Автор: ИИПСАЕ
Дар ҷаҳони кунуни сохтани давлат ва мубориза бурдан барои давлатдори бениҳоят кори мушкил аст, алалхусус дар ҷаҳони пуртаззод ва пур аз рақобатҳои геополитикӣ. Ҳатто ҳимояи кишвари хеш яке аз масъалаҳои асосии гегемонҳои ҷаҳони гаштааст. Дар сурате ки чунин абарқудратҳо барои таъмини амнияти худ нигарониҳои зиёд доранд ва дар ин самт маблағҳои ҳангуфтеро равона мекунанд, давлатҳои хурд то кадом дараҷа имконият доранд барои пешгирии хатарот ин як масъалаи мубрами давлатдорист. Таърих гувоҳ аст, ки ҳама давлаҳо дар ҳолатҳои ногуворе ба сари миллат меояд, ҳама иқтидори худро барои бартараф кардани хатар равона мекунанд, низомиёни давлат ҷони худро фидо мекунанд, то ин ки мардум дар фазои сулҳу субот зиндаги намоянд. Давлат ин умумияти шаҳрвандон аст ва бояд ки шаҳрвандон барои ободони, амният ва пешрафти давлат андеша ва кушиш намоянд.
Аслан барои роҳ надодан ба чунин хавфу хатарҳо ҷомеаро лозим аст, ки дар замони осоишта ҳуввияти миллӣ дошта бошанд. Ҳануз дар замони осоишта бояд дар мафкураи мардум ҳисси ватандӯстиро ҷой намудан лозим аст, ки халқ на барои манфиате, на барои тарсу ҳарос балки танҳо аз руйи ҳисси милли барои Ватан хизмат намояд. Фаҳмиши нодурусте дар байни баъзе ашхос ҷой дорад, ки: ман барои чи ба Ватан хизмат намоям? Ватан барои ман чи кардааст? Ҳаркуҷое зиндагӣ хуб бошад онҷо ватан аст! Фаромуш набояд сохт вақте, ки шахс ба дунё меояд маҳз дар оғуши ватан ба воя мерасад, ватан ба ӯ ғамхорӣ мекунад, ғайр аз ин ҳануз аз замони таваллуд ватан уро бо тамоми камбудиҳояш қабул менамояд. Яъне уро ҳамчун шаҳрванд парварида ҳимоя менамояд. Илова бар ин агар дар ҳар гушаю канори дунё кору зиндагӣ намои ҳатман ба хотири манфиат туро нигоҳ медоранд. Аммо ватан ягон маконе аст ки ҳама вақт инсонро қабул намуда ҳеҷ манфиатеро аз шахс талаб намекунад.
Бо назардошти ақлу идрок ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, барои пешрафту амният ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар камари ҳиммат бандад. Саҳм гузоштан дар таъмини амният ва ободонии кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Аксарият халқу миллатҳое ҳастанд дар дунё, бо доштани потенсиали бузурги молявию иқтисоди ва маънавию ақлонӣ, давлати ягонаи худро надоранд. Возеҳ аст, ки маҳз чунин халқиятҳо ба арзишҳои худ ба ҳамзабонони худ содиқ ҳастанд аммо бо ҷонбозиҳои зиёде наметавонанд давлати соҳибихтиёр дошта бошанд. Имруз ин неъмати бебаҳое, ки мо дорем онро бояд қадр кард. Ҳама давлат аввалиндараҷа барои шаҳрвандони худ ғамхорӣ мекунад, ки инро ҳам аз таърих ва ҳам дар ҳодисаҳои солҳои охир ки дар ҷаҳон рух дода истодааст мушоҳида кардан мумкин аст. Маҳз ба ин хотир шаҳрвандон низ масъуланд, то хизмати худро барои ватан дареғ надоранд.
Барои он ки давлат қудратманду пешрафта ва зиндагии мардум беҳтар гардад, шаҳрвандонро зарур аст ки пеш аз ҳама ватандӯст бошанд, ҳама гушаву канори Тоҷикистон барои худ азизу муқаддас дониста барои ҳифзи давлатиу миллат, хизмат дар сафи артиши миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобанд. Инчунин ба арзишҳои милли хеш арҷгузор бошанд.
