Аз ганҷинаи ниёкон ва таърихи миллат

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Аз ганҷинаи ниёкон ва таърихи миллат
 
Назаре ба китоби Профессор Муҳаммад Ахтар. “Тоҷик Своти ва мамлакати габр таърих ке оина ме” (Тоҷикони минтақаи Свот ва мамлакати габроиҳо дар оинаи таърих)- Покистон. Карочӣ, 2000 с.395 саҳ.
Дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров оид ба муҳимияти омӯзиши таърихи миллат ва арзиши он аз забони Президенти кишвар чунин иқтибос оварда шудааст: “Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст”.
Дар партави ҳамин роҳнамоиҳо мо зарур донистем то чашмандозе ба китоби Профессор Муҳаммад Ахтар. “Тоҷик Своти ва мамлакати габр таърих ке оина ме” (Тоҷикони минтақаи Свот ва мамлакати габр дар оинаи таърих) чопи Покистон, шаҳри Карочӣ: “ЭС-ЭМ- Принтерз”, 2002.395 саҳ.Зери сарпарастии профессор доктор Собирӣ Гулуруӣ, сардори шуъбаи урдуи Донишгоҳи Пешовар, Покистон дошта бошем.
Мавриди зикр аст, ки дар моҳи марти соли 2002 аввалин маротиба китобе зери унвони “Тоҷик Своти ва мамлакати габр таърих ке оина ме”ки аз ҷониби профессори покистонӣ Муҳаммад Ахтар ба нашр расид. Китоби мазкур, аз нодиртарин таълифоти муаллиф оиди таърихи муфассали тоҷикони минтақаи Своти Покистон аст, ки аслан гӯзаштагонашон аз  салотини дараи Пичи Кунари Афғонистон буданд, ки мамлакати Габроиҳоро шомили минтақаҳои Кобулу Кашмир дар соли 1190 таъсис доданд. Салтанати мазкур то соли 1520 идома меёбад.
Китоби мазкур суханрониҳо ва баҳсҳоро оид ба Зардушт, Куруши Бузург ва  Искандари Кабир,ки ҳамаи онҳо ба фарҳанг ва таърихи бостонии тоҷикони свотӣ қабл аз гаравиданашон ба Ислом алоќаманданд, дар бар мегирад.
Муаллифи китоб Профессор Муҳаммад Ахтар зодаи деҳаи Маликпури ноҳияи Мансеҳраи вилояти Суба Сарҳади Покистон буда, санаи 13/12/1934 таваллуд ва дар санаи 09/06/2015 вафот мекунад. Вай аслан аз қабилаи Мутровиҳои Свотӣ ба мебошад, ки ба хонаводаи Ғали Хелҳо мансубанд. Соли 1962 аз донишгоҳи Пешовар  дараҷаи магистер дар забони англисиро дарёфт мекунад ва дертар дар солҳои 1962-1973 дар коллеҷи давлатии Мардон ва Эйбитобод ба ҳайси устоди забони англисӣ ифои вазифа мекунад.Ӯ ҳамчунин узви хадамотӣ иҷтимоии Покистон ва устоди муассисаҳои таълимии Покистон буд. Муҳаммад Ахтар то санаи 1994 ба ҳайси мушовири идорӣ дар ҳукумати вилояти Суба Сарҳад кору фаъолият кардааст. Баъди бознишастагиаш дар суди олии шаҳри Пешавар адои вазифа намуда, дар коллеҷи ҳуқуқ низ тадрис кардааст. Вай то охири умраш аъзои адвокатҳои ноҳияи Мансеҳра буда, зиёдтар ба таҳқиқоту таълифот машғулият дошт.Муаллиф дар пешгуфтор ҳадафу мақсадашр баён мекунад, ки хонанда метавонад аз он маълумоти илмї пайдо намояд. Дар пешгуфтор омадааст: Барои навиштани муаррифномаи   ин китоб, каме фикр мекардам, ки нохост хобам омад ва дар хоб дидам, ки бо панҷ нафар дӯстон дар ҷое оромона истодаем ва дар зери мо  як чизе зебои рушан, аммо бе сурату шакл пайдо шуд.Вай ба об монанд буд,аммо об набуд.