад, ки сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Хушбахтона Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъи аниқ, устувор ва принсипалии Тоҷикистонро нисбати қазияи Афғонистон ба таври возеҳу ошкор баён намуда ба бозиҳои пасипардагии атрофи Афғонистон нуқта гузошт. Пешвои миллат ба тамоми ҷомеаи башар иброз доштанд, ки тоҷикони Афғонистон бе пушту паноҳ нестанд ва касе ҳуқуқи поймол намудани номусу нанг ва шарафи онҳоро надорад. Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки мавқеъи худро ошкорову руйрост ва бидуни нозукиҳои дипломосӣ иброз дошт. Мо дар интизори онем, ки созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва дигар давлатҳои дуру наздик низ мавқеи принсипалии худро нисбати ин давлати террористӣ бо номи Аморати Исломии Афғонистон иброз дошта бозиҳои пасипардагиро бо ин созмони террористиву ифротгаро бо номи Таҳрики Исломии “Толибон” хотима мебахшанд.
3 –юми сентябри соли 2021
Сайдалӣ Судуров, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА АМИТ