Соли 2020 барои кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) яке аз солҳои пурмаҳсул ба шумор меравад.
Институти навтаъсис дар тамоми самтҳои фаъолияти илмию илмӣ - таҳқиқотӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ба ин нукта дар гузориши директори Институт, н.и.ф., Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо дар ҷаласаи васеъи Шӯрои илмӣ, ки 29 - уми декабри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ доир гардид, ишора карда шуд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин ҷода ходимони илмии шуъбаи Осиёи Марказии Институт саҳми худро гузоштанд. Бояд зикр кард, ки бо қарори Шӯрои илмии Институт аз аввали соли 2020, шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шуъбаи Осиёи Марказӣ табдил дода шуд. Ин амри воқеъӣ ва зарурӣ буд ва ба муҳтавои лоиҳаи кори илмӣ - таҳқиқотии панҷсола (2019 - 2023), ки “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ, мушкилот ва дурнамо” ном дорад, мутобиқат мекунад.
Дар давоми соли сипаришуда, тамоми талошу кӯшишҳои кормандони шуъба ба иҷрои нақшаҳои чорабиниҳои илмӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ ва ташкилии Институт, Раёсати АМИТ, шуъба, инчунин, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи мазкур, равона гардида буд.
Ҷамъбасти фаъолияти шуъба нишон дод, ки бо мақсади татбиқи вазифаҳои барои соли 2020 тасдиқшудаи лоиҳа, аз тарафи кормандони шуъба чорабиниҳои муҳимми илмӣ, илмӣ - амалӣ ва илмӣ - оммавӣ анҷом дода шуд. Чунончи, як конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо”, ду семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯъҳои “Иқтисоди рақамӣ” ва “Нақши зеҳни маснуъӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии саноаткунонии босуръати кишвар то 2030, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ то соли 2040” доир гардид. Аз тарафи кормандон 47 мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавӣ дар маҷаллаҳои Институт ва берун аз он ба чоп расонида шуд. Дар ин давра вобаста ба самти фаъолияти шуъба 33 супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардиданд. Дар доираи лоиҳа як рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд ва ғайра. Фаъолияти мусбати кормандони шуъба аз тарафи роҳбарияти Раёсати АМИТ ва Институт бо се ифтихорнома тақдир гардиданд.
Таҳлили ҳаматарафаи натиҷаи фаъолияти шуъбаи Осиёи Марказӣ дар соли 2020 нишон дод, ки дар маҷмӯъ кормандон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда баромаданд.
Аз фурсат истифода намуда, тамоми кормандони Институтро бо фарорасии соли нави 2021 табрик менамоям. Ба ҳама тансиҳатӣ, умри бобаракат ва муваффақиятҳои беназир дар ҷодаи илм таманно дорам. Бигзор соли 2021 барои ҳамагон - соли бобарор, пур аз нишоту сарфарозӣ бошад.
Давлиёрова С.Т .,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