Хостам вайро аз наздиктар мушоҳида кунам ва лизо рафиқонам тавассути як ресмон, ки дар утоқам баста шуда буд, маро  аз хона кашида ба он чиз наздиктар карданд ва як дам бо тамоми тавонои маро он чиз пахш кард.Дар ин вақт ман аз тарсу ваҳшат бо овози баланд садо зада гуфтам, “маро берун бароваред” ва онҳо садоро шунида маро кашида аз онҷо бароварданд.Аз тарсу ваҳшати ман, дӯстонам фаҳмиданд, ки садои ғайри одди мебошад ва шояд чизе ғайри оддиро мушоҳида карда бошам. Ҳар қадар кушиш кардам, то барояшон бигӯям,аммо забонам баста буд, аммо билохира ба худ омада, гуфтам, ки ончизе буд, ки ҳам ҷон медиҳад ва ҳам ҷон мегирад. Дар ҷавоби ман дӯстонам боз дар ҳайрат монда, аз ман талаб карданд, то дар бораи тавономандӣ ва иқтидори он чизи мушоҳидашуда барояшон муфассалтар баён кунам.Барои ин кор ман сӯханамро оғоз карда, гуфтам-“дӯстонам он чизероки дар хоб дидам, вуҷудашро эҳсос мекунам, аммо он сурати модди надорад, то баён карда тавонам”. Аммо баъзе аз онҳо бо нигоҳи пурасрори худ, ба ман ишора карда гуфтанд, шояд он Шоҳҷаҳон, Карч Парч бошанд. Ман иштиёқона барояшон  мавзӯъро идома дода чунин баён кардам, “рафиқони азизу меҳрубон! Худованд инсонро халқ карда барояш як отифае ато фармудаст, ки он ду рух дорад. Яке зотӣ (фардӣ) ва дигаре гурӯҳӣ. Он инсониятро барои шинохти худ кумак ва мадад мерасонанд. Дар сурати ғолиб омадани ҳисси фардӣ инсон метавонад, тамоми ҳиссиёташро дар нуқоти  марказӣ қарор диҳад, то назару хаёлоташро ба он таваҷҷуҳ дода, ба атроф ҳеҷ майлу рағбат накунад.Дар ин сурат вай фақат худашро дида,ашёи муҳитро ҳеч чиз меҳисобад ва гуёки фақати худаш асту бас. Ва ин меъроҷи худшиносии инсон буда, дар болои он румузи “ҳувалаввал”, “ҳувалохир”, “ҳувазоҳир”, “ҳувалботин”  ҳувайдо мешавад, ки инҳо барояш муҳит ба ҳисоб мераванд ва барои худшиносӣ ба кумаки дигарон зарурат надорад.Аммо ин навъ худшиносӣ хоссаи анбиё ва авлиё аст, ки авомуннос таҳаммули онро надоранд.Аммо ҳисси фардӣ барои инсон як туҳфаест, ки тавассути он аҳамиятнокии васоили дигар (ҳисси гуруҳӣ)-ро эҳсос мекунад, ки дорои ду қисмат аст. Яке нисбӣ ва дигаре касбӣ. Худшиносӣ ё худталошӣ вобастагӣ ба авомили беруна дорад,ки муталлиқ ба ҳисси гуруҳӣ мебошад ва ин амал дар қисмати ҳисси гурӯҳии нисбӣ шомил аст.Ва лизо агар ин таалуқи нисбӣ бошад, инсонҳо номҳои “ғурӣ”, “ғазнавӣ”, “муғул”, “аъвон”, “турк” ва монанд ба он “хатак”, “офаридӣ”, “лудӣ”  ва “ барлос” истифода карда, мансубияти худро нишондиҳӣ мекунанд. Аммо аксари инсонҳо баҷои он мансубияти нисбӣ, касбиро истифода карда, дар номҳояшон “суфӣ”, “чиштӣ”, “собирӣ”, “муҷаддадӣ” “барелавӣ”, “форуқӣ” ва “сиддиқӣ” изофа карда, гузаштаи худро нишон медиҳанд ва агар  меҳру муҳаббати онон аз авом канда шавад, онвақт аз номҳои “ватандӯст”,“ватанёр”,“ҳикматёр”,“кормал” истеъмол мекунанд.Хулосаи калом агар инсон барои худшиносӣ ё худталошӣ аз ҳисси фардӣ истифода кунад, метавонад, худро ба авҷи болотар расонад, ки инро диндорон тақво ё парҳезкорӣ меноманд, ки дорои сифатҳои фардии инсон аст.