Масъалаҳои арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз масоили мубрами ҳаёти љомеа ба шумор рафта, аз даврҳои қадим диққати аҳли башарро дар як заминаи устувори ақлӣ нигоҳ дошта омадааст. Барои ҳаллу фасли талаботи арзишҳои миллӣ, халқ, миллат, синф ва гурӯҳҳои иљтимоӣ, давлатҳо пайваста дар чунин кори нек иштироки бевосита намуданд, ки ҳар яке мувофиқи фаҳмишу љаҳонбинии худ амал мекард.
Миллати куҳанбунёди тоҷик аз таърих соҳиби давлатдорӣ буда ва дар идораи давлат низ таҷрибаи бою ғанӣ дорад. Одамон аз насл ба насл чун дорои ахлоқи гаронмоя, хотираи дурахшони онҳоеро мерос мегузоранд, ки дар солҳои набарди озмоиш ва хатари маргбор ба сари меҳани худ љони худро сипар кардаанд, то халқ ором бошад. Рӯҳи ватанхоҳӣ ва омодагии ин наслҳо ба мубориза баҳри ормонҳои волои љамъиятӣ бастаи он аст, ки наслҳои нав ба нави ба зиндагӣ воридшаванда чи сон ба хотираи қаҳрамонони љигарпоракарда муносибат кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки мо тољикон аз наслҳои гузаштаи хеш як гулчини меҳру муҳаббати ватандориро омӯхта ба худ дӯст доштани сулҳу рафоқатро бо давлатҳои ҳамсоя шиор кардаем.
Боиси ифтихор ва сарфарозист ки имрӯз ҷавонони шуҷои Ватан дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурӣ адои хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ин гувоҳи он аст, ки ҷавонони кишвар бо ҳисси ватандустӣ мероси гузаштагонро пос медоранд. Бо назардошти оне ки Ҷумҳурии мо бо дигар кишварҳо ва созмонҳо дар мудофиаи кишвар созишномаҳо дорад, лек дар солҳои истиқлолияти хеш онро дифоъ карда, манфиатҳои миллии хешро аз ҳамиа гуна хатарҳои дохилию хориҷи пуштибонӣ мекунад.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳама марзи хатарноктаринро дар Осиёи маркази маҳз марзбонони тоҷик ҳимоя мекунанд. Дар ҳоле ки ба ғайр аз давлатҳои минтақа, давлатҳои Аврупоию Амрикои аз хатари Афғонистон дар ҳарос ҳастанд ва саъю кушиш мекунанд дар пешгирии ин хатар. Шаҳрвандони кишвар бояд мутмаин бошанд ки хатари Афғонистон ба тамоми сайёра таҳдид дорад ва ба бовари гуфта метавонем, ки артиши миллии мо имрӯзу оянда пуштибонӣ марзу буми кишвар аст. Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқи шурави Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ба ҳечваҷх аз Артиши Шуравии Қувваҳои Мусаллахаи собиқ ИҶШС мерос нагирифтааст. Ин масъулияти бузургро яъне ҳифзи марзи давлатиро Қувваҳои мусаллаҳи навтаъсиси кишвар, ки 23 феврали соли 1993 таъсис ёфт ба зимма гирифтанд ва ин ҳама оромию осоиштагӣ аз ҷонфидои ва заҳматҳои шабонарӯзии артиши милии кишварамон мебошад.
Дар хулоса бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои мудҳиши солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, қобили таҳсин аст, ки ҳайъати шахсии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои эктремистиву терористӣ саҳми басо арзишманд гузоштаанд. Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистифқлолии Ватан буда дар оянда низ ягона сипари боэътимоди давлату миллат мебошад.
Талбаков Саидаҳтам,
лаборанти шуъбаи Осиёи ҶанубӢ ва Шарқӣ