Аз торикӣ то равшанӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои зарҳалини таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд. Ин давраро метавон, давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданд ва зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд. Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро бероҳа намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайни онон ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. Қариб тамоми мардум, - тоҷикону тоҷикистониён ба ояндаи худ боварӣ надоштанд ва ноумедиро дар дил парвариданд.

   

   Бояд тазаккур дод, ки неруҳои зиёди дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани ҳукумат талошу кӯшишҳои зиёдро ба харҷ доданд. Кӯшишу талоши онҳо ба таври истисморӣ ва зулмоварӣ суръат гирифт ва шаҳодати ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунад. Ҳамин рӯзҳо як навори таърихӣ таҳти унвони «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ дар бораи сарнавишти шахсеро нишон медиҳанд, ки воқеаҳои ҳамонрӯзаро ошкоро нақл мекунад. Навори мазкур ба корҳои ношояму нописандида ва амалҳои террористӣ-экстремистӣ, ки аз тарафи «Ҳизби Наҳзати Ислом» (ҲНИ) рух дода буданд, бахшида мешавад. Ин давраҳо, яъне солҳои 90-уми асри гузашта барои онҳо имконоте фароҳам оварда буд, ки ҳатто тавассути нерӯҳои разилонаи беруна ба мардуми мазлуми тоҷик ситам оварданд. Онҳо тавассути таълимоти диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки ташкилкунандаи асосии он ташкилоти байналмилалӣ зери унвони «Ихвон-ул-муслимин» маҳсуб меёфт. Ғояҳои динӣ ва сиёсии онҳо дар он вақтҳо мустаҳкам реша давонданд ва сафи онҳо рӯз то рӯз бештар гардид. Ногуфта намонад, ки ҳадафи ин гуна неруҳо аз байн бурдани сохтори миллӣ-давлатдорӣ ва ба даст даровардани ҳукумати кишвар ва инстиқлолияти он буд. Аз байни мардуми тоҷик нафароне буданд, ки аз ҷониби онҳо ба Ватани худ хиёнат карданд ва марзу буми кишварро ноором сохтанд. Яке аз чунин нафарон, ки дар навор сабт шудааст худ тоҷик асту он солҳо ба сари бародарону дӯстони худ зулму ситамро овардааст. Аламовар он аст, ки роҳбарони он гурӯҳи ифротӣ аз берун буданд ва худашон дар фазои ороми кишварҳои дигар, ба мисли Туркиёву Эрон ва ҳатто мамолики Аврупову Амрико дар қасрҳои боҳашамат ва мошинҳои ҳозиразамон маишатона зиндагӣ ба сар бурданд ва бародарони мо дар зери ақидаҳои нопоки онҳо даст ба корҳое мезаданд, ки нобахшиданианд. Алалхусус, мо дар навор нафареро мебинем, ки ҳақиқати ҳолро мегӯяд, ки ба гуфти худаш пушаймон шудааст. Гуфтаи ин шахсро метавонем бо масали тоҷикӣ «Пушаймонӣ надорад оқибат суд»-ро ба ёд биёрем, ки аҷдодони мо ҳазорсолаҳо пос медоштанд. Вале афсус қаҳрамони ин навор Сатторов Айёмиддин бо лақаби «Мавлавӣ Айёмиддин» ва ҳамраҳони ӯ натавонистанд каломи бузургонро пос доранд. Инчунин афроди мазкур зикр мекунад, ки тайи солҳои зиёд бо роҳбарони  дохиливу берунӣ сару кор доштаст ва садҳо бадбахтиҳоро ба сари мардуми оддӣ оварданд. Дар баробари ин олимони варзидаву намояндагони давлатиро аз байн бурданд, ки онҳо мағзи асосии натанҳо илму ҷомеа, балки меҳвари муҳимми давлатдорӣ низ маҳсуб меёфтанд. Агар чунин нафарон кушта намешуданд, Тоҷикистони азизамон метавонист тахти сиёсати хирадмандонаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муҳлат аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаи ҳаётан муҳим ва рушди тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар барояд. Тоҷикистон баъд аз даҳсолаҳо ҳам бошад, ба ҳадафҳои неки хеш, ки ҷонибдори он тамоми мардуми қаламрави кишвар буд, расид.

   Бояд зикр кард, ки он нооромиҳо ва бесарусоминиҳо натанҳо иқтисодиёти кишварро қафо партофт, балки фарҳангу илм ва сиёсатро халалдор сохт. Ба гуфти шахси дар наворбуда, заминаи асосии он наҳзатиён буд, ки тавассути кӯмакҳои моддӣ баъзе бародарони моро хариданд ва он бародарони беномусу худфурӯши мо виҷдон, хоҳарону модарон, бародарону падарони ва миллату халқи аҷдодии худро фурӯхтанд ва ҳатто худ дар ин роҳи нопок ҷони худро нисор карданд. Оре, ин кор хиёнат аст – хиёнат ба шири сафеди модар ва хиёнат ба Ватани маҳбуб!

   Навори мазкурро ҳамагон, ба хусус ҷавонони худогоҳу ҳудшиноси кишвар тамошо карданд ва аз ин навор умед дорем, ки онро боз ҳам амиқтару дақиқтар бо идроки қавӣ ва биниши чуқур таҳлил намоянд. Ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, то пеш аз ба ҳар кошона ва остонае по ниҳодан сараввал андеша намояд. Ин ҳидоятҳои мо баҳри такмил додани насли наврас, ободии кишвари азиз ва рушду нумӯъ ёфтани сарзамини мо мебошад.

   Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашн гирифтани 27-солагии Истиқлолияти хеш қарор дорад, тамоми мардуми шариф ва шарафманди тоҷику тоҷикистониро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, комёбиву тансиҳатӣ хоҳонам.

 Гулмоҳ Шозиёева,

котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

НАЗАД