Ва лизо агар инсон шахсияти худро ба  авҷи камол расонда натавонад, бешубҳа вай барои шинохти худ аз васоили дигар (нисбӣ ва касбӣ) кумак гирифта, мансубияти худро тавассути он маҳфуз медорад.Ҳам ҳисси фардӣ ва ҳам гуруҳӣ барои таҳафузоти инсонҳо манфиат доранд. Вале фарқ дар ин аст, ки яке руҳонӣ аст ва дигаре моддӣ. Дар манфиати руҳонӣ фард фоида ва зарарро ба зиммаи Худо вогузор карда, кумаки ғайрро қабул ва зарур намешуморад ва вобастагиашро мукаммал ба Худо медонад. Аммо дар манфиати моддӣ инсонҳо худро ба мансубияти қавмӣ, қабилавӣ агарчи нисбӣ ё касбӣ бошад, дониста, мавҷудияти худро тавассути он таҳаффуз мекунанд ва бо ин роҳ худро асбоб, барои пурра иҷро шудани марому мақсадҳои онон намояндаи хоси онон месозад.Ва инҷо зулму ғоратгарӣ оғоз гашта,номи инсоф тамоман боқӣ намемонад.Ҷомеаи инсонӣ аз тафриқаву ҷудоиандозиҳои онон асар гирифта, аз ҳақиқати инсониаш маҳрум монда, маҷзуби рафторҳои ҳайвонӣ мегардад.Аммо ин ҳам хоста ва иродаи Худо аст,ки инсонҳоро бо гуруҳҳо тақсимбандӣ кардааст, то яке дигареро шинохта, барои ташхиси некию бадӣ бозҳам пухтакортар бошанд.Аз чеҳраи дустонам, фаҳмидам, ки онҳо мафҳум ҳисси фардӣ ва гуруҳиро дарк карданд. Ва суханамро ба охир расонда, истироҳат кардам.Таъбири хоб аз ёдам фаромўш шуд, аммо як дам ин хаёолот дар зиҳнам омад ва ба худ гуфтам, кори ман хоб дидан аст ва таъбир он ба зиммаи хонандагон қарор дорад.Хонандагони муҳтарам, таърихи маҳалли қабилаи Свотиҳо таҳти ду сутун устувор аст.Яке габрӣ ё зардуштӣ ва дигаре зулқарнайн (Искандари Македонӣ). Бо хости Худо сутуни дуввум махфӣ мондааст.Баъзеҳо оиди Зулқарнайн аз пайғомбари Ислом пурсиданд, ки бо ин воситаи сураи Каҳф аз тарафи Худо нозил гардид.‌Суханони Худоро худаш ва Расули покаш хубтар медонанд.Аммо баъзе аз бузургон ба оянда боварӣ дошта,онро тасдиқ мекунанд,аммо барои барои огаҳӣ аз Зулқарнайн ин афрод Искандари Мақдуниро исдидлол оварда,хостанд то холигиро пур кунанд.Ва фикр ҳам намекунанд,ки чи тавр як фарди бутпараст ва муддаи худоӣ метавонад мисдоқ ба Зурқарнайн шавад,ё хайр.Ин иштибоҳот аз тарафи камсаводон ба мисли ман на,бал аз ҷониби Ибни Балхӣ,Розӣ, ва Сино сурат гирифтааст,ки онҳо барои устуворӣ ва истиҳкомии қабилаи Свотиҳо,Искандари Мақдуниро Зулқарнайн қарор додаанд,ки мабдаи меъмории онон аст,на сабаби устуворӣ.Лизо банда бо камсаводӣ ва кам илмиамро эътироф карда,роҷеъ ба  габроӣ (зардушт), Зулқарнайн ва Искандари Мақдунӣ алоҳида алоҳида маълумот ҷамъоварӣ кардам,то хонанда худаш файсала намояд. Агар оид ба ин қабила маълумоти дақиқтаре ёфт шавад,маро ҳам танҳо нагузоред.Аммо  маълумот сохта ё мавзӯъӣ на, бал муснади таърихӣ дошта бошад, зеро ривоятҳои бофта собиқа, свотиҳоро аз таърихи гузаштаашон дур карда аст.Ҳатто ривоятҳои мавҷуд буда дар рӯзномаи Ҳазораи чопи соли 1883-1884 ва 1907 муаррихони англис тасдиқ накарда, чунин баён кардаанд: “ҳамаи  ин воқеот асрҳои 17 ё аввалҳои 18 сурат гирифтаанд. Ба хотири набуди сабти катбӣ,мо наметавонем онҳоро тасдиқ кунем.