Арзёбии “Коронавирус” 2019 зери модели ХБН дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Башарият бо тамоми неру ва тавоне, ки дорад, доимо бо ҳодисаву воқеаҳое дучор мегардад, ки тавассути ҳамаи он дараҷаву мизони донишу малакаашро санҷида, каму костаашро такомул мебахшад. Соли 2020 бо вуруди вабои аср "Коронавирус" 2019 тамоми аҳли олам ба як фазое табдил ёфт, ки ба қавли Ҳофиз "Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам", тамоми ҳастии сайёраро ба яъсу ноумедиҳо оварда расонд. Вале бояд инсон, ки бо беҳтарин сурат халқ шудааст, тавассути истифода аз сирати худ ҳамаи ин сахтиҳоро таҳаммулпазирона ва донишмандона паси сар намуда, бо неруи илмии худ барои ободии ҷомеа ва мардуми он саҳм гузорад. Ва чуноне ки Шайх Аттор фармудааст:
         Шукри неъматҳову сабр андар бало,
         Медиҳад оинаи дилро ҷило.
Бояд зикр кард, ки хурӯҷи коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.
Инҷо мо зарур шуморидем назаре ба фарозу нишебҳои кишварҳои Ҷануби Осиё дар пешгирии вабои аср “Коронавирус” 2019  огаҳӣ дошта бошем. Зеро бештари ин манотиқ бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, инчунин робитаи ҳасана доранд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё  машҳуртар бо номи Ҷануби Осиё  дорои кишварҳои  бузургу пуриқтидорест, ки  дар барномаҳои ҷаҳонии Созмони милалӣ муттаҳид ва  дигар ташкилоту созмонҳо ва тасмимгирии геостратегӣ  саҳм гирифта, нақши калидиро  мебозанд.
 Барои ҳамин  омӯзишу таҳлили ин манотиқ  ва  раванди корбурду муборизаҳои онҳо  оиди ин ё он масоили ҷаҳонӣ назарсанҷӣ метавон кард. Масали “пешгирӣ беҳтар аз илоҷ” маъруф буда,  метавон онро чун шиори стратегӣ  қабул кард ва барои ҷилавгирии ҳар навъ хатароту таҳдидҳои иҷтимоӣ истифода кард.  Таҳлилгар Анкит Панда  минтақаи  Осиёи Ҷанубиро мавриди  баррасӣ қарор дода, тасмимгирӣ ва нақшаҳои онҳоро зери модели Х.Б.Н ё хуб, бад, нописанд, дараҷабандӣ кардааст, ки хулосаи онро  барои хонанда пешкаш менамоем, то аз он огаҳии илмӣ пайдо намояд.
 
Афғонистон
Хуб: Аз соли 2001 ислоҳот дар бахши беҳдоштии кишвар  хуб ба роҳ монда шуда, чораҳои саривақтӣ гирифта шудаанд, то иқдомҳои хуб амалӣ гарданд.
Бад: Бо имконоти маҳдуди тиббӣ, 70 фоизи  аҳолии деҳоти  кишвар ва ҳаммарзӣ бо Эрон,  хатари  “Коронавирус” 2019 инҷоро ба  чолишҳои  бештар мекашонад, ки бояд чораҳо андешид.   
Нописанд: Паҳншавии  “Коронавирус”2019  дар раванди сулҳи кишвар, иқтисодиёт он  ва кӯмакҳои молии кишварҳои донор асар  мегузорад, ки ба рушди барномаҳои  ободкунонии Кобул  пешбинӣ шудааст.
 
Бангладеш
Хуб: Ҳукумати кишвар барои ҷилавгирӣ аз “Коронавирус” 2019  иқдомоти ҷиддӣ гирифта, ташаббусҳои хуби иқтисодӣ ва беҳдошти иҷтимоӣ   барои коҳиш додани зарарҳои он гирифта шудааст. Барои чунин тасмимҳо давлат аз хазина  8 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо кард.
Бад:  Аз чор як  ҳиссаи кормандони  бахши  корхонаҳои либосвории кишвар  ба сабаби  коҳиш  ёфтани талабот аз хориҷа зарари молӣ диданд, ки  тақрибан ба 3 миллиард доллари амрикоӣ мерасад.
Нописанд: Ба мисли дигар манотиқи Осиёи Ҷанубӣ   баъзе аз бангладешиҳо низ  дар фақр зиндагӣ мекунанд, ки бо эоҷоди рукуди иқтисодӣ ва карантинҳои эълоншуда  зарари бештар хоҳанд дид, хусусан муҳоҷироне, ки аз Миёнмор   омаданд, таъсирпазир мегарданд.
 
