Бахши асосии даромади Тайланд

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Бо вуҷуди фаҳмишҳои нодуруст, туризм ба ҳеҷ ваҷҳ манбаи асосии даромади Таиланд нест. Тибқи омори мухталиф, туризм  танҳо 2-5%-и ММД-и кишварро ташкил медиҳад.
Иқтисоди кишвар бештар аз содирот вобаста аст, ки тақрибан 2/3 ММД-ро ташкил медиҳад. Таиланд ҳамчун кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ дуюмдараҷа дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шинохта мешавад.
Аз ҷиҳати сарвати маъданӣ ва рушди саноат, он дар минтақа дар ҷои 4-ум аст. Аммо, тибқи қонунҳои Таиланд, ҳама конҳои нафт захираи дахлнопазири кишваранд. Таиланд конҳои гази табиӣ, сангҳои қиматбаҳоро фаъолона коркард мекунад (ба истилоҳ "камарбанди ёқут" аз ҳудуди шоҳигарӣ мегузарад, инчунин конҳои бузурги ёқути кабуд ва марворид мавҷуданд).
Таиланд ҳамеша яке аз таъминкунандагони қалъагӣ буд, аммо имрӯз гаҷ манбаи асосии содиротии он гашт, ки кишвар дуввумин содиркунандаи гаҷ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Дар байни маъданҳои дар Таиланд истихроҷшаванда, асосан флюорит, сурб, қалъагӣ, нуқра, тантал, волфрам ва ангишти қаҳваранг мавқеи намоён доранд. Дар маҷмӯъ, Тайланд ба коркарди зиёда аз 40 намуди маъданҳои фоиданок машғул аст; аз соли 2003 инҷониб ҳукумат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин самт таваҷуҳи бештар намудаст: яъне онҳо меъёрҳоро барои  ширкатҳои хориҷиро сабуктар намуда  ва саҳми  давлатро кам карданд.
Имрӯзҳо воридот ба хазинаи давлат аз хоҷагиҳои моҳидорӣ тақрибан 10% тамоми маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад,  ин ҳам бо асъори хориҷӣ. Аз ин рӯ, мақомот ба рушди моҳидорӣ ва ҳифзи тозагии обҳо ва олами набототу ҳайвоноти уқёнус диққати калон медиҳанд. Ҳамин тариқ, бо ҷорӣ намудани шароити моҳидорӣ, сайди баҳр нисбат ба 146.000(солҳои пешин) хоҷагиҳои моҳидории ғайритехнологӣ аллакай 1 миллион тонна шудааст. Ин соҳа Тайландро ба саввумин таъминкунандаи навъҳои моҳиҳои уқёнус ва баҳр дар ҷаҳон табдил медиҳад.
Одатан, маҳсулоти оби ва баҳрӣ, ба монанди биринҷ, асоси таомҳои миллии Таиланд мебошанд. Табиист, ки моҳидорӣ бештар дар шаҳрҳои соҳилӣ, рушд намудааст ки барои содирот нигаронида шуда аст. Бузургтарин таъминкунандагони моҳии уқёнус имрӯз соҳилҳои Халиҷи Таиланд ва баҳри Андаман мебошанд (Пхукет ва ҷазираҳои наздик).
Таиланд дар содироти моҳии баҳрӣ, чормағзҳои норҷили, лӯбиё ва нахӯд дар ҷаҳон пешсаф аст. Сарфи назар аз фоидаи назаррас аз тиҷорати захираҳои  табиат, ҳукумати кишвар қонуне қабул кард, ки мувофиқи он 25% ҷангал дар кишвар ҳимоя карда мешавад ва танҳо 15% - ба истеҳсоли чӯб равона мегардад. Ҷангалҳои таҳти ҳимояи давлат боғҳои миллӣ ё минтақаи истироҳатӣ эълон карда мешаванд ва ҷангалҳои барои буридан мавҷудбуда дар саноати коркарди чӯб фаъолона истифода мешаванд. Мебел, мебели ротании бофта, таҷҳизотҳои ошхона аз дарахти бамбук ё кокси фишурда, интихоби васеъи тӯҳфаҳо аз намудҳои гуногуни дарахт - ин танҳо як қисми ками истеҳсолот аст, аммо ҷузъи назаррас ин дӯконҳои сувенирфурушии сайёҳӣ мебошад.
Дар ҷануби кишвар парвариши дарахтони Гевеяи Бразилия рушд мекунад, аз ҳисоби афшураи ин дарахт Тайланд  дар содироти резин ва латекс дар ҷаҳон ҷойи 1-умро мегирад. Инчунин як қисми даромади кишварро  кишоварзӣ ташкил медиҳад (65% аҳолӣ ҳанӯз ҳам дар ин соҳа фаъолият доранд). Таиланд инчунин таъминкунандаи биринҷ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Аммо ҳиссаи бузурги даромад аз соҳаи автомобилсозӣ ва электроника мебошад. Саноати Таиланд тақрибан 43% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад -бо вуҷуди он ки танҳо 14,5% қувваи корӣ дорад. Вусъати тавлиди мошинсозӣ ба соҳаҳои дигар низ таъсири мусбат мерасонад, ба шарофати он истеҳсоли пулод ба таври назаррас афзоиш ёфт. Имрӯз, Тайланд дар истеҳсоли мошин пас аз Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Осиё дар ҷои сеюм аст. Дар истеҳсоли пикапҳо дар пойгоҳи  ҷипҳо, Тайланд дар ҷаҳон дуввум аст (пас аз ИМА). Қариб ҳамаи мошинҳое ки  дар роҳҳои Таиланд мебинем  дар ин кишвар васлу  насб  мешавад (ва аксар вақт пурра истеҳсол карда мешавад). Содироти мошинҳо дар як сол ба 200 ҳазор мерасад.
Дигар соҳаҳо бо рақобати шадиди истеҳсолкунандагон дар чунин бахшҳо дучор меоянд. Электроникаи Таиланд ба рақобати шадиди Малайзия ва Сингапур муқовимат мекунад, аммо бо вуҷуди ин, Таиланд дар соҳаи истеҳсоли дискҳои сахт ва чипҳо дар ҷои 3-юм қарор дорад.
Туризм, ин асосан даромади сокинони минтақаҳои сайёҳии кишвар меюошад. Ҳукумат ин соҳаро фаъолона рушд дода истодааст. Аз рӯи маълумоти мақомоти сайёҳии Тайланд, дар соли 2019 ба Таиланд тақрибан 39 миллион сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд,
Сайёҳони Осиёро, пеш аз ҳама, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Бангкок ва атрофи он ба худ ҷалб кардаанд, сокинони кишварҳои ғарбӣ бошанд бо соҳилҳо ва ҷазираҳо қисми ҷанубии Таиландро (Пхукет, Кох Самуи) авлотар медонанд.
 
Таҳияи Талбаков Саидаҳтам Исроилович
Лаборанти шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
 

НАЗАД