Ва такрори иштибоҳ барои ҳар қабила зарурат надорад.”Аммо мо мунҳариф шудан аз ин калимотро ҷурм дониста, шукри Худо дар навиштани ин китоб ҳама манобеъ ва сарчашмаҳоро дақиқан мутолиа карда,онро бо ривоятҳои мустанад ва таърихӣ фароҳам овардем.Хонандагони азиз ҳангоми мутолиаи китоб шумо ин нозукиҳоро дарк хоҳед кард, аммо дар боби аввали он роҷеъ ба чанд машоих ва авлиёи киром маълумот овардем,то ривоятҳои ба онҳо мансубшуда аз назари таърихӣ таҳлилу баррасӣ шаванд.Илова аз ин таърихи тоҷикони свотро аз руи бузургони гузаштаашон мушоҳида карда шавад,ки забони ҳоли авлоди эшон  гӯфта истодааст “бубинед, ин танҳо тавассути мо мумкин шуд,ки аз Кобул то Кашмир ва нопадид шудани куфру зулмат дар дашту кӯҳсорон ва баланд шудани садои азон ва ҳамаи ин марзҳо бо нури ислом рушан ва фатҳ шуд,вагарна бошандагони пешинаи он аз рӯзи аввал пеши бутҳои тарошида саҷдарез буданд”. Вассалом
Толиби хайр
Профессор Муҳаммад Ахтар  (бознишаста)
Маликпур-Мансаҳра-телефон 0987/350039
Адвокат-Маркази ҳуқуқии Мансаҳра
 
 Мавриди зикр аст, ки  фасли аввали китоб бо зиндагиномаи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз бузургону орифони барҷастаи миллати тоҷик аст, оғоз мегардад. Таваллуд 12 моҳи раҷаб 714 ҳиҷрӣ  вафот 6 зулҳиҷҷа 782 ҳиҷрӣ.Пайдоиш ва хонавода-Мирсайид Алии Ҳамадонӣ санаи 12 моҳи раҷаб 714 ҳиҷрӣ  дар Ҳамадон таваллуд шудааст.Падараш Сайид Шаҳобуддин Содот Алавӣ аз хонаводаҳои машҳур, бузургони Ҳамадон буда, бо салотин ва амирон равобити хуб дошт.Зиндагии зоҳирӣ ва ҷоҳу ҷалол ба Сайид Алии Ҳамадонӣ писанд набуд,чунонеки ба яке аз шогирдонаш ишора карда мегуяд: “дар умури волид илтифот намекардам, бадон сабаб ки ӯ ҳоким буд ва мултафит ба салотин ва умаро” (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ доктор Муҳаммад Риёз,с.7-8)
 Сайид Шаҳобуддин агарчи бо кору бори дунёдорӣ масруф буд, вале робитаашро бо фақирон, бенавоён ва уламо ва фузало қатъ намекард, шаҷарааш ба 17-мин хонаводаи ҳазрати Алӣ (ра) мерасад.
 Сайид Алии Ҳамадонӣ ибни Сайид Шаҳобуддин ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Юсуф ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Абдулло ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Зайналобиддин ибни Ҳусайнишаҳид.Падараш  дар аҳди Салҷуқиён чун амир ё ҳокими ноҳияи Самнон ба сари қудрат омада,аз тарафи шаҳрдории Ҳамадон  эҳтиром мешуданд.Ва лизо гоҳе онкасро “амир” ва дертар “амири кабир” ёд мекарданд.Одатан сайидзодаҳоро бо номҳои “мир” ё “мирзо” ва ё “мирзода” эҳтироман ёд мекунанд.Онкас устод ва муршидашон шайх Саъид Чиштиро ба номи “Алии Сонӣ” хитоб мекарданд ва лизо яке аз шокирдонашон шайх  Яъқуб Сарфӣ (928-1003 ҳ) эшонро низ “Алии Сонӣ” номида чунин менависад;
Ҳамчу Алӣ дониши раббонияш
Зон лақаб омад “Алии Сонияш”
Чун ба Алӣ нисбаташ омад тамом
Ҳам ба ҳасбу ҳам ба насбу ҳам ба ном
Аз раҳи таълим бино шуд аҷаб
Гар “Алии Сонияш” омад лақаб.