Бутан
Хуб: Баъд аз пайдо шудани “Коронавирус” 2019 аз ҷониби сайёҳи амрикоӣ, кишвари Бутан иқдомоти беҳдоштиро хубтару беҳтар гардонид ва марзҳояшро аз 23-уми март баста кард ва назоратро шадидтар сохт. Бо  маълум шудани омили вуруди “Корона” 2019 рафту омад байни ҷомеа маҳдуд гардид.
Бад: Баъзе ашёи зарурии  Бутан   аз Ҳиндустон ворид мешавад, ки дар  сурати идомаи буҳронҳои “Корона” 2019 он ба иқтисодиёт зарар хоҳад овард.  Ҳиндустон маҳсулоти лозимаро нигоҳ дошта, нигарон аз  онаст, ки то кадом  муддат онро ҳифз бояд кунад.
Нописанд: Афзоиши covid-19 метавонад захираҳои маҳдуди системаи тандурустии Бутанро хеле бадтар созад.
 
Ҳиндустон
Хуб: Ҳукумати марказии Ҳиндустон ба пандемия ба таври ҷиддӣ муносибат карда,  рафту омадро   ба хориҷа манъ кард,  тибқи маълумотҳо  фармони эълони  карантини мувақатӣ, ки аз  24 март оғоз шуд,  ба 1,3 миллиард нафар аҳолиро мутаассир хоҳад кард. Аммо иқдомоти саривақтии минтақавӣ дар Ҳиндустон   хусусан дар  Керала барои мубориза бо “Коронавирус”2019  вокуниши қатъӣ нишон дода шудааст, ки натиҷабахш хонда мешавад.
Бад: Вале иҷро ва татбиқи босуръати  карантини миллӣ дар Деҳлӣ бе равишҳои дурусти машваратӣ  сурат гирифт, ки дар натиҷа, ваҳму  хашмро ба вуҷуд овард,  зеро шаҳрвандон дар аввал чӣ гуна хариди молҳои мавриди ниёзро  ба нақша  нагирифта буданд.   Дар ибтидо ба ҳукумат ба мардуми кишвар  гуфта буд, ки аз  сару садоҳои дӯкондорон ба  воҳима наафтанд, вале  пас аз эълони карантин  воҳимаҳо  ба таъхир афтод. Барои бадтар шудани вазъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  маҳдудиятҳои эълоншударо назорат карда, ҷиддан талош меварзанд. Иқтидори санҷиши COVID-19 дар Ҳиндустон маҳдуд аст.
Нописанд: Даҳҳо миллион шаҳрвандоне, ки дар зери хатти камбизоатӣ зиндагӣ қарор дошта, барои кору фаъолият ба таври  муваққатӣ аз деҳот ба шаҳрҳо омаданд, дар даврони карантин барои дарёфти маъишат  сарсону саргардон мондаанд. Бо захираҳои молиявии маҳдуд, талошу кӯшиши ҳукумати марказӣ барои ташкили  шабакаи ҳифзи иҷтимоӣ  каме нокифоя  мебошад.
 
Малдив
Хуб: Ҳамчун як миллати серҷазираи  олам, Малдив қобилияти маҳдуд кардани сайёҳони хориҷиро амалӣ кард, аммо он паҳншавии COVID-19 ба таври шояду бояд надошт. Сарфи назар аз вобастагии амиқ ба туризм, Малдив додани визаро ба хориҷиён хотима бахшид.
Бад: Аммо омодагии беҳдоштии ҷамъиятӣ дар кишвар дар сатҳи олӣ намебошад, ки бештар  ҷазираҳои сераҳолии Мале осебпазиранд. Бо мақсади беҳтар ба кишвар расонидани кӯмак, Бонки ҷаҳонӣ маҷмӯи маблағгузории фавриро ба маблағи 7,3 миллион доллар барои кӯмак барои  тандурустии аҳолӣ  тахсис додааст.
Нописанд:  Модоме ки  даромаднокии туризми кишвар  28 фоизи ММД Молдив ва 60 фоизи ҳисоби асъорро ташкил медиҳад, поёнравии  саноат дар сатҳи ҷаҳонӣ иқтисодиёти кишварро ба буҳрон мекашонад.
 