 Чун анъанаи номгузории аҳли тасаввуф гоҳе лақабҳои “қутби замон”, “шайхи соликон”, “қутбул ақтоб”, “афзалулмуҳаққиқин”, “ашшайхулкомил”, “алориф” ва “ султонусодот ва алорифин” низ ёд мешавад.
Таълим ва тарбият
Дар аввал дар назди Сайид Алуддавла Симнонӣ китоби Қуронро ҳифз карда, дертар шокирди Шарафиддин Маздақонӣ шуда, дар назадаш тарбият ҳосил кард.Аммо сулукиятро бо Тақиюддин Алӣ мудорасат ва баъд аз вафоти онкас дар назди  Шарафиддин Маҳмуд Маздақонӣ тадрис намуда, бо тавсияи онкас ба шаҳрҳои зиёде сафари илмӣ дошта се маротиба  оламро тамошо карда бо олимону фозилони аз наздик мулоқот дошт.
Сабаб рафтан ба Кашмир
Аввалин бор ӯ санаи 730 ҳиҷрӣ ба Кашмир ворид шуд.Муаррихин оиди омадани эшон ба инҷо ду далел меоранд,ки яке бо майли худ ва фазли илоҳӣ барои расонидани ислом  онҷо рафт.Аммо баъзе ба ин назаранд,ки бо доштани ихтилофот бо Амир Темури Курагон  онҷоро ихтиёр кард.Аммо тибқи  овардаи доктор Риёз дар  “рисолаи мастурот”  омадааст, ки Мирсайид Алӣ шабе дар хоб ҳазрати Муҳаммад (с) мебинад,ки ба вай тавсия медиҳад то ба Кашмир равад ва мардуми онҷоро ба суи маърифат роҳнамоӣ намояд.Ӯ  назароташро чунин ташриҳ мекунад: “хулосаи баҳси мо инаст,ки агарчи Алии Ҳамадонӣ барои таблиғ дар хуттаи Кашмир алоқаи вофир дошт ва ба қавле баъзеҳо аз тарафи Худо ва Расул (с) барои ин кор маъмур шудааст, вале аз руи илали зоҳирӣ дар натиҷаи бархурд бо амир Темури Курагонӣ ба Кашмир муҳоҷират кардааст”. (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ доктор  М.Риёз с.42)
 Аммо фармони қатли  Сайид Хоҷа Исҳоқ Алишоҳи Хатлонӣ дар санаи 826 ҳиҷрӣ аз тарафи Амир Шоҳрух ибни Амир Темур (812-850ҳ) низ сабаби ранҷиши Мирсайид Алӣ шудааст.
Хулосаи калом Мирсайид Алии Ҳамадонӣ барои расондани маърифат ба Кашмир рафт. Аммо  қабл аз вай Сайид Абдураҳмон маъруф бо номи Булбулшоҳ онҷо истиқомат мекард ва дар онҷо маконеро бунёд кард, ки ҳокими аввалини инҷо ҷаноби Ренчаншоҳ мулаққаб ба  Садриддин бо раҳнамоии вай мусалмон шуд. Вале чароғи ҳидояти ислом тавассути  Мирсайид Алӣ рӯшан шуд. Салотини Кашмир Шаҳобуддин ва Қутбуддин  ҳар ду аз ҳамасрони ӯ буданд. Забони форсӣ-тоҷикӣ ва луғат ва баъзе аз маснуъоти эронӣ ва ҳунармандӣ тавассути  Мирсайиид Алӣ ба Кашмир ом ва мавриди истифода қарор гирифт.
Кашмир ва фарҳанги исломии он
 Аввалин бор ислом дар Кашмир аввалҳои садаи  18-ум ҳиҷрӣ омад ва дар муддати кутоҳ дар тамоми ин водӣ интишор ёфт.
Муҳаммад ибни Қосим (93 ҳиҷрӣ баробар ба 812 исавӣ) ба муқобили Роҷо Доҳир дар минтақаи Синд ҳамла кард ва вайро ба қатл расонд, аммо писараш фирор карда ба Кашмир рафт ва дар онҷо иқомат кард.
Маҳмуд  Ғазнавӣ  дар санаи 404 ҳиҷрӣ дар Лоҳур бо Роҷа Нандпол ҷанг карда, вайро шикаст дод.Дар ин муноқишаҳо Роҷо ба Нандпол кӯмак мерасонд, лизо Маҳмуд дар ҳамон сол ба Кашмир ворид шуда, бо Роҷа Роҷурӣ дар ивази пардохди молиёт созиш кард. Дертар вай аз пардохт саркашӣ кард, ки дубора Маҳмуд ҳамла кард, аммо бо сабаби сардии боду ҳаво комёб нашуд.Ба ҳамин шакл чандо сарбозҳояш дар онҷо боқӣ мемонанд ва аз тарафи  қалъаи Алмавт аҳли исмоилиҳо вориди Кашмир шуда, дертар бо сабаби ноамнӣ ва кашмакашиҳо онҷоро тарк менамоянд. Аммо дертар дар асри 18-уми марди муборизе бо номи Шоҳмири Гибрӣ,  ки аз насли салотини  Свот буд, вориди Кашмир шуда, мушовир ва намояндаи Роҷа таъйин мегардад. Султоншоҳмир мулаққаб ба Султон Шамсиддин, ки аслан санаи 1342 исавӣ Кашмирро фатҳ кардааст  дар сафаҳоти баъдии китоб муфассал зикр мегардад.
Сайид Алии Ҳамадонӣ ва салотини Кашмир
Султон Алоуддин (747-755 ҳ) Султон Шаҳоббудин (755-775 ҳ), Султон Қутбиддин (775-794 ҳ), Султон Сикандарбутшикан (794-820 ҳ), ки аз амирони Кашмир буданд.
Султон Шаҳобуддин дар соли 774 дар маҳаллае бо Фирӯз Туғлуқ (752-792ҳ) ба муноқиша бармехезад, аммо тавассути мудохилаи  шахсии Сайид Алии Ҳамадонӣ миёни ҳарду сулҳ барқарор шуда, се фарзанди Фирӯзшоҳ сарбозҳои Шаҳобуддин шуда, дертар бо ҳам хушу табор мегарданд.Аз инҷо фаҳмида  мешавард, ки ҳокимони Кашмир, Ҳинд ва Хуросон Мирсайид Алии Ҳамадониро  ниҳоят эҳтиром ва азиз мешумориданд.
 
Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва салотини Свот
Манотиқи Бунер, Свот ва Боҷур ин се вилоят якҷо бо номи  Саркорпакли меноманд,ки шумулияташонро аз Кашмир таҳия карданд.Сардорони ин се вилоят Амирони Свотӣ Султон Баҳром ва Султон Пкал буданд.Тавассути Боҷур Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир ворид шуда, дохили куҳи Пирпанчол шуда аз онҷо ба Свот мерафт.Замонеки Свот гуфта шавад,Боҷур ва Бунир низ дар зеҳн меояд.
 Салотини Свот Ғиёсуддин ва Алоуддин ва Малик Хизри Боҷур аз ҳамасрон ва шогирдони Мирсайид Алӣ мебошанд.Дар боби саввум китоби худ бо номи Захиратул мулук барои салотин мактубҳо навишта,онҳоро ба некуи тавсият доданд,ки дар он салотини Свот низ шомиланд.Бо тавсияи Султон Ғиёсуддин дар онҷо таблиғи некуи роиҷ буд,бо вуҷудеки аз тарафи баъзе нобоварон ба Мирсайид Алӣ озор ҳам мерасид,аммо сабру таҳаммул карда,ба корҳои нек идома медоданд,чунончи дар мактубе чунин ишора карда менависанд: “мардуми ин ноҳия нисбати хонаводаи расул (с) ва содот эҳтиром намегузоранд ва амр фасод ва нияти эшон ва сустии имони ононро нишон медиҳад.Албатта агар онон ба равиши сафокии Язид амал кунанд, Алии Ҳамадонӣ ҳам ба равиши Ҳусайн ибни Алӣ мутамасик аст ва агар ҷумла замин оташ гирад ва аз осмон шамшер борад,ончи ҳақ бошад на пушад.(Мирсайид Алӣ доктор М.Риёз  маркази таҳқиқи форсӣ эрону покистон с.53)
 Номҳои салотини дигар ба мисли  Мирзо (Мирко)Муҳаммадшоҳ ҳокими Балх,Султон Ғиёсуддин ҳокими Свот,Султон Қутбиддин подшоҳи Кашмир ва Султон Туғоншоҳ ҳокими Кунар дар нусхаҳои мактубҳояшон низ зикр шудаанд.