Непал
Хуб: Бештари  молҳои Непал вобастагии ба роҳҳои таъминотии Ҳиндустон  мебошанд, ки  осебпазир  гаштанд, аммо ин роҳҳо   тӯли даврони карантин дар ҳарду кишвар боз боқӣ монданд. Бо ҳамин хотир  10 апрел сарвазирони Ҳиндустону Непал  гуфтугӯ карданд, то ҳамоҳангсозии устувории пайвастаи роҳҳои мазкур таъмин карда шавад. Дар ҳоле ки муносибатҳои Ҳиндустон ва Непал дар солҳои охир ба мушкилот дучор шуда истодаанд, хуруҷи “Корона” 2019  метавонад омили рушди робитаҳои ҷонибҳо  гардад, зеро қисми зиёди савдои хориҷии Непал аз қаламрави Ҳиндустон убур мекунад.
Бад: Ҳукумати Непал  пеш аз хуруҷи “Корона” 2019  сайёҳатро   нақшаи асосӣ  эътироф карда, барномаву лоиҳаҳои махсусро барои рушди он эълон кард. Аммо   пайдо  шудани  COVID-19  ба рушди сайёҳии кишвар  таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Нописанд: Мисли ҳамсояи худ Ҳиндустон,  муҳоҷирони кории Непал дар натиҷаи  карантини маҳдудшудаи кишвар   аз мушкилоти  иқтисодӣ  азият мекашанд. Вазъи молиявии кишвар маънои набуди  ҳимояи иҷтимоӣ  шахсони мазкурро  мефаҳмонад.
 
Покистон
Хуб: Бо вуҷуди маҳдудиятҳои молиявӣ ва иқтисодии кишвар, ҳукумати Покистон  соли гузашта як барномаи назарраси кӯмаки иҷтимоиро барои аксари сокинони камбизоати  кишвар бо ҷалби интиқоли мустақими пулӣ таҳия намуд. Ба хонаводаҳои эҳтиёҷманд  дар  чунин  шароити буҳронӣ кӯмакҳои молиявӣ тахсис дода шуд.
Бад: Пайдо шудани COVID-19  ба иқтисодиёти  Покистон таъсири бештар  хоҳад расонд, зеро кишвар барои мубориза ва ҷилавгирӣ аз  Хазинаи Байналмилалии Асъор кӯмак  талаб кардааст. Вазорати меҳнати кишвар тахмин мезанад, ки бекорӣ дар кишвар метавонад афзоиш ёбад, ки дар натиҷаи он тақрибан 18,5 миллион нафар бекор хоҳанд монд.
Нописанд: Ихтисос додани  манобеъ барои системаи беҳдоштии кишвар  барои пешгири аз “Корона” 2019  ихтилофотро  байни вилоятҳои сераҳолии Панҷаб ва Синд ва қисматҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла Балуҷистон ва Хайбер-Пахтунхоҳ  ба вуҷуд хоҳад овард. Дар сурати мураккаб шудани вазъ он  метавонад ба ноустувории сиёсӣ оварда расонад.
 
Шри Ланка
Хуб: 2 апрели соли ҷорӣ, Бонки ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин бастаҳои маблағгузории фавриашро  ба андоза   128,6 миллион доллар  барои Шри Ланка тахсис дод, ки баҳри беҳбуду хубсозии  системаҳои саломатӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии аз  “Корона” 2019  истифода  мегардад.
Бад: Вале дар моҳи март, комиссияи  интихоботӣ Шри Ланка эълон кард, ки интихоботи парлумонии кишварро, ки моҳи апрели 2020 анҷом мешуд,  бо сабаби “Корона” 2019  ба муддати номуайян ба вақти дигар гузаронда шавад.
Нописанд: Раҳбарии нави  Шри Ланка  муборизаро баҳри ҷилавгирӣ   паҳншавии “Корона” 2019  оғоз карда, касонеки саркашӣ мекунад  саривақт ҷазо медиҳад.
Дар хулоса бояд зикр  кард, ки  хуруҷи вабои аср  ҳеҷ кишвари ҷаҳонро бе таъсир  нахоҳад гузошт ва ба қавли Саъдии бузург  ҳамаи одамон аз ҷавҳари ягона офарида шуданд ва аз дарди яке ба дард омадани ҳамаро маҳсуб медонад ва касоне бепарвову беандӯҳро аз инсони комил намеҳисобад,
       Банӣ одам аъзои якдигаранд,
       Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
       Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
       Дигар узвҳоро намонад қарор.
       Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
       Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Барои ҷилавгирӣ ва маҳву нобудсозии он ҳамаи кишварҳо  дастаҷамъона мубориза баранд ва нагузоранд, аҳолии ҷаҳон тавассути паҳнкунии он ба бемориҳои рӯҳии бештар гирифтор шаванд ва ба касоду фасоди иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ дучор гарданд.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Ҳукумати Тоҷикистон  барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат  тадбирҳои зарурӣ андешид ва бо ташкили  ситоди ҷумҳуриявӣ роҳҳо ва  чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  ба таври доимӣ  санҷида, истеҳком мебахшад.
 
Манбаъ:
  1. https://thediplomat.com
  2. http://khovar.tj/2020/04
  3. Адабиёт синфи 6, 2017
  4. Сайти расмии СММ www.un.org
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АМИТ

НАЗАД