Бо дархости амири Боҷур Малик Хизр дар онҷо монда,баъди панҷ рӯз беморӣ вафот карда, ҷасадошонро ба Хатлон равон карданд.Тибқи китоби Оини Акбарӣ маҳалли вафоти Мирсайид Алӣ қалъаи Габр(Боҷур) ишора шудааст.
 Ин маҳал дар наздики Похлӣ аст,ки таҳти мудирияти Монсеҳра мебошад.Ва лизо Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар 6 зулҳиҷҷа 786 ҳ ба вақти хуфтан ин ҷаҳонро барои доимӣ тарк кард ва бо васияташ ҷасадашро ба Хатлон оварданд. Ва дертар амирон ин манотиқро шомили вилояти Кобул карданд. Дар аввалҳои асри 18-уми ҳиҷрӣ Бунир,Боҷур ва Свотро таҳти мудирият як вилоят карда,номашро Пакли Саркор номида ба Кашмир мулҳақ карданд,зеро салотини Кашмир низ аз габроиҳои Свотӣ буданд.Ва аввалин фотиҳи инҷо Султон Пакал буд,ки Свотро аз Роҷо фатҳ кард.
Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси суфӣ ва мубаллиғ
 Ин орифи бузург тамоми умрашро ба умури нек сарф кард.Вай бо 700 ҳунармандони тоҷику эронӣ ба Кашмир ворид шуда ва масҷиди шоҳи Ҳамадонро бино кард ва дар онҷо ба тадрис ва таълим машғул гашт.Вай бо забони форсӣ ваъз мекард,зеро дар замони вай ин забон фаҳмида ва мавриди гуфтугу мардуми Кашмир буд,агар чи дар байни авом камтар роиҷ дошт.Барои расондани ислом ба манотиқи Ҷаму,Балтистон ва Гилгет низ сафар карда,макотиб,мадорис сохта,шокирдони зиёдеро ба воя расонда ба Кашмир равон кард.
 Қабл аз вай Сайид Булбулшо ва Садриддин подшоҳ  дар фуруғи ислом саҳм доштанд,аммо Сайид Алӣ ин роҳро такмил кард.Ин ориф аз афкори имом Абуҳанифа пайравӣ карда,китобҳои “Асрори нуқат”, “Нусусул ҳикам”, “Захиратул мулук”–ро таҳия кардааст.Китоби “Захиратул мулук” оиди подшоҳон ва мулук,ки аз панду насиҳат аст,иборат мебошад.Китоби “Авроди фатҳия” низ машҳур аст,ки аксари пайравони эшон ин аводро субҳу шом вирди забон меоранд.Аксар насиҳату суханаш оиди  муҳаббат ва шинохт буда,фарқ байни инсон ва ҳайвонотро дар доштан илм ва худшиносӣ медонад.Саодатмандии орифро дар маърифат ва  бадбахтии ҷоҳилро дар ҷаҳолат медонад.
 Охирон маротиба 6 моҳ дар Кашмир зиндагӣ карда,рахти сафар кард.Гуфта шудааст,ки китоби “Авроди фатҳия” ро дар Кашмир дар назди дӯсташ гузошт,то дар инҷо доимо хонда шавад.Замонеки ба маҳалли Свот Боҷур расид,оятеро тиловат ки чунин маъно дорад;ба касе маълум нест,ки вай дар куҷо фавт мекунад ва 6-уми зулҳиҷҷа 786 дар онҷо риҳлат ва аз онҷо ҷасадашро ба хоки Хатлон оварданд. (Риёзул ахбор,тарҷума (асрорул аброр)шуъбаи нашр ва ишоъат Бақи олам ҳазрати маҳбубул олам қаддас сирраҳ Сиринагар)

Мирсаид Раҳмонов
Ходими илмии  Шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқии
 Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

НАЗАД